Табрикот https://amit.tj/tj tj Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ https://amit.tj/tj/payomi-shodboshii-raisi-machlisi-millii-machlisi-olii-chumkhurii-tochikiston-raisi-shakhri-5 Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ AMIT Fri, 06/27/2025 - 20:04

Табрикот

Ҳамватанони азиз!

Сокинони шарафманди пойтахт!

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ аз бузургтарин дастовардҳои давлатдории навини мо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 27-уми июн бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мешавад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик менамоям!

Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва барои миллати мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад.

Маҳз ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азизамонро ҳамчун кишвари амну осоишта дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари ташаббускору созанда ва пешоҳанги сулҳ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра саҳмгузор аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки самараи дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат мебошад, на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик, балки ҳамчун таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои кишвари ҷавони мо ба як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устувории минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми нерӯи зеҳнии хешро равона созем.

Бори дигар, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3402" token="gES07Qr2HYQ-5pFHtgDDLDFSVimAR3yYKiA8USICBOE"></drupal-render-placeholder>

Print

Fri, 27 Jun 2025 15:04:17 +0000 AMIT 3402 at https://amit.tj ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ 28- СОЛАГИИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ https://amit.tj/tj/tabrikoti-prezidenti-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-akademik-khushvakhtzoda-kobilchon ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ 28- СОЛАГИИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ AMIT Thu, 06/26/2025 - 21:28

Табрикот

Ҳамватанони гиромӣ!

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат 28- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардад, ҷойи сазовору эътибори хоси ин давлати хеле ҷавонро дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва саҳмгирии он дар ҳаёти ҷаҳони беш аз пеш ба ҳам наздикшаванда таъмин намояд.

Ба шарофати ваҳдат Тоҷикистони озоду мустақил дар шароити душвор ва пешгӯишавандаи ҷаҳони мудерн ба хонаи умед ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё табдил ёфт. Имрӯз новобаста аз таблиғотҳои муғризона, ҳасудона ва душманонаи иддаи кӯчаки ватанбохтаву ба миллат пушткарда, Тоҷикистони кӯҳсор, ки танҳо як фоизи сарзамину империяҳои бузурги замонҳоро ташкил медиҳад, барои ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанги бостонӣ, намунаи давлатдории модерни маданӣ, кишвари ҷавон, вале бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маъруф, ҳамчун ягона хонаи умед барои тамоми тоҷикони дунё пазируфта шуда, чунин боқӣ хоҳад монд.

Ваҳдати тоҷикон барои эҳёи фарҳанги миллӣ, мардумӣ, аз ҷумла фарҳанги динӣ, озодии комил дар иҷрои фароизи динӣ, мазҳабӣ ва бовару эътиқодоти дигари аъзои ҷомеа ва дар умум фазои гуногунандеширо дар ҷомеа фароҳам кардааст, ки татбиқи амалии он фақат дар шароити таъмин будани ваҳдати сартосарӣ, амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар мебошанд.

Бо талоши шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат, ба хусус Сарвари ҷавони он, аъзои Ҳукумати навтаъсис ва мардуми шарифу ватанпараст, Тоҷикистон тавонист танҳо дар 10 соли аввали замони истиқлол ҳам ба дастовардҳои қобили зикри иқтисодӣ расад. Дар ҳоле, ки тибқи назарияи илми иқтисод, барои ҳар гуна кишвари ба истиқлоли худ расида, барои рушду тавсеаи иқтисодӣ камтарин муҳлат 30 сол мебошад. Бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Қулма – Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра самараи даҳ соли аввали истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки барои рушди баъдии кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон моҳияти ваҳдатро хеле дақиқ шарҳ додаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Вазифаи муқаддаси мо дар ҷараёни барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабули чунин қонунҳоест, ки ҷомеаи моро бо олами мутамаддин пайванд диҳанд, маърифати сиёсии мардуми моро баланд бардоранд ва барои бархурдорӣ аз дастовардҳои кишварҳои пешрафта замина муҳайё намоянд”.

Бояд таъкид шавад, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари дар нуқтаи нестӣ ва сокинони он дар парокандагӣ ва ноумедӣ қарордодашударо дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба сатҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф расонад, ки бори дигар муқаддас будани онро барои ҷомеаи тоҷикистонӣ таъкид мекунад. Сирри ин муваффақият ҳам фазои ваҳдати миллӣ буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва танзими низоми қонунии кишвари соҳибихтиёр мусоидат мекард.

Дар таърихи 26 июни соли 2000 дар Паёмашон ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем”.

Воқеан, роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 28 соли фазои Ваҳдати миллӣ паймуда аст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва ифтихор пайваста омӯзонда шавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки таҳти сарварии Сарвари сарсупурдаи миллат, Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавӣ ноил гардад.

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3388" token="eJ_jCTKryeEjOQIymx6O9-8WfRvefyllvRQURzFk7S8"></drupal-render-placeholder>

Print

Thu, 26 Jun 2025 16:28:09 +0000 AMIT 3388 at https://amit.tj ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН https://amit.tj/tj/payomi-shodboshii-prezidenti-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-akademik-khushvakhtzoda ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН AMIT Sun, 06/22/2025 - 17:39

Табрикот

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба фарорасии ҷашни бостонии Тиргон, ки яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тамаддунсози миллати тоҷик ба шумор меравад табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва саломатию сарбаландиро таманно менамоям.

Воқеан ҳам ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо, монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хоссае дошт. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад.

Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон Наврӯз ба баҳору Меҳргон ба тирамоҳ бошад пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориаш ба 1-ум июл рост меояд. Дар солшумории ниёгони мо рӯзҳову моҳҳо номҳои худро доштанд ва як қатор ҷашнҳо мутобиқ ба ин тақвим дар рӯзҳои махсус баргузор мегардиданд.

Дар таърих Тиргон ҳамчун ҷашн рӯзи камон кашидани Ораш эътироф шудааст. Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру бод” иҷро мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва онро “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд, ки то ҳол он дар бархе минтақаҳои эронинишин бо баъзе тағйирот.

Гуфта мешавад, ки дар Мозандарон ҳоло ҳам расми “Сенздаҳ шаби тирмоҳ” мавҷуд мебошад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз рӯбучини хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрок бо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо ба ин хотир, меваю ширинӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Ҷашни Тиргон ба фарорасии рӯзҳои гарми тобистон рост меояд. Дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияшон ба муносибати ҷашни Тиргон иброз доштанд: “Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.”

Дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Тиргонро ба монанди дигар ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз нав эҳë намуда, барои ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил намудани он як қатор иқдомҳоро роҳандозӣ намуданд. Боварии комил дорам, ки мардуми тамаддунсоз ва фарҳангсолори тоҷик ин Ҷашни қадимаи ниёгонамонро ҳифз намуда, ба мисоли ҷашнҳои дигар дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3343" token="NCFhaCwoAAlQJPBCXJ__iARO5OEg2Ey3mCkAXDxANSA"></drupal-render-placeholder>

Print

Sun, 22 Jun 2025 12:39:00 +0000 AMIT 3343 at https://amit.tj Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон https://amit.tj/tj/payomi-shodboshii-raisi-machlisi-millii-machlisi-olii-chumkhurii-tochikiston-raisi-shakhri-4 Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон AMIT Fri, 06/06/2025 - 10:21

Табрикот

Ҳамватанони гиромӣ!

Сокинони арҷманди пойтахт!

Бо камоли эҳтиром фарорасии яке аз суннатҳои нек ва арзишҳои фарҳанги миллӣ - Иди саиди Қурбонро самимона табрик мегӯям.

Иди Қурбон рамзи адолату инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва меҳру муҳаббат ба инсонҳо буда, моро ба раҳму шафқат, бахшишу меҳрубонӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар даъват менамояд.

Дар ин айёми муборак ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ба ҷо овардани рукни қурбонӣ, ба ятимону шахсони бепарастор, маъюбону беморон ва оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз намуда, аз аҳволашон бохабар бошем.

Дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем, то арзишҳои аслии ин ҷашни суннатӣ ба монанди накукориву хоксорӣ ва сарфакориву инсондӯстӣ дар замири насли наврас тақвият ёбанд.

Бори дигар Иди Қурбонро ба ҳамдиёрони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, баракати рӯзгор, саломатии комил ва ба кишвари азизамон амну фаровонӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бод!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3186" token="L8zGKczShZDiYZM-Dp2SjmDgywOmT9okmd_E4lCz7-4"></drupal-render-placeholder>

Print

Fri, 06 Jun 2025 05:21:32 +0000 AMIT 3186 at https://amit.tj Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Иди саиди Қурбон https://amit.tj/tj/payomi-tabrikotii-prezidenti-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-akademik-khushvakhtzoda Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Иди саиди Қурбон AMIT Thu, 06/05/2025 - 10:18

Табрикот

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ҳамаи Шуморо ба фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният хонда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, саломатӣ, ризқи фароз, сулҳу амонӣ ва осудагии комилро таманно менамоям. Воқеан ҳам имсол Иди саиди Қурбон дар остонаи 27- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омада, фазои кишвари азизамон аз руҳияи идона саршор гардидааст.

Иди саиди Қурбон, саршор аз арзишҳои маънавӣ, мардумнавозӣ инсонпарвариву дӯстии байни мардумон аст, ки онро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию расидан ба зиндагии шоиста таҷлил менамоянд. Ин ҷашнҳо ҳамчун арзишҳои маънавии тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳастанд, ки то замони мо ҳифз ва эҳё гардидаанд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияшон ба муносибати Иди саиди Қурбон иброз доштанд: “Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад.”

Дар арафаи Иди саиди Қурбон хайру саховат намудан ба ниёзмандону дармондагон яке аз хусусиятҳои хоси инсонӣ аст. Мо мардуми мусалмон бояд дар арафаи Иди саиди Қурбон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем.

Иди саиди Қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3185" token="WN5_Zw2bvF6VZ2r7GHtdy2yyM_LFL-7F5BeywQTUBzg"></drupal-render-placeholder>

Print

Thu, 05 Jun 2025 05:18:04 +0000 AMIT 3185 at https://amit.tj УНВОНИ АКАДЕМИКӢ МУБОРАК БОШАД, УСТОДИ ГИРОМӢ https://amit.tj/tj/unvoni-akademiki-muborak-boshad-ustodi-giromi УНВОНИ АКАДЕМИКӢ МУБОРАК БОШАД, УСТОДИ ГИРОМӢ AMIT Wed, 06/04/2025 - 15:46

Табрикот

Имрӯз, 04 июн бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба интихоби узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 04.06.2025 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Ба устоди гиромӣ ин унвони сатҳи баланди илмиро таҳният гуфта, дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3180" token="RbYT-vGxSzTx2gUWj6xZbSVOPNMK8sa5k_oWt_do_ko"></drupal-render-placeholder>

Print

Wed, 04 Jun 2025 10:46:13 +0000 AMIT 3180 at https://amit.tj Паёми табрикотии президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол https://amit.tj/tj/payomi-tabrikotii-prezidenti-akademyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-uzvi-vobastai-amit-khushvakhtzoda Паёми табрикотии президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол AMIT Sun, 05/25/2025 - 08:47

Табрикот

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад.

Воқеан, варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти бузург доштаву яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа шинохта шудааст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш ин масъаларо матраҳ намуда, ҳаёти солимро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд: «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».

Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистқлолӣ дар баробари дигар навъҳои варзиш таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба футбол равона гардида, дар ин самт корҳои муҳиме ба анҷом расидаанд. Яке аз иқдомҳои шоистае, ки барои рушду пешрафти ин навъи варзиш мусоидат хоҳад кард, ин пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ тариқи қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25 - уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҳамасола 25- май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар тамоми дунё таҷлил мегардад.

Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил гардид, ки дар ин маросим Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.

Мусаллам аст, ки бозии футбол аз қадимулайём ва то имрӯз ҳамчун яке аз машғулиятҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, бо мурури замон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун василаи баҳамоии ҷавонони давлатҳои мухталиф, роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидсозии мардумони олам мебошад. Бозии футбол як навъи варзишест, ки қитъаҳо, давлатҳо, давлатҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва инчунин рустоҳоро ба ҳам меорад.

Воқеан футболбозӣ варзишест, ки сокинони ҷомеаи ҷаҳониро новобаста аз нажод ва дигар омилҳои мухталиф бо ҳамдигар муттаҳид намуда, ҳамзамон ба забони универсалӣ сухан мегӯяд. Ин бозӣ як шакли баргузории ба худ хосро дорад, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур намуда, тимсоли падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист. Дар радифи баргузории бозиҳои футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ аксарияти мардум ва миллионҳо нафар мухлисони ашаддӣ аз ҳама бештар дар бораи пирӯзӣ, пешрафт ва шодмонӣ меандешанд.

Боиси зикр аст, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ​тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим пайваста олимони ҷавонро ба варзиш ҷалб намуда, бо иштироки онҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ, бозиҳои футболи дӯстона, волейбол ва дигар навъҳои варзишро баргузор менамояд.

Дар воқеъ, дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба тамоми варзишгарон, футболбозони касбӣ, мурабиёну доварони онҳо ва ҳаводорони футбол Рӯзи ҷаҳонии футболро табрику таҳният хонда, ба онҳо саодату сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназиро таманно менамоям. Бигзор футболбозони мо бо азму иродаи устувори хеш дар маъруфтарин майдонҳои футболбозии ҷаҳон баромад намуда, Парчам ва номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3127" token="S803W5sl4RBQhyRBv6JAwn5bYNTOkHFK4Lq68tyyCJA"></drupal-render-placeholder>

Print

Sun, 25 May 2025 03:47:47 +0000 AMIT 3127 at https://amit.tj ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА https://amit.tj/tj/chavonon-nerui-sozanda-va-peshbarandai-chomea ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА AMIT Fri, 05/23/2025 - 02:09

Табрикот

Паёми табрикии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз!

Ҳамасола дар саросари кишвар 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад, ки ин ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва аввалин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон баргузор шуда буд, ки поягузори банақшагирӣ ва татбиқи барномаву чорабиниҳои бузург дар самти ҷавонон гардид. Дар ин мулоқот ҳануз Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки “Мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.

Ҳамин буд, ки баъдан бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ба вуҷуд омад. Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи таҳлилҳои хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид-Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон дониста шуда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин сабаб Тоҷикистон кишвари ҷавонон ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳои мазкур, аз мо, амалисозии тадбирҳои зиёдро дар тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмуи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои нав, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати кишвар ва муассисаҳои ваколатдори он бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додаанд. Хусусан дар соҳаи илму маорифи кишвар, ҳар сол, ҷоизаҳои зиёди давлативу соҳавӣ ба ҷавонони фаъол тақдим карда мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд, ки то ба имрӯз зиёда аз 200 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини Шурои мазкур бо иштироку суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он масълаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардиданд. Маҳз дар ин ҷаласа бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди аз ҷониби Пешвои муаззами миллат - соли 2017 “Соли ҷавонон” элон гардида буд.

Аз самтҳои дигари дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.

Дар ҳама навъҳои варзиш, аз қабили футбол, футзал, бокс ва гуштингирӣ ҷавонони мо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аввалин бор соли гузашта Гран-прии Душанбе ва имсол Гранд-слами Душанбе оид ба дзюдо дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Соли равон дар марҳилаи ниҳоии “Ҷоми Осиё” иштирок намудани дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба футбол ва то даври нимниҳоӣ баромадани мунтахаби ҷавони футболи кишвар, инчунин ба чемпионати ҷаҳон дар соли 2025 роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футболи ҷавонони кишвар фараҳбахштарин комёбиҳои варзиши мо буданд.

Дар маҷмуъ, ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Пешвои муаззами милат ба ҷавонон эътимоди комил дошта, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ менамоянд ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар таъкид менамоянд.

Ҳоло мо дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки соле пеш аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд ва тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25-уми май эълон гардид, қарор дорем. Мо бовар дорем, ки дар ин моҳи барои ҷавонон хос, онҳо дар чорабиниҳои ташкилнамуда фаъолона иштирок менамоянд. Баргузории роҳпаймоӣ ва дигар чорабиниҳои канорӣ гувоҳ аз фаъол будани ҷавонони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз дастгирии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешои миллат дарак медиҳад.

Ҷавонони гиромӣ, ба якояки Шумо саломатӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва ҳифзи сулҳу суботи сартосарӣ комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3113" token="OvLGe4QelG9FAt1N2NSjLnWJzMgCXWejAo65XjQcX-8"></drupal-render-placeholder>

Print

Thu, 22 May 2025 21:09:33 +0000 AMIT 3113 at https://amit.tj Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба https://amit.tj/tj/payomi-shodboshii-raisi-machlisi-millii-machlisi-olii-chumkhurii-tochikiston-raisi-shakhri-3 Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба  AMIT Fri, 05/09/2025 - 16:28

Табрикот

Собиқадарони муҳтарам!

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони сулҳпарвари кишвари мо дар қатори тамоми мардумони сулҳхоҳи олам ҷашни таърихии 80-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил менамоянд.

Нахуст мехоҳам ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва онҳоеро, ки барои ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми шаҳрвандии худро гузоштанд, бо ин рӯзи фирӯз табрику муборакбод намоям.

Мо имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардидааст, баҳри пешрафт ва боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати аҳлона машғулем.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба шумор рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар хотираю қалбҳои сокинони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати 80-солагии Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломативу хонаи обод ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.

Ҷашни Зафар муборак, ҳамватанони азиз!

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3050" token="MWMDPb1DPxxXLH42hWKoVUL8ddd_akOA1zfQBhZ0tew"></drupal-render-placeholder>

Print

Fri, 09 May 2025 11:28:42 +0000 AMIT 3050 at https://amit.tj Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Ғалаба https://amit.tj/tj/payomi-tabrikotii-prezidenti-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-uzvi-vobastai-amit-6 Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Ғалаба AMIT Fri, 05/09/2025 - 15:30

Табрикот

Ҳамватанони азиз, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат

Воқеан, дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад.

Бояд ёдрас шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз идома кардааст ва зиёда аз 28 миллион мардуми бегуноҳи Иттиҳоди Шуравиро ба коми худ кашидааст. Захмҳои ҷонкоҳи ин ҷанг дар қалби миллионҳо инсонияти тараққипарвари дунё то имрӯз боқӣ мондааст.

22 июни соли 1941 ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба муқобили Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми сулҳдӯсти он оғоз ёфт, ки ин ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Гарчанде ки майдони набардҳо ва хунрезиҳо аз диёри мо - Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур бошад ҳам, акси садои ҷанг дар сар то сари диёрамон паҳн гардида, фарзандони асили халқи тоҷикро барои ҳимояи Модар-Ватан ҳидоят намуд.

Фиристодагони Тоҷикистон дар давоми панҷ сол паҳлӯ ба паҳлӯ бо намояндагони дигар халқу миллатҳои шуравӣ қаҳрамонона марзу буми худро аз душман ҳимоя намуда, ба он зарбаҳои ҳалокатовар заданд ва ҳудуди меҳанро аз неруи аҳримании фашистӣ пок сохтанд. Корнамоиҳои ҷангии ин мардони майдон барои ҷавонони имрӯза ва насли фардо ҳамеша дарси ибрат хоҳад буд. Ба хотири абадӣ гардонидани номи ин қаҳрамонони ҷанг муҳаққиқон, олимону рӯзноманигорон аз корномаҳои ҷангӣ ва меҳнатии онҳо дар асарҳои хеш ёдовар шудаанд. Дар ҳақиқат, меҳнату диловарӣ ва қаҳрамонию шуҷоати мардуми Тоҷикистон бояд барои ҳамешагӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихори абадӣ бошад.

Баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик мо ба корнамоии мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ бояд арҷгузор бошем. Марду зан ва пиру барно шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, барои ёрӣ ба ҷабҳа сару либос, меваи хушк ва дигар чизҳои заруриро мефиристоданд. Зиндагӣ барои онҳо дар ин солҳои мудҳиши ҷанг аз ҷабҳа ҳам душвортар буд, хурду хӯрок ва либос намерасид, аммо иродаи қавӣ доштанду барои ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин устуворию меҳнатдӯстии онҳо буд, ки халқи шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷеаҳои бузургтарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи ин ҷанги қудратталабонаю нажодпарастона кишварҳои зиёде хароб гариданд, бештар аз 50 миллион одамони сайёра қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёд дод. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони он барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, наздики 100 ҳазор нафари онҳо аз ҷабҳа барнагаштанд.

Бигзор, дар фазои орому осуда ва зери осмони софу беғубор парчами соҳибистиқлолӣ ва сулҳи Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад.

Amit.tj Пешбурди сиёсати илми кишвар

Моро пайгирӣ намоед: Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

<drupal-render-placeholder callback="like_and_dislike.vote_builder:build" arguments="0=node&1=3051" token="V_MIl-7c_8obPPmie9CCXLieYV9ir3zWXhIRDmgwVNs"></drupal-render-placeholder>

Print

Fri, 09 May 2025 10:30:19 +0000 AMIT 3051 at https://amit.tj