Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола ба ҳайси ҳуҷҷати стратегии давлатӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дастовардҳои яксола ва ҳадафҳои ояндаи рушд муайян карда шудааст.

Паёми соли 2025, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ садо дод, аз нигоҳи маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар ин паём масъалаҳои баланд бардоштани маош, нафаќа, дастгирии табақаҳои осебпазир, рушди иқтисод, таҳкими фарҳанг, худшиносии миллӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди инсонӣ ва таъмини бақои давлат арзёбӣ кард.

Аз нигоҳи маънавӣ, Паёми Президент ҳамчун ҳуҷҷати баландмартобаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ, ки дар он арзишҳои миллӣ, таърихӣ, динӣ ва башарӣ инъикос ёфтаанд, баромад намуданд. Дар ин паём таваҷҷуҳи махсус ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, таърихи тамаддунии он, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг, ҳифзи забони давлатӣ, анъана ва суннатҳои неки ниёгон равона гардидааст. Махсусан, зикр гардидани таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин, ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, гувоҳи он аст, ки давлат ба ҳифзи мероси маънавии миллат ва арзишҳои башарӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ин иқдомҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани эътиқоди халқ ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳувияти фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дур будан аз таассубу хурофот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «мо бояд фарзандонамонро соҳиби саводу дониш, касбу ҳунар, маърифату фарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ тарбия намоем». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси маънавии сиёсати давлат дар самти ташаккули шахсияти комил, фарҳангдӯст, ватанпараст ва донишманд арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Паём ҳамчунин, ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси ифодаи масъулияти маънавии давлат дар назди ояндаи башарият арзёбӣ кард.

Яке аз бахшҳои Паём, ки ба масъалаи бақои миллат ва ҷаҳон нигаронида шудааст, иқдоми Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера мебошад. Муњтарам Эмомали Раҳмон, Президенти Љумњурии Тољикистон бо ифтихор иброз намуд, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардид. Ин иқдом на танҳо далели сиёсати экологии кишвар, балки нишонаи масъулияти ҷаҳонии Тоҷикистон дар муқобили тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Ин иқдом сиёсати пайваста ва стратегии давлатро дар самти илми экологӣ, обу иқлим ва ҳифзи захираҳои табиӣ нишон медиҳад. Институт на танҳо маркази илмӣ, балки платформаи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои криосфера хоҳад буд. Ин иқдом ба мақсади таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст.

Аз нигоҳи сиёсӣ, Паёми Президент ҳамчун сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти таҳкими суботу оромӣ, рушди демократия, таъмини волоияти қонун, тақвияти сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегардад. Дар паём зикр гардидани дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, татбиқи сиёсати «дарҳои кушода», ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро тадриҷан тақвият мебахшад. Сиёсати хориҷии кишвар, ки бар пояи принсипҳои эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти фарогир асос ёфтааст, дар ин паём бо диди стратегӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон, Паём ҳамчун сиёсати дохилии давлат дар самти тақвияти идоракунии давлатӣ, ислоҳоти идорӣ, мубориза бо фасод, рушди соҳибкорӣ ва таъмини амнияти иҷтимоӣ пешниҳод мегардад. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад». Ин самтҳо ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошанд, ки дар онҳо ҳадафҳои стратегии кишвар то соли 2030 инъикос ёфтаанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030, ки ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 муайян гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси сиёсии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Аз нигоҳи аҳамияти иҷтимоӣ ва бақоии Паём, бояд таъкид намуд, ки ин суханронии Президент на танҳо барномаи амали Ҳукумат аст, балки он ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани маош, пенсия, дастгирии табақаҳои осебпазир, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди инсонӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Махсусан, зикр гардидани баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои буҷетӣ аз 1-уми сентябри соли 2026, инчунин, индексатсияи пенсияҳо на кам аз 15 фоиз, гувоҳи он аст, ки Ҳукумат ба таъмини адолати иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин иқдомҳо на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, балки аз нигоҳи маънавӣ ва сиёсӣ низ аҳамияти калидӣ доранд, зеро онҳо ба ташаккули эътимоди ҷомеа ба давлат, тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи рушди бозори меҳнат, таъсиси ҷойҳои корӣ, дастгирии соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси иҷтимоии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ кард. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шавад ва дар ин раванд нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд бардошта шавад». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси бақоии сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ кард, зеро таъмини шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат мебошанд.

Дар ҷамъбаст, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси ҳуҷҷати стратегии маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки дар он арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давлат, ҳадафҳои ояндаи рушд ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумат инъикос ёфтаанд, бояд ба ҳайси асоси фалсафии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди инсонӣ ва таъмини бақои давлат арзёбӣ намуд. Ин паём на танҳо барномаи амали Ҳукумат аст, балки он ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои бақои давлат, ташаккули ҳувияти миллӣ, тарбияи насли наврас ва таъмини суботи иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, аҳамияти ин паём барои ояндаи давлат, миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бениҳоят зич буда, онро метавон ба ҳайси асоси илмӣ, фалсафӣ ва сиёсии рушди устувори Тоҷикистон дар давраи навини таърихӣ арзёбӣ кард.

Профессор Қаюмов Абдулҳамид - сарходими илмии Маркази

омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Точикистон.

Аз 19 то 20 декабри 2025 дар Токиои Ҷопон, бори аввал дар сатҳи роҳбарон, Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” (CA+JAD) баргузор гардид. Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз соли 2004 инҷониб равобитро дар қолаби муколама маҳфуз медоранд ва дар ду даҳсолаи охир 10 мулоқоти сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор кардаанд. Бо баргузор намудани Нишасти Токио дар нимаи дуюми декабри 2025 бори аввал аст, ки ҷониби Ҷопон ин қолабро ба сатҳи роҳбарони олӣ баланд бардошт.

Барои Ҷопон, ин нишаст имкониятест барои баланд бардоштани ҳузури худ дар фазое, ки муддати тӯлонӣ дар доираи манфиатҳои геополитикии дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дошт. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги маъданӣ, аз ҷумла унсурҳои нодири заминӣ ва уран мебошанд, яъне маводе, ки барои барномаҳои дифоъӣ ва таҳаввулоти энергетикӣ муҳиманд. Ҷойгиршавии Осиёи Марказӣ дар фазои ҳаётии Русия, Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна минтақаро ба як долони стратегӣ барои инфрасохтор ва тиҷорати минтақавӣ табдил медиҳад.

Ҷопон бо мизбонии роҳбарони олии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аввалин нишастро дар сатҳи баландтарин баргузор намуд.Хонум Такайчи Санае, сарвазири Ҷопон, раёсати ин нишастро ба ӯҳда дошт.Дар ин Ҳамоиш, бо иштироки президентҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки шарикони нигоҳдорӣ ва тақвияти низоми байналмилалӣ дар асоси волоияти қонун мебошанд, давлатҳои иштирокчӣ дар бораи пешбурди рушди мустақилона ва устувор дар минтақа, мубодилаи афкор карданд.

Ҷопон тавассути ин Ҳамоиш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шарикии муҳим ва муносибатҳои вусъатёбандаи ҳамкории худро тасдиқ намуда, ҳамкории мутақобилан судманди худро минбаъд тақвият медиҳад. Ба муносибати ин Ҳамоиш, Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Форуми тиҷоратии “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”-ро баргузор намуд.

Сарвазир Ҷопон хонум Такайчи инчунин бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом намуда ва дар бораи тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ дар баробари дигар масоил мубодилаи афкор кард.

Таҳлили ҳадафҳои Ҳамоиш ва натиҷаҳои васеътари геополитикии он нишон медиҳад,ки Токио тасмим дорад шарикии иқтисодӣ ва амниятии худро дар минтақае, ки қудратҳои ҷаҳонӣ бештар дар он рақобат мекунанд, гуногунранг созад.

Ҷопон бо баргузории ин Ҳамоиши аввалини нишасти роҳбарони худ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон тағйироти назаррасро дар сиёсати хориҷии худ нишон медиҳад. Ин чорабинӣ, ки дар асоси омилҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва геополитикӣ замина мегирад, ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии Ҷопонро барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш дар Осиёи Марказӣ инъикос мекунад.

Осиёи Марказӣ, ки аз давлатҳои миллӣ, яъне Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон иборат аст, барои ҷаҳони пуртазоди имрӯза аҳамияти бузурги геополитикӣ,геофарҳангӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин минтақа як долони муҳим барои тиҷорат байни Осиёву Аврупо ва Ховари Миёна ва Наздик мебошад. Захираи унсурҳои нодири заминӣ ва уран барои бахшҳои технология ва энергетикаи Ҷопон хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Илова бар ин, ҷойгиршавии стратегии ин минтақа дар наздикии чорроҳаи Авруосиё онро ҳамчун рукни устувории минтақавӣ ва рушди инфрасохторӣ муаррифӣ мекунад.

Осиёи Марказӣ муддати тӯлонӣ аст,ки барои Русия ва Чин, бахусус тавассути долони иқтисодии Чин , минтақаи таъсиргузор маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин,Осиёи Марказӣ бо назардошти аҳамияти стратегии худ, диққати дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиро, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ШМА ва Ҷопонро ба худ ҷалб кардааст.

Бояд таъкид намоем,ки сарвати маъдании Осиёи Марказӣ, бахусус унсурҳои нодири заминӣ, ки барои соҳаи мудофиа ва технологияҳои сабз муҳиманд, бо ниёзҳои энергетикӣ ва истеҳсолии Ҷопон бархурдор мебошанд. Бо сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, Ҷопон ҳадаф дорад, ки дастрасӣ ба ин захираҳоро таъмин кунад ва вобастагии худро аз занҷирҳои таъминоти дигар давлатҳои Осиё коҳиш диҳад. Алъон Ҷопон шарикии устувор ва шаффофро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид мекунад ва худро ҳамчун як давлати масъулиятшинос дар минтақаи мо муаррифӣ менамояд.

Рӯзномаи Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” (CA+JAD) дар Токио ба се рукн тамаркуз кард: ҳамкории иқтисодӣ, рушди инфрасохторӣ ва шарикии амниятӣ. Ҷопон дар ин Ҳамоиш нишон дод,ки таваҷҷӯҳи Ҷопон ба татбиқи лоиҳаҳои “инфрасохтори босифат” дар минтақаи мо , ба монанди низомҳои шабакаи зеҳнӣ ва пайвасти рақамӣ хеле зиёд аст.

Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Ҷопон як қадами муҳим дар талошҳои ин кишвар барои таъмини нақши намоён дар минтақаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз абзорҳои иқтисодӣ ва мувозинати дипломатӣ, Ҷопон мекӯшад, ки таъсири дигар кишварҳои қудратманди осиёгиро дар минтақа коҳиш диҳад ва доираи шарикии ҷаҳонии худро гуногунранг созад. Ташаббусҳои нави Ҷопон, ба монанди Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, бо ҳадафи институтсионализатсияи ҳамкорӣ татбиқ мегардад.

Вуруди Ҷопон ба арсаи Осиёи Марказӣ аз оғози фаъолияти низоми бисёрқутбаи муносибатҳои байналмилалӣ,ки айни замон эъмори он идома дорад, далолат мекунанд Дар ҳоле ки баъзе давлатҳои авруосиёгӣ бартарии иқтисодӣ ва низомиро дар минтақаи мо маҳфуз медоранд, тамаркузи Ҷопон ба шарикии устувор метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мехоҳанд сиёсати бисёрсамтаи хориҷии худро идома диҳанд,ҷолиб бошад.

Стратегияи Ҷопон дар Осиёи Марказӣ бо иштироки ин кишвар дар муколама оид ба амният дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором ва иттифоқи чоргонаи ин давлат бо ШМА, Ҳиндустон ва Австралия (QUAD) тавъам мебошад. Токио бо тақвияти робитаҳои наздиктар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, умқи стратегии худро дар Авруосиё тақвият медиҳад.

ҲАЙДАРЗОДА Рустам, директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Фонди байналмилалии сулҳи Россия номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарварони давлатҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни мардум ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пешбарӣ кардааст.

Дар хабарномаи Фонд зикр шудааст, ки 31-уми марти соли 2025 дар нахустин нишасти сарварони се давлат дар шаҳри Хуҷанд санадҳои таърихӣ – Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти марзҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эъломияи дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, ки ба таъмини ҳадафҳои устувори сулҳу субот ва рушди устувори тамоми минтақа хизмат мекунанд. Таъкид шудааст, ки ба шарофати талошҳои раҳбарони ин кишварҳо амният дар фазои Авруосиё таъмин шуда, муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди идеяи эҷоди фазои бидуни раводид ва ҷалби сайёҳон ба минтақа идома дорад.

Ин Ҷоиза барои дастовардҳои барҷаста дар фаъолиятҳои пешгирии хатари сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи башар, пешгирӣ кардани мусаллаҳшавии бошитоб, барпо намудани ҷаҳони бисёрқутба ва қонунсолор, муваффақият дар соҳаи демилитаризатсия, демократия ва гуманизм, барои фаъолияти сулҳофарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дода мешавад.

Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Моҳи сентябри соли равон бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд.

Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ аз қадимтарин ормонҳои ҷомеаҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар шароити муосир сулҳу субот на танҳо кафолати амнияти шаҳрвандон, балки заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо маҳсуб меёбад. Барои минтақаҳое, ки таърихан бо гуногунрангии этникӣ, мазҳабӣ ва манфиатҳои геополитикӣ тавсиф мешаванд, сулҳ аҳамияти хосса касб мекунад.

Осиёи Марказӣ, ки дар чорроҳаи тамаддунҳо қарор дорад, дорои захираҳои ғании табиӣ ва мавқеи муҳим дар низоми байналмилалӣ мебошад. Аммо ин минтақа ҳамеша бо мушкилоти мураккаб рӯ ба рӯ будааст: аз ихтилофҳои сарҳадӣ ва тақсими об то хатарҳои терроризм ва таъсири рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ. Хусусияти дигари минтақа дар он аст, ки ҷомеаҳо аз ҷанги дохилӣ, муҳоҷират, фақр ва осебпазирии иқтисодӣ низ ранҷ кашидаанд. Аз ин рӯ, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ на танҳо масъалаи дохилии ҳар як кишвар, балки зарурати умумиминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Дар чунин шароит нақши роҳбарон, ки тавонанд сиёсати сулҳофариро пеш баранд, ҳалкунанда мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои марказии минтақа аст, таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба майдони муҳимтарини сулҳсозӣ табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванди мураккаб нақши калидӣ бозида, ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори сулҳ шинохта шудаанд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992) боиси талафоти бузурги инсонӣ ва муҳоҷирати густурда гардид. Дар ҳамин давраи буҳронӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ ва сиёсати созанда роҳи сулҳро пеша карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, барои Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид.

Дар заминаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ ба як самти асосии дипломатияи муосир табдил ёфтааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо терроризм ва зарурати ҳамкорӣ намунаи барҷастаи сиёсати сулҳофарии глобалӣ гардиданд. Тоҷикистон бо ин иқдомҳо худро ҳамчун субъекти фаъол ва масъули низоми байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар сатҳи минтақавӣ мушкилоти Осиёи Марказӣ, асосан, ба масъалаҳои сарҳадӣ, обу энергетика ва ноамнӣ дар Афғонистон вобаста буданд. Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне буданд, ки зарурати ҳамкориҳои дӯстона ва муколамаи созандаро бо ҳамсоягон таъкид намуданд. Аз ибтидои солҳои 2000-ум равобити Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид шуд. Лоиҳаҳои иқтисодиву инфрасохторӣ – аз неругоҳҳои барқи обӣ то роҳҳои байникишварӣ ба таҳкими мутақобилаи сиёсиву иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат карданд.

Масъалаи Афғонистон ҳамчун «ҳалқаи заъфи амниятии минтақа» дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дошт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳ дар Афғонистон сулҳ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа аст. Тоҷикистон бо баргузории конфронсҳо ва нишастҳои сатҳи олӣ талош намуд, ки майдони гуфтугӯҳои сулҳ гардад ва мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори сулҳи умумибашарӣ тақвият бахшад.
Дар соли 2025 қадами муҳим ва таърихӣ – имзои Созишнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. Ин санадҳо, ки бо иштироки сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул шуданд, ҳамчун намунаи равшани дипломатияи сулҳофарӣ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ сабт гардиданд.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой маҳз барои қадрдонии чунин талошҳо пешбинӣ шудааст. Ҷоиза ба ифтихори нависанда ва мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ Лев Николаевич Толстой (1828-1910) номгузорӣ гардида, рамзи умумибашарии сулҳ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Ба ҳайати доварон шахсиятҳои маъруфи сиёсии кишварҳои гуногун шомиланд. Раиси ҳайат, Валерий Гергиев, таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии ҷоиза пешбурди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила дар саросари ҷаҳон аст.
Дар соли 2025 ҳайати доварӣ Эмомалӣ Раҳмонро барандаи Ҷоиза эълон намуд. Имзои созишномаҳои сарҳадот ва Эъломияи дӯстии абадӣ ҳамчун дастоварди калидӣ арзёбӣ гардид.

Сарфароз шудани Пешвои миллат бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Ин Ҷоиза на танҳо шахсияти Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳ эътироф намуд, балки мақоми байналмилалии кишварро низ боло бурд. Ҳамзамон, он нишон дод, ки сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон намунаи муваффақи ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ буда, арзиши умумибашарӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар дохил ва ташаббускори дипломатияи сулҳофарӣ дар хориҷ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижа пайдо карданд. Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой на танҳо ба хизматҳои шахсии ӯ, балки ба роҳи пуршарафи халқи тоҷик ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арҷ гузошт. Эътирофи байналмилалӣ собит месозад, ки сиёсати сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти на танҳо миллӣ, балки умумибашарист.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои кимиё, муовини директор

оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо»)

“Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон, Пайём 16.12.2025.

Тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии глобалӣ, аз байн рафтани захираҳои обӣ, ноустувории гуногунии биологӣ, офатҳои пайвастаи табиӣ ва коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо тайи даҳсолаҳои охир ҳаёти башариятро зери таҳдид қарор додааст.

Обшавии бесобиқаи пиряхҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мебошад, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ба вуҷуд омадааст. Баланд шудани ҳарорати ҳаво боис мегардад, ки пиряхҳо босуръат об шаванд ва ҳаҷми онҳо сол ба сол кам гардад. Ҳамчунин обшавии пиряхҳо сабаби баланд шудани сатҳи баҳру уқёнусҳо гардида, баъзе шаҳрҳо ва минтақаҳои соҳилиро зери хатари обхезӣ қарор медиҳад.

Пиряхҳои Тоҷикистон, манбаи асосии захираҳои обии минтақа ба шумор рафта, тайи даҳсолаҳои охир ҳаҷман коҳиш ёфта истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 дарсади қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол медиҳанд ва маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд. Обшавии босуръати онҳо метавонад дар ҳоли ҳозир боиси зиёд рух додани селу обхезиҳо гардида, дар ояндаи наздик бошад норасоии обро барои кишоварзӣ, энергетика ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд орад.

Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазами қабати криосфераи Замин, ҳолати кунунии пиряхҳо, ҷорӣ намудани усулҳои сарфакоронаи истифодаи об, ҳифзи амнияти экологии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо ва аҳамияти махсус дорад.

Дар ин раванд силсилаташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон, ки ба коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо равона шудаанд, аҳамияти хосаро касб менамоянд.

Бо назардошти мавқеи хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ, пиряхҳо нақши калидӣ дар ташаккули захираҳои обии кишвар ва минтақа мебозанд. Асоси сарчашмаҳои оби дарёҳои кишвар маҳз пиряхҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити гармшавии глобалӣ коҳиш ёфтани ҳаҷм ва тағйир ёфтани ҳолати пиряхҳо метавонад ба амнияти обӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, гуногунии биологӣ ва амнияти эко-логӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Дар чунин вазъият таҳкими заминаи илмӣ ва институционалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳо ва криосфера зарурати аввалиндараҷа дорад.

Зимни ироаи Паём 16 декбри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва сарчашмаҳои оби тоза дар ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда, ҳалли ин мушкилоти муҳимро дар мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштанд. Инчунин қайд карданд, ки:

«Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад».

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба табдил додани Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» иқдоми бисёр муҳим, дурандешона ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ин қарори саривақтӣ на танҳо мавқеъ ва рушди фаъолияти як ниҳоди илмиро дар назар дорад, балки ба ҷанбаҳои муҳими омӯзиши пиряхҳо, яхбандиҳои абадӣ, қабати барф, захираҳои обӣ ва хусусан ҳолати кунунии криосфера дар шароити тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Табдил ёфтани ин Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотӣ аз “марказ” ба “институт” дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон уҳдадории мутахассисони ин муассисаро беш аз пеш афзуда, ҷиҳати фарохтар ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Минбаъд Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» метавонад тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалиро ҷиҳати омӯзиши барфҳои доимӣ, яхбандиҳои абадӣ, инчунин ҳолат, сохтор, деградатсия, динамика ва мониторинги пиряхҳоро ба роҳ монда, ҳамзамон таҳқиқи дигар унсурҳои криосфераро нҷом диҳад. Инчунин институт имконияти ташкили низоми мониторинги доимии пиряхҳо, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳифзи маълумотҳои илмии соҳаро дар сатҳи миллӣ таъмин менамояд.

Илова бар ин, таъсиси институт ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ватанӣ ва рушди иқтидори илмии миллӣ мусоидат мекунад. Мутахассисони ҷавон минбаъд метавонанд дар дохили кишвар дониш, малака ва таҷрибаи соҳавии хешро сайқал дода, омӯзиши пиряхҳо ва криосфераро бо усулҳои муосир анҷом диҳанд ва ба рушди илми глятсиологияи тоҷик саҳм гузоранд.

Ин иқдом ба болоравии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар самти омӯзиши криосфера, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо мусоид карда, боиси баланд бардоштани нуфуз ва мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нақши онро дар таҳқиқотҳои байналмилалии пиряхҳо ва криосфера тақвият мебахшад.

Аз нигоҳи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ ин иқдом аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираи зиёди пиряхҳо метавонад ба як маркази муҳимми илмиву тадқиқотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил ёбад. Ин боиси густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва болоравии нуфузи кишвар, инчунин омили пиёдасозии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон- ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.

Албатта ин амр инъикоси ҳамаи пажӯҳишҳо ва саъйю талошҳои кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” буд, ки аз мадди назари Сарвари хирадпеша ва Пешвои дурандеши кишвар дур намонд. Минбаъд низ мутахассисони ин муассисаи илмӣ камари ҳиммат баста, ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо, крисфера ва инчунин дар амал татбиқ намудани Ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат саъйю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Илова гардидани ибораи «криосфера» ба номи институт тақозо, менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон майл дорад бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамқадам шавад ва дар таҳқиқотҳои байналмиллалии минбаъдаи иқлим ва қабати яхбастаи Замин саҳмгузори фаъол бошад. Ин тадбир на танҳо рушди илмии кишварро таъмин мекунад, балки барои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ дошта, барои рушди устувори кишвар ва ҳифзи муҳити зист заминаи илмӣ ва амалӣ шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҳамроҳ гардидани ин ибора (криосфера) ба номи муассиса нишон медиҳад, ки фаъолияти муассиса на танҳо ба омӯзиши пиряхҳои маҳаллӣ тамарқуз мекунад, балки тамоми системаи яхбандии Замин ва таъсири он ба иқлим, обу ҳаво ва муҳити зистро таҳқиқ менамояд.

Хулоса, супориши Президенти кишвар оид ба табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» як қадами устувори стратегӣ ва ояндасоз мебошад. Ин қарор ба ҳифзи захираҳои обӣ, амнияти экологӣ, рушди илми глятсиологияи тоҷик ва омӯзиши кириосфера мусоидат намуда, аҳамияти илмии он дар солҳои минбаъда боз ҳам бештар эҳсос хоҳад шуд.

Убайдулло Убайдуллоев -ходими калони илмии МДИ «Маркази

омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

«Бо дарназардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини рушди устувор нақши муҳим мебозад. Солҳои охир рушди ин соҳа ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардид.

Ҳамасола 22 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Соҳаи энергетика дар рушди иқтисоди мамлакат нақши калидӣ дошта, яке аз бахшҳои муҳими ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Рӯзи энергетикҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил гардида, дар қатори идҳое қарор дорад, ки аҳамияти баланди иҷтимоӣ доранд.

Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаи энергетика мебошад. Ин рӯз ҳамзамон ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба заҳмату хизматҳои кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисону кормандони неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин ҳамаи онҳое аст, ки дар ин самт софдилона фаъолият менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳалли мушкилоти ҷомеаи башарӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола тавассути масъалаҳои мубрами об дар сайёра, чандин ташаббусҳои наҷибро дар соҳаи обу экология, ҳифзи пиряхҳо ва энергияи «сабз» пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетика идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки ҳамчун иншооти стратегии аср шинохта шудааст. Ба истифода додани ду агрегати аввали неругоҳ ба беҳтар гардидани таъминоти барқ дар кишвар мусоидат намуд. Тибқи нақша, ба кор даровардани агрегати сеюм дар соли 2027 имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил гардад.

Ҳамзамон бо рушди гидроэнергетика, таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус неруи офтоб, равона шудааст. Барномаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии то 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад. Ин иқдом на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидат мекунад.

Дар самти идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои муосир низ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ мегардад. Ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика шаффофиятро афзоиш дода, таъсири омили инсониро ба маротиб коҳиш дод. Рақамисозии соҳа ба истифодаи самараноки неруи барқ ва беҳтар шудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Рушди ин соҳаи ҳамчунин ба афзоиши истеҳсоли саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина хуб фароҳам овард. Суръати рушди саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз расид, ки нишондиҳандаи баланд дар минтақа маҳсуб меёбад.

Сиёсати давлатии энергетикӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, рақамисозии соҳа ва ҷалби сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи ин стратегия имкон медиҳад, ки энергетика ба муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфта, ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо сиёсати дурбинона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат энергетика ба яке аз самтҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳамчун пояи асосии истиқлоли давлатӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ гардид.

Амалӣ гардидани иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат дар самти беҳтаргардонии ҳолати экологӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои беназири Президенти мамлакат дар соҳаи обу энергетика мебошад. Ба кор даровардани ду агрегати НБО-и «Роғун», мавриди баҳрабардори қарор додани чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ, амалишавии лоиҳаи байналмилаии хати интиқоли барқи «CASA-1000», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва ғайра бозгӯи ҳамин гуфтаҳост.

Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳаҳои калидии кишвар, бахусус энергетика, аҳамияти махсус дода мешавад. Ин таваҷҷуҳ бесабаб нест, зеро энергетика пояи амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаи энергетика омили асосии рушди саноат, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегии давлат муайян карда шудааст.

Сиёсати энергетикии Пешвои миллат ба таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва рушди устувори кишвар нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати оқилона имкон медиҳад, ки соҳаи энергетика ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои наслҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузорад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми кормандони соҳаи энергетикаро ба муносибати Иди касбиашон, ки бо масъулияти баланд ва заҳмати шабонарӯзӣ дар таъмини рушди босуботи ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд ва ин заҳматҳо намунаи садоқат ба Ватан арзёбӣ мегардад самимона табрик менамоем. Ба Шумо саломатӣ, барору комёбиҳои нав пешрафти босуръат ва дастовардҳои беназир дар фаъолияти касбӣ таманно дорем.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

Мавриди ифтихор аст, ки ироаи Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ба Парлумони кишвар масъулияти шаҳрвандон ва муҳақкиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар шароити ҷаҳонишавӣ, боз ҳам дучанд афзун намуд. Зеро дар Паём дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, донистани таърихи гузаштагон, забонҳои хориҷӣ ва ҳифзи забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд шудааст.

123123Бояд тазаккур дод, ки Паёми навбатии Президенти кишвар барои миллати мо як Консепсияи стратегии таҳлилию ҷамъбастие мебошд. Дар он моҳияти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон бо такя ба рушди иқтисодиёти замони соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва равандҳои таҳкими давлатдории миллӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар масъалаҳои рӯзмарраи ҷаҳони пуртаззод, вазъи дохилии кишварамон, худшиносӣ ва ҳифзи асолати таърихию арзишҳои миллиро бо далелу роҳнамоиҳои мантиқӣ баён намудааст, ки боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад, ки ин барои мо боиси эҳтирому дастгирист.

Ҷаноби Олӣ дар Паём изҳори андеша намудаанд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».( ниг. Паём-2025)

Дарвоқеъ, Паём ҳамчун роҳбалади рушду инкишоф ва барномаи пешрафти замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша боиси дастгирӣ ва амалӣ гардонидани нуктаҳои асосии он мебошад. Аз ин рӯ, мо дар мақола бештар дар бораи ду пешниҳод ва дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя менамоем. Якум, барои таъсис додани “Маркази тамаддуни ориёӣ”. Дуюм, барои таъсиси “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе.

Зарурати таъсиси чунин марказҳои миллӣ , ба андешаи мо,

барои таҳкими ҳувияти миллӣ , эҳёи хотираи як гардиши куллии таърихию фарҳангие ба шумор мераванд, ки кӯҳанбунёд ва соҳибтамаддун будани мардуми моро тақвият мебахшанд.

Дар баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки дар шинохти давраи муҳоҷирати ориёиҳо, ки ба (ҳазораи II пеш аз мелодӣ ва ибтидои ҳазораи I п.м.) алоқаманд аст, дар қаламрави бузурги Осиёи Миёна ва вилоятҳои вобастаи он қавмҳои ориёинажоди махлутшуда (конгломерат) зиндагӣ мекарданд. Ин давраи тулоние буд, ки дар ин муддат дини нав-зардуштия рушд намуд ва дар ин қаламрав савдову кишоварзӣ, инчунин забону расму оинҳо тараққӣ ёфта будаанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки гурӯҳҳои этникӣ таназзул ёфта, тамаддунҳои суғдӣ дар шимол ва бохтарӣ дар ҷануб тараққӣ намуданд. Суғдиён дар рушд ва мондагории тамаддун дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим нақши фаъол доштанд ва ин давраро аксари олимону муҳаққиқон давраи Ориёи Бузург номидаанд, ки давраи тиллоии ниёгони мо ба ҳисоб мерафт.

Давраи муосир, яъне замони соҳибистиқлолӣ бошад, давраест, ки эҳёи тамаддуни Ориёи Бузург барои давлату миллати мо муҳиммияти масъалаи бақодорӣ дар минтақа, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи бунёди “Маркази тамаддуни Ориёӣ” ин барои миллати мо ва дигар ориёнажодон танҳо як зуҳуроти нав нест, балки ин зарурати бузурги таърихиест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамаддуни ориёиро бо идеяи муосир ва ҷасорату шуҷоатӣ беҳамто аз нав эҳё намояд.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатӣ Ҷаноби Олӣ“ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур додаанд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне “Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.”

Албатта, ин иқдоми бузурге, ки дар Паёми навбатӣ пешниҳод карда шуд, як андешаи бунёдӣ ва фаромиллие мебошад, ки

барои миллату кишвари Тоҷикистон ва дигар наслҳои ориёинажод боиси дастгирӣ ва эҳтирому эътирофи хосса мебошад.

Умуман, дар мадди аввал, зарурати ташкил намудани чунин марказҳои бонуфуз, ба андешаи мо, пеш аз ҳама, ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир ва дигаргун шудани муносибатҳои этнополитикии ҳамсоякишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобастаю пайваста мебошад.

Зарурати дуюми ташкили чунин марказҳо ин ҳифзи арзиш ва суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва манфиатҳои ҳаётан муҳим ва бақодории миллати тоҷик ва тамаддуни ориёиҳо мебошад.

Дар баробари ин, Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки “бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад. Ҳамзамон, Президенти кишвар Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотиро вазифадор намудаанд, ки “ бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”

Бояд гуфт, ки имрӯз шарҳу баёни нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати роҳбалади стратегӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар зарурияти воқеӣ дошта, барои паст намудани шиддати зуҳуроти номатлуб, хавфу хатарҳои нави ҷаҳонӣ таъсири амиқ расонида метавонад.

Мо олимону таҳлилгарони илмҳои ҷомеашиносии АМИТ дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Президенти кишварро дастгирӣ намуда, баҳри ободию пешравии кишвари азизамон ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳем. Паём ҳамчун роҳбалади рушду инкишоф ва барномаи пешрафти Тоҷикистони азиз ҳамеша боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд стратегияи рушди махсуси миллӣ дошта бошем, ки ба раванди таҳкими миллату давлат таъсири амиқ расонида тавонем. Худи ҳамин бунёди марказҳои мазкур ин эҳёи аслу насаб ва таммаддуни ориёӣ аст, ки натанҳо андешаҳои ботил ва азхудкунии асолати таърихиро маҳв мекунад, балки барои рушд ва эътирофи андешаҳои умумибашарӣ ва таҳаммулпазирӣ вусъат мебахшанд.

Ҳаминтавр, мо зиёиёну пажуҳишгарони кишвар Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ташаббусҳои судманди Ҷаноби Олӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳамеш ҳисагузор мебошем.

Муҳаммад Абдураҳмон- узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Масъалаи мазкур доимо дар мади назари сарвари давлат қарор дошт чунки обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, нигаронкунанда буда, он сарнавишти миллионҳо нафарро дар Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ муайян мекунад чунки тақдири онҳо аз як тараф аз вазъи захираҳои барф, пиряхҳо ва боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистон вобаста аст. Ин масъалаҳо доим дар баромадҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, борҳо қайд карда шудаанд. Маҳз ба шарофат ва ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон 27 марти соли 2018 Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" таъсис дода шуда буд.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо, ин Марказ бо кормандони илмӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои коркарди маҷмӯи калони маълумот, ки барои таҳлили вазъи пиряхҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва омӯзиши вазъи иқлим дар Тоҷикистон заруранд, муҷаҳҳаз гардид.

Дар баробари омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар назди Маркази таъсисдодашуда инчунин вазифаи тартиб додани Атлас ва Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон буд, зеро рақамҳо дар бораи шумораи пиряхҳои Тоҷикистон баҳсбарангезанд. Шумораи пиряхҳое, ки дар Каталоги пиряхҳои ИҶШС номбар шудаанд, метавонанд аз сабаби норасогии андозагириҳои пешин саҳеҳ ва боэътимод нестанд.

Айни замон, дар баробари дигар дастоварҳои Маркази номбурда, Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, барои 13 ҳавзаҳои дарёҳои асосии Тоҷикистон омода гардида, барои истифодабарии минбаъда пешниҳод карда мешавад. Дар навбат коркарди Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон истодааст, ки айни замон қисматҳои алоҳидаи он таҳия гардидаанд.

Боиси сарфарозии мост, ки заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Марказро ба эътибор гирифта, Асосгузори сллҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ҳамзамон ба ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар самти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера густариш дода, дастовардҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.

Ташаббуси мазкур давоми иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлати тоҷикон оид ба қабул гардидани Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар робита бо ба эълон гардидани «Соли 2025 чун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 чун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» буд ки тавассути онҳо, номи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд.

Чун давоми қабул гардидани ташаббусҳои навбатии, 12 декабри солли 2025 Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтум дар қароргоҳи ЮНЕП – дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд.

Қатъномаи мазкур аз ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳоашонро дар самти андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.

Сафаров М. Шомаҳмадов А. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Марҳалаи кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субот, устуворӣ ва тамаркузи стратегӣ тавсиф мегардад, ки ин нуктаҳо дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикоси равшан ёфтаанд. Паёми мазкур ба таври низомманд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро дар солҳои охир ҷамъбаст намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро барои давраҳои миёнамуддат ва дарозмуҳлат мушаххас мекунад. Дар ин замина, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба унвони як санади расмии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки ҳамчун манбаи мукаммали стратегии таҳлилӣ арзёбӣ мегардад, ки вазъи кунунӣ, равандҳои динамикӣ ва мантиқи дохилии равандҳои таҳаввулоти ҷомеа ва давлатдории Тоҷикистонро дар шароити чолишҳои ҷаҳонию минтақавӣ мунъакис менамояд.

Соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як марҳалаи сарнавиштсоз ва нуқтаи қатъии инкишофи таърихӣ, саршор аз рӯйдодҳо ва дастовардҳои муҳими дорои аҳаммияти бунёдӣ барои тақвияти давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ тавсиф шудааст. Яке аз авомили калидии субот ва рушди пойдор - баргузории муваффақонаи фарояндаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ ба ҳисоб меравад. Ташкили ин равандҳо бар асоси принсипҳои шаффофият, волоияти қонун ва иштироки фарогири шаҳрвандон далели ташаккули фарҳанги устувори сиёсӣ ва камолоти ниҳодии ҷомеаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Суботи сиёсӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони як арзиши меҳварӣ таъкид гардидааст, шарти зарурии татбиқи ислоҳот ва барномаҳои рушди дарозмуддат ба шумор меравад.

Мавқеи хосаро дар паёми Президенти кишвари мо масъалаи боз шудани гиреҳи таърихии марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки зиёда аз як аср ҳалношуда боқӣ монда буд, касб кардааст. Имзои Созишнома дар мавриди муайян намудани марзи давлатӣ, инчунин тавоффуқномаи сеҷониба бо ширкати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яке аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ ва минтақавии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин қарор на танҳо манобеи эҳтимолии танишро аз байн бурд, балки барои таъмини сулҳ, амният ва рушди равобити неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ, ки комилан ба ҳадафҳои стратегии суханронии Роҳбари кишварамон мутобиқат мекунад, заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши фаъол ва ибтикоронаи кишвар дар умури байналмилалӣ низ таъкид мекунад. Иқдомоти ҷаҳонии кишвари мо дар масоили ҳифзи пиряхҳо, илми криосфера, захоири об, маърифати ҳуқуқӣ ва рушди зеҳни сунъӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонии густурда ёфта, дар қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассум ёфтаанд. Ин ибтикорот на танҳо тавоноии Тоҷикистонро дар мутобиқшавӣ ба чолишҳои глобалӣ нишон медиҳанд, балки саҳми назаррасеро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ низ мегузоранд, ки дар суханронии Президенти кишвар ҳамчун унсури муҳимми таҳкими нуфузи байналмилалии давлат арзёбӣ гаштааст.

Тавсеаи иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, замон тавре, ки дар Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал зикр гардидааст, бо суръати баланди рушди иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти системавӣ тавсиф меёбад. Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва ду барномаи кӯтоҳмуҳлат ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 3,4 маротиба мусоидат намуда, рушди устувори миёнаи солонаи иқтисодиёт, болоравии даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро таъмин кардааст. Дар Паёми имсола афзоиши давомнокии миёнаи умр то 77 сол, зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва васеъ гардидани табақаи миёна ҳамчун нишондиҳандаҳои калидии болоравии сатҳи зиндагӣ ва таҳкими устувории иҷтимоӣ таъкид шудаанд.

Сиёсати сармоягузорӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз авлавиятҳои тавсеаи иқтисодӣ матраҳ шудааст, манобеи молии қобили таваҷҷуҳро ба иқтисодиёти кишвар таъмин намуда, рушди инфрасохтор, саноат, энергетика, нақлиёт ва соҳаи иҷтимоиро ҳадаф қарор додааст. Қабули Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2026–2030 ба унвони марҳилаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, нишондиҳандаи идомадории банақшагирии давлатӣ ва тамаркуз ба натиҷаҳои дарозмуддат мебошад. Аҳдофи ду баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз ва васеъ намудани табақаи миёна то 50 фоизи аҳолӣ дар Паёми Президент ба унвони нуқтаи атф (ориентир)-и стратегии дастрас ироа шудааст.

Таваҷҷуҳи хоса дар паёми Президенти кишвар ба рушди шакли нави иқтисодиёт, ки бар дониш, инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ асос ёфтааст, зоҳир карда шудааст. Дар ин замина, равандҳои рақамикунонии идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, инчунин рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва платформаҳои рақамӣ нақши муҳимро мебозанд. Натоиҷи амалии рақамикунонӣ, бавижа татбиқи низоми муосири ҳисоббарор (биллинг) дар бахши энергетика, ба унвони намунаи рушане аз иқтидори роҳҳалҳои рақамӣ, ки дар паёми сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, баррасӣ шуда, ҳамзамон ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва шаффофияти равандҳои иқтисодӣ арзёбӣ гаштанд.

Бахши хусусӣ, ки дар суханронии Президенти кишвар ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи иқтисод муаррифӣ шудааст, қисмати зиёди истеҳсолот ва шуғли аҳолиро таъмин менамояд. Сиёсати давлатӣ бо ҳадафи ҳимоят аз соҳибкорӣ, такмили идоракунии андоз ва густариши дастрасӣ ба манобеи молиявиро метавон ба унвони татбиқи амалии аҳдофи стратегии ин паём баррасӣ кард. Рушди низоми молиявӣ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ ва барномаҳо ҷиҳати тавсеаи бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла вомбаргҳои сабз, ҳамчун унсурҳои асосии ташаккули иқтисодиёти устувор ва гуногунсамт баррасӣ мегарданд.

Саноатикунонии босуръат, ки дар паёми Сарвари давлат ба унвони як авлавият матраҳ шудааст, ба омили калидии рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бунёд ва ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ ва афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ нишондиҳандаи тавсеаи иқтидори истеҳсолии кишвар мебошанд. Дар ин раванд ба рушди истихроҷ ва коркарди захоири маъданӣ, ки ба диверсификатсияи иқтисодиёт ва густариши фурсатҳои содиротӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бахши энергетика, ки дар паёми Президенти кишвар нақши стратегӣ ба он ихтисос дода шудааст, ба унвони заминаи асосии истиқлолияти иқтисодӣ ва тавсеаи пойдор баррасӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Роғун», ҳамчунин тавсеаи энергетикаи офтобӣ, ба авлавиятҳои гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мутобиқат менамояд. Мавҷудияти захоири назарраси неруи барқи обӣ барои рушди соҳаҳои саноати серэнергия (энергияёмкий), аз ҷумла инфрасохтори зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди додаҳо, ки ин нуқта нтз дар суханронии Пешвои миллат мавриди таъкид қарор гирифтааст заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Сарфи назар аз маҳдудиятҳои иқлимӣ ва табиӣ, соҳаи кишоварзӣ ҳамоно яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ ва пояи асосии амнияти озуқаворӣ маҳсуб мегардад. Ин воқеият дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид гардидааст. Рушди пойдор дар тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, сатҳи баланди таъминоти бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, инчунин татбиқи чораҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани навовариҳо дар истеҳсоли пахта ва идоракунии захираҳои обӣ ба унвони унсурҳои асосии сиёсати дарозмуддати аграрӣ баррасӣ мешаванд.

Тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳсозӣ низ аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун шарти ҳаётан муҳим барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шудааст. Зеро сохтмони роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, пулҳо, нақбҳо ва фурудгоҳҳо ба таҳкими иқтидори транзитии кишвар ва густариши равобити иқтисодии байни минтақаҳо мусоидат намудааст.

Сиёсати иҷтимоӣ, ки дар паёми Пешвои миллат мавқеи меҳвариро касб кардааст, ба рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Афзоиши назарраси маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, инчунин болоравии музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳамчун намунаи модели низомманди рушди иҷтимоии инсонмеҳвар арзёбӣ мегардад. Дар Паёми имсола дастгирии ҷавонон ва занон ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи давлат ва омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ таъкид мешавад.

Ҷанбаҳои фарҳангӣ – тамаддунӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғиби мероси фарҳангии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ марбут мебошанд, низ дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуданд. Ба расмият шинохта шудани ёдгориҳои бостонии Хуталон аз ҷониби ЮНЕСКО, рушди инфрасохтори фарҳангӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар ҳамчун унсурҳои сиёсати ҳадафманди эҳёи маънавию фарҳангӣ арзёбӣ мегарданд.

Таҳлили гузаронидашуда имкон медиҳад то ба хулосае расем, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади мукаммалу фарогири стратегӣ баромад намуда, натиҷа ва самтҳои афзалиятноки рушди миллиро дар марҳалаи муосир инъикос менамояд. Мазмуни Паёми имсола аз хусусияти низомманд ва ҳамгироии ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда шаҳодат дода, доираи васеи соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ ва фарҳангию тамаддуниро фаро гирифта, на танҳо натоиҷи марҳалаи қаблиро ҷамъбаст менамояд, балки дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ самтгирӣ ва дастурҳои консептуалиро ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми давлатдорӣ низ пешниҳод мекунад.

Дар Паёми зикршуда ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ, устувории ниҳодӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба унвони омилҳои калидии рушди пойдор ва дарозмуддати давлат аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Татбиқи муваффақонаи равандҳои сиёсӣ, инчунин ҳалли таърихии масъалаҳои марзӣ бо давлатҳои ҳамсоя, далели камолоти ниҳодҳои давлатӣ ва қобилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини самараноки амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин дастовардҳо заминаи мусоиди ниҳодӣ ва иҷтимоию иқтисодиро барои амалисозии барномаҳои стратегии рушди кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меоранд.

Натоиҷи иҷтимоӣ - иқтисодие, ки дар Паёми имсола ироа шуданд, самаранокии модели интихобгардидаи рушди кишварро, ки дар заминаи барномарезии стратегӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва таҳаввули сохтории иқтисодиёт асос ёфтаанд, тасдиқ менамоянд. Рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ ва тавсеаи сармояи инсонӣ хусусияти пешрафта ва тамоюли иҷтимоии равандҳои трансформатсионии амалишавандаро инъикос мекунанд.

Қобил ба зикр аст, ки Паёми имсола ташаккули навъи ҷадиди иқтисодро, ки ба дониш, навоварӣ, технологияҳои рақамӣ ва принсипҳои рушди «сабз» асос меёбад, ҳамчун омили калидии таъмини рақобатпазирии дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд. Дастгирии бахши хусусӣ, саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори энергетикӣ ва татбиқи қарорҳои рақамӣ маҷмӯи тадбирҳои муассирро ташкил медиҳанд, ки ҳадафи онҳо таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва диверсификатсияи иқтисоди миллӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба унвони як мабнои методологӣ ва стратегӣ барои дарки фарогири фарояндаҳои рушди миллӣ тавсиф кард. Ин санад чашмандози фарогири ояндаи кишварро, ки бар тақвияти давлатсолорӣ, пойдории иҷтимоӣ ва мушорикати фаъоли Тоҷикистон дар шаклдиҳии рӯзномаи минтақавӣ ва глобалӣ асос ёфтааст, тарсим мекунад. Натоиҷи таҳлили Паём исбот менамоянд, ки амалӣ намудани афзалиятҳои зикршуда дар ин санади муҳими сиёсӣ шароитҳои воқеӣ ва заруриро барои рушди устувор ва ҳамоҳангшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарозмуддат фароҳам меорад.

Шозедов Х. Н. ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм