Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди пойтахт!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик яке аз санаҳои муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад, самимона табрик менамоям.
Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ буда, се ранги пурмаънои он ҳувият, таърих ва моҳияти давлатдории тоҷиконро таҷассум мекунад.
Қабули парчами кишвар дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ ба халқи мо нерӯи тоза бахшид, мардумро муттаҳид сохт ва барои барқарории сулҳу суботи миллӣ заминаи устувор гузошт.
Парчам эҳсоси ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар шаҳрвандро бедор мекунад ва арҷгузорӣ ба он нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.
Бахусус, наврасону ҷавонони сарбаланди мо имрӯз ба Парчами давлатӣ бо эҳтироми хос муносибат карда, онро рамзи осудагии Ватан медонанд ва ҳамеша мекӯшанд то дар ҳама ҷодаи фаъолият онро бо ифтихор боло бардошта, аз давлату миллати худ шарафмандона ва ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.
Мо вазифадорем, ки зери Парчами миллӣ муттаҳид бошем, манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кунем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро тақвият диҳем ва мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бигзор Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик ҷовидона парафшон бошад!
Бори дигар, кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Парчами давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони кишвар осудаҳоливу фаровонӣ, бахту саодат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно дорам.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию таҳқиқотиро таманно менамоям.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Истиқлоли давлатӣ, ки нодиртарин арзиш барои миллат аст, ба тоҷикон имкон дод, ки аркони муҳимми давладории хешро бо такя ба суннатҳои неки ниёкон интихоб ва тасдиқ намоянд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз дар баробари қабули рукнҳои дигари давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул ва тасдиқ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад.
Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар атрофи Парчами давлатӣ муттаҳид шуда, баҳри рушду инкишофи Ватан талош варзем. Имрӯз пачами миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдатофар миллату давлати моро дар миқёси ҷаҳон муррифӣ менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамари илмию таҳқиқотиро таманно дорам.
Ҷашни Парчами давлатӣ муборак!
Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо эҳсоси баланди шукргузории миллати куҳанбунёд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола таҷлил мегардад, самимона шодбош мегӯям.
Ин ҷашн, пеш аз ҳама рамзи сипосгузорӣ аз ҳастию бақои давлату миллат, таҳкими истиқлолу ваҳдат, таъмини сулҳу субот ва саҳми сарнавиштсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, ба шумор меравад.
Нахустин Президенти ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ роҳбарии кишварро ба зимма гирифта, бо азму иродаи матин, фидокории бемисл, қалби пурмеҳру дасти сулҳовар, талошу заҳматҳои пайваста тавонистанд миллатро сарҷамъ ва давлатро пойдор нигаҳ доранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷастаи таърихӣ дар таҳкими давлатдорӣ, барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои давлатдории навини тоҷикон нақши муассиру мондагор гузоштаанд.
Таҷрибаи Тоҷикистони азиз ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи комил, таҳкими аркони давлати ҳуқуқбунёду асосҳои ҷомеаи демократӣ, татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии миллӣ, афзоиши рӯзафзуни сатҳи некуаҳволии иҷтимоиву иқтисодии мардум,пешбариву татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллии фарҳангии мо аз минбарҳои ҷаҳонӣбаёнгари он аст, ки интихоби шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қарори дурусти таърихӣ, таҳаввулбахши ҳаёти миллату тақдири давлатбуд.
Маҳз ҷиҳати дарки аҳаммияти меҳварӣ, тақвияти ғоявию ҳуқуқии ниҳоди Президент дар саросари диёри хушманзару озодаи мо санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми сокинони сарбаланду ватандӯсти кишвар бо маҳбубияти том ва ҳисси арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта мешавад.
Бо камоли ифтихор, шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро, ки ба хизматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати амну обод арҷ мегузоранд, бо ин ҷашни пуршараф табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар рӯзгори обод, фараҳмандӣ ва сулҳу суботи комил таманно менамоям.
Ба Президенти мамлакат, Пешвои маҳбубимиллат неруи афзуну умри дароз, амалишавии тамоми нияту нақшаҳои созандаашонро ҷиҳатипешрафту шукуфоии мудоми Тоҷикистони азизорзумандам.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илми кишвар!
Бо эҳсосу самиммияти беандоза ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашне, ки рамзи эҳтиром ба хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, аз номи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табрик мегӯям.
Тавре, ки маълум аст, Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона ва бо садоқати хосса таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.
Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст.
Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад. Ин рӯзест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигаҳдорӣ ва пос доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва назари нек ба ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдори миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки давраи нави таърихи кишварро оғоз кард, таъсис дода шудааст.
Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.
Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҳаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Мо бо Пешвои миллат ифтихор менамоем. Пешвои миллат ҳомии ҷавонон ва такягоҳи миллати тоҷдори тоҷик аст.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президент табрик гуфта, бароятон саломатӣ, муваффақиятҳои нав ба нав, комёбиҳои илмиву эҷодӣ ва сарбаландӣ таманно намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати ҷовидониро таманно менамоям.
Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ!
Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям.
Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.
Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.
Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.
Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст.
Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.
Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам.
Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед.
Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!
Ҳамдиёрони азиз, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳамасола 10- ноябр дар саросари кишвар Рӯзи кормандони милитсия таҷлил мегардад. Бо фурсати муносиб ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, родмардони ватан, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзишманд доранд иди касбияшонро табрику таҳният мегуям.
Воқеан ҳам фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ яке аз пояҳои муҳими таҳкими амният, субот ва оромии ҷомеаи мо ба шумор меравад. Саҳми Шумо, ҳомиёни содиқи қонун, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон назаррас мебошад.
Имрӯз, милитсияи тоҷик ҳамчун ниҳоди пурэҳтиром, касбӣ ва боэътимоди давлатӣ ҷойгоҳи хоси худро дар ҷомеа соҳиб аст. Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмату садоқат, фидокорӣ ва иродаи устувори ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки кормандони милитсияи кишвар дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматии худ, инчунин дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат нақши созанда доранд. Ҳар як қадами ҷасуронаи Шумо, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан анҷом мегирад, шоистаи қадрдонӣ ва эҳтиром аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш иброз доштаанд: "Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд".
Бо дарки ин суханҳо мебояд қайд намуд, ки пойдории имрӯзаи давлати тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона аз масъулият ва шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот вобастагии амиқ дорад.
Бори дигар тамоми кормандони милитсияи кишварро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулияташон ба нафъи давлат ва халқи кишвари азизамон Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илми кишвар!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо тандурустӣ, бахту иқболи нек, фаъолияти пурсамари илмӣ ва пешрафт дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ орзумандам.
Лозим ба ёдоварист, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони давлати соҳибихтиёр санаи 6-уми ноябри соли 1994 санади тақдирсози худ - Конститутсияи Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.
Инак, 31 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар муайян намуда, самтҳои муҳимми ҳамаи соҳаҳои зиндагиашонро пеш мебаранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваст, аз ҷумлаи дастоварди бузурги миллати тоҷик ба шумор меравад. Конститутсия тавонист дар рушду инкишофи ҷомеа, пешрафти соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти мамлакат нақши арзишманд дошта бошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қабули Конститутсия ба давраи ниҳоят мураккаби таърих, авҷи даргириҳои сиёсӣ, доман паҳн кардани беқонуниву беҳокимиятӣ рост меояд. Заминаи асосиро дар қабули Конститутсия баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Интихоби роҳбарияти нави мамлакат дар ин иҷлосия барои ҳалли масъалаи муҳимтарин, яъне таҳия ва қабули Конститутсия иродаи уавиро ба миён овард.
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян кард. Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Ҳамдиёрони азиз, донишмандони арҷманд!
Барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси миллат дорои донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бошад ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Маҳз дар ҳамон маврид мо метавонем ин озодиву оромӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ки Конститутсия кафолат додааст, ҳифз намоем, ки агар худ дорои донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ бошем.
Дар заминаи Конститутсия дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувори босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, эътимоди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид.
Мо итминони комил дорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мусоидат дар рушди ҳама самтҳои ҷомеа ба рушду такомули илми кишвар ва заминаи мустаҳкам гузоштан барои таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамчунин вусъат бахшидан ба таҳияи асарҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд гардидани нуфузи олимон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки Шумо, аҳли илму маърифат, бо заҳмати содиқона ва тадқиқоти илмии созандаатон ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани нуфузи илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи шоиста мегузоред.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Шумо ва аҳли оилаатон сулҳу оромӣ, саодати хонаводагӣ, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои нав таманно дорам.
Ҳамватанони азиз,
Сокинони сарбаланди пойтахт!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки 6 ноябри соли 1994 аз ҷониби мардуми хирадсолори тоҷик бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Қабули Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, роҳи ояндаи кишвари соҳибистиқлолу демократии моро муайян намуд.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ, ки дар худ ормонҳои миллати тоҷикро инъикос намудааст, ҳамчун шиносномаи миллат давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён ва ҷаҳониёнро бо Тоҷикистон ошно сохт.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар тансиҳативу иқболи нек, файзу нишот ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзумандам.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
06.11.2025
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.
Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад.
Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.
Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд.
Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд.
Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид.
Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд.
Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.
Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид.
Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад.
Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем.
Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад.
Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд.
Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
https://president.tj/event/news/53608
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илмӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самиммияти беандоза ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки яке аз ҷашнҳои бузургтарини суннатӣ ва пуршарафи ниёгони тоҷик ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният мегуям.
Воқеан ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи меҳр, дӯстӣ, вафо, меҳмоннавозӣ ва фаровонӣ дар миёни мардуми ориёитабор ҷойгоҳи хосса дорад. Албатта ин ҷашн нишони арҷгузорӣ ба меҳнати поки деҳқон, шукургузорӣ аз неъматҳои табиат ва таҷассумгари фазои оромиву осудагии ҷомеа мебошад.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷашни бостонии Меҳргон, дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ва умумихалқӣ, аз нав эҳё гардида, мақоми давлатиро касб намуд. Бо ташаббусу талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Меҳргон ба яке аз ҷашнҳои азизу муқаддаси мардум табдил ёфтааст, ки арзишҳои фарҳанги миллиро боз ҳам равшантар таҷассум менамояд.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.”
Бо ҳамин ниятҳои нек, бигзор рӯҳи меҳр ва муҳаббат, сулҳу ваҳдат, саодати ободӣ дар қалби ҳар фарди Ватан устувор гардад. Таманно дорам, ки ҳар хонадон пур аз баракат, зиндагии обод ва дастархони ҳама пурфайз бошад. Бори дигар тамоми сокинони кишвари азизамон Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Меҳргон табрику таҳният хонда, ба ҳамаи онҳо сиҳативу саломатӣ ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад!
Ҳамдиёрони азиз!
Кишоварзони заҳматпешаи диёр!
Шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз қадимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои аҷдодӣ - Иди Меҳргон, ки рамзи тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосили пурбаракат мебошад, инчунин, бо Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ самимона табрик мегӯям.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон соли гузашта ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Меҳргон иди ҳосилот, фаровонӣ ва шодмонӣ аст, ки дар худ муҳаббат, ваҳдат ва рафоқатро таҷассум мекунад. Кишоварзони асил ва меҳнатдӯст бо шукргузорӣ аз неъматҳои истиқлол дар фазои сулҳу суботи комил дастранҷи хешро ҷамъ оварда, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардуми кишвар ва таъмини истиқлолияти озуқавории Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумоён, ҳамватанони бурунмарзӣ, деҳқонон, чорводорон ва кормандони соҳаи кишоварзиро бо ин ҷашни ниёгон ва иди касбии кишоварзон муборакбод намуда, саломатӣ, хирмани пурбаракат ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Иди Меҳргон муборак!
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.
Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.
Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.
Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд.
Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.
Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳрёр,
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад.
Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст.
Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад.
Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд.
Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.
Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.
Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем.
Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.
Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!