Skip to main content

Маълумоти мухтасар оид ба таърихи ШГЗД

Охири солҳои 60-уми асри гузашта бо ташаббуси академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Нарзиқулов М.Н. ва профессор Станюкович К.В. дар назди Академияи илмҳо Шуъбаи ҳифзи муҳит ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ таъсис дода шуда буд. Мудирии ин шуъбаро номзади илмҳои биологӣ Сапожников Г.Г. ба уҳда гирифт. 

Моҳи октябри соли 1990, номзади илми иқтисод, Муҳаббатов Х.М. мудири шуъба интихоб шуд. Соли 1991 бо қарори Раёсати Академияи илмҳо номи шуъба ба “Шуъбаи география ва экология” тағйир дода шуд.

Дар Шуъбаи геогорафия ва экология 5 лабораторияи муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои замонавӣ амал мекард. Шуъба ба гушаю канорҳои Тоҷикистон  экспедитсияҳои зиёде ташкил мекард.

Соли 1973 баъди хуруши пиряхи муҳаррики “Хирсон”, бо супориши Совети Вазирон (Шурои  Вазирон) Тоҷикистон дар шуъба лабораторияи глятсилология ва метеорология (пиряхшиносӣ ва метеорология) таъсис дода шуд. Дар шуъба мутахассисони маъруфи соҳаи пиряхшиносӣ (Соколов Г., Финаев А. ва дигарон) кор мекарданд. Кормандони лабораторияҳо аксар пиряхҳои Помир ва кӯҳҳои Зарафшону Туркистонро меомӯхтанд.

Соли 1995 дар сохтори академия тағйиротҳо рӯй доданд. Шуъбаи география ва экология, Шуъбаи генетика ва СОПС барҳам дода шуда, сохтори нав, институти демография ташкил карда шуд.

Барҳам додани Шуъбаи география ва экология боиси он гардид, ки мутахассисони соҳаи яхшиносӣ, об ва метеорология аз академияи илмҳо ба дигар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо гузаштанд.

Соли 2011 бо амри президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Илолов М.И. дар назди Раёсати АМИТ аз нав Шуъбаи география таъсис дода шуд.

Соли 2021 бо амри президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ номи Шуъбаи география ба Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Раёсати АМИТ иваз карда шуда он то ба ин рӯз фаъолият дорад.