Skip to main content

Фармонҳои Президенти ҶТ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»  номгузорӣ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати иҷрои фармони мазкур пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе
20 марти соли 2020
№1505