Skip to main content

Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон"

23

 

 

Директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

н.  и. г. ва м.,  Шерализода Назриало Шералӣ

тел: +992917257490,

E-mail: nazrialo@mail.ru

 

        Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилотҳои байналмилалӣ дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

 - гузаронидани корҳои илмии бунедӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва пӯшиши барф;

 - муайян кардани изотопҳо дар озмоишгоҳ;

 - омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати барф;

 - ташкил ва гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо шарикони хориҷӣ;

 - мониторинг ва арзёбии баландии қабати барф ва эҳтимоли рахна шудани кӯлҳои хатарноки пиряхӣ.

           Гузаронидани таҳқиқоти бунедӣ ва илмӣ-амалӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва таъсиси инфрасохтори илмию технологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои баланди криосфера, глятсиология ва гидрометеорология вазифаҳои асосии Марказ мебошанд, ки татбиқи онҳо ба омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Барои татбиқи ин мақсадҳо зиёда аз 50 нафар кормандони илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар шӯъбаҳо ва озмоишгоҳҳои зерини Маркази мазкур фаъолият мекунанд.

       Сохтори Марказ:

  • маъмурият;

  • Шуъбаи мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технология;

  • Шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва адаптатсия;

  • Шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ;

  • Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария.

       Вазифаи асосии Марказ ин гузаронидани инвентаризатсияи пиряхҳо ва дар асоси технологияҳои муосир ва таҳқиқоти бунедӣ муайян кардани шумораи пиряхҳо дар шароити муосири тағйирёбии иқлим, таҳия ва нашри Феҳристи расмии пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

      Фаъолияти Марказ дар самти татбиқи мавзӯи буҷетӣ амалӣ карда мешавад:

"Таҳияи Феҳристи (Атласи) пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои инноватсионии геоинформатсионӣ барои солҳои 2022-2026", бо рақами давлатии бақайдгирии РБ № 0123TJ1528.

     Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ" дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА) омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барфро анҷом медиҳад. Шумораи умумии кормандон дар муассиса 51 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи кормандони тахассусӣ 6 нафар (2 доктор, 2 номзади илм 2 доктори PhD).

 

2332323

 

 

12    3452

9654

 

3223    434434

Маълумот барои тамос:

Директор:

н.  и. г. ва м.,  Шерализода Назриало Шералӣ

 Тел: +992 372-27-77-41; +992 917 -25-74-90,

E-mail: nazrialo@mail.ru  

Сомона: www.cryosphere.tj

Bacground Image