Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мекунем.
Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.».
Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хосааш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидааст. Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқиятҳо забон мебошад. Вақте, ки ба таърихи миллатҳо назар меафканем маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст.
Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантарин забон дар минтақа дар тамои марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ намуда, истодааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию таҳқиқотиятон комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!
Устодону омӯзгорони азиз!
Ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари азизи мо омӯзгор мақому манзалати воло дошта, нақши калидиро дар инкишофи илму таълим дар ҷомеа иҷро менамояд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат табдил ёфта, дар ин самт ибтикороти нодир рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд: «Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем».
Ҳамин аст, ки аз қадим бузургони илму адаб ба устод-омӯзгор эҳтироми хосса доштанд. Зеро хидмати омӯзгор дар рушди ҷомеа беназир аст. Маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури шахсро бо тозагулҳои муаттари маърифат зинат медиҳад. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муарифӣ мекунад. Қобили қайд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад»
Омӯзгорони муҳтарам!
Тавре огаҳ ҳастем дар вохурии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1- уми сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ эълом доштанд, ки барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул карда шавад. Албатта ин бесабаб нест, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити муосир қабули қонуни мазкуро афзалият донистааст, зеро қабули ин қонун барои боло бурдани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба сифати омили муҳими мусоидаткунанда баромад мекунад. Хушбахтона, вафобахшандаи дунё ва сарвару саркори инсон муаллим-омӯзгор эътироф шудааст. Пас, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст.
Бо ниятҳои нек кулли омӯзгорон ва ҳампешагонро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар корҳои илмиашон барору муваффақиятҳо хоҳонам.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!
Ҳамватанони гиромӣ, олимону кормандони азиз!
Ҳамасола 30- юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" рӯи даст гирифта шуд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самар – қанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштаи ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Оламе гарму пуршӯре туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари “Маснавӣ” ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддима пуршур аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ, ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз, ҳастинофарин муяссар аст. Вале воқеат он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайне аз таълифи “Маснавӣ” оғоз кард, вале то он замон, замонаи иншоӣ ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯбе омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар “Девони шамс” ё “Девони кабир” фароҳм омадаанд.
Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолоту китобҳо таълиф шуда ва агар ҷамъоварӣ шавад, шояд китобхонаи бузурге шавад. Воқеан ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалбро, вуҷудро ба худ мекашад, равони инсонро нерӯе шодофарин, ҷунбанда, пуртаҳаррук медиҳад. Дунёи шигифтаангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳандагону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурушон дуру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андеша ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст.
Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ даранд. Ағлаб аз чақидаҳои зеҳни якдигар суд ҷустаанд, зери таъмири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳоло ҳавои дигаре дорад.
Дар ин ҳошия бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ як зумра олимони ҷавону муҳаққиқони осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир, нодираи илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолуддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мебошад, дидан карданд.
Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илм
Истиқлол нодиртарин падидаи таърихӣ дар ҳаёти миллату халқиятҳо маҳсуб ёфта, кафолат медиҳад, ки тамоми орзуву ормонҳо амалӣ гарданд. Ҳама халқу миллатҳо аз ибтидо то имрӯз баҳри ба даст овардани истиқлол талош намуда истодаанд. Оне ки истиқлол дорад, дар пайи таҳкимаш асту, оне ки аз ин падидаи нодир маҳрум мебошад, баҳри ноил гардидан талош менамояд. Сабаби аксари моҷароҳои сиёсие, ки дар таърихи инсоният ба амал омадаанд маҳз талошҳо баҳри ба даст овардан ва ё ҳифзи истиқлоли миллӣ буданд ва ҳастанд. Аз таҷрибаи таърихи инсоният бармеояд, ки на дар ҳама ҳолатҳо истиқлол кафили зиндагии шоистаи мардум гардидааст, ки ин албатта аз дарку фаҳмиши худи ҷомеа бармеояд. Яъне он миллате истиқлол дораду ба қадраш нарасидааст, наметавонад аз ин имконият баҳри ноил гардидан ба зиндагии шоиста истифода намояд.
Миллат ва ҷомеае, ки ба истиқлоли давлатӣ арҷ мегузорад, албатта дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста муваффақ мегардад. Нишони арҷ гузоштан ба истиқлоли давлатӣ аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа пеш аз ҳама иҷрои рисолати шаҳрандист. Ҳар шаҳрванде метавонад бо талошу меҳнати софдилона дар самти фаъолияти худ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошад. Омӯзгор бо донишу дарси хуб, донишҷӯ бо талошу заҳмат баҳри аз худ намудани асосҳои илму дониш, сохтмончӣ бо меҳнати ҳалол ва ғайра. Арҷгузорӣ ба истиқлол аз дарку фаҳмиш ва талошу заҳмати ҷомеа бармеояд. Ҳамон вақт истиқлол кафили зиндагии шоистаи мо мегардад, ки пеш аз ҳама худи мо рисолати касбӣ ва шаҳрвандиамонро аз будаш зиёд иҷро намоем.
Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифтаи ҷомеа дар заминаи илму дониш, ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир роҳандозӣ намуда, тамоми имконотро баҳри тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир равона созад.
Бо мақсади рӯҳбаланд қишри соҳибмаърифату зиёӣ ва дастгирии ин самти афзалиятноки ҷомеа ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1996 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони мамлакат мулоқот намуданд. Маҳз ҳамин мулоқот бо доираҳои илмии кишвар боиси боз ҳам мукаммал гардидани фаъолияти олимон шуд. Дар ин вохурӣ Сарвари давлат тариқи суҳбати ошкоро ба донишмандону фозилони кишвар масъалаҳои мавҷудаи мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмию таҳиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва нерӯи зеҳниву ақлонии ҷумҳуриро дар инкишофи босуботи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаву ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии кишвар ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳӯри уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи кишвар даъват менамоянд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажӯҳиш, тарбияи кадрҳои илмӣ чораҳои самаранок андешида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!
Боиси хушнудист, ки ҳамасола 1- уми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ба ин муносибат имрӯз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо тарҳу усули наву замонавӣ ва ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 3500 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Воқеан ҳам суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози таҳсил, ки доир ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина омӯзгоронро зарур меояд, ки суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзу гиромидошти забон ва муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошанд.
Яке аз воситаҳои асосии рушди ҷомеа дар ҳама давру замон дониш ва илм ба ҳисоб меравад. Маҳз дониш тафовути ҷомеаро аз табиат бо тамоми ҷанбаҳояш инъикос менамояд. Дониш аст, ки маърифат дар ҷомеа бар хуруфоту ифрот ғолиб аст. Сарчашмаи сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа танҳо дониш мебошад.
Миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон ба дониш ҳамчун силоҳи боэътимод ва механизми асосии рушди ҷомеа диққати махсус медод. Дар тамоми сатҳ ба донишу донишмандони замон эҳтироми хосса зоҳир мешуд. Ҳанӯз дар аҳди ҳукумати Ҳахоманишиёну Сосониён ҷиҳати дар руҳияи аз худ кардани илму дониш тарбия намудани насли наврас дабистонҳо кушода шуда буд, ки дар он беҳтарин мударрисон ба таълиму тарбия машғул буданд. Маҳз эҳтироми хосса ҷиҳати аз худ кардани дониш буд, ки беҳтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи тоҷикон ба воя мерасиданд. Бузургони илму ирфони тоҷик дар хусуси аҳаммияти омӯзиши илму дониш аз аҳди қадим оид ба таълиму тарбия ва аҳаммияти мактаб дар осори худ таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади таърихии ниёкони тоҷикон, махсусан китоби Авесто, “Форснома”-и ибни Балхӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ” оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеаи ниёкони тоҷикон маълумоти мушаххас мавҷуд аст. Ҳанӯз дар асри IХ асосгузори адабиёти калассики тоҷику форс Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намуда буд, ки имрӯз вирди забони мову шумо аст:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Тоҷикон бо рисолати донишандӯзии худ дар тамоми самтҳо, махсусан аз худ кардани дониш барои халқҳои ҳамҷавор тули зиёда аз ҳазор сол нақши омӯзгориро иҷро намудаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ вақт аз илму дониш канора нагирифт ва онро чун анъана барои хеш пазируфт.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин анъанаи неки ниёкон имрӯз идома дода шавад. Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маорифро дар сиёсати хеш афзалияти бештар додаанд. Танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз садҳо муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бунёд гардид. Аз 13 донишгоҳу донишкадаҳои замони шуравӣ имрӯз ин шумора ба 42 донишгоҳу донишкада расидааст, ки ин нишондиҳанда аз диққати махсус додан ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Ҳамасола чун анъана 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ, дониш ва сулҳ мантиқан пайвасти ногусастанӣ дошта, ба ҳам тавъаманд. Он ҷо, ки донишу маърифат аст, сулҳу суботи пойдор аст. Дониш инсонро ба роҳи сулҳу субот ва рушд даъват менамояд.
Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши устувор дорад. Имрӯз дар баробари дигар муассисаҳои илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD нақши бориз дорад.
Дар ин Рӯзи мубораку фархунда ба тамоми омӯзгорону хонандагон устодону кормандон ва ҳамчунин ба кулли мардуми шарафманди Ватани азизамон маърифтаи баланду ваҳдати комил ва зиндагии шоистаро таманно дорам.
Рӯзи дониш ва дарси сулҳ муборак бошад!
Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони арҷманд!
Дар диёри куҳанбунёди тоҷик таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ ба анъанаи неки мардуми маърифатпарвари мо табдил ёфтааст.
Дар робита бо ин, Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, бахусус, ба фарзандоне, ки имрӯз бори нахуст ба муассисаи таълимӣ қадам мегузоранд, инчунин ба аҳли илму маорифи кишвар ва тамоми волидайни муҳтарам сидқан шодбош мегӯям.
Маврид ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои рушду ташаккул додани илму маорифи муосир, муҳайё кардани шароити навини таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, илму касбомӯзӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дастгирии устодону омӯзгорон аҳаммияти махсус медиҳад.
Тадбирҳои амалигардида ба тарбия ва камолоти маънавии насли наврас мусоидат карда, ба ҷавонону наврасони кишвари азизи мо имконияти васеи аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои мутобиқ ба талаботи замони имрӯзаро фароҳам оварданд.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба мо лозим аст, ки ҷиҳати тақвияти соҳаи маориф, боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва шароитҳои донишомӯзии фарзандонамон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Бори дигар дар ин рӯзи фараҳбахш мехоҳам тамоми сокинони маърифатдӯсту маорифпарвари кишвар, хосатан аҳли мактабу маорифи тоҷикро бо оғози соли нави хониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, файзу баракат, хушбахтии ҳар як хонадон ва ободиву шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамонро орзу намоям.
Рӯзи Дониш муборак!
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.
Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.
Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Дар муддати 33 соли истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардид. Зарур аст, ки тамоми гурӯҳҳои ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии наслҳои наврас ва ҷавони ҷумҳурӣ саҳм гузоранд. Дар ин раванди пуртазод ва бархӯрди тамаддунҳо, ки натиҷаи ҷаҳонишавӣ аст, ҳамон миллате ҳастии хешро нигаҳ медорад, ки аз таъриху тамаддуни миллӣ огаҳ бошад ва ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда то имрӯз ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Таъсис гардидани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати кишвар мебошад.
Мақсад аз сарфарозгардонӣ бо ҷоизаҳои зикршуда дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандгардонии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти босамари эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили усули таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён нигаронида шудааст.
Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хонаободӣ, бахту иқбол орзумандам. Бигзор ҳамеша бо талош ва кӯшишҳои фаровон ба самти ҳадафҳоятон пеш биравед ва доимо сарбаланду муваффақ бошед.
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу.
Ҳамдиёрони азиз,
сокинони муҳтарами пойтахт,
Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои афзалиятдори сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда истодааст.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳаммияти махсус дода, марҳила ба марҳила ҷиҳати такмили фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии он тадбирҳои заруриро равона месозад.
Бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмини онҳо бо технологияи муосир ва омодасозии кадрҳои тиббӣ ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти низоми тандурустии мамлакат ва ба ин васила баҳри таъмини солимии ҷомеа мусоидат намуд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам кулли табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаи тибби мамлакатро бо санаи касбӣ сидқан табрик гуфта, ба онҳо барои хизматҳои шабонарӯзиашон дар роҳи ҳифзи саломатии мардуми кишвар ва офияти аҳли ҷомеа миннатдорӣ изҳор намоям.
Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе муборак бошад!
Ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 18-уми август иди касбии кормандони соҳаи тиб ва ё Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ин санаи фархунда ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ тавъам омадааст, ки тамоми дастовардҳои таърихи навини халқи тоҷик аз он сарманшаъ мегиранд.
Кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои ҳамешагии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат таъкид доштаанд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиаҳти татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиббӣ Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, Маркази инноватсионии биология ва тиб фаъолият менамоянд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои омода намудани олимони ҷавони соҳаи тиббӣ кишвар мусоидат менамоянд.
Бо истифода аз фурсат, кулли кормандони соҳаи тиббро ба иди касбӣ, ки ба мавлуди олими номвари тоҷик Абӯалӣ ибни Сино алоқамандии бевосита дорад, сидқан табрик гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои тозаро орзу менамоям.
Боиси зикр аст, ки имрӯз пайравони Синои бузург - кормандони соҳаи тандурустӣ масъулияти баландро ба уҳда доранду меҳнати шоёни таҳсинро иҷро намуда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ҳадя мекунанд. Ҳамин ҷоннисориҳо ва содиқ будан ба пешаи интихобнамуда боиси беҳтар гардидани хизматрасониҳои тиббӣ гашта истодааст. Эътимоди комил дорем, ки олимони ҷавони мо дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳибтаҷрибаи соҳа баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбии хеш ва хизматрасониҳоии тиббӣ аз пештара бештар кӯшиш менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак бошад!
Имрӯз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат рӯзҳои шанбе - Рӯзи варзиш эълон шудааст ва пайваста дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногунӣ варзишӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳамзамон, бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз соли 2011 инҷониб 10-уми август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.
Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти бузург доштаву яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа шинохта шудааст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш ин масъаларо матраҳ намуда, ҳаёти солимро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд: «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».
Ҳамин аст, ки бо сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бо майлон намуда истодааст. Хушбахтона имсол Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки варзишгарони парчамбардори миллат дар қатори варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи XXXIII- юми Олимпиадаи Париж – 2024, аз намудҳои гӯштини ҷудо, тарзи озод, бокс, варзиши сабук, теквандо, шиноварӣ иштирок варзида, бо ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами кишварро дар миёни кишварҳои дунё баланд бардоштанд.
Инчунин иқдомҳои шоиста ва беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд, ки ин боз ҳам барои муаррифӣ гардидани кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Яке аз ташаббусҳое, ки дар марҳилаи рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, Эълон гардидани 25 – май ҳамчун Рӯзи футбол бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳтарм Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ин иқдоми беназир метавонад дар оянда барои боз ҳам рушд намудани футболи тоҷик муосидат намояд.
Ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Боварӣ дорам, ки варзишгарони кишвар бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.
Рӯзи варзишгарон муборак!
Ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат 27- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон санади сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад».
Воқеан, Ваҳдати миллӣ бузургтарин падидае ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он мубориза мебаранд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 27 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллӣ ворид шуд.
Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватанро таъмин намуда, вазифаи ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намояд.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!