25-26 феврали соли 2025 дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа Маҷмаи Умумии GPDnet (Шабакаи глобалии дипломатияи ҷамъиятӣ ) баргузор гардид, ки он ниҳоди байналмилалии муттаҳидкунандаи муассисаҳои илмиву фарҳангии дар самти дипломатияи ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин чорабинии байналмиллалии сатҳи баланд Мамурджон Мирвайсов, сардори шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходими калони Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва муовини директори Институт д.и.ҳ., профессор Сангинзода Д..Ш. иштирок намуданд. Мирвайсов М.С. бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Дипломатияи илмӣ ҳамчун воситаи ҳамкории байналмилалӣ» суханронӣ намуд.
Дар маърӯзаи худ Мирвайсов нақши калидии илмро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва ташаккули ҳамкориҳои устувори байнидавлатӣ таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки дипломатияи илмӣ ба кишварҳо имконият медиҳад, ки на танҳо дониш ва технологияҳоро мубодила кунанд, балки ҳатто дар шароити вазъи сиёсӣ робитаҳои боэътимод барқарор намоянд.
Мавзуи дигари муҳиме, ки дар маърӯза матраҳ гардид, дурнамои Тоҷикистон дар ин самт буд. Ба гуфтаи Мирвайсов, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии илмиро фаъолона рушд дода, дар тадқиқоти муштарак, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ иштирок менамояд. Вай ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват намуда, имкони таъсиси як платформаи мубодилаи илмӣ ва ташаббусҳои муштаракро пешниҳод кард.
Маърӯзаи мазкур таваҷҷуҳи хоссаи иштирокчиёни Маҷмаи Умумиро ба худ ҷалб намуд. Дар рафти муҳокима масъалаҳои рушди лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ, нақши донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ дар дипломатияии мардумӣ, инчунин механизмҳои маблағгузории чунин ташаббусҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни ҳамоиш Мирвайсов бо намояндагони созмонҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии давлатҳои узви GPDnet мулоқот анҷом дода, имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд. Иштироки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ қадами муҳиме дар таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва барои рушди минбаъдаи дипломатияи илмӣ дар минтақа имкониятҳои навро фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон