Skip to main content

БАБРИ БАРФӢ (Panthera uncia (Schreber, 1775)) ба  қатори дарандагон (Carnivora), оилаи гурбашаклон (Felidae) мансуб буда, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. Дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи миллии илмҳо, Пётри I, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон, Паси Олой паҳн шудааст. Масоҳати умумии паҳншавии намуд дар Тоҷикистон тақрибан 85,700 км2 (тақрибан 2.8% ҳудуди паҳншавии намудро дар миқёси олам) ташкил медиҳад.
     Дар минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ, ки дорои релефи ноҳамвор мебошанд, дар нишебиҳои тез ва дараҳои чуқур сукунат мекунад. Дар Помир муҳити зисти бабри барфӣ дар марғзори алпӣ, ки ба мавзеъҳои харсангдор ва ба онҳо монанд ҳамшафат мебошанд вобастагӣ дорад. Муҳити муътадили зисти намуд дар баландии 2000-4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар асоси маълумоти нав ба дастомада, саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 500 фардро ташкил медиҳад.