Skip to main content

Имрӯз дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Шурои илмӣ-техники баргузор гардид.

Дар Шурои илмӣ-техники якчанд масъалаҳо дида баромада шуд, яке аз масъалаҳо ин пешдифои рисолаи номзади буд.

Боиси хушнуди аст, ки дар Шурои илмӣ-техники д.и.б., ноиби аввали президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биология Мирзораҳимзода А.К. ва аз ДМТ меҳмонон иштирок намудаанд.

Боиси хушнуди ва сарфарозист, ки имрӯз унвонҷуи Маркази инноватсионии биология ва тиб Мародмамадова Некбахт Гадомамадова пешдифои рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз руйи ихтисоси 03.01.04 - биохимия таҳти роҳбарони илмии акдемик Мирҷов Г.Қ. ва мушовири илмӣ академики АМИТ Якубова Мухиба Муҳсиновна пешдифои худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Барои Мародмамадова Н.Г. дар корҳои минбаъдаи илмӣ - таҳқиқотӣ муваффақиятҳои беш аз пешро таманно менамоем.

Инчунин ба аспирантони Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳарчи зудтар ва бомуваффақият ҳимоя намудани корҳои илмӣ орзумандем.

Муборак бошад!

Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.

Имрӯз (28.08.2024) бонувони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона аксияи "Тоҷикона мепушем" баргузор намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт, Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ду сол пеш ҳамин шабу рӯз фаъолияти пурсамар, садоқату боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардид.

Воқеан ҳам дар мавриди шахсияти профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт сатрҳо боз гӯем кам аст. Зеро устоди гиромӣ ҳамчун шахсияти донишманду соҳибхирад дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи арзишҳои миллиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҳамчун як шахсияти ватандӯст марҳилаҳои муҳими фаъолияти кории хешро анҷом додааст.

Дар ин росто имрӯз дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз гузошта, барои муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намуда истодаанд.

24 августи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои олимони ҷавони академия барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон аҳли олимони ҷавон барои дидан намудан аз Осорхонаи Пешвои миллат ба шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сардории раиси Шурои олимони ҷавон Зиёев Субҳиддин ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи осорхона масъулини осорхона олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пешвоз гирифта роҳнамоӣ намуданд.

Нахуст аз ҷониби масъули Осорхонаи Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи маскур 22,01,2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи маскур бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Осорхонаи Пешвои миллат маълумотҳо аз даврони донишҷуии Пешвои миллат то ҳол тамоми қаҳрамониҳояш, асарҳояш, ободкориҳояш ҷамъ оварда шудааст.

Аз дидан намудани ин осорхона олимони ҷавон бо худ як ҷаҳон таассурот бардошта, маълумотҳои зарурӣ бо худ гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки татқиқотчиёни самтҳои сиёсӣ метавонанд аз утоқҳои бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳазшудаи Осорхонаи Пешвои миллат истифода намуда татқиқоташонро гузаронанд.

23 августи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш-рӯнамои асари тозаи таҳқиқии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик», бахшида ба гиромидошти солрӯзи собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти омузиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО, поягузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон “Пайванд”, асосгузори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, яке аз асосгузорони Академияи илмҳои Афғонистон, аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Лауреати мукофоти байналмилалии ба номи Ҷаҳирлол Неру, донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ доир ба масоили мубрами камомӯхташудаи фарҳанги бадеии тоҷик,ки олимони 7 кишвар анҷом додаанд ва ба нашр расидааст, баргузор гардид.

Дар баргузории ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони президенти АМИТ академикону олимон ва ҳаводорони осори академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.

Ба кори ҳамоиш нахуст ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.

Мавсуф зимни баромади хеш ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аҳли ҷамъомадагонро ба муносибати устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ муборакбод намуд ва аз бузургию донишмандии собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуд.

Дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида гуруҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии фарҳанги бадеии тоҷикон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои бурҷастаро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла , саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммадж Осимӣ дар ташаккулу пешрафт, ҳаллу фасли масоили таърихию назарии фарҳангии бадеии тоҷик корҳои камназири ташкилии илми академӣ, баргузор намудани симпозиум, конгрессҳои бузург дар дохили кишвар ва берун аз он, инчунин навиштани асарҳои таркибан методологию консептуалӣ доир ба фарҳанги бадеии тоҷик ҳам саҳми арзанда доранд.

Дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ ,ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд,мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги бадеии тоҷик ва хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ шудаанд.

Аз ин рӯ навиштани чунин асарҳои дастаҷамъии академӣ, ҷалби муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишварҳои дигар, дар шароити геополитикии имрӯз ва нашру паҳн намудани чунин таҳқиқот аз барномаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

https://www.president.tj/event/news/46928

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.

Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Аз ин, тавре таъкид гардид, натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 21 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд, дарак медиҳад.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар ба имзо расониданд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият бахшида шуда, иқтидори он мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Зимни вохӯрӣ тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон зарур шумурда шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мегардад.

Танҳо дар соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит, боркашонию мусофирбарӣ ва кушодашавии хатсайрҳои автобусҳо ва парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар аз мавзуъҳои дигари вохӯрӣ буд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии кишварҳо босуръат таҳким ёфта истодааст. Дар ин самт фаъолияти Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории палатаҳои болоӣ ва гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парламентҳо назаррас арзёбӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.

Дар ин зимн ҷонибҳо андешидани тадбирҳои муштаракро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат зарур шумурданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар муносибатҳот ду кишвар мавқеи муҳим дорад.

Ҷонибҳо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зарур донистанд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.

Август 22, 2024

22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст, бо шиорҳои тараннумгари дӯстӣ ва барномаи махсуси фарҳангӣ меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Телевизиони Тоҷикистон

Subscribe to Навид