Skip to main content

Пешрафти ҳар як давлату миллат аз илму маорифаш вобастагии амиқ дорад, ҳамасола дар тамоми дунё 1- сентябр ҳамчун рамзи илму дониш ҷашн гирифта мешавад, ҳамзамон дар ин рӯз “Дарси сулҳ” аз ҷониби омӯзгорон гузаронида мешавад. Президенти маҳбубу маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон ба илму дониш ба соҳаи маориф тавҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар рушду нумуи ин соҳа корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, ки аз ин корҳо шахсияти маорифпарвар буданашон баръало мушоҳида мешавад. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи кабӣ, таҳсилоти олии кишвари азизамон бо тарҳу усули наву замонавӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯи дар замони соҳибистиқлолии давлатамон бунёд гардида исботгари гуфтаҳои волост.

Имрӯз (01.09.2024) бо мақсади таҷлили Рӯзи дониш дар ноҳияи Синои шаҳри душанбе мактаби наву замонавӣ бо тамоми техникаву технологияи пешрафта муҷаҳазро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ҳамзамон бо кормандони соҳаи илму маориф ва хонандагон вохурӣ анҷом дода, баҳри пешрафт ва муваффақияти соҳа ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Дар вохурии мазкур роҳбарият ва як қатор кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Бо дастури Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кормандони Раёсати АМИТ ва зерсохторҳои он дар толорҳои маҷлисӣ ҷамъ омада, пахши мустақими раванди баргузории вохурии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маориф тамошо намуда, бо худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд.

Суратгузориш аз рафти томошои дастачамъонаи пахши мустақими "Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш" аз тарафи кормандони Институти кимиёи ба номи В.И.Никитин ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ.

Суратгузориш аз рафти томошои дастачамъонаи пахши мустақими "Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш" аз тарафи кормандони Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ

Суратгузориш аз рафти томошои дастачамъонаи пахши мустақими "Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш" аз тарафи кормандони Институти астрофизика АМИТ

Суратгузориш аз рафти томошои дастачамъонаи пахши мустақими "Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш" аз тарафи кормандони Институти геологияи АМИТ.

Суратгузориш аз рафти томошои дастаҷамъонаи пахши мустақими "Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш" аз тарафи кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.

 

01.09.2024

https://www.president.tj/event/news/47085

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти зебои замонавиро ифтитоҳ намуда, онро дар рӯзи оғози соли нави хониш туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва насли хуштолеъи кишвар номиданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таҳсил дар ин муассисаи нави таълимӣ зикр гардид, ки мактаб аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Иншоот бо дастгирӣ аз сиёсати ободкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил”, соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Муродов дар зарфи як сол бунёд ёфтааст.

Мактаби нав аз 75 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шаҳри Душанбе муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ беш аз 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он ғайр аз бинои асосӣ ва иншооти ёрирасон ҳамзамон майдончаи футболи хурд бунёд гардидааст ва минбаъд омӯзгорону хонандагон аз чунин шароити мусоид метавонанд самаранок истифода намоянд.

Ба хотири мутобиқ сохтани муассиса ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин ҷо толори маҷлис бо 380 ҷойи нишаст, китобхона, толори барҳавои варзиш ва ошхона бо 348 курсӣ сохта шудааст.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо раванди фаъолияти барномаи электронии “eDonish”, ки тули 5 сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, шинос шуданд.

Барномаи “eDonish” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҷумҳурӣ” аз соли 2020 тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор дошта, имрӯз 150 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт аз ин таҷрибаи пешқадам истифода мебаранд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои чунин иқдоми шоиста ва туҳфаи арзанда барои хонандагони пойтахт изҳори сипос намуданд.

Муассиса бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъмориву сохтмонӣ бо сифати баланд сохта шуда, ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва айёниятҳои хониш таъмин мебошанд.

Роҳбари давлат зимни шиносоӣ аз раванди таҳсил ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технология насли хушбахти даврони истиқлол бояд донишманду босавод бошанд ва барои рушди Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун дар таҳхонаи бино синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамояд, ки бо тамоми шароит таъмин гардидааст. Ин тадбир ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари омӯзиши илм ҳамзамон касбҳои гуногунро аз худ намоянд.

Толори хониш дорои шароити мусоиди китобхонӣ буда, дар ин ҷо дар як вақт 100 нафар метавонад асарҳои адибони муосиру класикӣ ва китобҳои тозанашрро мутолиа намоянд.

Дар доираи корҳои ободонӣ бино пурра бо системаи гармидиҳӣ пайваст гардида, ҳамзамон дар ҳамаи толорҳои хониш ва синфхонаҳо камераҳои назоратӣ насб гардидааст, ки тавассути онҳо раванди таълим пайваста назорат карда мешавад.

Атрофи мактаб, ки 5 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад мумпуш ва сангфарш гардида, бо шинонидани 200 бех ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, чароғонкунӣ ва сабзгардонӣ саҳни бино ба як макони зебою назаррабо табдил дода шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамдилии соҳибкорони ватанӣ бо сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи рӯзи дониш танҳо дар пойтахти кишвар 6 иншооти муосири соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замон дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Мулоқоти имрӯза ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва бинокорон, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба рушди соҳаи маориф ва дастгирии соҳибкорон аз сиёсати созанда дар ин самт андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар зарфи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тайи солҳои 2017 - 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонанда мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки тибқи тасмимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе танҳо дар соли равон барои беш аз 12 ҳазор фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд намуда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахт бамаротиб беҳтар мегардонанд. Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 кӯдак босуръат идома дорад.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии кишвар ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба афзоиши шумораи аҳолӣ ва зарурати бунёди муассисаҳои зиёди иловагии таълимӣ, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. Ба тақвияти ин андеша ҳамчунин муқоиса намуданд, ки соли равон 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карданд ва 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шуданд. Бо овардани ин омор изҳор доштанд, ки ҳар сол бунёди 380 мактаби нав зарур мешавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи аз таҳсили илму дониш ва касбу ҳунар дур мондани шумораи муайяни наврасону ҷавонон, ба хусус ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба аҳамияти бо дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт карда, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони саодатманди кишварро ба илм омӯхтан, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён шудан ҳидоят намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва ҳамватанони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 33-солагии ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба онҳо барори кор ва ба донишҷӯёну хонандагони кишвар саломативу хониши аъло орзу намуданд.

Август 31, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашриёти «Дор ал-фикр ал-арабӣ» дар Қоҳира китоби арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назарро бо номи «Ҷозибияту-л-Қоид» («Ҷозибаи Пешво») нашр намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Китоб, ки дар ҳаҷми 134 саҳифа ба забони арабӣ таълиф шудааст, рӯйдодҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз диди муаллиф ба қалами тасвир кашидааст. Қаҳрамони китоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамолӣ Раҳмон буда, муаллиф корномаҳои ин абармардро дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба диёрашон, раванди бозсозӣ ва рушди бемайлони ҷумҳурӣ, гузоштани гомҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон бо услуби бадеии шево ва ҷолиб баён кардааст.

Китоб аз бобҳои «Дебоча», «Ҷозибаи Пешво-Президент», «Ҷозибаи Пешво-Инсон» ва «Ҳусни хотима» иборат буда, дар замима 5 ташаббуси байналмилалии Президенти мамлакат дар масъалаҳои об ва ташаббуси шашуми Пешвои миллат, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 10-13 июни соли 2024) дар бораи эълони Даҳсолаи қутбшиносӣ ва яхшиносӣ садо дод, номбар шудаанд.

Ҳамчунин дар замима номгӯи асарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо дар бораи ӯ, мукофоту унвонҳои давлатҳои ҷаҳон, ки ба он Пешвои миллат барои хизматҳои шоён сарфароз гардидаанд, намунаи шеърҳои шоирони халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Камол Насрулло, Доро Наҷот дар ситоиши Пешвои миллат ва намунаи шеърҳои Ҳадиса, Латофат ва чанде аз шоирони дигар дар васфи Тоҷикистон дар тарҷумаи манзуми муаллиф ба забони арабӣ оварда шудаанд.

Шоистаи ёдоварӣ аст, ки нашриёти «Дор ал-фикр ал-арабӣ» қаблан шоҳасари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои шинохтаи мисрӣ ба забони арабӣ дар чаҳор ҷилд ду маротиба- солҳои 2009 ва 2011 бо нигориши ниҳоят зебо чоп карда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин шоҳасари арзишманд дар таҳқиқи таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон соли 2022 дар Донишгоҳи Қоҳира бо унвони «Доктори фахрӣ» сарфароз гардонида шуданд.

#Қудуми_созанда. ШОНЗДАҲУМИН ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДМТ

Ифтитоҳи Маҷмааи муосири варзишӣ ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти маишию хизматрасонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
31.08.2023

http://www.president.tj/node/31392

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.

Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” бо дарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст. Дар рафти сохтмон бештар аз 350 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои онҳо шароити мукаммали корӣ мавҷуд мебошад.

Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.

Маҷмааи муосири варзишӣ аз чор қисм иборат аст. Дар қисми аввали иншоот, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, толорҳои аэробика, саққобозӣ, шоҳмот, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, толори маҳси бадан, ҳамчунин осорхонаи варзишии донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасонро ҷой додаанд.

Дар қисми дуюми бино бошад, толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот ташкил гардидааст. Дар таҳхонаи ин қисмати иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир аст. Дар толори вазнбардорӣ навтарин таҷҳизот барои обу тоби бадан мавҷуд мебошад ва шароити машқу тамрин низ мукаммал фароҳам гардидааст.

Масоҳати толори умумии варзиш дар қисми дуюми маҷмааи муосири варзишӣ 4320 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин толор барои баргузор намудани намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст мебошад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин маркази радиошунавонӣ бо ҳуҷраҳои техникӣ ва анборхона ташкил намудаанд.

Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат мебошад. Масоҳати умумии ин қисми иншоот ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишӣ, ки дар таҳхона ташкил карда шудааст, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрин кардан аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷудо, бокс, карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ 4320 метри мураббаъ мебошад. Паҳноии ҳавзи шиноварӣ 21 метр ва дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон, дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудааст.

Барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи барҳавои муҷаҳҳаз бо воситаҳои зарурии техникӣ ташкил гардидааст. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва омӯзиши намудҳои зиёди варзиш машғул шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуда, масъулони донишгоҳро муваззаф карданд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок ва оқилона истифода баранд.

Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои бунёди Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯён ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Тибқи лоиҳа Маркази саломатӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар масоҳати умумии 2336 метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маркази саломатӣ имкон фароҳам меояд, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмати тиббӣ расонида шавад. Маркази саломатӣ бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт ва барои муоинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Инчунин, Маркази саломатӣ ҳамчун пойгоҳи факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда мешавад.

Дар асоси лоиҳа хобгоҳ барои омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12-ошёна буда, аз 118 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Хонаҳо бо усули муосир сохта мешаванд ва барои истиқоматкунандагон шароити мукаммал ташкил хоҳад шуд. Намои берунаи бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро дода мешавад, ки ба ҳусни шаҳраки донишҷӯён зебоии дигар зам менамояд. Бунёд гардидани боз як хобгоҳи нав дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боис мешавад, ки барои омӯзгорону дигар кормандон шароти хуби зиндагӣ фароҳам ояд ва ин омил дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълими донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази саломатӣ ва хобгоҳ барои омӯзгорону дигар кормандон дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Шаҳраки донишҷӯён бо маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бунёд карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён ва дигар масъулон назорати сифати корҳои сохтмониро талаб намуда, онҳоро барои дар муҳлатҳои муайяншуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода додани иншоот вазифадор карданд.

Имрӯз (30.08.2024) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои мубрами фаъолияти Институт мувофиқи нақшаи кории Шурои олимон, омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 дар магистратура ва докторантураи Институт, таҷлили бошукӯҳи Истиқлолӣ давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар раванди ободкорӣ дар АМИТ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур мавзуъҳои илмии се корманди илмии муассиса барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва мушовирони онҳо тасдиқ шуданд.

30.08.2024

https://president.tj/event/news/47047

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 190 ҳуҷра, аз ҷумла 132 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 136 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии беморхонаи мазкур наздики 6 гектарро ташкил медиҳад.

Корҳои навсозию бунёдӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кӯдак, ки ба таври пилотӣ дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, иҷро шуд. Дар ин раванд дегхонаи нав, ҳуҷраи либосшӯӣ ва безараргардонӣ низ бунёд гардид.

Ҳамзамон дар доираи ин лоиҳа ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас карда шуда, кормандони онҳо ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи тандурустӣ тамоми шуъбаҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд.

Таъмиру навсозӣ дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Норак бо ҷалби мутахассисону муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон 3” соли 2022 оғоз гардид. Коргарон дар вақти сохтмон аз масолеҳи аълосифати ватанӣ истифода бурда, корҳоро дар муҳлати муайянгардида бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир ба анҷом расондаанд.

Иншоот туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллари амрикоӣ ворид карда шудааст.

Шароити муосир дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, акнун имкон медиҳад, ки табибони шаҳри Норак ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро дақиқ ба роҳ монанд ва барои сокинон дар сатҳи баланд хизмат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ пас аз таъмиру навсозӣ мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 67 ҳазор нафараи шаҳри Норак дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гардид. Барои табобати саривақтии бемориҳои гуногун ба ҳайати беш аз 360 нафараи кормандону табибони ин муассисаи тандурустӣ шароити хубу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

30.08.2024

https://president.tj/event/news/47045

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар ин ҷо барои машқу тамрин ва машғул шудан бо намудҳои гуногуни варзиш шароит фароҳам оварда шудааст.

Биноҳои дохили варзишгоҳ аз 4 қисм иборат буда, қисми 1-ум дуошёна ва боқимондаи он якошёна мебошад.

Дар қисми якуми варзишгоҳ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 15 ҳуҷра ҷойгир карда шудааст. Қисми дуюм дорои 9 ҳуҷра ва 5 маркази савдо мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот ҳамчунин бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин мебошанд.

Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон, аз ҷумла системаи барқтаъминкунӣ, ҳавзи оташнишонӣ ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт низ сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ин ҷо 26 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардид.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуда, барои тарбияи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИОСП” таҳия шудааст.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” сохта шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Норак 2 мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш - футбол, волейбол, тениси рӯи миз, гӯштинҳои тарзи “Озод”, “Самбо”, “Юнону Румӣ”, “Ҷудо”, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, муштзанӣ, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 19 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд. Аз ин шумора 9 мураббӣ бо маълумоти олии варзишӣ ва 10 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият менамоянд. Дар мактабҳои номбурда дар 46 гуруҳ, беш аз 600 варзишгар тамрин мекунанд, ки аз ин шумора 65 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

30.08.2024

https://president.tj/event/news/47039

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.

Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.

То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пушидаи элегазӣ иваз карда шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инҷо бо раванди корҳои иҷрошуда дар дарбанди куравии гидроагрегати рақами 4 шинос шуданд.

Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.

Ҳоло дар иншоот корҳои омодагӣ барои навсозии гидроагрегати навбатӣ бо ҷалби кормандону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпурдратчии он Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” идома дорад.

Ғайр аз ин дар неругоҳ корҳои навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, ивазнамоии автотрасформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.

Subscribe to Навид