Skip to main content
Коррупсия дар замони муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Таҳқиқи ин зуҳуроти номатлуб нишон дод, ки он решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Корупсияро айни замон масълаи глабалӣ низ мешуморанд, зеро аз ин зуҳурот одамон дар аксар кишварҳои олам ранҷ мебаранд. Алалхусус корупсия дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ реша давондааст, ки бар зидди он тамоми ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ мубориза бурда истодаанд. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Корупсия таърихи қадима дошта, марҳила ба марҳила дар шаклҳои гуногун вусъат ёфтааст. Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «Коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида, дар ҳама давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ бар меояд, ки дар масъалаи коррупсия Ҳаммурабӣ (тақрибан солҳои с.1760 то м.) дар Конунномаи худ ҷазо пешбинӣ намуда буд. Ҳарчанд таърихи коррупсия дар асл ба пайдоиши нахустин низомҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ рост меояд, аммо он аллакай дар давраи антиқа гуноҳ эътироф шуда, ба идораи маъмурӣ ва фаъолияти низомӣ-сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонд. Ёдгориҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки коррупсия дар асри XIII то м. дар давраи тамаддуни ошуриҳо зуҳур кардааст.

Тибқи ҳуқуқи римӣ, кирдори ҷиноятии коррупсия додан, қабул кардан ва ё талаби манфиат барои таъсир расонидан ба мақоми муайян дар робита ба иҷрои кори худ муайян шудааст. Аз сабаби васеъ паҳн шудани коррупсия дар кишвар тибқи муқаррароти қонуни нав ҷуброни зарар ва маҳрум кардан аз ҳуқуқҳои сиёсӣ барои амалҳои корупсионӣ пешбинӣ гардид. Аммо бо қабули чунин қонунҳо коррупсия пешгирӣ нагардид, зеро он аз ҷониби аъзои сенат ва мақомҳои поёнии давлатӣ ҳам дар Рум ва ҳам дар музофотҳои он содир мегардид. Баъдан дар асрҳои миёна қонуну қоидаҳои мушаххаси ҳуқуқӣ ин амалро пурра маҳкум карда, барои он ҷавобгарӣ муқарар

карданд.

Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 ба тасвиб расид.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид карданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Коррупсия бa гурӯҳи ҷиноятҳое дохил мешaвaд, ки бо мурури зaмон рушд ёфтa, содиршaвиaш бештaр бa вaзъи иқтисодии дaвлaт aлоқaмaндӣ дорaд. Дaр aсоси омӯзиши сaрчaшмaҳои илмӣ вa фикру aқидaҳои олимони соҳa бa хулосa омaдaн мумкин aст, ки якчaнд омилҳои мусоидaткунaндa бaрои содиршaвии aмaлҳои коррупсионӣ мaвҷуд мебошанд. Aз ҷумлa, пaст будaни сaтҳу фaҳмиши ҳуқуқии шaҳрвaндон нисбaти чунин ҳуқуқвaйронкунӣ дaр ҷомеa, риоя нaшудaни қонун вa тaртиботи ҳуқуқӣ, пaст будaни вaзъи иқтисодии ҷомеa, рaд нaмудaни принсипи мустaқилияти тaрaфҳо вa дaхолaт бa сaлоҳияти дигaр мaқомотҳо.

Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯйистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.

Лаборанти калони Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

(Эмомалӣ Раҳмон)

Яке аз зуҳуротҳои номатлуб, ки проблемаи глобалӣ буда, тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро мегирад, коррупсия мебошад. Вай асосҳои давлатдориро заиф намуда, ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, иқтисодиёти мамлакатро ноустувор сохта, ба шиддатнокии иҷтимоӣ оварда мерасонад. Коррупсия ба тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодию фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия ба боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада мусоидат намуда, боварии аҳолиро ба сохторҳои давлатӣ кам мекунад. Коррупсия танҳо масъалаи дохилидавлатӣ нест ва мубориза бо он ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо менамояд.

Хатарҳои аз коррупсия бамиёнмеомадаро дарк намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ санади ҳуқуқии байналмилалии универсалие қабул гардидааст, ки маҳз дар бахши мубориза бо коррупсия қабул гардида, давлатҳои иштирокчӣ аз рӯи он уҳдадориҳои байналмилалӣ гирифтаанд. Ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия (минбаъд, Конвенсияи соли 2003, Конвенсия) мебошад, ки дар ҷаласаи умумии иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ 31 октябри соли 2003 қабул шуда, 14 декабри соли 2005 эътибор пайдо кардааст.

Конвенсияи мазкур ягона санади универсалии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, давлатҳоро вазифадор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо он чораҳои ҳамаҷониба андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонд, аз ин рӯ зарурати имплементатсияи (татбиқи) меъёрҳои он дар қонунгузории миллии мамлакат ба миён омад.

Имплементатсияи Конвенсияи соли 2003 ба қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мутобиқгардонии қонунгузории дохилии кишварро ба талаботи Конвенсия пас аз тасвиб дар бар мегирад. Ин тавассути қабули қонунҳои нав ё тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда барои ҷиноят эътироф кардани амалҳои коррупсионие, ки Конвенсия муайян кардааст ва механизмҳои пешгирӣ ва таъқиби онҳо анҷом дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сентябри соли 2005 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, 25 сентябри соли 2006 онро ратификатсия намуд. Конвенсияи мазкур 25 октябри соли 2006 барои Тоҷикистон эътибори қонунӣ пайдо намуд.

Дар раванди имплементатсия мутобиқати қонунгузории амалкунанда ба Конвенсия таҳлил гардида, зарурати қабули қонуни нав ба миён омад. Аз оғози таъсисёбиаш Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати аввалиндараҷа медиҳад. То шомил шудан ба Конвенсияи соли 2003 санадҳои қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)» (ҳоло ин санад аз эътибор соқит карда шудааст), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд. Барои шомил шудан ба Конвенсияи соли 2003 зарурияти мутобиқсозии қонунгузории миллии мамлакат ба миён омад, аз ин рӯ дар Тоҷикистон таҳлили қонунгузории зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, то ба имзо расонидани Конвенсияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ҳоло ин қонун низ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 аз эътибор соқит карда шудааст. Агар қонуни соли 1999 ва қонуни соли 2005-ро муқоиса намоем, мушоҳида мекунем, ки қонуни соли 1999 аввалин санади қонунгузорие буд, ки заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистонро фароҳам оварда, ба муқаррар намудани мафҳумҳо ва равишҳои асосии мубориза бо коррупсия, муайян кардани принсипҳои бунёдӣ ва муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ нигаронида шуда буд, Қонуни соли 2005 бошад, ба танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои мубориза бо коррупсия нигаронида шуда буд. Он доираи татбиқро васеъ намуда, заминаи ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро мустаҳкам намуда буд.

Қонуни соли 1999 нақши мақомоти мубориза бо коррупсияро маҳдуд карда, назорати иљрои қонунро пеш аз ҳама ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда буд. Қонуни соли 2005 бошад, механизмҳои муфассалтари фаъолияти мақомоти мубориза бо коррупсияро, аз қабили таъсиси воҳидҳои махсусгардонидашуда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиёд намудани ваколатҳои онҳоро оид ба тафтиш ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пешбинӣ карда буд.

Қонуни соли 1999 механизмҳои мушаххаси ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо коррупсияро пешбинӣ накарда буд. Қонуни соли 2005 бошад, нақши созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро дар мубориза бо коррупсия, аз љумла татбиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалиро ба таври назаррас васеъ намуд.

Қонуни соли 1999 таърифи умумии коррупсияро ҳамчун сӯиистифода аз мақом аз ҷониби шахсони мансабдор барои ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ва дигар манфиатҳо пешниҳод мекард. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин имтиёзҳо медиҳанд, таваљљӯҳи махсус дода мешуд. Қонуни соли 2005 мафҳумҳои навро дар масъалаи мубориза бо коррупсия ҷорӣ пешбинӣ намуда, баъдан низ ба ин қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррароти он мукаммалтар гардидиданд, ки минбаъд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 мустаҳкам карда шуданд.

Дар раванди имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия ба соҳаҳои ҳуқуқи љиноятӣ, маданӣ, маъмурӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Пас аз ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия рӯйхати ҷиноятҳои коррупсионӣ васеъ карда шуд. Ба қонунгузории ҷиноятӣ ҷиноятҳои нав ворид карда шуданд, ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ сахттар шуданд, тартиби ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандаҳо (шахсоне, ки дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд) муқаррар карда шудаанд, талабот оид ба эъломияи даромад ва дороиҳо ва назорати бархӯрди манфиатҳо ҷорӣ карда шуданд, барои пешгирии коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ чораҳо андешида шуданд.

Тибқи қисми 1 моддаи 6 Конвенсияи соли 2003 “Ҳар як давлати узв мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ мавҷудияти мақомот ё дар мавридҳои зарурӣ мақомотҳоро барои пешгирии коррупсия таъмин мекунад...”.

Бо назардошти ин муқаррароти конвенсионӣ ва бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Политсияи андоз, ки мақомотҳои ваколатдори мубориза бо коррупсия маҳсуб меёфтанд, барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия таъсис дода шуд.

Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд”.

Яке аз талаботҳои Конвенсияи соли 2003 аз он иборат аст, ки давлати узв уҳдадор аст мустақилияти зарурии мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсияро таъмин намояд (моддаи 36 Конвенсия), то вазифаҳои худро самаранок ва бе ягон таъсири номатлуб иљро намояд. Бо назардошти талаботи мазкур Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Агентӣ дар ошкор ва пешбурди тафтишоти ҷиноятҳои коррупсионӣ саҳми арзанда дорад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар солҳои 2013-2019 танҳо аз тарафи Агентӣ 12488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9083 адади онро ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ташкил медиҳанд.

Яке аз вазифаҳои Агентӣ, ки аз моддаи 6 Конвенсияи СММ аз соли 2003 бармеояд, паҳн намудани донишҳо оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия мебошад. Бо ин мақсад аз љониби Агентӣ дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, љамоатҳои шаҳраку деҳот, хусусан маҳалҳои дурдасти аҳолинишин ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо қишрҳои гуногуни љомеа дар маљмӯъ 1053 сӯҳбату вохӯриҳо, 50 мизи мудаввар, 70 семинар ва 20 конфронс баргузор карда шуда, дар 216 чорабиниҳои доирнамудаи дигар ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Бо мақсади иттилоотонӣ аз оқибатҳои зараровари коррупсия ва љалби ҳарчи бештари шаҳрвандон дар раванди муқовимат ба ин зуҳурот 69 намуд шиору овеза, 31 намуд буклет бо теъдоди 10590 адад, 55 мақолаи зиддикоррупсионӣ, 22 видеоролики иљтимоӣ, 92 ахбороти кӯтоҳ, 366 хабару иттилоот дар сомонаи расмӣ ва 52 барномаи телевизионӣ таҳия гардида, ба таваҷҷуҳи љомеа расонида шуд. Чунин иқдомот дар соли 2025 низ амалӣ гардида истодааст.

Яке аз табдирҳои имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи соли 2003 дар қонунгузории миллӣ ин қабул ва амалишавии нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад, ки мақсадаш амалишавии меъёрҳои Конвенсия ва санадҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ дар самти мазкур мебошад. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул шуда буданд, ки нақшаҳои тадбирҳои иҷрои онҳоро низ дар бар мегирифтанд. Баъдан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021 таҳти №222 Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки ин санад низ амалишавии 70 номгӯи чорабиниҳоро пешбинӣ мекунад.

Яке аз мақсадҳои Конвенсияи соли 2003 ҳавасмандгардонӣ, мусоидат ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ёрии техникӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла чораҳои барқарорсозии активҳо (дороиҳо) мебошад (моддаи 1 Конвенсия). Аз ин хотир, боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 маҳз ба ин масъала бахшида шудааст. Тибқи моддаи 33 қонуни мазкур “Ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- муайян кардани шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гумонбар (айбдоршаванда) дониста шудаанд, ҷойи будубоши онҳо, ҳамчунин ҷойи будубоши шахсони дигаре, ки бо чунин ҷиноятҳо алоқаманданд;

- пешниҳод намудани ашё ё намунаи онҳо барои гузаронидани тадқиқот ё экспертизаи судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;

- мубодилаи маълумот доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия;

- муайян намудани молу мулки дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастовардашуда ва баргардонидани онҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ИДМ дар бораи ташкили Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия аз 25 октябри соли 2013-ро ба имзо расонидааст.

Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд.

Айни замон раиси Шӯро Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шӯро дар доираи салоҳияти худ барои ташкил ва ҳамоҳангсозии муборизаи зидди коррупсия, инчунин баррасии иҷрои уҳдадориҳои давлатҳои иштирокчии Созишнома дар соҳаи мубориза бо коррупсия ва ҳамкории созанда бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои онҳо таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ бо Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ ба таври судманд ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тариқ, пас аз қабули Конвенсияи соли 2003 дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди қонунгузории зиддикоррупсионӣ оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзогӣ ба ин созишномаи муҳимми байналмилиро зарур шуморида, то ба тавсиб расонидани он қонуни соҳавиро дар таҳрири нав қабул намуд. Пас аз ратификатсияи ин санад мақомоти соҳавии ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ – Агентӣ ташкил дода шуд, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр карда шуд, кирдорҳои коррупсионӣ, ки дар Конвенсияи соли 2003 ҳамчун ҷиноят пешбинӣ шуда буданд, криминализатсия карда шуданд, ҳимояи шоҳидон ва шахсоне, ки аз ҳолатҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд, пурзӯр карда шуд.

Нуктаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки қонунҳои соҳавии солҳои 1999 ва 2005 “мубориза бо коррупсия” ном доштанд, аммо қонуни амалкунанда аз соли 2020 бошад, “муқовимат ба коррупсия” ном гирифтааст. Агар аз як тараф ҳар ду истилоҳ моҳиятан синоним буда, маҷмӯи тадбирҳо ва фаъолиятро баҳри пешгирӣ, ошкор кардан ва ҷазо додани кирдорҳои коррупсионӣ, ҳамчунин бартараф кардани сабабу шароитҳои онҳоро дар бар гиранд, аз тарафи дигар “мубориза” муқобилияти фаъол бо зуҳуроти номатлубро дар назар дораду, дар “муқовимат” бошад, бештар таваҷҷуҳ ба низоми тадбирҳо ва амалҳо дода мешавад, ки ба миён омадан ва паҳн гаштани коррупсияро пешгирӣ мекунанд. Муқовимат бо коррупсия маҷмӯи васеи амалҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ, экспертизаи зиддикоррупсионӣ, шаффофияти расмиёти давлатӣ, ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодаи тадбирҳои пешгирикунандаро дар бар мегирад. Мақсади муқовимат на танҳо ҷазо додани гунаҳкорон, балки фароҳам овардани шароит барои рух надодани ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад.

Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва

ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Коррупсия яке аз мушкилиҳои глобалии асри XXI буда, монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва идоракунӣ ба шумор меравад. Дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо мушкилоти густурдаи коррупсия рӯ ба рӯ ҳастанд, таҷрибаи давлатҳои пешрафта, ба монанди Канада, таҷрибаи муассир ва омӯзанда мебошад. Дар тӯли чанд даҳсолаи охир Канада тавонист низоми муассири зиддикоррупсиониро роҳандозӣ кунад, ки ба принсипҳои эҳтироми қонун, шаффофият ва масъулиятнокии мақомоти давлатӣ асос ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти нашршудаи ташкилоти “Transparency International” барои соли 2024 Канада дар индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index) 75 хол аз 100 имтиёз ба даст овард.

Бояд қайд кард, ки индекси коррупсия дар Канада дар давраи аз соли 1995 то 2024 ба ҳисоби миёна 84.31 холро ташкил додааст. Нуқтаи аз ҳама баландтарини он 92.00 хол дар соли 1998 ва пастарин бошад 74 хол дар соли 2021 сабт шудааст.

Сарфи назар аз он, ки Канада дар рейтингҳои байналмилалӣ дорои сатҳи пасти коррупсия шинохта мешавад лекин масъалаи мубориза бо коррупсия то ҳол ҳамчун як раванд боқи мондааст, аз ҷумла дар соҳаи сиёсат ва бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба мушоҳида мерасад. Бояд қайд кард, ки қисме аз коррупсия ҳамчунин ба ҷиноятҳои муташаккил рабт дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба фаъолияти ғайриқонунии молиявӣ машғул мешаванд.

Коррупсияи сиёсӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд. Ба ин дохил мешавад:

· Порадиҳӣ (Bribery) як намуди коррупсия мебошад, ки пешниҳод ё қабули маблағ, ё туҳфа барои таъсир расонидан ба қарор ё амал;

· Ғасби мол (Embezzlement) сӯистифодаи маблағ ё дороиҳо барои манфиати шахсӣ;

· Хешутаборӣ (Nepotism) афзалият додан ба хешу табор ё дӯстон ҳангоми таъин ё додани шартномаҳо;

· Бархӯрди манфиатҳои шахсӣ (Conflict of interest) вазъиятҳое, ки манфиатҳои шахсии мансабдори давлатӣ метавонад ба иҷрои вазифаҳои расмии ӯ таъсир расонанд.

Коррупсияи корпоративӣ (дар ширкатҳо) ҳам ба чанд қисм ҷудо мешаванд. Аз ҷумла:

· Қаллобӣ (Fraud) амал ё рафтори фиребандае мебошад, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ анҷом дода мешавад;

· Пулшӯи (Money laundering) пинҳон намудани манбаъ ва сарчашмаи маблағҳое, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд;

· Порадиҳӣ (Bribery) як намуди коррупсия мебошад, ки пешниҳод ё қабули маблағ бо мақсади ба даст овардани шартномаҳо ё созишномаҳои тиҷоратӣ;

· Мубодилаи дохилӣ (Insider trading) хариди фурӯши қоғазҳои қиматнок бо истифода аз иттилооти махфӣ.

Коррупсияи бахши давлатӣ низ ба чанд қисм ҷудо мешаванд, инҳоянд:

· Таҳдиду найранг (шантаж) бо мақсади пулситонӣ (Extortion) талаби пул ё манфиат таҳти таҳдид ва фишор;

· Сӯиистифода аз мақом (Abuse of power) истифодаи мансаб барои манфиати шахсӣ;

· Пардохт барои кори анҷомнашуда (Ghosting) гирифтани музд ё маош барои коре, ки дар асл анҷом дода нашудааст, ё шахсе, ки умуман вуҷуд надорад;

· Порагирии пинҳонӣ (Kickbacks) гирифтани қисми муайяне аз арзиши шартнома ба таври ғайриқонунӣ.

Ҷиноятҳои муташшакил ҳам ба коррупсия дохил шуда, онҳо ба чанд қисм ҷудо мешаванд:

· Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (Drug trafficking) ин тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир;

· Қочоқи инсон (Human trafficking) фурӯш ва интиқоли ғайриқонунии одамон бо мақсади истисмор, яъне меҳнати инсонҳо, ҷинсӣ ва узви инсон.

Бояд қайд кард, ки мақомоти Канада барои мубориза ба коррупсия як қатор чораҳои зарури андешидаанд, аз ҷумла қабули санадҳои махсус, таъсиси ниҳодҳои татбиқи қонун ва роҳандозии маъракаҳои баланд бардоштани огоҳии мардум ва ғ. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз санадҳои муҳимтарини ҳуқуқии зидди коррупсионӣ ин Қонуни мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони хориҷӣ дар муомилаҳои байналмилалии тиҷоратӣ (Corruption of Foreign Public Officials Act-CFPOA) мебошад, ки соли 1999 қабул гардид, ба иҷрои Конвенсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) оид ба мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони давлатӣ дар марҳилаҳои байналмилалӣ равона шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Канада нафақат дар дохили кишвар ба муқобили коррупсия мубориза мебарад, балки барои муқовимати ҷаҳонӣ низ саҳм мегузорад.

Дар баробари ин, Қонуни дастрасӣ ба иттилоот (Access to Information Act) ва Қонуни ахлоқи хизматчиёнӣ давлатӣ (Public Servants Disclosure Protection Act) имконият медиҳанд, ки ҳар як шаҳрванд ё расонаҳо метавонанд фаъолияти мақомоти давлатиро таҳти назорат қарор диҳанд.

Ба ғайр аз ин нақши ниҳодҳои мустақим, аз қабили мақомоти зиддикоррупсионӣ, додгоҳҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар тамини иҷрои қонунгузорӣ ва мубориза бо коррупсия нақши муҳим мебозанд

Яке аз сохтори мустақили назоратӣ ин Санҷиши олии молиявӣ (Auditor General of Canada) мебошад, ки хароҷоти давлатиро санҷида, ҳолатҳои истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ифшо ва арзёбӣ мекунад.

Полиси махсуси шоҳии Канада (Royal Canadian Mounted Police – RCMP) як ниҳоди махсус тафтиши ҷиноятҳои вобаста ба коррупсияро ба уҳда дорад, бахусус дар ҳолате, ки қонунҳои марбут ба мубориза бо порадиҳӣ дар чаҳорҷӯби Қонуни мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони хориҷӣ дар муомилаҳои байналмилалии тиҷоратӣ вайрон мешаванд, равона шудааст.

Дар баробари ҳамаи ин як ниҳоди дигар ин Дафтари Комиссари мустақили манфиатҳои зиддият ва ахлоқи хизматӣ (Office of the Conflict of Interest and Ethics Commissioner) аз болои мансабдорони давлатӣ назорат мебарад, то миёни манфиатҳои шахсӣ ва вазифаҳои расмии худ омехта накунанд ва талаботи ахлоқи касбиро риоя намоянд.

Бар замми ин омилҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар раванди мубориза бо коррупсия нақши асоси бозида, фаъолона ширкат меварзанд. Барои расонаҳои озод ва мустақим шароити зарурӣ фароҳам оварда, то ҳолатҳои эҳтимолии коррупсия сари вақт ошкор ва ба ҷомеа расонида шаванд, ки ин ба баланд шудани сатҳи шаффофият ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул мусоидат менамояд.

Бар замми ин ҷораҳои андешидашуда, дар асри XXI ки асри технология ба шумор меравад Канада дар роҳи пешгирии коррупсия ба истифодаи васеъ аз технологияҳои рақамӣ такя мекунад. Системаҳои идоракунии электронии ҳуҷҷатҳо, баргузории тендерҳои кушода, реестрҳои онлайнӣ ва платформаҳои махсуси гузоришдиҳӣ ҳама ба он равона шудаанд, ки раванди қабули қарорҳо, хароҷоти давлатӣ ва тақсими захираҳои молиявӣ шаффоф, ҳисобдиҳанда ва назоратшаванда бошанд. Ин ҷораҳо на танҳо имконият медиҳанд, ки хатари коррупсия коҳиш ёбад, балки боварии шаҳрвандонро ба муассисаҳои давлатӣ тақвият мебахшанд

Аз таҷрибаи Канада собит мегардад, ки барои мубориза бурдан ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чунин чораҳо муҳим ва зарурӣ мебошад:

· Иродаи сиёсӣ ва мустақилияти ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ таъмин намудани фаъолияти озоду мустақили сохторҳои назоратӣ ва тафтишотӣ, ки аз ҳар гуна дахолати сиёсӣ ва беруна ҳифз карда шаванд;

· Қонунгузории мукаммал ва ҷазои ногузир, таҳкими пойгоҳи ҳуқуқӣ ва амали баробар ва бефосилаи қонун нисбат ба ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мансаб ва нуфузи онҳо;

· Шафофият ва рақамикунони дар раванди қабули қарорҳо ва хароҷоти давлатӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири субъективӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯистифодаи молиявӣ;

· Боло бурдани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар раванди мубориза бо коррупсия. Фароҳам овардани шароит барои расонаҳои озод ва мустақим то ҳолатҳои эҳтимолии коррупсия сари вақт ошкор ва ба ҷомеа расонида шаванд, ки ин ба баланд шудани сатҳи шаффофият ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул мусоидат намояд;

· Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ. Ҷори намудани барномаҳои таълими дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон.

Мубориза бо коррупсия масъалаи глобалӣ буда, тамоми давлатҳои ҷаҳон бар зидди ин раванд мубориза бурда истодаанд. Таҷрибаи Канада ҳамчун як кишвари пешрафта нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия тавассути сохторҳои мустақил, қонунгузории мукаммад, шаффофият ва истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад самарабахш бошад. Дар Канада ҳамчун бештар ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва ҷузъҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамият дода мешавад, ки ин равандро мустаҳкам месозад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтани ин таҷриба метавонад барои таҳкими низоми зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия мусоидат намояд. Муҳимтар аз ҳама зарурати иродаи сиёсӣ ва мустақилияти комили ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ, таҳқими пойгоҳи ҳуқуқӣ ва таъмини таҳкими фарҳангӣ зиддикоррупсионӣ дар тамоми зинаҳои ҷомеа мебошад. Бо дарназардошти ин омилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба роҳҳои муназзам ва муассири мубориза бо коррупсия ки ба рушди пойдор ва адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, расад.

Некбахт ДОРОНШОЕВА мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ,

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи хоса пайдо намудааст. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар ин муқовимат бо коррупсия мебошад, ки барои амалӣ гардонидани сиёсати иқтисодӣ равона гардидааст. Дар замони муосир ба даст овардани ҳадафҳои стратегӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми сиёсӣ басо кори мушкил аст, вале Кореяи Ҷанубӣ тавонист, то як андозае дар ин самт муваффақ гардад. Бартараф намудани мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пайваста муқовимат намудан бо амалҳои коррупсионӣ, инчунин ба низом даровардани амалҳои зидди корупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад, ки бо ин восита тавонист ба як кишвари муваффақ табдил гардад.

"Бо мақсади ба даст овардани даромади шахсӣ сӯистифода аз мансаб, ки дар он арзишҳои шахсӣ аз арзишҳои давлат боло аст, коррупсия мебошад. Коррупсия ба иқтисодиёти кишвар ва обрӯйи байналмилалии он зарар мерасонад ва рушди онро бозмедорад. Мубориза бо коррупсия обрӯ ва эътибори давлатро баланд бардошта, онро бо ҷомеа наздик менамояд. Ҳар як роҳбари давлат мубориза бар коррупсияро яке аз мушкилоти асосӣ дар сиёсати дохилию хориҷии худ эълон намуда, худ дар мубориза бо он нақши назаррасро дорад. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон оид ба коррупсия чунин иброз намудааст: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”[1,134].

Мавриди зикр аст, ки амалҳои коррупсионӣ ба рушди иқтисод ва демократия монеа эҷод мекунад. Таъсири институтсионалӣ ба демократия имкон медиҳад, ки барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ, яъне фасод такони ҷиддӣ диҳад. Якум, амалиёти масъулиятҳои вертикалӣ ҳавасмандии иштирок дар фаъолиятҳои коррупсиониро тавассути ҷазо додани сиёсатмадорони фасодзада ё ҳизбҳои сиёсӣ тавассути интихобот коҳиш медиҳад. Дуюм, баланд бардоштани шаффофияти институтсионалӣ имкон медиҳад, ки назорати мутақобила тавассути рақобатҳои ҳизбӣ амал намуда, функсияҳои назоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити Ахбори Омма (ВАО )тақвият дода шавад, ки дар натиҷа имкони ошкор намудани амалҳои корррупсиониро зиёд мекунад. Сеюм, амалиёти ҳисоботдиҳии уфуқӣ имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҳокимияти давлатӣ, волояти қонун, тақсимоти ваколатҳо ва тавозуни назорат ҳамчун меъёри кории мақомот муқаррар карда шавад. Дар натиҷа, назорати қаблан ва баъдӣ аз болои шахсони қудратманд самараноктар мешавад, ки дар асоси созиш байни мақомот амалҳои коррупсионӣ коҳиш меёбад. Чаҳорум, ғайримарказикунонии қудрат ба фаъолияти коррупсионӣ тавассути коҳиш додани эҳтимолияти коррупсия мусоидат мекунад, ба монанди тамаъҷӯии оммавӣ ва созишҳои тиҷоратии сиёсӣ, ки дар натиҷаи тамаркузи қудрат ва мусоидат ба таъсиси эътилофи зиддикоррупсионӣ дар пайвандҳои мухталиф байни давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад[2,2].

Бояд қайд намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ пайваста барои ҳалли мушкилот ва аз байн бурдани амалҳои зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи худро равона намудааст. Маҳз сохтори давлатдорӣ ва риояи ҷиддии қонунҳои давлатӣ аз ҷониби халқ махсусан мансабдорони давлатӣ тавонист то андозае амалҳои коррупсиониро дар кишвар коҳиш диҳад. Кореяи Ҷанубӣ дорои иқтидори баланди иқтисодӣ ва техникаву технологияҳои баландсифат мебошад. Албатта дар он ҷойе, ки иқтисод бошад, амалҳои коррупсионӣ пайдо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ барои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз рӯи сохторҳои гуногуни давлатӣ назорати ҷиддӣ бурда, то андозае дар байни онҳо принсипҳои шаффофият ва усулҳои махсуси назоратиро ҷорӣ намудааст, ки ба фаъолияти зиддикоррупсионӣ мусоидат менамояд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ ба ғайр аз Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор (Advanced Computing Research Centre) шаш сохтори асосии давлатие мавҷуд аст, ки ба фаъолияти зиддикоррупсионӣ машғуланд: котиботи президент, дафтари сарвазир, комиссияи тафтишот, прокуратураи давлатӣ, инспектори генералии ҳар як вазорат ва вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ. Аз ин шаш ниҳод комиссияи тафтишот ва вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ дар сафи аввал бо мубориза бар зиддикоррупсия қарор дорад. Прокуратура ҳуқуқи тафтишот ва таъқиби ҷиноятҳои гуногунро дорад. Ғайр аз ин, онҳоро ба идораи полис ва дигар сохторҳои тафтишотӣ фиристонида, барои дуруст татбиқ намудани қонунҳо ариза пешниҳод карда, ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ назорат мекунад. Дар Комиссияи тафтишотӣ дар асоси қонун оиди комиссияи тафтишотӣ ҳамчун ташкилоти баландтарини аудит ва санҷиш дар байни муассисаҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ таъсис дода шудааст. Ҳамаи сохторҳо вазифаҳои худро ба таври мустақилона иҷро менамоянд. Вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ барои пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани шаффофият дар бораи дороиҳои кормандони давлатӣ пайваста ба мақомоти дахлдор гузориш пешниҳод менамояд. Аз сабаби он ки вазифаи асосии Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор мубориза бо коррупсия мебошад, пас аз гирифтани шикоятҳои коррупсионӣ, он маълумотҳоро ба прокуратура ва ё ба комиссияи тафтишотӣ барои тафтишот равона месозад. То имрӯз дар Кореяи Ҷанубӣ меморандуми расмии ҳамдигарфаҳмӣ дар бораи ҳамкорӣ миёни Дафтари Олӣ ва Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор мавҷуд аст. Инчунин Вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ қариб ҳамаи номзадҳои навро барои хизмати давлатӣ интихоб мекунад. Ҳамин тариқ, мақомотҳои зиддикоррупсионии Кореяи Ҷанубӣ дар арсаи ҷаҳон машҳур гардида, тавонист дар асоси Қонун ду Президенти собиқи худро барои амалҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад[3,151-152].

Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ шаш сохтори махсуси давлатиро таҳия намуд, ки маҳз барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ равона гардидааст. Фаъолияти сохторҳои мазкур, ки дар боло қайд гардидааст, барои тамоми сохторҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Кореяи Ҷанубӣ тавонист миёни халқ ва ҳатто мансабдорон принсипҳои асосии сохторҳои зиддикоррупсиониро ҷорӣ намояд. Метавон гуфт, ки бо як дарки баланд ва ҳисси ватандустӣ барои аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ тамоми сохторҳои давлатӣ мубориза бурда, саҳми назарраси худро мерасонанд. Албатта, ҳукумати кишвар дар танҳоӣ барои коҳиш додани амалҳои мазкур муқовимат карда наметавонад, вале дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ бо мансабдорон ва тамоми сохторҳои давлатӣ метавонад бар зидди амалҳои коррупсионӣ мубориза барад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки ҳоло ҳам баъзе омилҳои зиддикоррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мавҷуд аст.

Омӯзиши принсипҳои ростқавлӣ, яке аз авлавиятҳои асосии Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор ба шумор меравад, зеро бо ин восита огоҳии ахлоқии мансабдорони давлатиро баланд бардошта, тавонмандии онҳоро барои ростқавлӣ тақвият мебахшад. Ин роҳ як усули бунёдии ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ мебошад. Дар робита бо ин, моҳи октябри соли 2012 Донишгоҳи таълимии зиддикоррупсионӣ (Anti-Corruption Training Institute) ҳамчун муассисаи махсуси таълимӣ таъсис гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти он мубориза бо коррупсия ва тарбияи ростқавлӣ мебошад. Донишгоҳи мазкур ҳамчун муассисаи таълимӣ, махсусан барои таълими мансабдорони давлатӣ таъин гардидааст. Гарчанде, ки марказ ба курсҳои ҳатмӣ ва такмили ихтисос барои мансабдорони давлатӣ равона гардидааст, ки чунин курсҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, махсусан барои наврасон низ ҳадафҳои асосии таълимии марказ мебошад. Бо вуҷуди ин таълими зиддикоррупсионии мансабдорони давлатӣ тибқи қонун аз соли 2016 ҳатмӣ гардид, ки як хусусияти хоси маркази таълимии зиддикоррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ буд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом яке аз нерӯи пешбарандаи фаъолияти бомуваффақияти маркази мазкур ба шумор меравад. Дар Кореяи Ҷанубӣ тақрибан ду миллион нафар мансабдорони давлатии соҳаи маориф мавҷуд аст, ки ин марказ барояшон як курси омӯзишӣ барои таълими тренерони мубориза бо коррупсия ва таҳияи маводи таълимии онҳоро роҳандозӣ мекунад. Тибқи қонун барномаи таълимӣ ҳатмӣ буда, мундариҷаи асосии курсҳои таълимӣ бо қонунҳои дахлдор, аз қабили Санади дархости ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад. Дар соли 2021 Донишгоҳи таълимии зиддикоррупсионӣ 246 маротиба курсҳои таълимии рӯ ба рӯ пешниҳод намуд, ки ҳамагӣ 88331 ҳазор нафар курси омӯзиши ростқавлиро хатм намуданд. Натиҷаи мазкур бо шарофати амалҳои гибридии курсҳои рӯ ба рӯ буд, ки якчанд курсҳои омӯзишии онлайнӣ ва курсҳои таълимии шартномавиро дар бар мегирифт, ба даст оварда шудааст[4].

Тибқи таҳлилҳои дар боло зикргардида, яке аз ҳадафҳои асосии Кореяи Ҷанубӣ коҳиш додани амалҳои зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ ҳукумати кишвар донишгоҳи махсуси омӯзиши амалҳои зиддикоррупсиониро таъсис дод, ки дар доираи он барномаҳои махсуси омӯзишӣ барои мансабдорони давлатӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, метавон гуфт, ки маркази таълимии зиддикоррупсионӣ низ таъсис гардида, барои муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ нақши муҳим дорад. Аз ин бар меояд, ки ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ пайваста бар зидди амалҳои коррупсионӣ вокуниш нишон дода, барои коҳиш додани он тамоми роҳу усулҳо ва чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Қобили зикр аст, ки бар асоси гузориши Шаффофияти Байналмилалӣ, Кореяи Ҷанубӣ дар қатори 180 кишвари ҷаҳон дар мубориза бар зидди коррупсия дар ҷойи 30-юм қарор додад. Аз соли 1995 то соли 2024 дараҷаи амалҳои коррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 40%-ро ташкил медод, ки баландтарини он дар соли 1999 ба дараҷаи 52% расида буд, ки дар соли 1996 ба сатҳи рекорд ба дараҷаи 27% поён фароварда шуд[5].

Аз рӯи таҳлилҳо чунин хулоса намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ пайваста дар ҳар давру замон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муқовимат нишон дода, баҳри коҳиш додани он талошҳои худро равона месозад. Ҳукумати кишвар қонунҳои махсус барои амалҳои коррупсионӣ қабул намуд, ки аҳолии кишвар, мансабдорон, ва ҳатто Президенти Кореяи Ҷануб низ онро ба таври ҷиддӣ риоя мекунанд. Ҳамзамон метавон қайд кард, ки дар баробари қонунҳои қабулшуда, инчунин як донишгоҳи махсус оид ба омӯзиши мубориза бар амалҳои коррупсионӣ бунёд гардид, ки дар он ҳамасола лоиҳаҳои махсуси таълимӣ роҳандозӣ мегардад. Инчунин, баҳри коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ шаш сохторҳои давлатӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия таъсис дод, ки пайваста аз руи санадҳои меъёрии худ фаъолият намуда, дар коҳиш додани амалҳои мазкур саҳми назаррас мегузорад. Маҳз талошҳои беандозаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ буд, ки айни замон кишвар дар қатори 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 30-юм дар муқовимат бар зидди коррупсия қарор дорад. Метавон гуфт, ки ин ҳама пешравиҳо бо шарофати ҳукуматдорони ин кишвар мебошад, ки имрӯз Кореяи Ҷанубӣ ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Файзуллаева Нигора , ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Соҳиби Б. “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Сингапур: истифодаи таҷрибаи он дар шароити Тоҷикистон” / Б. Соҳиби // Международные отношения и безопасность. – 2023. – No. 3(7). – P. 133-141. – EDN PIIUJK. Саҳ 134

2. South Korea's Co-Hosting of S4D and Democracy Diplomacy Focused on the Anti-Corruption Agenda of the Indo-Pacific// Published on May 2023 Published by the East Asia Institute ISBN 979-11-6617-608-1 95340/ саҳ 2 https://summitfordemocracyresources.eu/wp-content /uploads /2023/ 07/EAISouth_Korea_s_Cohosting_ of_S4D _and _ Democracy_Diplomacy-1.pdf

3. Ен Ун Ким, Юрий Владимирович Трунцевский, Марина Алексеевна Молчанова “Антикоррупционная политика Республики Корея: история становления и современность”//Сравнительная Политика .2018 Т.9 № 3 /https://cyberleninka.ru/article/n/antikorruptsionnaya-politika-respubliki-koreya -istoriya-stanovleniya-i-sovremennost/viewerсаҳ 151-152

4. Anti-corruption policy implementation an experience from the Republic of Korea https:// www. undp.org / sites /g/files/zskgke326/files/2023-10/anti-corruption_policy_implementation_240823.pdf

5. “South Korea Corruption Rank” //Trading Economics/ https: // tradingeconomics. com/south-korea/corruption-rank

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.

Аз ин рӯ, таҳқиқи зарари коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмӣ ва амалӣ барои кишварҳои мустақил ба шумор меравад.

Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба амнияти миллӣ — яъне истиқлолият, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, беэътимодиро байни шаҳрвандон ва ҳукумат эҷод мекунад. Сарфи бесамари маблағҳои давлатӣ, барномаҳои рушд ва грантҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ боиси зуҳури гурӯҳи манфиатхоҳ, амалӣ нагаштани ҳадафҳои рушди миллӣ, паст рафтани сатҳи некуаҳволӣ, коҳиши эътимод ба низоми давлатдорӣ ва адами боварӣ ба ояндаи дурахшон – яке аз омилҳои зиндагӣ ва ҳадфмандии ҳар як фард мегардад. Ин масъала на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Давлате, ки муборизаи муассир алайҳи коррупсия намебарад, дер ё зуд бо хатарҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна рӯ ба рӯ мегардад.

Барои дарки хатари коррупсия пеш аз ҳама донистани шаклҳои зоҳиршавии он, омилҳои ба амал омадни коррупсия ва дарки зарари он ба ҷомеа зарур мебошад.

Бояд дарк намуд, ки коррупсия таъсири муассири манфӣ ба тамоми сохторҳои ҷомеа ва давлат мерасонад, ки дар самтҳои зерин инъикос мегарданд:

Фалаҷшавии низоми иқтисодӣ: Коррупсия рушди иқтисодиро суст намуда, монеи ҷалби сармоягузорӣ мегардад. Кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия доранд, бинобар татбиқ нагаштани ислоҳоти иқтисодӣ аз рушди иқтисодии устувор маҳрум мегарданд;

Кам гаштани эътимод: Шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ беэътимод мешаванд, ки ин метавонад боиси бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардад;

Коҳиши сатҳ ва сифати хизматрасонӣ: Ба сабаби ришваситонӣ, сифати соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ паст мегардад;

Монеаи рушди демократия ва давлатдорӣ: Коррупсия интихоботҳои озоду одилонаро халалдор карда ба ривоҷи беҳокимиятӣ мусоидат менамояд.

Яке аз соҳаҳои асосии рушди давлатдорӣ соҳаи маориф ба шумор меравад. Маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди нақши муҳими он дар ташаккули зеҳнии шаҳрвандон, соҳаи маориф аз таъсири коррупсия дар эмин намондааст. Коррупсия дар маориф на танҳо сифати таҳсилотро коҳиш медиҳад, балки адолатро дар дастрасии дониш ва имкониятҳо аз байн мебарад

Дар шакли дарозмуддат, коррупсия ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин таъсирот дар шаклҳои зерин инъикос мегарданд:

- коҳиши сифати таълим - донишҷӯёне, ки бидуни дониши воқеӣ диплом мегиранд, на танҳо боиси афзоиши мутахассисони беарзиш, балки болоравии фишори иҷтимоӣ ба ҷомеа мегардад;

- коҳиши асли адолат ва баробарӣ - хонандагони лаёқатманд имконияти баробар барои таҳсил ва пешрафтро аз даст дода, ҳавасмандӣ ҷиҳати донишандӯзӣ ва соҳибкасбшуданро истисно менамояд;

- ихтисори боварӣ ба муассисаҳои таълимӣ – ҳангоми афзоиши шубҳаи шаҳрвандон ба шаффофияти низоми маориф ва самаранокии он, эътибори миллии ин ниҳод коста мешавад.

- шикасти давлатдорӣ ва монеаи рушди миллӣ – дар шароити рушди илму фанооварӣ кишваре, ки шаҳрвандони босавод ва соҳибихтисос надорад, наметавонад дар иқтисод, илм ва технология пешрафт намуда ба муқобили таҳдидҳои муосир истиодагарӣ намояд.

Дар натиҷа, дар шароити коррупсионӣ ташаккули давлати ояндабину муваффақ ғайриимкон буда, бодарназардошти ҳаҷми таҳдиду чолишҳои муосир амнияти миллӣ ва истиқлоли давлатӣ осебпазир мегардад.

Намунаи давлатҳои муваффақ ва қафомондаро бинобар омили ҷой доштани коррупсия мо дар мисоли Сингапур ва Нигерия дида метавонем.

То солҳои 1960-ум Сингапур яке аз кишварҳои фасодзада буд. Бинобар сатҳи пасти таъсири ниҳодҳои давлатӣ манотиқи соҳилии кишвар ба бандари роҳзанҳои баҳӣ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир – қабулҳои қонунҳои дахлдори соҳавӣ ва таъсиси мақомоти мустақили зиддикоррупсионӣ, имрӯз Сингапур яке аз давлатҳои пешрафта ва шафофи ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Аз ҷониби дигар, Нигерия яке аз кишварҳои бойтарини ҷаҳон аз ҳисоби захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Вале мавҷудияти коррупсия дар сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ рушди онро чандин даҳсола боздоштааст. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, танҳо дар давраи солҳои 1960–1999, беш аз $400 миллиард аз ҳисоби коррупсия талаф ёфтааст.

Бо дарназардошти ин вабои аср зарурати дарки ҷомеа аз хатари коррупсия ба ояндаи давлат, зарба ба рушди устувор ва бақои он муҳим мебошад. Дар ин самт пеш аза ҳама муайян намудани роҳҳои пешгирии коррупсия дар маориф зарур мегардад.

Ба андешаи муҳаққиқон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар соҳаи маориф, чунин тадбирҳо зарур мебошанд:

Таҳкими механизмҳои назорат ва аудити дохилӣ: Ҳар як раванди қабули донишҷӯён, интиқол ва баҳогузорӣ бояд шаффоф бошад;

Баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва кормандони маориф: худкифо гаштани масъулони соҳа омили муҳимми коҳиши ангезаи даст задани онҳо ба амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ мегардад;

Таълими зиддикоррупсионии пайваста ва бо дарназардошти синну соли муҳассилин аз синфҳои поёнӣ то сатҳи олӣ. Дар заминаи ин самт омӯзиши арзишҳои зиддифасод ва дарки оқибатҳои манфии он барои ҷомеаи метавонад заминаи афзоиши масъулияти шаҳрвандон, омодагӣ ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва даст назадан ба фасод гардад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими пешгирии коррупсия мебошад.

Дар шароити муосир бинобар боло рафтани арзиши моддигароӣ баъзе қишрҳои аҳолӣ моҳияти манфии фасодро дарк накарда, бо ҳар роҳу восита ҳадафи сарватғундориро пеша менамоянд. Омӯзиши воқеӣ дар заминаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқию ахлоқӣ фишанги муассир дар мубориза бо ин мараз ва инкори маъмулӣ ё одати мардумӣ будани коррупси мегардад;

Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО. Назорати ҷамъиятӣ ва расонаӣ метавонад фасодро фош намуда, гусариши онро коҳиш диҳад. Дар шароити тавсеаи платформаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қишри бесаводӣ аҳолӣ ҷиҳати дарёфти «нуфуз» ва «обрӯ» худнамоӣ намуда, истифодаи ин фишанг ва хавфи шармандгӣ як омили муҳим дар гуастариши амалҳои коррупсинӣ мегардад;

Татбиқи технологияҳои рақамӣ. Эҷоди низоми электронӣ бо дарназардошти мавқеи омӯзгори асил ба баҳогузорӣ шаффофиятро зиёд мекунад. Дар баробари ин рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ муҳим мебошад, ки омили муассири коҳиши тамоси бевоситаи шаҳрванд бо мақомот, сабт ва назорати амалҳои фасодкорона ва тавассути порталҳои электронӣ анҷом ёфтани пардохтҳо ва хизматрасониҳо бевосита.

Мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.

Ҳабибҷон Мирзозод – н.и.т., ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Фасоди молӣ яке аз мушкилиҳои глобалии кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар минтақаи Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Ин масъала дар сархати мушкилоти асосӣ қарор гирифта, ҳамчун яке аз мушкилиҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа гуфта мешавад. Тибқи гузоришҳои гуногуни солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки минтақаи Ховари Миёна бо вуҷуди камтарин пешрафтҳо, дар мубориза бо фасоди молӣ ва идорӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин чорабиниҳо, чунин ҳолатҳо сабаби норозогии мардум гардида, онҳо нисбати ҳокимиятҳо бо шубҳа нигоҳ карда ва аз набудани шаффофият дар идоракунӣ давлатро омили асосии рушди он меҳисобанд.

Фасоди молӣ дар кишварҳои араб ба як мушкилиҳои ҷиддӣ табдил гардида, солҳои зиёд ҷомеаҳои ин кишварҳоро бо мушкилиҳои нав рӯбарӯ кардааст. Чунин фасод, ки ба таври васеъ ба фасоди молиявӣ, идоравӣ ва ғайра ишора мекунад, метавонад таъсироти манфии худро ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ оварда расонад.

Инчунин фасоди сиёсӣ, идорӣ ва молиявӣ яке аз омилҳои бесуботии минтақаи мазкур ишора карда мешавад, ки дар натиҷа бо баҳори араб, низоъҳои дохилӣ ва бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст ва то ҳол роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Махсусан охири соли 2010 ва аввали соли 2011 дар баъзе кишварҳои араб, аз ҷумла Тунис, Миср, Либия, Яман ва Сурия, мардум ба кӯчаҳо ба хотири эътироз баромаданд. Яке аз омилҳои эътирозҳои мардум фасоди шадид дар идораи давлатӣ ва набудани адолат унвон карда мешуд. Баҳори араб фарқияту фосила миёни табақаҳои ҷомеаро ногаҳон ошкор кард ва ба фасод гирифтор шуда, гирди забон овард. Инчунин хашми Муҳаммад Буазизӣ азияткашидаи тунисӣ илҳомбахши хезиши кишварҳои ҳамсоя шуду мардуми Миср, Либия, Яман ва Сурияро берун оварда, барканории режимҳои худро низ талаб карданд. Баҳори арабии кишварҳои араб боиси барканории роҳбарони баъзе кишварҳо ба монанди роҳбарони Тунис, Миср, Либия, Яман ва Сурия гардид. Пасон сабаби афзудани огоҳии мардум нисбат ба фасод шуда ба талаби сахттар ва шаффофият таъкид карданд. Гарчанде яке аз омилҳои тазоҳуроти мардумӣ ба хотири фасоди молӣ қиём карда унвон карда мешуд, вале таъсири амиқ нисбати бартараф кардани фасод нашуд. Аммо огоҳию фишори зиёди мардум сабаби тағйироти бисёр масъалаҳо гардид. Аз сабаби ин ки фасод ба шаклҳои гуногун сурат мегирад, ҳанӯз яке аз мушкилҳои ҷиддии ҷаҳонӣ боқӣ мемонад ва дар бисёр кишварҳои араб кӯшишҳо барои мубориза бо он сахттар гардидааст. Зеро дар натиҷаи чунин вокунишҳо ислоҳоти ҷиддии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва шаффофият дар бисёр масъалаҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба раванди мубориза бо фасод афзудааст. Тааҷҷубовар нест, ки баъзе кишварҳои араб дар шохиси фасод, ки ҳар сол аз ҷониби созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”-и фасод "Transparency International" нашр мешавад, зикр мегарданд ва ҷойҳои гуногун қарор доранд. Аммо бештари онҳо дар сатҳи поён қарор доранд ва аз бисёр кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо фасод пешқадаманд.

Кишварҳои араб дарк мекунанд, ки фасод бузургтарин монеа дар роҳи расидан ба рушди кишарҳост. Фасод ба эпидемия монанд аст, агар иродаи ҷиддии сиёсӣ, иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма барои тағйирот ва ислоҳот вуҷуд надошта бошад, он метавонад солона миллиардҳо доллар ба иқтисоди кишварҳо зарар расонад ва фосиларо миёни ҷомеъа ва ҳукуматҳо бештар намояд. Инчунин, фасод ноустувории сиёсиро дар минтақа афзоиш медиҳад ва ба рушди иҷтимоиву иқтисодии он халал мерасонад.

Тадбирҳои мамлакатҳои араб барои мубориза бо фасод Кишварҳои араб дар баробари талошҳои байналмилалӣ барои мубориза бо фасод ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкорӣ дар ташаббусҳои идоракунии рушди кишварҳои араб ба таври равшан намоён аст. Ин ташаббус як қадами муҳим дар самти талошҳои муштарак ва ҳамаҷонибаи арабҳо барои мубориза бо фасод ба ҳисоб меравад. Иродаи қавии арабҳо барои муқобила бо фасод дар рафти конфронси минтақавӣ, ки 21-23 январи соли 2008 дар минтақаи Баҳри Маййит (Урдун) баргузор гардид, тасдиқ ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин конфронс, лоиҳае барои дастгирии татбиқи аҳдномаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия дар кишварҳои араб оғоз гардид. Конфронс бо иштироки вазирони адлия, ходимони давлатӣ ва намояндагони 19 мамлакати араб, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва бахши хусусӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба тааҳҳуди кишварҳои арабӣ барои фаъол кардани талошҳо дар мубориза бо фасод бахшида шуда буд. Кишварҳои иштирокчии конфронс бо қабули механизми ҳамоҳангсозӣ барои таъсиси шабакаи минтақавӣ, ки ҳамчун форуми минтақавӣ барои дастгирии кӯшишҳо оид ба татбиқи аҳдномаи СММ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ хизмат мекунад, фарқ мекарданд.

Кишварҳои арабӣ барои мубориза бо фасоди молӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ кардаанд, ки баъзеи онҳоро инҷо меорем:

Баргузории конфронси вазирони корҳои дохилии араб дар соли 1987.

Конфронсҳое, ки бо ташаббуси Созмони рушди маъмурии Араб дар Қоҳира дар соли 1999 баргузор шуданд, ки дар он як ҷаласаи махсус ба масъалаи фасод бахшида шуд. Пас аз ин, дар Бейрут дар соли 2002 конфронси дигар баргузор гардид.

Баргузории конфронсҳо дар Лигаи Араб барои мубориза бо коррупсия.

Аҳдномаи Искандария, ки дар соли 2004 қабул шудааст, дидгоҳи аслии арабҳоро дар бораи масъалаҳо ва афзалиятҳои ислоҳот мураттаб намуда, якчанд меҳварҳои ислоҳотро дар бар мегирад.

Аҳдномаи роҳҳои рушд, модернизатсия ва ислоҳотро, ки дар Саммити Араб дар Тунис соли 2004 қабул гардида, муайян мекунад.

Инчунин кишварҳои арабӣ дар ҳамкориҳои дохилӣ барои мубориза бо фасоди молӣ созмонҳо ташкил намуданд, ки роҳи ин падидаи номатлубро гиранд ва барҷастатирини онҳо:

Созмони Арабӣ мубориза бар зидди фасод:

Ин як созмони мустақил ва ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки соли 2005 дар паи конфронси Маркази тадқиқоти ваҳдати араб дар Бейрут аз 20 то 23 сентябри соли 2004 таъсис ёфтааст. Дар конфронс гурӯҳи нухбагони мутафаккирон, рӯшанфикрон, иқтисоддонҳо, мушовирон ва мутахассисони расонаҳои арабӣ ширкат доштанд, ки бо таваҷҷӯҳи онҳо ба муборизаи зидди фасод ва шаффофияти араб муттаҳид шудаанд. Ҳадаф таҳкими иқтидорҳо барои таъсиси шабакаи муттаҳидаи арабии муассисаҳои махсусгардонидашуда буд, ки барои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии араб ва институтҳои шаҳрвандии он кор мекунанд.

Созмони Парлумонҳои араб бар зидди фасод:

Ба хотири пешгирии афзоиши фасоди молӣ дар кишварҳои араб, Созмони Парлумонҳои араб таъсис ёфтааст. Ин созмон дар посух ба воқеияти нигаронкунандае, ки аз паҳншавии фасод дар ҷаҳон ва кишварҳои араб ба вуҷуд омадааст, таъсис гардидааст. Ин ташаббус натиҷаи кӯшишҳои аъзоёни парламенти араб мебошад, ки ба нақши муҳимми онҳо дар мубориза бо фасод, рушди идораи давлатӣ ва судӣ пай бурданд. Онҳо инчунин ҳукуматҳоро ба иштирок дар ин мубориза ва тасвиби аҳдномаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия даъват карданд ва таъкид намуданд, ки бояд механизмҳои масъулиятшиносӣ дар порлумонҳои арабӣ фаъол карда шаванд.

Делиа Феррейра Рубио - раиси созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” изҳор намуд: "Коррупсия ҷаҳони моро ба макони хатарнок табдил додааст, зеро ҳукуматҳо дар мубориза бо он ба таври дастаҷамъӣ муваффақ нашудаанд. Фасод боиси афзоиши хушунат ва низоъҳо мегардад ва одамонро дар тамоми ҷаҳон дар хатар қарор мегузорад".

Ташхиси созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар мавриди кишварҳои араб бештар ба давлатҳои ноустувор, ки пас аз Баҳори араб ба ҷангу низоъҳои дохилӣ гирифтор шудаанд, равона шудааст. Бо вуҷуди ин, шохиси миёнаи кишварҳои араб назар ба миёнаи ҷаҳонӣ хеле пасттар аст, ки танҳо 33 дараҷа мебошад. Кишварҳое, чун Сомалӣ, Сурия, Яман, Либия ва Ҷузр ул-Қумр, шохиси зери 20 дараҷа доранд. Аммо, Амороти Муттаҳидаи Араб бо 67 имтиёз дар "Шохиси дарки фасод 2022" дар байни кишварҳои араб дар ҷои аввал ва дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад. Давлати Қатар ва Арабитони Саудӣ бо 58 имтиёз, Шоҳигарии Урдун бо 47 ва Баҳрайн ва Уммон бо 44 имтиёз дар ҷои дувум ҷойгир шудаанд, ки ду кишвари охир аз шохиси миёнаи ҷаҳонӣ болотаранд. Аммо Миср бо 30 имтиёз дар миқёси ҷаҳон дар зинаи 130-ум қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 3 зина поинтар аст.

Бино ба маълумоти охир, кишварҳои Халиҷи Форс бо пасттарин холҳо дар шохиси фасоди байналмилалӣ, ки ҳар сол аз ҷониби созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар Берлин нашр мешавад, дар шохиси дарки фасод барои соли 2024 (CPI) ҷойгир шудаанд. Панҷ кишвари Халиҷи Форс аз 100 хол беш аз 50 хол гирифтаанд. Амороти Муттаҳидаи Араб бо 68 хол дар ҷаҳони араб дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон 28-ум аст. Давлати Қатар ва Арабистони Саудӣ бо 59 имтиёз дар ҷаҳони араб дар ҷои дуввум ва дар ҷаҳон 38-ум аст. Уммон 55 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 50-ум дар ҷаҳон қарор дорад. Баҳрайн бо 53 имтиёз дар зинаи 53-юм ва Кувайт бо 46 имтиёз дар зинаи 65-ум қарор доранд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки кишварҳои араб дар мубориза бо фасод пешрафтҳои гуногун нишон додаанд, ки аз шохиси 180 кишвар бо нишондиҳандаи аз 0 (фасоди шадид) то 100 (шаффофияти баланд) баҳогузорӣ мекунад.​ Гарчанде ки кишварҳои Халиҷ, ба монанди Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Арбистони Саудӣ нишондиҳандаҳои хуб доранд, инчунин миёнаи холҳои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ дар асоси нашрнамудаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” 2024 39 хол буд, ки яке аз пасттарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст.

Одинаев Абдуҳалим, корманди пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Султонов И. магистранти курси дуюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Тибқи таҳқиқоти иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, ки авомили рушди иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳонро фарогир мебошад, дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 64 дарсади рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи инсонї таъмин карда меша­вад. Самаранокии сармояи инсонӣ дар навбати худ бештар аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳамагуна фаъолияти шаҳрвандон, аз ҷумла фаъолияти сиёсии шаҳрвандон, мавқеи воқеии шаҳрвандии онҳо ва ҳассосияти онҳо ба дигаргуниҳои демократӣ дар ҷомеа, авомили асосии ноил шудани ҷомеаи мутамаддин ба ҳадафҳои пешбинишуда маҳсуб меёбанд.

Маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ин дониши мукаммали ҳуқуқӣ доштани шаҳрванд ва дар амал татбиқ кардани он аз ҷониби шаҳрванд мебошад.

Пешвои миллат роҷеъ ба рисолати шаҳрвандони дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дар ҷодаи ҷомеаи адолатпарвар таъкид карданд, “ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.” [1]

Маҳз бо дарназардошти нақши муассири маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои марҳалаи соҳибистиқлолӣ инҷониб дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути таълиму тарбияи ҳуқуқии онҳо татбиқи тадбирҳои ниҳоят судмандро анҷом медиҳад.

Раванди таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028" ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Дар ҳуҷҷатҳои мазкур таъкид карда мешавад, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ барои истифодабарии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ шароити мусоид фароҳам меоварад, ҳамзамон онҳо бояд масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муқовимат ба коррупсия таҳти мафҳуми коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ. [2]

Дар моддаи 14-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон Дар бораи муќовимат ба коррупсия таъкид карда шудааст, ки пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;

2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;

3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;

4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;

5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;

7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;

😎 мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;

9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда. [2. Саҳ. 7]

Боиси қайд аст, ки дар заминаи маърифати ҳуқуқии тақвиятёфта тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ки тадбирҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия мебошанд, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи устувор барои пешбурди тарбияи зиддикоррупсионӣ маҳсуб меёбад. Тарбияи зиддикоррупсионӣ бо роҳи таҳия ва татбиқ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бо мақсади ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, ҳамчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани таъсири онҳо гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқӣ барои гузаронидани мониторинги зиддикоррупсионӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Мониторинги мазкур бо роҳи мушоҳида, санҷиш, таҳқиқ, омўзиш, таҳлил, арзёбӣ ва пешбинии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, инчунин татбиқи стратегия, барнома ва нақшаҳои муқовимат ба коррупсия, таҳқиқоти сотсиологӣ, маълумот оид ба огоҳонидан, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, бартараф, санҷишу тафтиш намудан ва натиҷаи баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи мониторинги зиддикоррупсионӣ барои баррасӣ ва андешидани чораҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ ирсол мегардад.

Дар баробари ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии масъулин барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" заминаи устувор ба шумор меравад.

Маҳз тавассути маърифати ҳуқуқии қобили қабули талаботи муосир нисбат ба довталабони мансабҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор чунин талаботҳо муқаррар гардидаанд:

1. Бо мақсади роҳ надодан ба суйистифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он ба манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва шахсони дигар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда маҳдудият ва уҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.

2. Таъин (интихоб) шудан ба мансаби давлатӣ ба сифати шахсе, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор шудааст ва шахси ба он баробаркардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин уҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.

3. Маҳдудият ва уҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунгузорӣ дар бораи интихобот муқаррар карда мешаванд.

4. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони мансабдори давлатии ба онҳо баробаркардашуда, ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол ба ҷойи кор ва мақомоти андози ҷои зист эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намоянд.

5. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол оид ба вазъи молумулкии худ ба мақомоти болоии худ ва оид ба даромад ба мақомоти андози ҷои зист маълумот пешниҳод намоянд.

Саволе ба миён меояд, ки дар кадом мавридњо шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад? Посухи ин савол чунин аст:

1) доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;

2) агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;

3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;

4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;

5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд;

6) дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;

7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Ҳамин тариқ, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ дар раванди ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар ҷанбаҳои истифодабарии сармояи инсонӣ хеле муассир мебошад.

Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон, доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023. - Саҳ.21.

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муқовимат ба коррупсия. 07.08.2020 №1714. – Саҳ. 1, 14.

3. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028. 06.02.2018 №1005.

4. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030. 17.11.2019 № 599.

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Ҳолатҳои коррупсионӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар муқоиса бо дигар кишварҳои Шарқи Наздик кам ба назар мерасад. Аморати Муттаҳидаи Араб дар назарсанҷии мубориза бо коррупсия дар соли 2024 дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойи 23-юмро ишғол кардааст. Аммо ин мавқеи баланд дар рейтинг маънои онро надорад, ки Аморати Муттаҳидаи Араб аз коррупсия озод аст. Дар ин кишвар ҳодисаҳои фасоди доимӣ вуҷуд доранд, ки дар ширкатҳои давлатӣ ва гардиши ғайриқонунии молиявӣ ба бозори амволи ғайриманқул ба чашм мерасанд.

Яке аз бузургтарин парвандаҳои фасоди молӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2001 замоне ошкор шуд, ки доктор Обид Сақр Бусит, раиси идораи гумруки Дубай бо ҷурми амалҳои коррупсионӣ боздошт шуд. Ду ёвари ӯ ва ду шаҳрванди Покистон низ пас аз тафтишоти дусолаи ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб дар ин қазия даст доштаанд. Айбномаи коррупсионӣ сӯиистифода аз қудрат барои ғайриқонунӣ ҷамъ овардани сарватро дар бар мегирад.

Коррупсия дар ширкатҳои давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб низ мояи нигаронӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва молӣ шудааст. Масалан, дар соли 2008 раҳбарони собиқи ширкати Tamweel (Тамвил), як провайдери ипотекаи таҳти назорати Дубай бо ҷурми ришвахорӣ ва қонуншикании молиявӣ ҳангоми кор боздошт шуданд. Ин ҳолати коррупсионии ошкоршуда ба ширкат зиёда аз 12 миллион доллар зарар расонд. Дар ҳамон сол, мансабдорони воломақоми Бонки Исломии Дубай, яке аз қадимтарин муассисаҳои мутобиқи шариат дар ҷаҳон амалкунанда низ дар қонуншикании молӣ дар Deyaar (Дийор), ба ҳолатҳои коррупсионии амволи ғайриманқули ин бонк даст доштанд. Яке аз ин мансабдорон Саъд Абдураззоқ ширкатро тарк карда, баъдан ҳангоми боздошт дар Корпоратсияи сармоягузории Дубай (ICD), ширкати холдингии аморати дороиҳои давлатӣ кор мекард. Таъсири қавии мансабдорони баландпоя ба корхонаҳои давлатӣ сабаби гирифтор шудани онҳо ба амалҳои коррупсионӣ дониста мешавад.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳодисаҳои ришваситонӣ, хешутаборбозӣ, тасарруф ва сӯиистифода аз ваколатҳо дар сатҳи маҳаллӣ низ ҷой доранд. Инро мисолҳои шартномаҳои давлатӣ ба ширкатҳое, ки бо мақомоти маҳаллӣ робитаи наздик доранд, нишон медиҳанд. Ин лоиҳаҳо барои хароҷоти зиёд, кори ғайристандартӣ ва идоракунии нодуруст ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб сиёсати таҳаммулпазирии сифрро барои фасод дар бахши давлатӣ ва хусусӣ қабул кардааст. Ин сиёсат, дар қатори дигар чораҳои зиддикоррупсионӣ, ҳамчун як қисми кӯшишҳои муштарак байни кишварҳои Шарқи Наздик барои мубориза бо коррупсия пас аз “баҳори араб” ҷорӣ карда шуд. Идораи Ҳисоботдиҳии Аморати Муттаҳидаи Арабро (UAEAA) дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст, ки вазифадор аст ҳифзи маблағҳои давлатӣ, таъмини тақсимот ва хароҷоти қонунии онро танзим менамояд. Ин агентӣ Шӯъбаи мубориза бо коррупсияро, як агентии вазорати дифоъ, ки ба таҳқиқи парвандаҳои коррупсионӣ дар бахши давлатӣ муваззаф шудааст, афзоиш медиҳад. Амороти Муттаҳидаи Араб инчунин вазифадор аст, ки ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия мусоидат намояд. Ба ғайр аз ин Амороти Муттаҳидаи Араб инчунин қонунҳои гуногунро қабул кард, ки дар мубориза бар зидди коррупсия мусоидат мекунанд. Масалан, Муассисаи олии назоратии Амороти Муттаҳидаи Араб бо Қонуни федералии № 8 аз соли 2011 таҷдиди сохтор карда шудааст, ки ин муассиса ваколатдор аст, ки фасоди молиро ошкор ва пешгирӣ кунад.

Чаҳорчӯби қонуние, ки ба коррупсия нигаронида шудааст, Кодекси ҷиноии Аморати Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад, ки барои мансабдорони давлатӣ, ки дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ҷазои сахтро пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле, ки пора, масалан, дар кодекси ҷиноӣ мушаххасан муайян нашудааст, он дар моддаҳои 234 то 239 ҷиноят ҳисобида мешавад ва тибқи кодексҳои ҷиноии баъзе аморатҳои алоҳида ҳамин гуна муносибат мекунад. Дар соли 2021, ин қонун бо ҷорӣ намудани Кодекси нави федералии ҷиноии Аморати Муттаҳидаи Араб, ки Қонуни федералии № 31 аз соли 2021 -ро дар бар мегирад, ки бо ислоҳи Қонуни № 36 аз соли 2022 ворид карда шудааст. Ин қонунгузории асосиест, ки ба ришвахорӣ ва коррупсия муроҷиат мекунад. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб инчунин қонуни мубориза бо пулшӯӣ вуҷуд дорад, ки моҳи майи соли 2002 ба тасвиб расида буд. Ин қонунгузорӣ фарҳанги ҳисоботдиҳии ӯҳдадориҳоро аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ дар бар дорад. Қонун инчунин ба Бонки марказӣ иҷоза медиҳад, ки ҳисобҳои гумонбаршударо бидуни иҷозати пешакии қонунӣ баррасӣ намояд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъсири тадбирҳои зиддикоррупсионӣ то андозае муваффақият ба даст овардааст. Бо вуҷуди ин ҳануз душвориҳои асосӣ дар ин кишвар ба назар мерасанд. Масалан, гарчанде ки заминаи ҳуқуқӣ метавонад як омили пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ бошад, аммо то ҳол масъалаи шаффофият вуҷуд дорад. Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи амалҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ бинобар сензураи шадид дар кишвар хеле маҳдуд аст. Таъсири манфии он дар мавриди хариди давлатӣ дида мешавад, ки он ҳамчун бахше ном бурда мешавад, ки хавфи бештари коррупсияро дорад, ки аз тамоюли ба ҳам омадани корҳои давлатӣ ва хусусӣ бармеояд.

Дар соли 2012 нишондиҳандаҳои идоракунии Бонки Ҷаҳонӣ, Аморати Муттаҳидаи Арабро дар байни 215 давлат мутаносибан аз рӯи самаранокии ҳукумат ва фарҳанги коррупсия дар ҷойҳои 35 ва 36-ум ҷой додааст.

Дар шохиси дарки фасод дар соли 2024, ки Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ эълом кардааст, Имороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи ҷадвали аз 0 ("хеле фасодзада") то 100 ("хеле пок") 68 хол гирифтааст. Вақте ки аз рӯи холҳо ҷойгир карда шудааст, Амороти Муттаҳидаи Араб дар байни 180 кишвар дар раддабандӣ ҷои 23-юмро ишғол кард, ки дар он кишваре, ки дар ҷои аввал қарор дорад, содиқтарин бахши давлатӣ ҳисобида мешавад. Барои муқоиса бо холҳои минтақавӣ, холҳои миёна дар байни кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ 39-ро ташкил дод. Баландтарин хол дар минтақа 68 балл ва аз ҳама пасттарин 12 балл мебошад. Барои муқоиса бо холҳои умумиҷаҳонӣ, баҳои миёна 43, беҳтарин хол 90 (дар ҷои 1) ва бадтарин хол 8 (дар ҷои 180) аст.

Амороти Муттаҳидаи Араб яке аз кишварҳои бойтарини минтақаи Шарқи Наздик ба ҳисоб меравад, ки дар мубориза бо коррупсия хеле фаъол буда, метавон таҷрибаи бойи ин кишварро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намуд ва қонунҳои саривақтӣ, ки дар ин кишвар бар зидди коррупсия ба тасвиб расидаанд намунаи созандае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда метавонанд.

Субҳиддин Зиёев, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Маърифати зиддикоррупсионӣ дониш, фаҳмиш ва арзишҳои ахлоқии аҳолиро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, муқовимат ва мубориза бо коррупсия нигаронида шуда, фарҳанги радди фасодро ташаккул медиҳад. Мувофиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия (UNCAC, 2003, амалишавӣ аз 2005) маърифати зиддикоррупсионӣ тавассути таълим, маъракаҳои иттилоотӣ ва иштироки шаҳрвандон дар мониторинги мақомот тақвият меёбад (моддаи 13). Конвенсияи OECD оид ба мубориза бо порагирии мансабдорони хориҷӣ (1997) огоҳии аҳолиро дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии коррупсия муҳим мешуморад. Гузориши OECD (2018) маърифати зиддикоррупсиониро ҳамчун воситаи тағйири рафтори ҷамъиятӣ ва афзоиши эътимод ба мақомот муайян мекунад. Стратегияи зиддикоррупсионии Шӯрои Аврупо (2016) барномаҳои таълимӣ ва иттилоотиро барои огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқ ва масъулиятҳояшон зарур медонад. Ин санадҳо маърифати зиддикоррупсиониро ҳамчун раванди комплексӣ, ки таълим, шаффофият, технология ва иштироки ҷомеаро муттаҳид мекунад, муайян мекунанд.

Индекси (шохиси) дарки коррупсия (CPI) нишондиҳандаест, ки аз ҷониби созмони байналмилалии ғайридавлатии Transparency International барои инъикоси арзёбии сатҳи дарки коррупсия аз ҷониби коршиносон ва соҳибкорон аз рӯи ҷадвали 100-баллӣ таҳия шудааст. Он аз соли 1995 инҷониб ҳамасола тартиб дода мешавад. То соли 2012 он аз рӯи сол муқоиса карда намешуд, яъне танҳо муқоисаи мавқеи кишварҳо дар доираи интишори шохис барои соли мушаххас имконпазир буд. Ин шохис бар асоси 11 манбаи гуногун, ки нишондиҳандаҳои ададии пурсишҳои дарки коррупсия аст, ки дар он коршиносон ва тоҷирон ширкат мекунанд, аз ҷумла бо мусоҳибаҳои Бонки Рушди Осиё ва Африқо, Бонки Ҷаҳонӣ ва созмони амрикоии Freedom House. Шумораи ҳадди ақали манбаъҳо барои як кишвар 3 аст. Шохиси хол аз 0 (сатҳи баландтарини даркшудаи коррупсия) то 100 (бе фасоди даркшуда) мебошад, ки ин нишондиҳандаи миёнаи нишондиҳандаҳои манбаъ мебошад. Рӯйхати кишварҳо аз рӯи шохиси дарки фасод барои соли 2024 180 давлатро фаро мегирад, ки дар панҷгонаи аввал Дания, Финляндия, Сингапур, Зеландияи Нав ва Люксембург бо 90-81 холҳои байни кишварҳо ҷой гирифтаанд. Ин кишварҳо тавассути қонунгузории мустаҳкам, таълим, технология, шаффофият ва иштироки ҷомеа маърифати зиддикоррупсиониро баланд бардошта, фарҳанги радди коррупсияро устувор кардаанд. Дар ин мақола мо таҷрибаи ин давлатҳоро бо таваҷҷуҳ ба стратегияҳои зиддикоррупсия, қонунгузорӣ, мақомоти зиддикоррупсионӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва омори коррупсия дар 10 соли охир (2015–2024) баррасӣ мекунад ва роҳҳои мутобиқсозӣ ба Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.

1. Дания бо холҳои 90 дар Индекси дарки коррупсия (CPI) дар соли 2024 дар ҷойи аввал дар байни давлатҳои мубориз бо коррупсия аст, ки ба қонунгузории мустаҳкам, шаффофияти баланд ва эътимоди аҳолӣ ба мақомот асос ёфтааст. Кодекси ҷиноятии Дания (Straffeloven, Боби 13, ислоҳоти 2005) коррупсияро манъ карда, барои он аз ҷарима то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Стратегияҳои зиддикоррупсионӣ шаффофияти молиявиро тавассути портали онлайн, таълими ахлоқи ҷамъиятӣ дар мактабҳо, маъракаҳои иттилоотии ВАО ва иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ дар мониторинги мақомот дар бар мегиранд. Хадамоти Додситонии Умумӣ барои Ҷиноятҳои Махсуси Иқтисодӣ ва Байналмилалӣ (таъсисёбӣ: 2002) парвандаҳоро тафтиш мекунад, ки бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Europol, ҳамкорӣ дорад. Дар 10 соли охир (2015–2024) амалҳои коррупсионӣ содир нашудааст. Ташкилоти Transparency International сатҳи пасти коррупсияро тасдиқ мекунад, ки бо эътимоди 80%-и аҳолӣ ба ниҳодҳо ва фарҳанги қавии зиддикоррупсионӣ мустаҳкам мешавад. Ин таҷриба Данияро намунаи ибрат барои ҷаҳон қарор медиҳад. Ин дастовард аз татбиқи механизмҳои муассири баланд бардоштани огоҳии зиддикоррупсионии аҳолӣ сарчашма мегирад, ки амалан имкони амалҳои коррупсиониро аз байн бурдааст.

Ин чораҳо ба таълими ахлоқӣ, шаффофияти иттилоотӣ ва ҷалби фаъоли ҷомеа такя мекунанд:

- Омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ дар низоми таълим. Мактабҳои Дания барномаҳои махсусро барои тарбияи ахлоқи ҷамъиятӣ ҷорӣ кардаанд, ки ба хонандагон дар бораи зарари коррупсия ва аҳамияти адолат маълумот медиҳанд. Ин дарсҳо бо усулҳои муосир, аз қабили муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва лоиҳаҳои амалӣ, ташкил мешаванд. Ҳадаф ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар зеҳни насли ҷавон аст, ки онро дар ҳаёти минбаъда риоя мекунанд.

- Таблиғоти фаъол тавассути расонаҳо. Расонаҳои омма, аз ҷумла телевизион, радио ва платформаҳои рақамӣ дар Дания барои паҳн кардани маълумот дар бораи пешгирии коррупсия фаъолона истифода мешаванд. Маъракаҳои иттилоотӣ шаҳрвандонро бо ҳуқуқҳояшон ва роҳҳои муқовимат бо амалҳои ғайриқонунӣ ошно мекунанд. Ин маъракаҳо аксар вақт бо намунаҳои воқеии муваффақияти мубориза бо коррупсия мустаҳкам карда мешаванд, ки огоҳии аҳолиро боз ҳам баланд мебардорад.

- Дастрасии озод ба маълумоти молиявӣ. Платформаҳои рақамии давлатӣ, аз қабили e-Books ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки маълумот дар бораи хароҷоти давлатӣ, буҷет ва созишномаҳои давлатиро баррасӣ кунанд. Ин шаффофият эътимоди аҳолиро афзоиш дода, имкони пинҳон кардани амалҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад. Дастрасии умумӣ ба ин маълумот шаҳрвандонро ба назорати фаъоли мақомоти давлатӣ ҳавасманд мекунад.

- Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ. Созмонҳои ғайридавлатӣ ба мисли Transparency International Denmark дар ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, аз қабили семинарҳо ва мизҳои мудаввар саҳми калон мегузоранд. Онҳо инчунин ба аҳолӣ дар бораи роҳҳои ошкор кардани амалҳои шубҳанок маълумот медиҳанд. Ин созмонҳо бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ карда, дар таҳияи сиёсатҳои зиддикоррупсионӣ иштирок мекунанд.

- Тарбияи фарҳанги ростқавлӣ. Фарҳанги баланди эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ (бо эътимоди беш аз 80% аҳолӣ ба мақомот ва додгоҳҳо) яке аз омилҳои асосии муваффақияти Дания аст. Ин эътимод тавассути сиёсатҳои шаффоф ва масъулияти баланди мансабдорон ташаккул ёфтааст. Барномаҳои маърифатӣ аҳолиро ба риояи принсипҳои ахлоқӣ дар фаъолияти ҳаррӯза ташвиқ мекунанд.

- Каналҳои бехатар барои огоҳкунӣ. Низомҳои махфии огоҳкунӣ (whistleblowing) ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки дар бораи амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ бидуни хавфи таъқиб хабар диҳанд. Ин низомҳо аз ҷониби ниҳодҳои мустақил, ба монанди Хадамоти Додситонии Умумӣ барои Ҷиноятҳои Махсуси Иқтисодӣ ва Байналмилалӣ дастгирӣ мешаванд.

- Ҳамкории байналмилалӣ. Дания бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар мубодилаи таҷрибаҳои пешгирии коррупсия фаъолона иштирок мекунад. Ин ҳамкорӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои ҷаҳонӣ кумак мекунад.

Дар Дания маҷмӯи чораҳои маърифатӣ, аз ҷумла омӯзиши ахлоқӣ, таблиғоти расонаӣ, дастрасии озод ба иттилоот, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва фарҳанги ростқавлӣ, як фазои зиддикоррупсиониро эҷод кардааст, ки амалҳои коррупсиониро қариб ғайриимкон мегардонад. Transparency International сатҳи пасти коррупсияро дар Дания тасдиқ мекунад, ки аз самаранокии ин чораҳо шаҳодат медиҳад.

2. Финляндия бо 88 хол дар ҷойи дуюм дар Индекси дарки коррупсия (CPI-2024) яке аз пешсафони ҷаҳон дар мубориза бо коррупсия аст. Кодекси ҷиноятии Финляндия (Rikoslaki, Боби 16, ислоҳоти 2002, амалишавӣ аз 1 январи 2003) додан ва гирифтани пораро ҷиноят эълон карда, ҷазоҳо аз ҷарима то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Полиси Миллии Финляндия (таъсисёбӣ: 1917) бо воҳиди ҷиноятҳои иқтисодӣ парвандаҳоро тафтиш намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Europol ҳамкорӣ мекунад. Омор нишон медиҳанд, ки коррупсияи сохторӣ дар Финляндия қариб вуҷуд надорад, ки Transparency International онро тасдиқ мекунад.

Механизмҳои маърифатӣ дар Финляндия ба таълим, шаффофият ва иштироки ҷомеа такя мекунанд:

- Омӯзиши ахлоқи касбӣ барои мансабдорон. Мансабдорони давлатӣ барномаҳои махсуси омӯзишӣ мегузаранд, ки аз ҷониби Агентии идоракунии давлатӣ (Valtionhallinnon eettinen toimikunta) ташкил карда мешаванд. Ин барномаҳо ба риояи кодексҳои ахлоқӣ, пешгирии манфиатҳои муноқиша ва шаффофият дар қароргирӣ нигаронида шудаанд. Курсҳои онлайн ва семинарҳо ба мансабдорон кумак мекунанд, ки дар фаъолияти худ принсипҳои ахлоқиро риоя кунанд. Ин барномаҳо фарҳанги масъулиятро ташаккул дода, эътимоди аҳолиро (тақрибан 80%) ба ниҳодҳои давлатӣ мустаҳкам мекунанд.

- Маъракаҳои иттилоотӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Расонаҳои омма аз қабили телевизион, радио ва платформаҳои иҷтимоӣ (Twitter, LinkedIn) барои паҳн кардани маълумот дар бораи зарари коррупсия ва ҳуқуқи шаҳрвандон истифода мешаванд. Маъракаҳои иттилоотии Вазорати адлия аксар вақт намунаҳои муваффақияти мубориза бо коррупсияро намоиш дода, огоҳии аҳолиро баланд мебардорад. Ин маъракаҳо ба гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, соҳибкорон ва коргарони бахши давлатӣ, нигаронида шуда, онҳоро ба фаъолнокии шаҳрвандӣ ҳавасманд мекунанд.

- Низоми ҳуқуқии мустаҳкам. Суди мустақил ва Омбудсмени Адолат (Oikeusasiamies) дар таъмини шаффофият ва ҷавобгарӣ нақши муҳим доранд. Ин ниҳодҳо парвандаҳои эҳтимолии коррупсияро тафтиш намуда, такмили қонунгузориро пешниҳод мекунанд. Қонуни шаффофияти маблағгузории сиёсӣ (2009) дастрасии аҳолиро ба маълумоти молиявӣ афзоиш додааст. Ин низом эътимоди аҳолиро ба мақомот мустаҳкам намуда, онҳоро ба риояи ахлоқи ҷамъиятӣ ҳавасманд мекунад.

- Шаффофияти молиявӣ тавассути платформаҳои рақамӣ. Платформаҳои онлайнии давлатӣ, ба монанди Suomi.fi, ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки маълумоти молиявии мақомот, аз қабили буҷет, хароҷот ва қарордодҳоро баррасӣ кунанд. Ин шаффофият имкони пинҳон кардани амалҳои коррупсиониро коҳиш дода, аҳолиро ба назорати фаъоли мақомот ҷалб мекунад. Дастрасии озод ба ин маълумот фарҳанги масъулиятро тарғиб намуда, эътимоди ҷамъиятиро афзоиш медиҳад.

- Таълим дар мактабҳо. Барномаҳои таълимии мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ба тарбияи арзишҳои адолат, ростқавлӣ ва шаффофият нигаронида шудаанд. Дарсҳо тавассути усулҳои интерактивӣ, аз қабили муҳокимаҳои гурӯҳӣ, бозиҳои ролӣ ва лоиҳаҳои амалӣ гузаронида мешаванд, ки ба хонандагон оқибатҳои коррупсияро мефаҳмонанд. Ин барномаҳо ба ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар насли ҷавон кумак намуда, онҳоро ба риояи ахлоқ дар ҳаёти минбаъда омода мекунанд.

- Огоҳкунии бехатар (Whistleblowing). Финляндия низоми махфии огоҳкуниро ҷорӣ кардааст, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, дар бораи амалҳои шубҳаноки коррупсионӣ тавассути каналҳои онлайн, телефон ё почтаи электронӣ хабар диҳанд. Ин низом аз ҷониби Омбудсмени Адолат ва Полиси Миллӣ дастгирӣ шуда, ҳифзи огоҳкунандагонро аз таъқиб таъмин мекунад. Ин механизм аҳолиро ба фаъолнокии шаҳрвандӣ ташвиқ намуда, имкони амалҳои коррупсиониро ба ҳадди ақал мерасонад.

- Ҳамкории байналмилалӣ. Финляндия бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОЖСБ) дар мубодилаи таҷрибаҳои зиддикоррупсионӣ фаъолона иштирок мекунад. Ин ҳамкорӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Финляндия тавассути омӯзиши ахлоқи касбӣ, маъракаҳои иттилоотӣ, низоми ҳуқуқии мустаҳкам, шаффофияти молиявӣ, таълими мактабӣ, огоҳкунии бехатар ва ҳамкории байналмилалӣ муҳити бидуни коррупсия эҷод кардааст. Transparency International сатҳи пасти коррупсияро тасдиқ мекунад, ки мавқеи дуюми Финляндия дар CPI-2024-ро таъйид намуда, онро намунаи ибрат барои ҷаҳон месозад.

3. Сингапур бо 84 хол дар ҷойи сеюм дар Индекси дарки коррупсия (CPI-2024) бо сиёсати “тахаммули сифр” ба коррупсия машҳур аст. Қонуни пешгирии коррупсия (1960, ислоҳоти 1989, амалишавӣ аз 1990) додан ва гирифтани пораро манъ карда, ҷазоҳо то 7 соли зиндон ва ҷаримаи 100,000 доллари Сингапурро дар бар мегирад. Бюрои тафтишоти коррупсия (CPIB) (таъсисёбӣ: 1952) бо ваколатҳои васеъ парвандаҳоро тафтиш намуда, ҳолатҳои ночизро зуд баррасӣ мекунад ва бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Interpol, ҳамкорӣ дорад.

Механизмҳои маърифати зидикоррупсионӣ дар чунинанд:

- Сиёсати “тахаммули сифр”. Сингапур сиёсати қатъии зиддикоррупсиониро амалӣ мекунад, ки ҷазоҳои сахт ва назорати доимиро дар бар мегирад. CPIB ҳақ дорад, ки ҳар гуна амали шубҳанокро бидуни иҷозати пешакӣ тафтиш кунад, ки ин аҳолиро аз иштирок дар коррупсия бозмедорад. Масалан, ҳатто ришватҳои хурд бо ҷаримаҳои калон ё ҳабс ҷазо дода мешаванд. Ин сиёсат фарҳанги қавии риояи қонунро ташаккул дода, эътимоди аҳолиро (85%) ба ниҳодҳо мустаҳкам мекунад.

- Платформаҳои электронӣ барои коҳиши тамосҳо. Системаҳои рақамӣ ба монанди GeBIZ барои хариди давлатӣ ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, ки тамосҳои мустақими байни мансабдорон ва шаҳрвандонро коҳиш медиҳанд. Ин платформаҳо шаффофиятро афзоиш дода, имкони ришватро маҳдуд мекунанд. Шаҳрвандон метавонанд маълумоти молиявиро онлайн баррасӣ кунанд. Ин чора аҳолиро ба назорати фаъоли мақомот ҳавасманд намуда, эътимоди ҷамъиятиро афзоиш медиҳад.

- Барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва семинарҳо. Мактабҳои Сингапур барномаҳои таълимиро оид ба ахлоқ, адолат ва пешгирии коррупсия амалӣ мекунанд. Ин барномаҳо ба хонандагон оқибатҳои коррупсия ва аҳамияти риояи қонунро мефаҳмонанд, ки тавассути муҳокимаҳо ва лоиҳаҳои амалӣ тақвият меёбанд. Семинарҳо барои соҳибкорон ва мансабдорон аз ҷониби CPIB ташкил карда мешаванд, ки ба пешгирии коррупсия дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ нигаронида шуда, мавзӯъҳо, аз қабили манфиатҳои муноқишаро дар бар мегиранд.

- Маъракаҳои иттилоотӣ. Расонаҳои омма, аз қабили телевизион, радио ва платформаҳои иҷтимоӣ (Instagram, YouTube), барои паҳн кардани маълумот дар бораи пешгирии коррупсия истифода мешаванд. Маъракаҳои CPIB аксар вақт намунаҳои муваффақияти тафтишотро намоиш дода, аҳолиро аз оқибатҳои коррупсия огоҳ мекунанд. Ин маъракаҳо ба гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла ҷавонон, коргарон ва соҳибкорон, нигаронида шуда, онҳоро ба фаъолнокии шаҳрвандӣ ҳавасманд мекунанд.

- Иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ. Созмонҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Transparency International Singapore, дар ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, аз қабили мизҳои мудаввар ва семинарҳо, саҳм мегузоранд. Онҳо аҳолиро дар бораи роҳҳои ошкор кардани амалҳои шубҳанок огоҳ намуда, бо CPIB дар таҳияи сиёсатҳои зиддикоррупсионӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин созмонҳо ба ташаккули фарҳанги шаффофият дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

- Огоҳкунии бехатар (Whistleblowing). CPIB низоми махфии огоҳкуниро дастгирӣ мекунад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, дар бораи амалҳои коррупсионӣ тавассути телефон, почтаи электронӣ ё портали онлайн хабар диҳанд. Ин низом ҳифзи огоҳкунандагонро аз таъқиб таъмин намуда, фаъолнокии шаҳрвандиро ташвиқ мекунад. Ин механизм имкони амалҳои коррупсиониро ба ҳадди ақал мерасонад.

- Ҳамкории байналмилалӣ. Сингапур бо СММ ва ОЖСБ дар мубодилаи таҷрибаҳои зиддикоррупсионӣ иштирок мекунад. Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва Конвенсияи ОЖСБ зидди ришват ба қонунгузории Сингапур мутобиқ карда шуда, стандартҳои ҷаҳониро риоя мекунанд. Ин ҳамкорӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Сингапур тавассути сиёсати “тахаммули сифр”, платформаҳои электронӣ, барномаҳои таълимӣ, маъракаҳои иттилоотӣ, иштироки СҒД, огоҳкунии бехатар ва ҳамкории байналмилалӣ муҳити бидуни коррупсия эҷод кардааст. Transparency International сатҳи пасти коррупсияро тасдиқ мекунад, ки мавқеи сеюми Сингапур дар CPI-2024-ро таъйид намуда, онро намунаи ибрат барои ҷаҳон месозад.

4. Зеландияи нав бо 83 хол дар ҷойи чорум дар Индекси дарки коррупсия (CPI-2024) яке аз кишварҳои бидуни коррупсия аст. Кодекси ҷиноятии Зеландияи Нав (Crimes Act 1961, ислоҳоти 2001, амалишавӣ аз 2002) додан ва гирифтани пораро манъ карда, ҷазоҳо то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Оффиси ҷиноятҳои вазнини молиявӣ (SFO) (таъсисёбӣ: 1990) парвандаҳои коррупсиониро тафтиш намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад..

Зеландияи нав ба чунин механизмҳо барои роҳандозии маърифати зиддикоррупсионӣ такя мекунанд:

- Платформаҳои онлайн барои мониторинг. Порталҳои давлатӣ, ба монанди data.govt.nz, дастрасии озод ба маълумоти молиявии мақомот, аз қабили буҷет, хароҷот ва қарордодҳоро таъмин мекунанд. Ин платформаҳо шаффофиятро афзоиш дода, аҳолиро ба назорати фаъолияти мақомот ҷалб мекунанд. Шаҳрвандон метавонанд маълумотро онлайн баррасӣ намуда, ҳар гуна номувофиқатиро ошкор кунанд. Ин чора эътимоди аҳолиро (80%) ба ниҳодҳо мустаҳкам намуда, фарҳанги масъулиятро тарғиб мекунад.

- Маъракаҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон. Расонаҳои омма, аз қабили телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Twitter), барои огоҳсозии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва роҳҳои пешгирии коррупсия истифода мешаванд. Маъракаҳои Комиссияи хизматрасонии давлатӣ (SSC) аксар вақт намунаҳои муваффақияти мубориза бо коррупсияро намоиш дода, огоҳии аҳолиро баланд мебардорад. Ин маъракаҳо ба гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла ҷавонон, коргарон ва соҳибкорон, нигаронида шудаанд.

- Шаффофияти сиёсӣ. Низоми шаффофи интихобот ва маблағгузории сиёсӣ, ки тавассути Қонуни шаффофияти маблағгузории интихобот (2009) танзим мешавад, дастрасии аҳолиро ба маълумоти молиявии равандҳои сиёсӣ афзоиш додааст. Омбудсмени Зеландияи Нав ва суди мустақил дар таъмини шаффофият ва ҷавобгарӣ нақши муҳим доранд. Ин низом эътимоди аҳолиро ба равандҳои сиёсӣ мустаҳкам мекунад.

- Таълим дар мактабҳо. Барномаҳои таълимии мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ба тарбияи арзишҳои адолат, ростқавлӣ ва шаффофият нигаронида шудаанд. Дарсҳо тавассути усулҳои интерактивӣ, аз қабили муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва лоиҳаҳои амалӣ, гузаронида мешаванд, ки ба хонандагон оқибатҳои коррупсияро мефаҳмонанд. Ин барномаҳо ба ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар насли ҷавон кумак мекунад.

- Иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД). Созмонҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Transparency International New Zealand дар ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, аз қабили семинарҳо ва мизҳои мудаввар саҳм мегузоранд. Онҳо аҳолиро дар бораи роҳҳои ошкор кардани амалҳои шубҳанок огоҳ намуда, бо SFO дар таҳияи сиёсатҳои зиддикоррупсионӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин созмонҳо ба ташаккули фарҳанги шаффофият дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

- Огоҳкунии бехатар (Whistleblowing). Низоми махфии огоҳкунӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар бораи амалҳои коррупсионӣ тавассути порталҳои онлайн, телефон ё почтаи электронӣ хабар диҳанд. Ин низом аз ҷониби SFO ва Омбудсмен дастгирӣ шуда, ҳифзи огоҳкунандагонро аз таъқиб таъмин мекунад. Ин механизм аҳолиро ба фаъолнокии шаҳрвандӣ ташвиқ намуда, имкони коррупсияро коҳиш медиҳад.

- Ҳамкории байналмилалӣ. Зеландияи Нав бо СММ ва ОЖСБ дар мубодилаи таҷрибаҳои зиддикоррупсионӣ иштирок мекунад. Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва Конвенсияи ОЖСБ зидди ришват ба қонунгузории Зеландияи Нав мутобиқ карда шуда, стандартҳои ҷаҳониро риоя мекунанд. Ин ҳамкорӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Зеландияи Нав тавассути платформаҳои онлайн, маъракаҳои иттилоотӣ, шаффофияти сиёсӣ, таълими ахлоқӣ, иштироки СҒД, огоҳкунии бехатар ва ҳамкории байналмилалӣ муҳити бидуни коррупсия эҷод кардааст. Transparency International сатҳи пасти коррупсияро тасдиқ мекунад, ки мавқеи чорум дар CPI-2024-ро таъйид намуда, Зеландияи Навро намунаи ибрат барои ҷаҳон месозад.

5. Люксембург бо 81 хол дар ҷойи панҷум дар Индекси дарки коррупсия (CPI-2024) бо сатҳи пасти коррупсия маълум аст. Кодекси ҷиноятии Люксембург (Моддаҳои 246–252, ислоҳоти 2010, амалишавӣ аз 1 марти 2010) додан ва гирифтани пораро манъ карда, ҷазоҳо аз 5 то 10 соли зиндонро дар бар мегирад. Полиси Судии Люксембург (таъсисёбӣ: 1945) бо воҳиди ҷиноятҳои молиявӣ парвандаҳоро тафтиш намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Europol ҳамкорӣ мекунад.

Механизмҳо ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Люксембург:

- Шаффофияти молиявӣ. Платформаҳои давлатӣ, ба монанди Portail de la Transparence, дастрасии озод ба маълумоти молиявии мақомот, аз қабили буҷет, хароҷот ва қарордодҳоро таъмин мекунанд. Ин платформаҳо шаффофиятро афзоиш дода, аҳолиро ба назорати фаъолияти мақомот ҷалб мекунанд. Шаҳрвандон метавонанд маълумотро онлайн баррасӣ намуда, ҳар гуна номувофиқатиро ошкор кунанд. Ин чора эътимоди аҳолиро (75%) ба ниҳодҳо мустаҳкам намуда, фарҳанги масъулиятро тарғиб мекунад.

- Семинарҳо барои соҳибкорон. Барномаҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон аз ҷониби Вазорати иқтисод ташкил карда мешаванд, ки ба пешгирии коррупсия дар бахши хусусӣ нигаронида шудаанд. Ин семинарҳо мавзӯъҳо, аз қабили манфиатҳои муноқиша, риояи қонун ва ахлоқи тиҷоратиро дар бар мегиранд. Ин барномаҳо ба ташаккули фарҳанги ахлоқӣ дар бахши тиҷорат мусоидат намуда, эътимоди аҳолиро ба бахши хусусӣ афзоиш медиҳанд.

- Низоми судии мустақил. Суди мустақили Люксембург ва Комиссияи шаффофият (Commission de la Transparence) дар таъмини шаффофият ва ҷавобгарӣ нақши муҳим доранд. Ин ниҳодҳо парвандаҳои эҳтимолии коррупсияро тафтиш намуда, такмили қонунгузориро пешниҳод мекунанд. Ин низом эътимоди аҳолиро ба мақомот мустаҳкам намуда, онҳоро ба риояи ахлоқи ҷамъиятӣ ҳавасманд мекунад.

- Маъракаҳои иттилоотӣ. Расонаҳои омма, аз қабили телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ (LinkedIn, Twitter), барои огоҳсозии аҳолӣ дар бораи пешгирии коррупсия истифода мешаванд. Маъракаҳои Вазорати адлия аксар вақт намунаҳои муваффақияти мубориза бо коррупсияро намоиш дода, огоҳии аҳолиро баланд мебардорад. Ин маъракаҳо ба гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла ҷавонон, коргарон ва соҳибкорон, нигаронида шудаанд.

- Иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД). Созмонҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Transparency International Luxembourg, дар ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, аз қабили мизҳои мудаввар ва семинарҳо, саҳм мегузоранд. Онҳо аҳолиро дар бораи роҳҳои ошкор кардани амалҳои шубҳанок огоҳ намуда, бо Полиси Судӣ дар таҳияи сиёсатҳои зиддикоррупсионӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин созмонҳо ба ташаккули фарҳанги шаффофият дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

- Огоҳкунии бехатар (Whistleblowing). Низоми махфии огоҳкунӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар бораи амалҳои коррупсионӣ тавассути порталҳои онлайн, телефон ё почтаи электронӣ хабар диҳанд. Ин низом аз ҷониби Полиси Судӣ дастгирӣ шуда, ҳифзи огоҳкунандагонро аз таъқиб таъмин мекунад. Ин механизм аҳолиро ба фаъолнокии шаҳрвандӣ ташвиқ намуда, имкони коррупсияро коҳиш медиҳад.

- Ҳамкории байналмилалӣ. Люксембург бо СММ ва ОЖСБ дар мубодилаи таҷрибаҳои зиддикоррупсионӣ иштирок мекунад. Конвенсияи СММ зидди коррупсия ва Конвенсияи ОЖСБ зидди ришват ба қонунгузории Люксембург мутобиқ карда шуда, стандартҳои ҷаҳониро риоя мекунанд. Ин ҳамкорӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Люксембург тавассути шаффофияти молиявӣ, семинарҳо барои соҳибкорон, низоми судии мустақил, маъракаҳои иттилоотӣ, иштироки СҒД, огоҳкунии бехатар ва ҳамкории байналмилалӣ муҳити бидуни коррупсия эҷод кардааст. Transparency International сатҳи пасти коррупсияро тасдиқ мекунад, ки мавқеи панҷуми Люксембург дар CPI-2024-ро таъйид намуда, онро намунаи ибрат барои ҷаҳон месозад.

Бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои пешсаф дар Индекси дарки коррупсия (CPI-2024), аз қабили Дания (90 хол, ҷойи 1), Финляндия (88 хол, ҷойи 2), Сингапур (84 хол, ҷойи 3), Новая Зеландия (83 хол, ҷойи 4) ва Люксембург (81 хол, ҷойи 5), инчунин талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия (UNCAC, 2003) ва Конвенсияи ОЖСБ зидди пора (1997) пешниҳод мешавад, ки соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “Соли маърифати зиддикоррупсионӣ” эълон карда шавад. Ин иқдом метавонад ба баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги радди коррупсия ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намояд. Дар зер пешниҳоди муфассал дар панҷ банд бо такя ба таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои Тоҷикистон пешкаш мегардад.

1. Таълими ахлоқи ҷамъиятӣ дар низоми таълим:

-Мақсад: ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар зеҳни насли ҷавон тавассути омӯзиши арзишҳои адолат, ростқавлӣ ва шаффофият.

-Чорабиниҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии махсусро оид ба пешгирии коррупсия дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо ҷорӣ намояд. Ин барномаҳо метавонанд дар доираи фанни мавҷуда “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” бо истифода аз усулҳои интерактивӣ, ба монанди муҳокимаҳои гурӯҳӣ, бозиҳои ролӣ ва лоиҳаҳои амалӣ, амалӣ шаванд. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ, ки аз таҷрибаи Дания ва Финляндия илҳом гирифта, ба хонандагон дар бораи оқибатҳои коррупсия ва аҳамияти риояи ахлоқ маълумот медиҳанд. Баргузории олимпиадаҳо ва озмунҳои мактабӣ дар мавзӯи “Тоҷикистони бидуни коррупсия” барои ҳавасманд кардани хонандагон.

-Татбиқ: Бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Барномаи Рушди СММ (UNDP) курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ташкил карда шаванд, то онҳо малакаи таълими мавзӯъҳои зиддикоррупсиониро ба даст оранд.

- Натиҷа: Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар зеҳни насли ҷавон, ки дар дарозмуддат ба коҳиши амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.

2. Маъракаҳои иттилоотӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ:

- Мақсад: Баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳо, оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои муқовимат бо он.

- Чорабиниҳо: Роҳандозии маъракаҳои мунтазами иттилоотӣ тавассути телевизион (“Тоҷикистон”, “Сафина” ва дигар), радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, Instagram, YouTube) бо истифода аз видеоҳои кӯтоҳ, инфографика ва ҳикояҳои муваффақияти тафтишоти коррупсионӣ. Ин маъракаҳо метавонанд аз таҷрибаи Сингапур ва Новая Зеландия, ки намунаҳои муваффақиятро намоиш медиҳанд, илҳом гиранд. Ташкили марафонҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Зидди коррупсия якҷоя” бо иштироки шахсиятҳои маъруф, блогерҳо ва фаъолони ҷомеа барои ҷалби ҷавонон. Нашри маводҳои иттилоотӣ дар ВАО-и маҳаллӣ ва минтақавӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои фарогирии аҳолии минтақаҳои гуногун.

- Татбиқ: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ, аз қабили “Ховар” ҳамкорӣ намуда, маъракаҳоро бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Transparency International роҳандозӣ кунад.

- Натиҷа: Афзоиши огоҳии аҳолӣ хусусан ҷавонон дар бораи зарари коррупсия ва таҳкими фаъолнокии шаҳрвандӣ барои ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ.

3. Иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) дар маърифатноксозӣ:

- Мақсад: Тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва мониторинги мақомоти давлатӣ.

- Чорабиниҳо: Ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, ба монанди семинарҳо, мизҳои мудаввар ва тренингҳо дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон бо иштироки СҒД-и маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ба монанди Transparency International ё созмонҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ин чорабиниҳо метавонанд аз таҷрибаи Люксембург ва Новая Зеландия, ки СҒД дар мониторинг ва маърифатноксозӣ фаъоланд, истифода баранд. Таъсиси шабакаи СҒД-и зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, мубодилаи таҷрибаҳо ва пешниҳоди тавсияҳо ба ҳукумат. Баргузории “Форуми зиддикоррупсионӣ” дар соли 2026 бо иштироки намояндагони ҳукумат, СҒД, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳолӣ барои муҳокимаи пешрафтҳо ва мушкилот дар мубориза бо коррупсия.

- Татбиқ: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо СҒД ҳамкорӣ намуда, барои маблағгузории чорабиниҳо грантҳои байналмилалиро аз созмонҳое, ба монанди СММ ва ОЖСБ, ҷалб кунад.

- Натиҷа: Тақвияти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, афзоиши огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳо ва коҳиши амалҳои коррупсионӣ тавассути мониторинги ҷамъиятӣ.

4. Ташкили низоми огоҳкунии бехатар (Whistleblowing):

- Мақсад: Эҷоди механизм барои шаҳрвандон, ки онҳо метавонанд амалҳои коррупсиониро бидуни хавфи таъқиб ошкор кунанд.

- Чорабиниҳо: Таъсиси портали онлайни махфӣ ва хатти телефонии боварӣ барои гузоришдиҳии амалҳои коррупсионӣ, ки аз таҷрибаи Сингапур (CPIB) ва Финляндия (Омбудсмени Адолат) ибрат мегирад. Ин низом бояд ҳифзи огоҳкунандагонро таъмин намояд. Қабули қонуни махсус дар бораи ҳифзи огоҳкунандагон дар соли 2026, ки ҳуқуқҳои шахсони гузоришдиҳандаро муайян карда, онҳоро аз таъқиб муҳофизат мекунад. Ташкили маъракаи иттилоотӣ дар доираи Соли маърифати зиддикоррупсионӣ барои таблиғи низоми огоҳкунӣ ва ташвиқи аҳолӣ ба истифодаи он.

- Татбиқ: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди UNDP ва Transparency International низоми огоҳкуниро таъсис дода, дар минтақаҳои дурдаст нуқтаҳои қабули шикоятҳо дар мақомоти маҳаллӣ ташкил кунад.

- Натиҷа: Афзоиши фаъолнокии шаҳрвандон дар ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ, коҳиши пинҳонкории коррупсия ва таҳкими эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ.

Эълон кардани соли 2026 ҳамчун “Соли маърифати зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон” метавонад як қадами муҳим дар роҳи коҳиши коррупсия ва ташаккули фарҳанги радди фасод бошад. Панҷ механизми пешниҳодшуда – таълими ахлоқӣ, маъракаҳои иттилоотӣ, шаффофияти молиявӣ, иштироки СҒД ва низоми огоҳкунии бехатар – аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи CPI-2024 мутобиқ карда шуда, ба хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мувофиқанд. Ин чораҳо метавонанд огоҳии аҳолиро баланд бардошта, эътимоди ҷомеаро ба ниҳодҳои давлатӣ тақвият бахшанд ва Тоҷикистонро дар рейтинги CPI ба мавқеи баландтар бардоранд. Барои амалисозии ин пешниҳодҳо ҳамкории фаъол байни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ зарур аст.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Дониёр САНГИНЗОДА, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

"Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддитарин барои рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад."

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия ва ё фасод вожаест, ки солҳои ахир барои аксари мо ошност ва бо мафҳумҳои норозигӣ ва эҳсоси беадолатӣ тавъам мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) мафҳуми коррупсияро ба таври кӯтоҳ ҳамчун "суиистифода аз вазифаҳои давлатӣ барои фоидаи шахсӣ" тавсиф намудааст. Агар ба таври оддӣ шарҳ диҳем маънои коррупсия (фасод) ин сӯистифода аз мансаби давлатӣ ё ваколатҳои хидматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Ин амали зишт метавонад дар шаклҳои порагирӣ, тақаллуб, хешутаборигарӣ, шиносбозӣ, истифодаи ғайриқонунии маблағҳои буҷавӣ ва амсоли он зуҳур намояд. Оқибати ин аъмоли зишт новобаста аз шаклҳои бурузи он ҳамеша зарари бузург ба манфиатҳои ҷомеа мебошад.

Коршиносон ба ин ақидаанд, ки коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ буда ба сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Вай на танҳо ба амният ва иқтисоди кишварҳо таҳдид мекунад, балки арзишҳо ва ахлоқи ҷомеаро низ зери хатар қарор додааст. Дар шароити афзоиши коррупсия арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҷомеа таҳти фишори шадид қарор гирифта эҳтимолияти таназзули иҷтимоӣ меафзояд. Бе муболиға таъсири коррупсия ба ахлоқи ҷомеа паҳлӯи аз ҳама хатарноки ин падидаи зишт мебошад, чунки иваз шудани арзишҳои суннатӣ ба арзишҳои бегона ва аз байн рафтани меъёрҳои ҳамидаи ахлоқи инсонӣ натиҷаи бевоситаи афзоишу густариши коррупсия мебошад.

Ташкилоти бонуфузи байналмиллалии Transparency International, ки солҳои тулонӣ ба мубориза бо коррупсия ва пешбурди шаффофият машғул аст дар гузориши соли 2024 оид ба ин раванд иброз доштааст: «Дар кишварҳое, ки коррупсия паҳн шудааст, на танҳо институтҳои сиёсӣ заиф мешаванд, балки сатҳи ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ коҳиш меёбад». Ин ниҳоди бонуфуз баъди омӯзиши вазъияти коррупсионӣ дар даҳҳо кишварҳои пешрафтаву кишварҳои ҷаҳони саввум ба натиҷаи мазкур омадааст, ки мавриди баҳс нест. Ин маънои онро дорад,ки хатари коррупсия ба рушду устувории арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеаи имрӯза як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ буда, таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаву фарогирро тақозо менамояд. Мо дар ин ҷо кушиш менамоем, ки ба таври хеле мухтасар танҳо хатарҳои арзишиву ахлоқии ин падидаро барои ҷомеа мавриди пажӯҳиш қарор дода, роҳҳои коҳиш ва бартарафсозии ин офатро то андозае рушан намоем.

Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ як қисми муҳимми фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ буда, ҳифз ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда вазифаи ҳар яки мову шумост. Маҷмӯи меъёрҳо, эътиқодҳо ва принсипҳои муштараке, ки аксари аъзои ҷомеа онҳоро муҳим ва зарурӣ медонанд, арзишҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд. Таҳдиди коррупсия ба арзишҳои муҳимми ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои устувории ҷомеа зарур мебошанд, возеҳу равшан мебошад. Осебпазирии арзишҳо, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани коррупсия тамоюли бебозгашт касб менамояд, боиси нигаронии ҷомеаи башар гардидааст.

Қайд кардан ҷойиз аст, ки дар ҷомеае, ки дар он ҷо арзишҳои инсонӣ, аз қабили инсоф, адолати иҷтимоӣ, ҳамдардӣ, кӯмак ба ниёзмандон ва ғамхорӣ нисбат ба муҳити зист ҷой дорад, барои зиндагӣ беҳтару хубтар мебошад. Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ шоҳсутуни асосии ҷомеаи солим ва мутараққӣ буда тағйирпазиранд. Ҳар як узви ҷомеа муваззаф аст, ки онҳоро муроот ва эҳтиром намояд. Эҳтиром ва риояи бечунучарои онҳо ба сулҳу субот, пешрафт ва некӯаҳволии умум мусоидат мекунад. Арзишҳои муштарак аъзои ҷомеаро дар атрофи як ҳадаф ва эътиқод муттаҳид намуда, ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагиро тақвият бахшида, ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат менамояд.

Адолат ва баробарӣ аз арзишҳои асосӣ ва муҳимми ҷомеа мебошад, ки ба он коррупсия дар навбати аввал таҳдид менамояд. Адолат, яъне адолати иҷтимоӣ муносибати одилона бо ҳама сарфи назар аз мансаб ва мавқеи иҷтимоӣ мебошад. Яқинан дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия одамон ба ҷойи адолат ва баробарӣ аз мансабу вазифа барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ истифода мебаранд. Ин раванди ноодилона баробарии ҳамаи шаҳрвандонро ба дастрасии воқеии онҳо ба ҳуқуқ ва имкониятҳо ба хатари воқеӣ мувоҷеҳ месозад. Дар натиҷа коррупсия низоми ҳуқуқии кишварро хароб намуда, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ бар манфиатҳои умумимиллӣ ғолиб меояд.

Ростқавлӣ ва боварӣ (эътимод) дар ҷомеа ҳамчун асоси муносибатҳои иҷтимоӣ ва боварии байни одамон, ташкилотҳову гурӯҳҳо ва институтҳои давлат маҳсуб меёбанд. Вақте, ки коррупсия авҷ мегирад, эътимоду боварӣ дар байни гурӯҳҳои ҷомеа коҳиш меёбад. Дар натиҷа, вақте ки амалҳои ғайриқонунӣ беҷазо мемонанд, одамони қудратманду мансабдор ҳеҷ гоҳ қонуниятро риоя намекунанд, афроди фасодкор (коррупсионер) ба мартабаҳои баланд мерасанд дар ҷомеа эҳсоси беадолатӣ ва ноумедӣ афзоиш ёфта, боиси аз байн рафтани боварӣ ва эътимод ба принсипҳои ахлоқӣ мегардад.

Ахлоқи ҷамъиятӣ аз арзишҳои ҷамъиятӣ сарчашма гирифта дар ҳаёти рӯзмарра мавриди истифода қарор мегирад. Ахлоқи ҷамъиятӣ меъёрҳои рафторро дар муносибат бо оила, дӯстон, ҳамсоягон, ҳамкорон ва дигар аъзои ҷомеа муайян мекунад. Ҳамзамон рафтори шаҳрвандонро дар муносибат бо рукнҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ танзим менамояд. Арзишҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ барои устуворӣ, пешрафт ва некӯаҳволии ҷомеа аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ахлоқи ҷамъиятӣ меъёрҳо ва қоидаҳои рафторро муқаррар мекунад, ки ба пешгирии низоъҳо, таъмини тартибот ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон мусоидат мекунад.

Коррупсия ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, арзишҳои анъанавии ростқавлӣ, адолат, масъулият ва хидмат ба ҷомеаро беқадр мегардонад. Коррупсия маънои истифодаи мансаб ва мақом барои ба даст овардани ғайриқонунии фоидаи шахсиро дорад. Ҳангоме, ки афрод ё гурӯҳҳои қаллоб сари вазифа меоянд ва мансабро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд, онҳо на танҳо ҳуқуқи ҷомеаро вайрон мекунанд, балки арзишҳои асосии инсониро низ зери хатар қарор медиҳанд.

Он сабаби пайдоиши фарҳанги фурсатталабӣ, нобовариву беэътимодӣ ба қонун ва тарҷеҳ додани манфиатҳои шахсӣ бар манфиатҳои ҷамъиятӣ мегардад. Президенти кишвар, пешвои миллат муҳтаррам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2018 ба ин масъала диққати махсус дода иброз доштанд, ки: “ Ба роҳ мондани муборизаҳои қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Метавон гуфт, ки коррупсия сабабгори пайдоиши одатҳои зишту фосид дар ҷомеа мебошад ва дар натиҷа ахлоқ ва арзишҳои асосӣ беарзишу беқадр мегарданд. Ин раванди хатарнок ба коҳиш ёфтани эътимоду боварӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия, эътимоду боварӣ ба давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва дигар сохторҳои калидӣ коҳиш меёбад. Коррупсия дастрасии аҳолии камбизоатро ба захираҳо ва имкониятҳо маҳдуд мекунад. Афроди камбизоат аксар вақт қобилияти пора доданро надоранд ва аз хизматрасониҳои асосӣ маҳрум мешаванд. Дар навбати худ ин метавонад боиси афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ ва эҳсоси беадолатӣ дар ҷомеа гардад. Ҳамзамон коррупсия муҳити мусоидро барои фаъолияти ҷинояткорона фароҳам меорад. Мансабдорони фасодкор (коррупсионер) метавонанд бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор шарик шаванд ё ба онҳо барои иҷрои фаъолияти ғайриқонунӣ кӯмак расонанд.

Коррупсия як хатари ҷиддӣ барои арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа аст, ки бояд ҳамагон барои пешгирӣ ва муқобила бо он кӯшиш кунанд. Чунин падида метавонад боиси заъфи ҳувияти миллӣ, ихтилофи иҷтимоӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ гардад. Сьюзан Роуз-Аккерман (Susan Rose-Ackerman) — профессори ифтихории ҳуқуқ ва сиёсатшиносии донишгоҳи Йел (ИМА), ки падидаи коррупсия – зухурот ва шаклҳои онро дар бисёр мамлакатҳо таҳқиқ намудааст ва идома медиҳад хатари онро чунин баён намудааст: “Коррупсия арзишҳои ахлоқии ҷомеаро коста намуда, меъёрҳои нави иҷтимоии бардурӯғро ташаккул медиҳад, ки дар онҳо манфиати шахсӣ бар манфиати умумӣ авлавият меёбад».

Бидуни шакку тардид коррупсия бо таъсири манфии худ ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа метавонад таҳдиди ҷиддӣ ба рушди устувори иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад. Барои муборизаи самаранок бо коррупсия на танҳо чораҳои ҳуқуқӣ, балки тағйири фарҳанги умумии ҷомеа низ зарур мебошад. Мақсади ниҳоӣ бояд ташаккули ҷомеае бошад, ки дар он ростқавлӣ, масъулият ва эҳтиром ба қонун арзишҳои асосӣ маҳсуб гарданд.

Тавре, ки мебинем коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва фарогир аст, ки ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Оқибатҳои иқтисодии он дар коҳиши сармоягузорӣ, сустшавии рушди иқтисодӣ ва нобаробарии иқтисодӣ зоҳир мешаванд. Дар соҳаи сиёсӣ ва идоракунӣ, коррупсия боиси заъфи ниҳодҳои давлатӣ, коҳиши эътимоду боварӣ ба ҳукумат, ноустувории сиёсӣ ва поймолшавии волоияти қонун мегардад. Оқибатҳои иҷтимоии он дар паст шудани сифати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва таназзули арзишҳои ахлоқӣ зоҳир мегардад.

Аз ин рӯ Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки дар ин раванд тавассути таҳия ва пешниҳоди қонунгузории муассир, таъмини шаффофият ва тақвияти ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ нақши калидӣ бозад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма низ дар назорати фаъолияти давлатӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ нақши муҳим дошта бошад. Танҳо тавассути саъю кӯшишҳои муштарак мо метавонем ҷомеаи солим, адолатпарвар ва шукуфон бунёд намоем, ки дар он ҷо барои коррупсия ҷой набошад. Ин як бемории музмине аст, ки агар табобат нашавад, метавонад ба марги ҷомеа оварда расонад. Мо набояд ба ин заҳри хомӯш иҷозат диҳем, ки ояндаи моро бидуздад. Бинобар ин муборизаи муштарак ва беамон бо коррупсия - ин кафолати рушди устувор, адолат ва шукуфоии ҷомеаи мост.

Судуров С.А., ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия бемории давраи нумӯъ буда, афзоиш дорад ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳеҷ вақт ба пуррагӣ наметаон онро аз байн бурд. Дар мубориза бо ин падидаи нопок иродаю майли ба он мубориза кардан, қонунҳои дахлдору мақомоти ба он ваколатдор ва афкори ба он созгор доштан, шарт ва зарур аст.

Маълум аст, ки шароити мавҷудаи мубориза алайҳи коррупсиро дар Тоҷикистон аз вазифаҳои имрӯзу фардо мешуморад. Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилот ҳамавақт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Бахусус аз соли 1999 шурӯъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шуда истодааст. Ин заминаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия » Кодекси Ҷиноятӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ҷой дода шудааст. Меъёрҳои зиддикоррупсионӣ инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ», «Дар бораи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ» ва ғайра мавҷуд аст.

Вобаста ба ҷиноятҳои иқтисодӣ мехоҳем хатари коррупсиониро, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, таъкид намоем. Коррупсия ҷиноятест, ки сади роҳи фаъолияти солими давлат ва мақомоти он гардида, омили боздошти инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба муқобили ҳамаи навъҳои ин падидаи нангин бо тамоми воситаҳо ва роҳу усулҳо мубориза барем. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ин кор вазифаи бевоситаи онҳост, барои аксуламали ҷиддӣ ва қатъӣ бар зидди коррупсия ҳамаи имкониятҳо ва пеш аз ҳама қонун ва дигар асноди дахлдори ҳуқуқиро дар ихтиёр доранд.

Ҳанӯз чанд сол муқаддам Пешвои миллат, муҳтарам эмомали Раҳмон дар суханрониҳояшон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат ба Прокуратураи Тоҷикистон бо муборизаи беамон аз ин зуҳуроти нангини аср ёдовар шуда буданд.

Мутобиқи моддаи 93 –юми Конститутсияи ҶТ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ Прокурори генералӣ ва Прокурорҳои тобеъи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Аз муқаррароти ин модда бар меояд, ки мавҷудияти назорати прокурорӣ чун кафолати иҷрои якхелаи қонунҳо бошад менамояд ва кафил будани прокурор натанҳо дар конститутсия, балки дар қонунгузориҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст. Бо дигаргуниҳо дар сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ масъалаҳое ба вуҷуд меоянд, ки қувват додани ин намуди назорат боиси пешравии кор мегардад. Яке аз масъалаи мубрами рӯз чуноне, ки дар боло қайд кардем ин масъалаи ҷинояткорӣ дар соҳаи коррупсия мебошад. Коррупсия на танҳо ҷиноят, балки ҳуқуқвайронкуни дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ ҳам мебошад. тавсифи ҷиноии маъмурӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии коррупсия боиси ба вуҷуд омадани илми нав, ки онро коррупсиология меноманд гардидааст. Зуҳуроти номатлуб коррупсия натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти нангини аср ба решаи давлатдорӣ табар зада, боиси сусту фалаҷшавии сохтору механизмҳои давлатӣ мегардад. Бо пешравии ҷамъият муносибатҳо ҳам инкишоф меёбад. Инкишофи ин муносибатҳо буд, ки дар асоси стандартҳои байналхалқӣ қонуни нав бо номи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия» қабул гардид ва қонуни пешина аз эътибор соқит дониста шуд. Ҳамаи ин равандҳо ва инкишофи қонунгузорӣ сабаби он гардид, ки мақомоти наве дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ташкил дода шуд. Бо талаботҳои қонунгузорӣ ва принсипҳои он назорати прокурорӣ аз болои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ паҳн мегардад.

Коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар аз ҳама ба амнияти давлатҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд. Ягон давлат дар ҷаҳон вуҷуд надоранд, ки ба ин зуҳурот рӯ ба рӯ нашуда бошад. Аз ин рӯ бояд тамоми қувваҳои солими ҷомеа ба мубориза алайҳи коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти корупсиони дошта равона гардид.

Ҷомеаи муосири тоҷикро зарур аст бо муқобили ин падидаи манфури ҷомеа муттаҳид гашта, бар зидди он муборизаи беамон баранд.

Бедилзода Ҳ, ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илмҳои сиёсӣ

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия як мушкилии ҷиддие боқӣ мемонад, ки ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла иқтисод ва хадамоти давлатӣ таъсир мерасонад. Он ҳамчун хатари ҷаҳони муосир ва яке аз ҷиноятҳои шадид дар соҳаҳои гуногун таҳқиқ карда, таваҷҷуҳи бештар ба омузиши падидаи рушд ва зуҳуроти коррупсия дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зоҳир мешавад.

Дар ибтидои асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати шадиди таҳкими қонунгузории талошҳои байналмилалиро барои мубориза бо коррупсия дарк намуд. Бо дарназардошти афзоиши доимии оқибатҳои манфии коррупсия ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аксарияти кишварҳо дар аввали солҳои 2000-ум идеяи қабули қатъномаи дахлдорро дар сатҳи СММ фаъолона дастгирӣ карданд. Дар ин замина, бояд қайд кард, ки дар эъломияи ниҳоии Саммити 29-уми кишварҳои "Ҳаштгонаи бузург" (G8), ки дар шаҳраки Эвиан-Ле-Бан дар Фаронса дар аввали моҳи июни соли 2003 баргузор шуд, аз роҳбарони қудратҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон даъват карда шуд, ки барои ба итмом расонидани кор оид ба имзои Конвенсияи зидди коррупсия аз ҷониби аъзои СММ ба ҷомеаи байналмилалӣ саъю кӯшиши фаъол кунанд[1].

Ғайр аз ин, роҳбарони кишварҳои G8 аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон даъват карданд, ки "ба ҳамроҳшавӣ ва тасдиқи васеътари Конвенсияи СММ алайҳи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо мусоидат кунанд".

Ба зудӣ дар натиҷаи ҳамкории мақомоти ваколатдор ва хадамоти салоҳиятдори давлатҳои узви СММ 31 – уми октябри соли 2003 Дар ҷаласаи Ню-Йорк Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия қабул карда шуд. Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти шумораи зиёди давлатҳое, ки ба санади зикршуда ҳамроҳ шудаанд, Созмони милали муттаҳид тартиберо пешбинӣ кардааст, ки тибқи он ҳамаи кишварҳои хоҳишманд метавонанд ба Конвенсия аз 9 то 11 декабри Соли 2003 дар шаҳри Мерида (Мексика) ва пас аз ин мӯҳлат дар қароргоҳи СММ дар Ню —Йорк то 9 декабри соли 2005 ҳамроҳ шаванд (моддаи 67, банди 1 Конвенсия). Ба ин санад инчунин иттиҳодияҳои иқтисодии минтақавӣ ҳамроҳ шуда метавонистанд, ба шарте ки ҳадди аққал яке аз аъзои ин созмонҳо иштирокчии Конвенсияи зидди коррупсия бошад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар байни давлатҳои халичи форс аввалин шуда 9 январи соли 2004 ба Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия ҳамроҳ шуд.

Имрӯз Арабистони Саудӣ ба системаи зиддикоррупсионӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Аз соли 2007 дар ин кишвар "Стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ" амал мекунад, ки дар он коррупсия аз рӯи меъерҳои шариат арзёбӣ мешавад. Коррупсия ҳамчун раванде номида мешавад, ки барои манфиатҳои миллии давлат хатар эҷод мекунад ва ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар халал мерасонад. Илова бар ин, дар Арабистони Саудӣ кор ташкил карда шуд, ки аҳолӣ ба мубориза бо коррупсия ҷалб карда шуда, назорати зиддикоррупсиониро амалӣ мекунанд. Барои ин онҳо комиссияи миллии зиддикоррупсиониро таъсис доданд, ки аъзои он намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони илм ва савдо мебошанд. Яъне, инҳо ҳамон майдонҳое мебошанд, ки дар он метавон чорабиниҳои бузурги мубориза бо коррупсияро бомуваффақият баргузор кард.

Албатта, Арабистони Саудӣ кишварест, ки намунаи ҷомеаи анъанавӣ мебошад, ки дар он урфу одатҳо ва анъанаҳо қавӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ин кишварест, ки ба арзишҳои оила, арзишҳои динӣ такя мекунад. Дар ин давлат он нақши калон мебозад. Инчунин бояд қайд кард, ки дар Арабистони Саудӣ комиссияи миллии зиддикоррупсионӣ ба шаҳрвандони камдаромад кӯмак мерасонад. Дар ин маврид бояд зикр кард, ки ин як кишвари хеле сарватманд аст ва сатҳи зиндагии мардум хеле баланд аст. Аммо бо вуҷуди ин, усулҳои мубориза бо коррупсия дар Арабистони Саудӣ бешубҳа хеле ҷолибанд ва метавонанд аз ҷониби дигар кишварҳо гирифта шаванд.

Моҳи июли соли 2024 Шурои вазирони Арабистони Саудӣ заминаи нави боэътимоди ҳуқуқиро барои мубориза бо фасод дар байни хизматчиёни давлатӣ тасдиқ кард. Ин қонун ҳамчун “Қонун дар бораи мақомоти назоратии Арабистони Саудӣ оид ба мубориза бо коррупсия (Nazaha- аз калиммаи арабиии “نزاهة” – бовиҷдонӣ, дурусткорӣ)” маълум аст. Қонун аз 7- уми ноябри соли 2024 амал мекунад. Ин қонун дар аввал бо фармони сарвазир аз соли 2011 амалӣ карда шуд, ки бо қонуни аз соли 2024 пурра карда шуд.

Ғайр аз он, таърифи коррупсия васеъ карда шудааст ва ҳуқуқвайронкуниҳои гуногунро дар бар мегирад, ба монанди истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, сӯиистифода аз қудрат ва ришваситонӣ. Ҳоло қонуни “Назаҳа” имкон медиҳад, ки тафтишоти зарурӣ барои ошкор кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ гузаронида шавад, инчунин шикоятҳо, ҳисоботҳо қабул карда шаванд ва бевосита ҳамаи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва молиявӣ дар суди салоҳиятдор тафтиш карда шаванд. Мутобиқи моддаи 5, мақомоти давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои таҳти салоҳияти худ ҳуҷҷатҳоро талаб кунад, ки бояд онро дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод кунанд. Ба агентӣ инчунин супориш дода шудааст, ки дороиҳои дар натиҷаи коррупсия ба даст овардашударо баргардонад ва барои ҳимояи шахсоне, ки дар бораи қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, чораҳо андешад. Ин тағирот дар қонунгузорӣ ӯҳдадории Арабистони Саудиро барои фароҳам овардани муҳити бехатар ва ҷолиб барои сармоягузорон тибқи ҳадафҳои барномаи “Дидгоҳ 2030” инъикос мекунад.

Барои ширкатҳое, ки дар қаламрави салтанат фаъолият мекунанд, қабули ин қонуни нав аҳамияти махсус дорад. Ба наздикӣ дар доираи қонуни назаҳа амалиёти васеъмиқёс, аз ҷумла ҳабси 155 мансабдори ҳукуматӣ бо иттиҳоми фасод ва 924 рейди санҷишӣ танҳо дар моҳи июни соли 2024 гузаронида шуд. То моҳи сентябри соли 2024 аз ҷониби шуъбаи тафтишоти ҷиноятии "Назаҳа" зиёда аз 280 тафтишот гузаронида шуда, дар ҷараёни он зиёда аз 130 боздошт гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, аз соли 2021 то 2023 барои ҷиноятҳои марбут ба коррупсия тақрибан 5000 нафар дастгир карда шуданд, ки ин муносибати қатъии қонуни навро ба мубориза бо коррупсияи молиявӣ ва маъмурӣ таъкид мекунад.

Азбаски Арабистони Саудӣ талошҳои худро барои мубориза бо коррупсия тақвият медиҳад, корхонаҳо бояд системаҳои назорати дохилии худро фаъолона баррасӣ кунанд ва барои коҳиш додани хатарҳои коррупсионӣ риоя кунанд. Ин таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсатҳоро дар бораи тӯҳфаҳо ва сафарҳо, пардохтҳо барои мусоидат ва ҳамкорӣ бо шахсони сеюм дар бар мегирад. Ғайр аз ин, ташкилотҳо бояд татбиқи барномаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши кормандонро оид ба қоидаҳои мубориза бо ришваситонӣ ва сиёсати дохилии зиддикоррупсионӣ баррасӣ кунанд.

Қабули қонуни "Назаҳа" азми Арабистони Саудӣ барои ташкили низоми шаффоф ва ҳисоботдиҳандаи идоракуниро инъикос мекунад. Бо тавсеаи ваколатҳои қонун ва баррасии чаҳорчӯбаи ҳуқуқии марбут ба коррупсия, салтанат кӯшиш мекунад, ки маблағҳои давлатиро ҳимоя кунад ва барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити ҷолибтар фароҳам орад. Ин пешрафти қонунгузорӣ бо ҳадафҳои васеътари Консепсия то соли 2030 мувофиқат мекунад ва ӯҳдадории ростқавлӣ ва волоияти қонунро дар талоши рушди миллӣ нишон медиҳад. Ҳангоми эътибор пайдо кардани қонун, оқибатҳои амалии он ба назар мерасанд ва ҳам мансабдорони давлатӣ ва ҳам ташкилотҳои хусусӣ бояд ба ин парадигмаи нави идоракунӣ ва ҳисоботдиҳӣ мутобиқ шаванд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки Шоҳигарӣ дар решакан кардани падидаи коррупсия муваффақиятҳои калон ба даст овардааст, зеро он фаъолияти аксари идораҳои худро ба решакан кардани падидаи коррупсия маҳдуд кардааст. Ин тадбирҳо дар бисёр барномаҳои татбиқӣ инъикос ёфтаанд, ки кӯшишҳои салтанатро дар мубориза бо ин падида нишон медиҳанд.

Давлатова Фарида, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

  • Борьба с коррупцией- важнейшая задача государства и общества http:/ giprosvjaz.by/ru/pv/news/borba-s-korrupciej-1436

  • Юуфханова Л.В.,Никитенко Е.Г.Международный опыт борьбы с коррупцией: институциональный аспект//https://cyberleninka. ru/article/n/mezhdunarodnyy- opyt-borby-s-korruptsiey-institutsionalnyy-aspekt-1

  • Привалов Ю., Сапелкин Ю. Теневая экономика и коррупция в Украине // Общество и экономика. — 2001. — No 9. — С. 113-137.

  • Новый закон «Назаха»/https://www.mondaq.com/saudiarabia/white-collar-crime-anti-corruption-fraud/1548982/