27 июни соли 2024 халқи барўманду куҳанбунёд ва дар кӯраи таърих обутобёфтаи тоҷик бо ифтихору сарафрозӣ ва бовар ба фардои неку хуррам зери осмони софу беғубор 27-умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ваҳдатеро ки халқҳои Тоҷикистон муттаҳид сохт, пояи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро асос гузошт ва ба некуаҳволии рўзафзуни мардум шароитҳо фароҳам овард. Ваҳдате, ки намоди барҷастаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад!
Вожаи ваҳдат барои миллати мо вазну арзиши хос дорад. Ин вожа дар радифи истилоҳоти муқаддасе чун “Истиқлол” ва “Сулҳ” шукуҳу азамат ва хирадмандии миллати моро таҷаллӣ медиҳад. Пойдор намудани Ваҳдати миллӣ омили тавлиди дигарбораи миллат, эҳёи шуур ва ғояи ягонаи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид.
Дар ваҳдат зистан барои бани башар аз замони пайдоиш ва шаклгирии ҷомеа шарти муҳим ва ҳадафи ягона буду ҳаст. Ҳама адёну мазоҳиби башарӣ низ талқингари ғояи ҳамзистӣ дар ваҳдату салоҳ мебошанд. Ин аст, ки бузургон низ шарти аслии наҷоти оламу одамро дар ҳамгироӣ ва ваҳдат медонанд. Дар илми сиёсат низ ин фикр исбот шудааст, ки усули расидан ба аҳдофи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳз ваҳдати миллӣ ва муносибати ҳасана бо ҳамсоягон аст. Аммо ба назар чунин менамояд, ки сабақи таърих барои инсоният бетаъсир шудаст. Сиёсатҳои нодурусти ҳамсоякишварҳо дар қиболи ҳамдигар ки ба қавле бар манофеи миллияшон равона шудаанд, сабабгори ҷангу муноқиша миёни ҳам мегардад. Муноқишаҳои Фаластину Исроил, Покистону Ҳиндустон ва даргирии туркҳо бо курдҳо намунаҳои рушане аз ин нифоқ ва бенизомии башар аст.
Гуфтори маъруфи таърихие нисбат ба тоҷикон пайваста аз забони олимону донишмандон садо медиҳад: “Тоҷикон дар тӯли таърих ба ҳеҷ давлате ҳуҷум накарданд. Тоҷикон бо ягон миллат ба ҷанг барнахостаанд. Тоҷикон омили муноқиша бо ягон давалати ҳамсоя набудаанд”. Ин далели таърихӣ исботи он аст, ки тоҷик аз азал миллати ваҳдатпараст ва сулҳофар аст. Ҷанги дохилие, ки солҳои 90-уми қарни гузашта давлати моро домангир шуд, зарбаи гароне ба сари худи миллат буд. Ба сари кишвари хурде, ки тоза ба Истиқлоли давлатӣ даст ёфта буд ва иқтидори иқтисодӣ ҳам надошт ҷанги дохилие таҳмил гардид, ки оқибати фалокатбореро барои миллат овард.
Хисороти ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як мамлакати беиқтисод ва миллати парешону гуреза буд. Миллате, ки умеде барои ояндаи дурахшон надошт ва оромонҳои ҳазорсолаи давлатдории худро ба руъё бадал мекард. Аммо бо азму иродаи шикастнопазири фарзанди оқилаш ин руъёҳо ба ҳақиқат бадал шуданд. Тоҷикон дубора азамати таърихии худро, ки аз таъриху адабиёти ғанӣ маншаъ мегирад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Дар амалисозии ин ҳама нақши роҳбари миллатпарасту сулҳпарасти мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умда аст.
Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузарониданд. Ҷустуҷӯйи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу субот барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва қонеъ кардани ҷонибҳо кори мушкил буд. Билохира 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, дар даври ҳаштуми музокирот “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо шуд. Пас аз ин ҳодисаи таърихӣ Президенти мамлакат ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид кард: “Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.
Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд.
Миллатеро аз вартаи фано наҷот додан кори саҳл нест. Барои анҷоми ин амал нерӯи бузурги зеҳнӣ, ҷасорату матонат ва садоқату таҳаммулпазирӣ мебояд. Ин ҳама дар шахсияти кордон ва муборизе, чун Эмомалӣ Раҳмон ки ҳастии худро фидои ин Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдат кардааст, таҷассум ёфтааст. Баргардонидани ҳазорҳо гуреза ба Ватан, дар дили пиру барно коштани тухми умед, ба лабони кӯдакон овардани хандаву нишот ва садҳо амали хайру бесобиқаеро метавон номбар кард, ки Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи ин миллат анҷом додааст.
Бо роҳи осоишта ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муваффақияти миллӣ ва сиёсии давлатмардони мо аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор дорад. Ниҳодҳои гуногуни тадқиқотии ҷаҳон, муноқишашиносон, сиёсатмадорони варзида, коршиносони сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ формулаи сулҳи тоҷиконро муваффақтарин роҳи расидан ба сулҳ медонанд. Ин нуктаро Президенти кишвар низ ҳамеша барои кишварҳои дар ҳоли ҷанг қарордошта аз минбарҳои ҷаҳонӣ таъкид мекунад.
Хеле осон аст, ки барои худ моҳияти Ваҳдати миллиро кашф кунем. Танҳо мебояд ба чеҳраҳои хандони кӯдакони перостаи ин диёр нигарем, ба чеҳраҳои пурнишот ва лабрез аз ҳарфи шукронаи пирони ин мамлакат нигарем, ба дастҳои якҷои ду ошиқ, ба лолаҳои рангоранги хиёбон, ба фаввораҳои рангин ва билохира ба осмони беғуборе, ки шамими осоиштагӣ дорад.
Имрӯз ҳар фарди тоҷик бояд таърихи истиқлолу ваҳдат, суботу созандагиҳои кишварро хуб донаду арҷ гузорад. Мо ҳеҷ гоҳ набояд ба хатое, ки сабабгори муноқишаву мухолифати гурӯҳиву нажодӣ мегардад, роҳ диҳем. Аз қаҳрамониҳои бемисли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқиф бошад ва ин шоистагиро ба наслҳои баъдӣ талқин созад.
Имрӯз раванди нави таърих бар дӯши мардуми шарафманди Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккабро гузоштааст. Моро месазад, бо дарки амиқи худшиносиву ватандорӣ дар бунёди ҷомеаи мутамаддин ҳиссагузор бошем ва сулҳу шукуфоиро, ки бо заҳматҳои гарон ба даст омадаанд, ба наслҳои оянда беолоиш ба ёдгор гузорем. Бо донишу заковат, ҳисси баланди хештаншиносиву меҳандӯстӣ ва билохира хиради волои азалии худ ояндаи меҳани биҳиштосову ҷононҷони худро равшан намоем.
Қодирова Малика - лаборант калони шӯъбаи бостоншиносӣ. Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.