02 июни соли равон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 озмоишгоҳи замонавии “Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявии пайвастагиҳои табии ва синтетикӣ” ва озмоишгоҳи “Коркарди комплексии маъданҳо”-устувор бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки таъсиси озмошигоҳҳои наву замонавӣ ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои муосир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардида буд амалӣ гардида истодаанд. Дар ин росто имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти академия дар заминаи якчнд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир ба истифода дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба истифода додани озмоишгоҳҳои мазкур Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи моддиву техникӣ таъмин мегардад.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳи мазкур охирон маротиба соли 1987 ташкил ёфта, аз он замон то инҷониб бо базаи модиву техникӣ муҷҷаҳаз нагардида буд. Маврид ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз нахустин маротиба бо ташаббусҳои роҳбарияти академия дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳо аз нав таҷдид гардида, бо асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида мешаванд. Ин сеюмин озмоишгоҳ аст, ки дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳҳо таҳқиқоти ашёҳои табиию синтетикӣ таҳияи ва таҳқиқи маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ маҳсуб меёбанд, ки имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии кишварро фароҳам сохта, дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ баҳри рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризро хоханд гузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт борҳо дар баромадҳои хеш оиди бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ дурнамои онҳо дар рушди соҳаи илм ва амалисозии ҳадафи чоруми Ҳукумати ҶТ – саноатикунониии кишвар ибрози ақида намуда, рушди соҳаҳои илми кишварро дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб дониста, дастовардҳои боэътимоди соҳаҳои илмро асоси рушди босуботи саноатии кишвари азизамон арзёби намудаанд.
Воқен дар дунёи муосир, ки рушди илм ва технология ҳар рӯз қадамҳои бузург мебардорад, захираҳои табиӣ дигар наметавонанд танҳо дар шакли ашёи хом истифода шаванд. Яке аз самтҳои муҳими рушди саноатӣ ва иқтисодӣ — **коркарди мукаммали маъданҳои мураккаб** мебошад. Дар Тоҷикистон низ як маркази илмӣ-тадқиқотие мавҷуд аст, ки даҳсолаҳо боз дар ин самт фаъолият мекунад ва дастовардҳои он қобили таҳсину таваҷҷуҳи хосаанд. Мо дар бораи Озмоишгохи коркарди комплексии ашёи минералӣ ва партовҳо сухан мегӯем — яке аз марказҳои пешсафи илмии кишвар.
Захираҳои бой, вале мураккаб
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маъданҳои гуногуни табиӣ мебошад, ки дар таркиби онҳо моддаҳои бисёр пурарзиш, ба монанди бор, алюминий, кремний ва дигар унсурҳои муҳим мавҷуданд. Аз ҷумла, маъданҳои **боросиликатию алюмосиликатӣ** дар табиати кишвар фаровонанд ва захираи бузурге ташкил медиҳанд. Аммо мушкил дар он аст, ки ин маъданҳо дорои таркиби мураккаб мебошанд ва ҷудо кардани унсурҳои арзишманд аз онҳо бо роҳҳои оддӣ ғайриимкон аст.
Ҳамин сабаб шудааст, ки зарурати таҳияи **технологияҳои муосир, камхарҷ ва самараноки коркард** ба миён ояд. Маҳз ҳамин масъала ҳадафи асосии фаъолияти ин лаборатория мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳими лаборатория — таҳияи усулҳое мебошад, ки ба муҳити зист зарари камтар расонида, **иқтисодӣ ва бепартов** бошанд. Имрӯз тамоми ҷаҳон ба коркардҳои “сабз” рӯ овардааст. Лабораторияи мо низ дар ин самт фаъолона тадқиқот мебарад. Ҳадаф он аст, ки ҳатто **партовҳои пас аз коркард**, ки дар гузашта ба табиат партофта мешуданд, ба маҳсулоти фоиданок табдил ёбанд. Масалан, боқимондаҳои маъдан метавонанд дар сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ҳатто дар кишоварзӣ ҳамчун нуриҳои минералӣ истифода шаванд.