Skip to main content
Сиёсати хориҷӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ буда, нақши ҳалкунанда дар таъмини амният, субот ва рушди устувори ҳар як кишвар мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи геосиёсӣ ва равандҳои чаҳонӣ ташаккул додааст. Дар ин раванд Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун хуҷҷати муҳими сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишваро муайян менамояд.

232Дар Паёмҳои худ Пешвои миллат сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуда, ҳадафи асосии онро ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.

Асосҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Дар Паёми Пешвои миллат таъқид мегардад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои умумиэтирофшудаи ҳуқуқи байналмилали амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвар, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва ҳамкории судманд аз муҳимтарин асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта,бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориро рушд медиҳад. Пешвои миллат борҳо таъқид намудаанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии худро ба муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо равона намесозад ва ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ. Яке аз масълаҳои калидие, ки дар Паёми Пешвои миллат ҷойгоҳи муҳим дорад, таъмини амнияти миллӣ тавассути сиёсати хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон бо назардошти вазъи муракаби геосиёсии минтақа ба таҳкими хамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Паём таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар таҳкими амният ва суботи минтақавию ҷаҳонӣ мегузорад.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя. Самти афзалятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Точикистон рушди муносибатҳои дӯстона ва некуҳамсоягӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Пешвои миллат зикр мегардад, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ боз ҳам бештар таҳким ёфтааст. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва савдо, инчунин равобити фарҳангию гуманитарӣ аз натиҷаҳои муҳими сиёсати хориҷии мутавозини Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ин раванд на танҳо ба манфиати кишварҳои минтақа, балки ба таъмини сулҳу суботи пойдор дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтааст, сиёсати сулхҷӯёна, мутавозин ва ояндабин мебошад. Ин сиёсат ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими амният, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувор равона шудааст. Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар ниҳоят бузург буда, маҳз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти давлат аст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва соҳибэҳтиром гардидааст.

Сомон Ғоибназарзода, ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афаридуну Ҷамшед ёдгор аст.

323Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он дар оғози шомгоҳи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешуд.

Бино ба тадқиқоти олимони мардумшинос ва мутахассисони фолклор таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.

Дар сарчашмаҳои адабӣ ва тафсирҳои мавҷуд то кунун дар мавриди ҷашни Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад”.

Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Ҳамон гунае, ки ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар осори шоирону адибони тоҷик инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Фирдавсиву Манучеҳрӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Умари Хайём ва дигарон низ ривоҷи зиёде дорад, ки Хоқонии Шервонӣ дар ин маврид чунин гуфтааст:

Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,

Наврӯзи фарруху Садаву Меҳргони хеш.

Ҳамчунин шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд»

Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг –дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ–Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад. Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар “Фарҳанги асотир” баён шудааст.

Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар, аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст.

Чи тавре, ки Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраъҳои шеърӣ баён кардааст. Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳе дарафтод ва сангеро бардошта ба болои он ҳавола дод, ки ба санги дигар бархурда, дар ин вақт аз зарбаи ду санг оташ ба вуҷуд омад. Аз ҳамон рӯз онро нури Хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг асос гузоштанд.

Боз дар ин боб муҳимтару маънодортар ин нукта аст, ки кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг дар зимни тадбирҳои паёпайи ӯ оварда мешавад, ки аз рӯйи моҳият онҳоро метавон тамаддунофаринӣ унвон кард.

Муҳимтарин дастовардҳо ва ихтироъоти Ҳушанг дар ин силсила онгуна ки дар “Шоҳнома” ёд шуда, аз ин қабил аст:

1.Кашфи оташ;

2. Ҷудо кардани оҳан (филизот) аз санг;

3. Кишту варз ва истеҳсоли маводи кашоварзӣ, ки то ин замон хӯроки мардум танҳо аз меваҷоти худрӯй буд;

4. Таҳияи пӯшоки мардум аз пӯсти (чарми) ҷонварон, ки то ин замон пӯшокашон барги дарахтон будааст:

Дар маҷмӯъ, мебинем, ки ончи барои рушду пешрафти се соҳаи фаъолияти асосии иқтисодии ҷомеаи инсонӣ, ки ҳанӯз ин ҷойгоҳро ҳифз кардаанд, яъне саноат, кашоварзӣ ва чорводорӣ дар замони Ҳушанг ва ба ташаббуси ин шоҳи бузург зербинои аслӣ бунёд ниҳода мешавад.

Бинобар ин мулоҳизаҳо, оташи ихтироъкардаи Ҳушанг нахустин партави дурахшон ва нерӯманди тамаддуни ҳаётии башарӣ буд ва онро “фурӯғи эзадӣ” донистан аст, ки ба баракати он зиндагии инсон сару сомон ёфт. Ин оташро дар ниҳоят ба неру (энергия) ҳам татбиқ кардан мумкин аст.

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳсули ин оташ сартопо хайру созанда (на сӯзанда) тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар як муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар, бо достони пайдоиши оташ дар асотири миллатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.

Ҳушанг дар фарҳангҳо “Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некуманзар” тавсиф шудааст, аммо аз матни “Шоҳнома” ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо “ҳуш”, ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва “анг” чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад.

Ҳушанг аз қабили қаҳрамонони хушноми “Шоҳнома” чун Фаридуну Эраҷ ва Сиёвуш мебошад, ки минбаъд дар фарҳанги даврони баъдӣ низ аз онҳо фаровон ба некӣ ёд шудааст.

Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

Хуллас, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои накӯ, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.

Саидов Насим Музаффарович - корманди Маркази рушди инноватсионии

илм ва технологияҳои рақамӣ Академияи миллии илмҳои Точикистон

(Ҳамсадоӣ бо Паём)

213Мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асолати ориёӣ рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» дар китоби луғату фарҳангномаҳо маънои «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо»-ро дорад. Азбаски наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳимми фарҳанги мардуми мо ба шумор меравад ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» («...Модари озодагон кам орад фарзанд», устод Рӯдакӣ) ё «озодзодагон» («Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро...», Носири Хусрав) донистаанд, метавон таъйид кард, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи пурифтихори мардуми мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ ба суратҳои мухталиф, гоҳе пуррангу пурҷило ва гоҳе камрангу камнамо ҷилва кардааст, вале шуълаи фурӯзони ин ифтихор дар тули таърих ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ба баёни дигар, ҳар гаҳ ки таърих барои рушду боландагии миллии мо шароити созгору имкони мусоид фароҳам овардааст, фурӯғи ин шуъла фурӯзонтару тобандатар зуҳур карда, ҳар гаҳ ки зулму ҷаври таърих мардуми моро ба ҳошия кашидааст, дурахши он камтар ба мушоҳида расидааст.

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки ниёгони бузурги мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон – катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва порсии бостон сабт шуда, дар батни матни он сарзаминҳои аҷдодии мо тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари бештар аз бист кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишӣ ба шумор рафтаанд, забони порсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Аз ҷумла, дар банди 20-и сутуни чоруми ин катиба чунин омадааст: «Дориюшшоҳ гӯяд: - Ба хости Аҳуромаздо ин набиштаро ман [ба тариқи] дигар [низ] кардам. Ба илова ба [забони] ориёӣ буд, ҳам рӯйи лавҳ ва ҳам рӯйи чарм тасниф шуд».

Дар сангнавиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работак, ки соли 1993 дар наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ошкор гардид ва ба забони бохтарӣ ва ба хатти юнонӣ сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст. Аз ҷумла, дар сатри 3-и катибаи мазкур шоҳи давлати Кӯшониён – Канишка аз соли аввали ба тахти шоҳӣ нишастанаш одамхудо ва шоистаи таъзиму тамҷид эътироф гардида, таъкид шудааст, ки: «вай [ба] юнонӣ маншур содир кард, баъдан онро ба забони ориёӣ овард».

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар марҳалаи оғозин ва ҳам дар давраи миёнаи рушду такомули худ забонҳои эронии ба истилоҳ ҳам ғарбӣ (дар намунаи порсии бостон) ва ҳам шарқӣ (дар намунаи забони бохтарӣ) забони ориёӣ номбар шудаанд. Гузашта аз ин, дар ин катибаҳо ҳам Дориюш ё Дорои I (522-486 то мелод) – аз бузургтарин шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ (705-330 то мелод) ва ҳам Канишка (78-101) – севумин шоҳи силсилаи Кӯшониён (15-250), яъне шоҳоне, ки бо дастури онҳо ин катибаҳо ҳак гардидаанд, асолат, бузургӣ, шоистагӣ ва шукӯҳу азамати давлатдории худу пешиниёни худро ситоиш кардаанд.

Тавзеҳан решаи калимаи «тоҷик» ҳам ба маънии «соҳибтоҷ», «тоҷдор», яъне асилу наҷиб ба маъниҳои луғавии «ориёӣ» ва «озода» ё «озодзода» пайванд мехӯрад. Ба ин далел, калимаҳои «ориёӣ», «озода» ё «озодзода» ва «тоҷик» ба ҳамдигар муродиф дониста мешаванд.

Ҳамин аст, ки устод Садриддини Айнӣ дар ибтидои садаи бист дар муқаддимаи “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид, мардуми моро “қавми муаззам” ва “қавми бузург”-и мансуб ба “ирқи орӣ”, яъне мардуми ориёӣ ба қалам оварда буд. Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳамон рӯзгори ба давраи сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ворид шудани мардуми мо, устод Айнӣ бо ин суханон моро ҳушдор медод, ки асли ориёии худро шиносем ва аз асолати худ ва бузургию азамати миллати тоҷик ифтихор намоем.

Дар рӯзгори файзбори Истиқлол ва давлатдории милли мо соли 2006 бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ҳадафи олӣ аз ин иқдом на бартариҷӯйии нажодӣ, балки эҳёи ҳофизаи таърихӣ, рушди худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти арзишҳои фарњангӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофари мо буд, ки дар рӯзгори нави давлатдории миллӣ моро ба пайванд додани гузаштаву имрӯза ва ояндасозии муваффақ раҳнамун месозад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, чун анъана, ба масъалаҳои марбут ба арзишҳои миллию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” тадбирҳои амалӣ андешанд.

Таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” идомаи мантиқии ҳамон иқдоми Соли бузургдошти тамаддуни ориёист, ки моро ба шинохти гузаштаи пурифтихори худ ва имрӯзсозию ояндасозии муваффақ фаро мехонад.

Илова бар ин, дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ҳам ёдгорҳои қадими ориёӣ, аз ҷумла шаҳристонҳои Саразм, Ҳулбук, Тахти Сангин, Карон, Қалъаи Муғи Истаравшан, ҳайкали хобидаи Буддо (дар Осорхонаи бостони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад) ва ғ. мавҷуданд, ки ёдгорҳои қадим ва муҳимми ориёӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин, дар пойтахти имрӯзаи тоҷикон – шаҳри Душанбе таъсис намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” заминаи ҳақиқию воқеии таърихӣ дорад ва шак нест, ки берун аз маҳдудаи мамлакат, аз тарафи ҷомеаи илмию фарҳангии ҷаҳон истиқболи гарм пайдо хоҳад кард ва дар дохили кишвар ба худшиносию худогоҳии миллӣ беш аз пеш мусоидат хоҳад намуд.

Ба назар чунин мерасад, ки “Конуни тамаддуни ориёӣ” бояд ҳамаи давраҳои таърихи пурифтихори моро, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз фаро гирад ва давраи давлатдории Сомониён бо зикри амирону вазирони некном ва бузургони илму забону адаби ин аҳди тилоии миллатамон бояд дар он ҷойгоҳи хос дошта бошад.

Наврӯз куҳантарин ва маъруфтарин ҷашни суннатии мардуми мост, ки дар баробари дигар ҷашнҳои қадими ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва аз рӯзгори подшоҳии Ҷамшед ва ҳатто пештар аз вай ибтидо гирифта, то ба имрӯз аз тарафи мо – тоҷикон ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мегардад. Бахусус, баъди он ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 23 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ин ҷашн ба мақоми байналмилалӣ соҳиб гардид, шуҳрату эътибори он дар саросари ҷаҳон бештар гардид.

Ногуфта намонад, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷузъи муҳимми тамаддуни бузурги ориёӣ маҳсуб мешавад ва бо ин тамаддун пайванди азалию усулӣ дорад.

Дар маҷмуъ, иқдомҳои наҷибу ҳувиятофари Пешвои миллат дар робита ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” шоистаи дастгирии дастҷамъӣ ва ҳамаҷониба мебошанд. Таъсиси ин ду конун воқеан ойинаи таҷаллии ҳақиқати таърих аст, ки дар он гузаштаи пурифтихори мо бори дигар бо ҳама шукӯҳу ҷалоли худ ба ҷилва меояд ва насли имрӯзу фардои моро ба асолати миллӣ ва пайванд додани дирӯзу имрӯзи миллат фаро мехонад.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

“Адабиёт ва санъат”. 14-уми январи соли 2026. №3 (2335). – С.3.

Ироаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар соли сипаришаванда аз муҳимтарин иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва раҳанамунсози Сарвари давлат дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.

123Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар анҷоми соли 2025 ва оғози соли 2026 дар замоне ироа гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳон номусоид боқӣ монда, ихтилофҳои байни кишварҳои абарқудрат боз ҳам бештар афзуда, ҳаёти иҷтимоии одамон дар баъзе кишварҳои олам ҳам аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати суботу амният ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида истодааст.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва тамоми мардуми кишварро ба ин самт равона сохта, мавқеи Тоҷикистонро дар чунин вазъи ногувори ҷаҳон мусбат арзёбӣ намуда, аз дастовардҳои комёбшуда зимни ҳалли масоили сарҳадӣ ва имзои Шартномаи дӯстии абадӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узекистон ёддоварӣ карданд. Ин иқдоми Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои таъмини оромию осоиштагӣ ва суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, барои таҳкими муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мардумони ин ҳудуди ҷуғрофӣ заминаҳои ҳамкориҳои бештареро фароҳам сохт. Бо эълони ин шартномаи тақдирсоз, ки дар таърих бо номи Эъломияи Хуҷанд сабт шудааст, аҳли олам бори дигар дарк намуд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари бохираду дурандеш ва инсондӯсту башарпарвараш ҳамеша ҷонибдори сулҳ, суботи сиёсӣ ва амнияту осудагӣ дар тамоми олам аст. Ҳалли масоили сарҳадӣ бо роҳи осоишта ва гуфтушуниду музокираҳои ду ва сеҷонибаи кишварҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, бори дигар ба оламиён таҷрибаи мусолиҳатомези ҳалли ҳамагуна мушкилотро собит сохт.

Зимни ироаи паём Пешвои миллат ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли 2025 дар самти обу иқлим, пиряхшиносиву криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва аз ҷониби Маҷмааи СММ пазируфта шудаи қатъномаҳо доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»-ро бо ифтихор таъкид карда, зикр намуданд, ки ин дастовардҳои бузург далели он аст, ки Тоҷикистон дар низоми сиёсати ҷаҳон мақоми шоистаеро касб карда истодааст.

Бояд зикр кард, ки паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ҷанбаҳои хеле қавии таҳлилӣ ва илмӣ дорад. Маҳз ҳамин вижагии паём аст, ки ҳар як бахши таҳлилшуда дар асоси методологияи муайяни илмию пажуҳишӣ таҳлилу таҳқиқ гардида, самараҳои ба дастомадаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсати муваффақонаи хориҷии кишвар бо асноду далелҳои муътамад асоснок гардидааст.

Дар ин росто, саҳми олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои илмию таълимии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз тавассути таҳқиқ ва иҷрои корҳои назариявию амалӣ Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар қадаме ба пеш гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва дастгирии Академияи миллии илмҳо таваҷҷуҳи хосе зоҳир карда, ба олимону пажуҳишгарони ин ниҳоди илмӣ боварии комили худро изҳор намуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҷанбаи суханронии Сарвари давлат, доир ба истифодаи мафҳуми илм ва ва робитаи он бо дигар мафҳуму истилоҳот инҷониб таҳлили оморие гузаронид. Аз ин таҳлил бармеяод, ки Пешвои муаззами миллат дар раванди ироаи паём дар баробари дигар сохторҳо 4 маротиба номи Академияи миллии илмҳоро ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти илму таҳқиқ дар баробари дигар вазорату идораҳо зикр карда, дар 14 мавриди дигар мафҳуми илм дар иртибот бо мафҳуму истилоҳоти маориф, таълим, техника, технология, дониш, савод ва ғайраро мавриди истифода қарор доданд, ки ин далели илммеҳвар будани паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат омӯзишу пажуҳишро дар самти илми бостоншиносӣ хеле муҳим арзёбӣ намуда, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангиро аз муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ барои имрӯзиёну фардоиёни кишвар номида, чунин таъкид намуданд:”Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”. Албатта, ин ҳидоятҳои раҳнамунсоз моро водор менамояд, ки дар самти таҳқиқу омӯзиши осори бостонии минтақаҳои гуногун, забонҳои бостонӣ, осори хаттӣ ва корнамоиҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик, ки дар саҳифаҳои таърих бо фидокориву ҷоннисориҳо марзу буми ватани худро аз ҳамагуна газандҳои аҷнабиён ҳифз кардаанд, асарҳои илмию бадеии олимону адибони варзидаро, ки бо эҷодашон машҳури ҷаҳон гаштаанд ва ҳунармандону меъмороне, ки дар бунёди коху қасрҳо ва шаҳрсозиҳову бунёди тамаддунҳои муҳташаме саҳму нақши мондагор гузоштаанд, пажуҳишу ковиш ва таҳлилу таҳқиқи бештаре карда, барои муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳму нақши муҳимми худро гузорем. Зеро насли наврасону ҷавонони тоҷик дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ, рушди техникаву технологияи иттилоотӣ, заҳни сунъӣ ба донистани таърих, забон, адабу фарҳанг ва илму пажуҳиш ниёзе бештаре пайдо кардааст.

Дар ҳамин замина, бо пешниҳоду ташаббуси фарҳангу таърихпарваронаи Пешвои миллат бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилаии Наврӯз дар шаҳри Душанбе низ аз аркони муҳимми паём шуморида мешавад.

Ба андешаи Сарвари давлат, миллате, ки шиори он дар тамоми раванди рушди таърихӣ “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буд, имрӯз бояд ифтихор аз он кунад, ки соҳиби тамаддуни куҳан, забони шевову ширин ва шоираи тоҷикӣ, адабиёти бадеии оламшумумул, расму ойинҳои мардумӣ ва ҷашнҳои инсону башарпарварона дар олами мутамаддин мебошад.

Ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои миллати тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, мондагории онҳо тавассути сиёсати худшиносиву хештаншиносонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли имрӯзу фардои кишвар таъмин хоҳад гашт.

Роҳбари давлат, зимни пешниҳоди бунёди ин ду конуни муҳимми аҳаммияти таърихию фарҳангидошта, пеш аз ҳама, ба неруи илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бовар ҳосил намуда, дастур додаанд, ки олимони аз ҷониби ин ниҳоди илмӣ таҳия карда шавад. Дар ин росто, олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Пешвои миллат зикршуда, тамоми неруи зеҳнии худро равона сохта, барои амалӣ намудани онҳо таҳқиқу таҳлилҳои муфидеро ба хотири рушди ҷомеа ба анҷом хоҳанд расонд.

Саломиён Муҳаммаддовуд - доктори илмҳои филология, профессори ДМТ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Эй ҷавон бархез то ҷашни Сада барпо кунем,

Оташи шодӣ биафрӯзему хуш ғавғо кунем.

Суннати ойини Эрони куҳанро нав кунем,

Андар ин рӯзи хуҷаста ёд аз обо кунем.

Он шукуҳу фарри дерина, ки аз мо гум шуда,

Дар ҷаҳони пур зи найрангу фусун пайдо кунем. Аржангӣ

Ҷашни Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омада, аз куҳантарин идҳои мардуми ориёитабор аст. 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2023 дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни Сада қайд карданд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст”.

Сада обонрӯзи баҳманмоҳ, яъне 10-уми баҳман, мусовӣ ба 30 январ, ҷашн гирифта мешавад. Сада садумин рӯзи зимистон аст: аз ибтидои зимистон – аз 1 обон (23 октябр) то 10 баҳман (30 январ) сад рӯз ва аз 10 баҳман (30 январ) то Наврӯз (21 март) 50 шабонарӯз аст, ки бо шумори шабу рӯз адади 100 ташкил медиҳад.

Дар мавриди сарчашмаи пайдоиши ҷашни Сада фикрҳои мухталифе ҷой дорад. Аз ҷумла, бино бар қавли Абурайҳони Берунӣ: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд”(Осор-ул-боқия). Инчунин номи ин ҷашнро ба Каюмарс пайванд медиҳанд: “Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда...” (Ғиёс-ул-луғот,417). Ривояти дигаре ҳаст, ки фарзандони нахустин завҷи рӯйи замин – Маший ва Машийона дар рӯзи 10 баҳман ба сад расидааст.

Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Садаро аз замони Ҳушанг – замони падид омадани оташ медонад ва андар ойини Сада мегӯяд:

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг...

Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд,агар бихрадӣ”.

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард

Сада номи он ҷашни фархунда бувад.

Зи Ҳушанг монд з-ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр...

Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ниёкон аст, ки Фирдавсӣ аз он дар баробари Занду Авесто ёд мекунад:

Ба ҷое ки донист, к-оташкадаст

В-агар Занду Авастову ҷашни Садаст...

Баргузор кардани расму ойини Меҳргону Наврӯзу Сада ва бунёди оташкада он замон аз рукнҳои муҳимми давладорӣ ва суботи кишвар дониста мешуд:

Ниҳод андар он марз оташкада,

Бузургӣ ба Наврӯзу ҷашни Сада.

Ва набудани ҷашни Садаву Наврӯз нишони заволи салтанати шоҳу кишвар ҳисобида мешуд:

Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,

Шудӣ тира ҷашни Наврӯзу Сада.

Ҳаким Фирдавсӣ (“Шоҳнома”), Абурайҳони Берунӣ (“Ат-тафҳим”) ва Умари Хайём (“Наврӯзнома”) таҷлили садаро ба Фаридун – подшоҳи Пешдодӣ низ нисбат медиҳанд. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб кард, мардум ин пирӯзиро ҷашн гирифта, бо фармони Фаридун болои бомҳо оташ афрӯхтанд. Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки ҷашни Садаро тамоми подшоҳони Эрону Турон дар замонҳои қадим таҷлил мекарданд, вале баъд аз он тадриҷан фаромӯш шуд ва танҳо аз ҷониби зардуштиён ҷашн гирифта мешуд.

Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” аз ҷашни Сада ба унвони яке аз се ҷашни бузурги эрониён ёдовар шудааст, ки дар замони ислом то замони ҳамлаи муғулҳо аз ҷониби подшоҳон ва ақвоми мухталиф таҷлил мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин ҷашн ривоҷи бештар ёфт ва Унсурӣ – шоири маъруфи он давра дар бораи Сада мегӯяд:

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст,

Сада ҷашни мулуки номдор аст.

Мо аз суннатҳои таҷлили Сада дар даврони Сосониён огоҳӣ надорем, аммо бешубҳа, пеш аз ислом ин ҷашн чун маросими бошукӯҳ маъмул будааст. Ба ҷуз аз он ки Фирдавсӣ борҳо дар "Шоҳнома" аз ин ҷашн ёдовар мешавад, ӯ хотиррасон низ мекунад, ки дар Худойномаҳо Сада борҳо зикр шудааст ва он мисли Наврӯзу Меҳргон бузургу муҳим буд.

Решашинохтии вожаи Сада. Вожаи садаро ҳамон тавре ки зикр шуд, ба адади 100 нисбат додаанд. Адади сад вожаи аслан тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: дар форсии миёна sat, эронии бостон sata, санскрит ṡatά, авестоӣ sata, форсии бостон θata, суғдӣ st (Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ).

Дар “Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “ва лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سد) аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда” ва صد муарраби “سد” нест, балки таҳти таъсири хаттӣ арабӣ бо “ص” китобат шудааст.

Бархе аз донишмандон бар ин андешаанд, ки вожаи сада ба адади сад ҳеҷ пайванде надорад ва дар забони авестоӣ маънии “баромадани офтоб, тулуъ”, дар форсии миёна sad – “баромадан”, суғдӣ sat “баромадан” ва xvēr satē – “баромадани хуршед” аст, зеро дар ин рӯз чиллаи калон ба поён расида, чиллаи хурдак мерасад ва замину ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳанд.

Эроншинос Раҳом Аша дар мавриди сада чунин ибрози андеша мекунад: “Пешиниён дар ҷашни Сада ду вожа – сада (шумори сад) ва сада (баромада, бархоста)-ро бо ҳам омехтанд. Аз поёни меҳрмоҳ (21-22 уми октябр) то даҳуми баҳман (30-уми январ) сад рӯз аст, пас меҳр (офтоб) меравад то сад рӯз, ки барояд. Ҷашни Сада бозомадани меҳр – хуршед, офтоб аст, барои ҳамин оташ меафрӯзанд. Пас сухани Берунӣ нодуруст нест, танҳо порае аз номи Садаро гӯяд. Гузориши ӯ аз 50 шабонарӯз то Наврӯз нодуруст аст”. Ба андешаи Раҳом Аша аз поёни меҳрмоҳ (23 октябр), ки меҳр (хуршед) меравад, то 10 баҳман (30 январ) тақрибан 100 рӯз фосила аст, хуршед мебарояд ва табиат майл ба гармӣ ниҳода, рӯзҳо дарозтар мешаванд ва ба ин далел мардумон фаро расидани Садаро ҷашн мегиранд. Далели дигари 30-уми январ баргузор шудани ҷашни Сада 40 рӯз гузаштан аз шаби ялдо ё шаби чилла аст, яъне аз шаби ялдо (21 декабр) то 10 баҳман (30 январ) чил рӯз сипарӣ мешавад ва онро чилрӯзагии офтоб медонанд. Ин маросими тавлиди меҳр – хуршед мебошад ва ҷашни бошукӯҳи чиллабаророн аст, ки ҳамоно адади 40 дар расму ойини мо ба монанди чиллапоӣ кардани тифли навзод ё арусу домод, баргузории маросими чили одами аз дунё гузашта муқаддас шуморида мешавад.

Унсур ва намодҳои Сада. Оташ аз унсурҳои асосии ҷашни Сада мебошад. Инсон аз замонҳои қадим ба табиат ва унсурҳои он таваҷҷуҳ дошт, аз ин рӯ барои ориёитаборон аз даврони бостон чаҳор охшиҷ (унсур)-и ҳастӣ, аз қабили оташу обу боду хок ҷойгоҳ ва нақши вежа доштанд, чун зиндагиву рӯзгор ва иҷтимоъи онон бо ин чаҳор унсур пайванд буд.

Сари мояи гавҳарон ин чаҳор,

Баровард беранҷу берӯзгор.

Яке оташе баршуда тобнок,

Миён обу бод, аз бар тирахок. Фирдавсӣ

Мардуми ориёитабор ба оташ арзиши баландро қоил буданд, ки дар эҷоди анъанаҳо, таърих, фарҳанг, тамаддун ва сарчашмаи пешрафти саноат нақши муҳиме бозидааст.

Оташи Сада таҷассумгари намодҳоест, ки реша дар бовару ойинҳои қадими мардуми мо дорад:

1. Пирӯзии нур бар торикӣ. Оташ намоди нур, гармию зиндагист ва афрӯхтани он дар ҷашни Сада баёнгари пирӯзии нур бар торикӣ ва Ҳурмузд бар Аҳриман мебошад.

2. Поксозӣ ва покизагӣ. Афрӯхтани оташ барои поксозӣ аз палидӣ ва нопокӣ дар назар гирифта шудааст ва мардум бо паридан аз рӯи оташ ба дунболи покӣ ва тандурустӣ ҳастанд.

3.Оғози фасли баҳор. Оташ намоди гармию зиндагӣ ва оғози фасли баҳор аст, аз ин рӯ афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада нишонаи умед ба оянда ва оғози фасли ҷадиде аз зиндагӣ мебошад.

Бархе аз ин анъанот имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик боқӣ мондаанд. Аз ҷумла ба хотири рафъи маризӣ ва пок шудани бемор табибони мардумии мо навъе аз табобати аловгардонӣ доранд; давр задани арусу домод дар гирди гулхан, ки гумон меравад аз ҳамин ойин маншаъ гирифтааст.

Русум ва одоби ҷашни Сада. Сада дар даврони бостону асрҳои миёна аз муҳимтарин ҷашнҳо буда, бисёр бошукӯҳ таҷлил мешуд. Ҷашни Сада аз нисфирӯзии даҳуми баҳманмоҳ (30 январ) шуруъ шуда, то бегоҳ идома меёбад. Мардум як рӯз пеш аз ҷашн ҳезум ҷамъ карда, барои афрӯхтани оташи бузург онро тал мечинанд ва рӯзи ҷашн ҷавонон машъалҳо ба даст ҳезумро оташ мезананд ва мардум гирди гулхани бузург рақсу пойкӯбӣ мекунанд, суруд мехонанд ва орзуҳои нек мекунанд. Пас аз паст шудани шуълаи оташ мардум аз болои он мепаранд ва баъд аз хомӯш шудани он деҳқонон хокистари боқимондаро гирифта, ба заминҳо ба нияти ҳосилхезиву борварӣ мепошанд.

Суннатҳои ин ҷашн аз ситоиши Аҳурамаздо, дуову ниёиш, пойкӯбиву шодӣ, навохтани соз ва Шоҳномахониву наққолӣ иборатанд. Аз аркони муҳимми ҷашни Сада барафрӯхтани оташ аст, ки намоди покӣ, қудрату тавоноӣ ва ростӣ аст, зеро он рушаниву гармӣ мебахшад ва ҳамеша ба боло меравад ва палидиро бо худ намегирад.

Дар тули таърих пас аз густриши ислом ва ҳамлаи муғул шеваи баргузории ин ҷашн тағйир ёфт, аммо эҳтиром ба табиат ва ҳифозати он ва барафрӯхтани оташ, ситоиши некӣ ва ғалабаи нур бар зулмот ҳамоно боқӣ монд.

Сада реша дар қаъри таърих дорад ва дар аксари ривоятҳо ҷашнҳои миллии мо – Наврӯзу Садаву Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон ва шахсиятҳои таърихӣ нисбат додаанд, ки боиси мондагорӣ ва шукӯҳу ҷалоли бештари онҳо гардидааст. Сада аз ҷашнҳои миллии мост, пос доштани расму ойини гузаштагон, ки нишоне аз ҳувияту фарҳанги миллист, дар мақоми шоиста нигоҳ доштану баргузор кардани он аз вазифаҳои миллии ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст.

Шарифзода Фарангис Худоӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосири рушди ҷомеа ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамчун омили калидии пойдории давлатдории миллӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Дар ин замина ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

123— Мақсади асосии ин ташаббус эҳё ва ҳифзи хотираи таърихии миллат, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, инчунин таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Маҷмааи пешниҳодгардида бояд ҳамчун маркази муосири фарҳангиву маърифатӣ хизмат намуда, таърихи қадимии давлатдории тоҷикон, марҳилаҳои асосии ташаккули миллат ва саҳми шахсиятҳои барҷастаи таърихиро бо усулҳои навин муаррифӣ намояд.

Ин иншоот метавонад барои баргузории чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳо, намоишгоҳҳои доимӣ ва муваққатӣ, инчунин барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Бо ин роҳ маҷмаа ба минбари муҳими муаррифии арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат табдил хоҳад ёфт.

Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, ки имрӯз ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷумҳурӣ рушд меёбад, аҳамияти хос дорад. Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт мусоидат намуда, ба нақши Душанбе ҳамчун маркази ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст. Дар ин замина бунёди маҷмаа метавонад ба рамзи пайванди наслҳо, эҳтиром ба гузашта ва масъулият барои ояндаи давлату миллат табдил ёбад.

Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои тамаддуни қадимии ориёӣ маҳсуб мешавад. Давлатҳои қадимаи Бохтар, Суғд ва Хоразм дар ташаккули фарҳанг, иқтисод ва муносибатҳои сиёсӣ нақши бузург бозидаанд. Ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаҳои бостонӣ ва шахсиятҳои баруманди тоҷикон шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дорои фарҳанги пешрафта буданд. Эҳёи омӯзиш ва ҳифзи чунин мерос хотираи таърихии миллатро ғанӣ мегардонад. Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти бисёрҷониба дорад ва дар чанд самт нақши муҳим мебозад, ки инҳо ҳифз ва эҳёи мероси таърихӣ; тақвияти ҳувияти миллӣ; омӯзиш ва маърифат; тарбияи ватандӯстӣ, пайваст кардани гузашта, имрӯз ва фардо ва рушди фарҳанг ва сайёҳӣ мебошанд.

Ин маҷмаа ҳамчун макони гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии хотираи таърихии миллат, рӯйдодҳо, арҷгузорӣ ба шахсиятҳо ва фаромӯш нашудани сабақҳои гузашта бунёд мегардад.

Дар ин маҷмаа бо нишон додани роҳи пуршебу фарози таърих, ҷонфидоиҳо ва дастовардҳо ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ тақвият меёбад. Эҳёи хотираи таърихӣ ба ҷомеа кумак мекунад, ки аз таҷрибаи гузашта сабақ гирад ва барои оянда қарорҳои огоҳона қабул намуда, тавонад ба ҷалби сайёҳон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва рушди симои фарҳангии пойтахт мусоидат намояд.

Ин маҷмаа на танҳо ёдгории таърихӣ, балки абзори муҳим барои таҳкими ваҳдати миллӣ, маърифати ҷамъиятӣ ва рушди фарҳангии Тоҷикистон мебошад.

Таърих хотираи зиндаи миллат аст. Он на танҳо рӯйдодҳои гузашта, балки таҷриба, сабақ, фарҳанг, арзишҳо ва ҷаҳонбинии халқро дар бар мегирад. Ҳар миллате, ки ба таърихи худ арҷ мегузорад ва онро эҳё менамояд, метавонад роҳи дурусти ояндаро интихоб кунад. Аз ин ҷост, ки масъалаи эҳёи хотираи таърих дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Хотираи таърих маҷмуи донишҳо, тасаввурот ва арзёбиҳое мебошад, ки ҷомеа дар бораи гузаштаи худ дорад. Он тавассути осори хаттӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ, анъанаҳо, забон, адабиёт ва таълим насл ба насл интиқол меёбад. Агар ин хотира заиф ё таҳриф гардад, худшиносии миллӣ низ осеб мебинад.

Зарурати эҳёи хотираи таърихӣ дар он аст, ки давоми асрҳо бисёр миллатҳо бо сабабҳои гуногун — истилогарӣ, сиёсати бегона ё беэътиноӣ аз қисматҳои муҳими таърихи худ дур мондаанд. Эҳёи хотираи таърих барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа, пешгирӣ аз такрори хатоҳои гузашта нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷомеаи муосир эҳёи хотираи таърихӣ бештар тавассути таҳқиқоти илмӣ, нашри китобҳо, бозёфти осори бостонӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ амалӣ мегардад. Ин раванд махсусан барои ҷавонон муҳим аст, зеро онҳо ояндасозони миллатанд. Ҷавоне, ки таърихи худро мешиносад, ба фарҳанг ва давлатдории худ эҳтиром мегузорад.

Эҳёи хотираи таърих заминаи худшиносӣ ва ифтихори миллиро фароҳам меорад. Миллате, ки қаҳрамонон, олимон, шоирон ва фарҳанги худро мешиносад, дар баробари дигар халқҳо бо эътимод ва сарбаландӣ ҳузур меёбад. Ин худшиносӣ ба суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи хотираи таърих раванди пайваста буда, ҳаётан муҳим мебошад. Он гузашта, имрӯз ва ояндаро ба ҳам мепайвандад. Бо эҳёи таърих мо на танҳо хотираҳоро зинда мекунем, балки пояи устувори рушди миллат ва давлатро мегузорем. Ҳифз ва омӯзиши таърих вазифаи ҳар фарди огоҳ ва масъули ҷомеа мебошад.

Дар маҷмуъ, Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамчун иншооти муҳими давлатӣ ва фарҳангӣ дар роҳи таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос нақши муассир мегузорад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология

Иди Сада яке аз ҷашнҳои куҳантарин ва пурмуҳтавои фарҳанги мардуми ориёинажод, аз ҷумла халқи тоҷик, ба шумор меравад. Ин ҷашн дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ, пирӯзии инсон бар сармо ва торикӣ таҷлил гардида, ҷаҳонбинии мардум, муносибати инсон бо табиат ва қудрати ақлу хирадро инъикос менамояд. Сада на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки ҷашни маънавӣ ва фарҳангӣ буда, дорои арзишҳои амиқи инсонпарварона мебошад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии мардумӣ, Иди Сада дар миёнаи фасли зимистон, тақрибан панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад. Вожаи «Сада» ба маънои гузаштани сад шабу рӯз аз оғози фасли сармо тафсир мешавад. Дар тафаккури ниёгон ин давра ҳамчун марҳалаи гузариш аз сармои сахт ба гармии тадриҷӣ маънидод мегардид. Аз ин рӯ, Сада рамзи умед, интизории баҳор ва оғози нав дар зиндагии инсон маҳсуб меёфт.

Дар фарҳанги бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ориёинажод оташ ҷойгоҳи махсус дошт. Он дар Иди Сада ҳамчун рамзи асосӣ таҷассум меёфт. Оташ дар ин ҷашн на танҳо манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, балки нишонаи ҳаёт, покӣ, неру ва дониш дониста мешуд. Кашфи оташ яке аз марҳилаҳои муҳими рушди тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба инсон имкон дод, ки муҳити зисти худро беҳтар созад, аз сармо эмин монад, ғизоро омода намояд ва истеҳсолу ҳунарҳоро рушд диҳад.

Иди Сада инчунин ҷашни заҳмат ва меҳнатдӯстӣ мебошад. Дар тафаккури ниёгон, инсон танҳо бо меҳнат ва истифодаи оқилонаи неруҳои табиат метавонад зиндагии худро обод созад. Аз ин рӯ, Сада мардумро ба меҳнат, созандагӣ ва истифодаи хирадмандонаи неъматҳои табиат даъват менамуд. Ин андешаҳо имрӯз низ аҳамияти хос доранд, зеро масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир табдил ёфтаанд.

Ҷашни Сада дорои хусусияти иҷтимоӣ низ мебошад. Дар гузашта мардум бо таҷлили ин ҷашн гирди ҳам меомаданд, оташи рамзӣ меафрӯхтанд, орзуҳои нек мекарданд ва ба ҳамдигар меҳру муҳаббат зоҳир менамуданд. Ин анъанаҳо барои таҳкими ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мусоидат мекарданд. Сада ҳамчун ҷашни умед ва иттиҳод, рӯҳияи мардумро қавӣ мегардонд ва онҳоро ба фардои равшан дилгарм месохт.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Иди Сада, аз нав эҳё гардиданд. Эҳёи ин ҷашнҳо нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ буда, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихор аз гузашта аҳамияти бузург дорад. Иди Сада имрӯз ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад.

Тавассути таҷлили Иди Сада насли ҷавон ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон ҷалб мегардад. Ин ҷашн воситаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Он ба ҷавонон мефаҳмонад, ки фарҳанги миллӣ решаҳои амиқ дорад ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Имрӯз Иди Сада на танҳо ҳамчун ёдгории гузашта, балки ҳамчун ҷашни зинда ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ таҷлил мегардад. Он рамзи пайванди наслҳо, робитаи гузашта бо имрӯз ва боварӣ ба ояндаи ободу равшан мебошад. Сада мардумро ба зиндагии созанда, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат ҳидоят мекунад.

Хулоса бар ин аст, ки Иди Сада ҷашни рӯшноӣ ва гармии маънавӣ, рамзи хиради инсонӣ ва заҳмати созанда буда, арзишҳои волои фарҳанги миллии халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Гиромидошти ин ҷашн гиромидошти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Иди Сада моро ба қадршиносии гузашта, масъулият дар имрӯз ва умед ба фардои пурнур раҳнамоӣ мекунад.

Раҳимӣ Шукур Аҳмадзода – лаборанти калони Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд

123Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориашон ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудаанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруфу маҳбуб гарданд:

Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан.Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хидматгори шоистаи халқи хеш буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи хеш умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад, ки дар мадди аввал ҳомии истиқлолу содиқ ба миллатанд. Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои Сарвари давлат масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайриимкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мешавад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризояти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз ниёзҳои ҷомеа бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намоянд. Хидмати бузургу таърихии Сарвари давлат дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуданд.

Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми идораи давлатро бар дӯш гирифтанд, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад ҳеҷ аркони собиту устувори давлатдорӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳиме, ба монанди Конститутсия, Артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро доштанд. Хатари ба тамомияти арзии кишвар таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳамияти калон доштанд. Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирадмандист, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шавад.

Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд, сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, тайи 34 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст.

Ифтихори миллӣ. Барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расондаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби Авасто (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2015), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани гуфтаҳои болост, ки ҳамагӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу ҷалоли бағоят бузург баргузор гардиданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон Авасто мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби Авасто ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.

Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон аст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Яке аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолааи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии сартосарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолааи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум ба ҳисоб меравад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – ойинаи таърихи миллат» ва ғайра барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.

Ҳамин тавр, маҳз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо дарназардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба боварии комил метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” https://jumhuriyat.tj/7441-jemomal-ramon-peshvoi...

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок менамоянд. Дар ин хусус дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» санъатшинос, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов иттилоъ дод.

Интизор меравад, ки дар ин симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд донишмандону муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба таҳқиқи осори тамаддуни ориёиро баррасӣ намоянд.

Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» дар робита ба дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам- соли 2006 дар Тоҷикистон «Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ» эълон гардида, он бо тантана ҷашн гирифта шуд. «Соли тамаддуни ориёӣ» дар соли 2006 қадами муҳим дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба эҳё ва таҳкими арзишҳои қадимии ориёӣ нигаронида шуда буд.

Ин иқдом нақши таърихиро дар эҳёи фарҳанги моддӣ ва маънавии ориёии тоҷикон таъкид намуда, тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади таҳкими арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар ин самт, бахусус эҳёи арзишҳои бостонии ориёӣ, иштироки муассири давлат ва ҷомеа ба рушди фарҳанг ва илм ва пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллии тоҷик равона шуда буд. Ин ташаббус баёнгари аҳамияти бузурги таърихи бостонии ориёии тоҷикон дар сиёсати давлатии фарҳангӣ буда, барои иқдоми нави фарҳангӣ- истиқболи ташаббуси бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ замина гардид.

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик, ташаккули ҳисси худшиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстивӣ ҳамеша аз рузҳои аввали ҳамчун президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.

2123Иқдоми навбатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ба эҳёи хотираи таърихӣ ва гирд овардани рамзии шахсиятҳои барҷастаи миллат нигаронида шудааст, яке аз иқдомҳои созанда ва муҳими як вориси арзандаи ин миллати бузург мебошад. Зеро, имрӯз дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ рӯ ба афзоиш доранд, масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил мегардад. Ояндаи миллат бо эҳё, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба ин васила тарбияи наслҳои оянда вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз таҳлили сарчашмаҳо бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша бо арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ - фарҳангӣ ҳуввияти миллии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол додааст. Аз ин нуқтаи назар арҷгузорӣ ба таърих, ҳифзи хотираи таърихӣ ва гиромидошти бузургони миллат дар ин раванд ҳамчун пояи устувори ҳуввияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Бояд зикр намуд, ки ин арҷгузорӣ танҳо ёдоварии гузашта нест, балки пайванди зиндаи наслҳо мебошад, ки аз гузашта ба имрӯз ва аз имрӯз ба фардо мегузарад. Бо такя ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худ, тоҷикон талош менамояд ҳуввияти миллиро дар қалби наслҳои оянда тақвият бахшанд, то онҳо гузаштаи худро бишносанд, забон, фарҳанг ва анъанаҳои ниёгонро пос доранд ва бо ифтихор роҳи рушди ҷомеаро идома диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки хотираи таърихӣ, фарҳанги миллӣ ҳамеша муттаҳидкунанда аст. Яъне, инсонҳо бо фарҳанги ягона, таърихи муштарак, урфу одатҳои ягона ҳамеша бо якдигар наздиктар ва муттаҳиду қавӣ мебошанд, ки барои ҳифзи Тоҷикистони азиз ин нуқта низ хеле муҳим аст. Оиди ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст».

Воқеан, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иқдоми ояндабахши худ, яъне эҳёи хотираи таърихӣ ва гирд овардани рамзии шахсиятҳои барҷастаи миллат сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатро идома дода, дар таҳкими пояҳои маънавӣ ва таърихии давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Таъсиси маҷмааи таърихию фарҳангӣ дар пойтахти кишвари азизи мо, шаҳри Душанбе ифодаи бозам ташкили фазои воҳиди маънавӣ мебошад. Ин маҷмаа на танҳо иншооти меъморӣ, балки макони рамзии пайванди гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик хоҳад буд.

Эҳёи хотираи таърихӣ дар чунин шакл ба таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба мероси таърихӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Барои насли ҷавон ин иқдом ҳамчун мактаби зиндаи худшиносӣ хизмат намуда, онҳоро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият барои ояндаи давлату миллат раҳнамоӣ мекунад. Шароити баамаломада метавонад ҷавононро барои дарки гузашта ва масъулияти имрӯзу ояндаи миллат муттаҳид намояд ва дар замири онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиро таҳким бахшад. Ин иқдом роҳи олии тарбияи маънавии наслҳои имрузу оянда мебошад.

Таъсис ин Маҷмаа пеш аз ҳама метавонад иттилооти дақиқи таърихиро оиди гузаштаи бойи миллати тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда диҳад. Бояд ёдовар шуд, ки даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад.

Акнун фурсати беназире ба мо даст додааст, то дар самти мустаҳкам кардани тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз - мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем.

Ба ин мақсади худ танҳо бо роҳи донишандӯзӣ, илмомӯзӣ метавон расид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалинамоии ин ҳадаф озмунҳои гуногунро роҳандозӣ намуд, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши бузург дорад. Озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ...”, "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" ва ғайра ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд ва ба ин сабаб бисёриҳо ба дониш руй оварданд, дар дили бисёр инсонҳо шуълаи шавқу рағбат ба илму маърифат пайдо шуд. Ин озмунҳо, ки инсонҳо чандин аср назирашро надидаанд, боиси пешрафти рузафзуни миллат мешавад. Дар мамлакате, ки дониш қадр дошта бошад, ба таърихи гузаштаи худ арҷ гузошта шавад ҳатман ватандӯсту худшинос ҳар рӯз бештар мешавад ва барои ояндагон низ ин гуна иқдомҳо бисёр муҳим аст.

Ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти эҳёи хотираи таърихӣ қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо аз чунин иқдомҳо бояд самаранок истифода намоем. Ҳукумат барои мо шароит фароҳам овардааст, то барои ояндаи худ кӯшиш кунем, ҳисси ватандӯстию ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳем, соҳиби донишу илму маърифат гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллии худ саҳмгузор бошем.

Мо бояд қадри ин даврони сӯлҳу субот ва оромиро дониста дар паи омӯзиши пай дар пай таърихи гузаштаи худ шавем то ояндаи худ ва ояндагонамонро ободтару зеботар кунем.

Аз омӯхтани илму дониш наҳаросем, чунки дониш чизе нест ҷуз некӯи ва таҷрибаю ибрат. Ҷавонон пеш аз ҳама дар ҳоли савияи дониши баланд доштан, донистани гузаштаи худ, сарфаҳм рафтани арзишҳои миллии худ худогоҳу ватандӯст мегарданд.

Тарбияи ватандӯстӣ низ дар ҳоле муваффақ мегардад, ки ҳар ҷавони мамлакат маърифатнок гардида, дарк намояд, ки дар ин замон зиндагӣ дорем, дар замоне, ки илму дониш қадр дорад, донишманд роҳёбаст ва сӯлҳу суботу дӯсти пойдор аст.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи кор бо магистрон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни ИФС АМИТ.

123ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як зумра бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва намояндагони илму адабро пазируфта, масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти ҷумҳуриро ба миён гузоштанд.

Дар робита ба ин иқдоми саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ, ки дар ин мулоқот иштирок дошт, чунин ибрози андеша намуд:

— Масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, қабл аз ҳама, ба зиёиёни мамлакат дахл дошта, онҳо бояд дар якҷоягӣ бо меъморону бинокорон консепсияи бунёди чунин маҷмааро пешниҳод намоянд. Тавре ки маълум аст, мақсад аз бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ- ин эҳё ва ҳифзи хотираи миллати тоҷик ва таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ дар соҳаи таърих ва фарҳанг ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути арҷгузорӣ ва бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз даврони бостон то замони муосир, новобаста аз ҷойи зисту фаъолияташон, ки имрӯз берун аз марзҳои муосири Тоҷикистон мондааст, амалӣ гардад.

Арҷгузорӣ ва бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангии миллати тоҷикро дар маҷмаа, аз нигоҳи мо, тавассути ду роҳи асосӣ амалӣ кардан имкон дорад: аввалан, бунёди муҷассама, пайкара, нимпайкара ва ҳайкалҳои шахсиятҳои алоҳида, шогирдон, пайравон ва осори таърихию фарҳангии онҳо ва ба зиёратгоҳи бузургон табдил додани мавзеи барпо сохтани ин иншоот; дуюм, муқаррар сохтани сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зиёратгоҳ ва оромгоҳи шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он. Мавзееро, ки бунёди маҷмаа бо муҷассама, пайкара, нимпайкара ва ҳайкалҳои шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллат дар он сурат мегирад, ба зиёратгоҳи бузургони миллат табдил додан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки миллати тамаддунофари мо ба инсоният садҳо ва ҳазорҳо шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ додааст. Аз ин рӯ, дар интихоби чунин шахсиятҳо мо барои арҷгузорию бузургдошт дар ин маҷмаа мушкилӣ надорем. Маҳз бо ҳамин сабаб мо бояд ба чунин паҳлуҳои ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошем. Якум, аз байни шахсиятҳои даврони ориёии таърихи худ бояд гиромидошти шахсонеро ба роҳ монем, ки дигар ҳамзабонони мо бо сабабҳои динию мазҳабӣ ба онҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Дуюм, ба масъалаи он низ, ки як қатор мутафаккирони моро бе ягон асоси воқеӣ дигарон мехоҳанд азхуд кунанд, бояд камтаваҷҷуҳӣ зоҳир накунем. Ба рӯйхати чунин шахсиятҳо аз Зардушт то Аҳмади Дониш метавон Курушу Дориюш, Спитамену Борбад, Исмоили Сомонӣ ва вазири пуртадбир Ҷайҳонӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлонои Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алии Ҳамадонӣ, Бедил, Шамсиддини Шоҳин ва садҳо шахсони дигарро ворид намуд.

Сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба зиёратгоҳ ва оромгоҳи шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он бо роҳи саҳмгузорӣ дар ободонии ин мавзеъҳо ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ба зиёратгоҳ ва оромгоҳҳои мазкур барои сайёҳони дохилию хориҷӣ метавон амалӣ намуд. Ба ин гуна объектҳо, аз дидгоҳи мо, қабл аз ҳама, мақбараҳои Рӯдакӣ (Панҷакент) ва Алии Ҳамадонӣ (Кӯлоб), Хонаи Мавлоно (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Хонаи Айнӣ ва мазори Аҳмади Дониш (Узбекистон), мазори Носири Хусрав (Афғонистон), мақбараи Бедил (Ҳиндустон) ва ғайраро ворид кардан зарур аст.

Намоди зоҳирӣ ва мундариҷаю муҳтавои ботинии Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ бояд бо назардошти фалсафаи миллӣ, анъанаҳои муҷассамасозӣ ва меъмории ватанӣ, инчунин дастовардҳои санъату фарҳанги ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир ташаккул ёбад. Ороиши атрофи муҷассамаҳо дар шакли кӯчабоғ, иҳотадеворҳои дорои хусусияти бадеӣ, бо истифода аз сангҳои ороишии Тоҷикистон ва амсоли он метавонад шаклан ва мазмунан ин маҷмааро дар сатҳи хеле олӣ ба сокинони пойтахт, меҳмонони дохилию хориҷӣ муаррифӣ созад.

Дар маҷмуъ, таҳкими худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҳувияти шахс, ки бо эҳсоси мансубият ба миллат, давлат ва фазои фарҳангии муайян, дарки умумияти таърих ва забон, инчунин эҳсоси мансубият ба давлати муайян, ғояи миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ муайян карда мешавад, дар даврони муосир ба вазифаи сарнавиштсози ҳар халқу миллат табдил ёфтааст. Маҳз бо назардошти ҳамин омил бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти мамлакатамон имрӯз беш аз пеш мубрамият пайдо мекунад.

Дар ин асос иқдоми ватандӯстона ва миллатпарваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба бунёди ин маҷмаа қобили дастгирӣ буда, саҳмгузории маънавии ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар бунёди он вазифаи муқаддастарин ба ҳисоб меравад.

13 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як зумра бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва намояндагони илму адабро пазируфта, масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти ҷумҳуриро ба миён гузоштанд.

Дар робита ба ин иқдоми саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ, ки дар ин мулоқот иштирок дошт, чунин ибрози андеша намуд:

-Масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, қабл аз ҳама, ба зиёиёни мамлакат дахл дошта, онҳо бояд дар якҷоягӣ бо меъморону бинокорон консепсияи бунёди чунин маҷмааро пешниҳод намоянд. Тавре ки маълум аст, мақсад аз бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ- ин эҳё ва ҳифзи хотираи миллати тоҷик ва таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ дар соҳаи таърих ва фарҳанг ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути арҷгузорӣ ва бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз даврони бостон то замони муосир, новобаста аз ҷойи зисту фаъолияташон, ки имрӯз берун аз марзҳои муосири Тоҷикистон мондааст, амалӣ гардад.

Арҷгузорӣ ва бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангии миллати тоҷикро дар маҷмаа, аз нигоҳи мо, тавассути ду роҳи асосӣ амалӣ кардан имкон дорад: аввалан, бунёди муҷассама, пайкара, нимпайкара ва ҳайкалҳои шахсиятҳои алоҳида, шогирдон, пайравон ва осори таърихию фарҳангии онҳо ва ба зиёратгоҳи бузургон табдил додани мавзеи барпо сохтани ин иншоот; дуюм, муқаррар сохтани сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зиёратгоҳ ва оромгоҳи шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он. Мавзееро, ки бунёди маҷмаа бо муҷассама, пайкара, нимпайкара ва ҳайкалҳои шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллат дар он сурат мегирад, ба зиёратгоҳи бузургони миллат табдил додан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки миллати тамаддунофари мо ба инсоният садҳо ва ҳазорҳо шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ додааст. Аз ин рӯ, дар интихоби чунин шахсиятҳо мо барои арҷгузорию бузургдошт дар ин маҷмаа мушкилӣ надорем. Маҳз бо ҳамин сабаб мо бояд ба чунин паҳлуҳои ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошем. Якум, аз байни шахсиятҳои даврони ориёии таърихи худ бояд гиромидошти шахсонеро ба роҳ монем, ки дигар ҳамзабонони мо бо сабабҳои динию мазҳабӣ ба онҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Дуюм, ба масъалаи он низ, ки як қатор мутафаккирони моро бе ягон асоси воқеӣ дигарон мехоҳанд азхуд кунанд, бояд камтаваҷҷуҳӣ зоҳир накунем. Ба рӯйхати чунин шахсиятҳо аз Зардушт то Аҳмади Дониш метавон Курушу Дориюш, Спитамену Борбад, Исмоили Сомонӣ ва вазири пуртадбир Ҷайҳонӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлонои Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алии Ҳамадонӣ, Бедил, Шамсиддини Шоҳин ва садҳо шахсони дигарро ворид намуд.

Сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба зиёратгоҳ ва оромгоҳи шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он бо роҳи саҳмгузорӣ дар ободонии ин мавзеъҳо ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ба зиёратгоҳ ва оромгоҳҳои мазкур барои сайёҳони дохилию хориҷӣ метавон амалӣ намуд. Ба ин гуна объектҳо, аз дидгоҳи мо, қабл аз ҳама, мақбараҳои Рӯдакӣ (Панҷакент) ва Алии Ҳамадонӣ (Кӯлоб), Хонаи Мавлоно (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Хонаи Айнӣ ва мазори Аҳмади Дониш (Узбекистон), мазори Носири Хусрав (Афғонистон), мақбараи Бедил (Ҳиндустон) ва ғайраро ворид кардан зарур аст.
Намоди зоҳирӣ ва мундариҷаю муҳтавои ботинии Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ бояд бо назардошти фалсафаи миллӣ, анъанаҳои муҷассамасозӣ ва меъмории ватанӣ, инчунин дастовардҳои санъату фарҳанги ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир ташаккул ёбад. Ороиши атрофи муҷассамаҳо дар шакли кӯчабоғ, иҳотадеворҳои дорои хусусияти бадеӣ, бо истифода аз сангҳои ороишии Тоҷикистон ва амсоли он метавонад шаклан ва мазмунан ин маҷмааро дар сатҳи хеле олӣ ба сокинони пойтахт, меҳмонони дохилию хориҷӣ муаррифӣ созад.

Дар маҷмуъ, таҳкими худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҳувияти шахс, ки бо эҳсоси мансубият ба миллат, давлат ва фазои фарҳангии муайян, дарки умумияти таърих ва забон, инчунин эҳсоси мансубият ба давлати муайян, ғояи миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ муайян карда мешавад, дар даврони муосир ба вазифаи сарнавиштсози ҳар халқу миллат табдил ёфтааст. Маҳз бо назардошти ҳамин омил бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти мамлакатамон имрӯз беш аз пеш мубрамият пайдо мекунад.

Дар ин асос иқдоми ватандӯстона ва миллатпарваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба бунёди ин маҷмаа қобили дастгирӣ буда, саҳмгузории маънавии ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар бунёди он вазифаи муқаддастарин ба ҳисоб меравад.

123«Раванди оби Душанбе» - ин ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳадафи он ҳар 2 сол баргузор намудани конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи мазкур ва Ҳадафи 6-уми Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Яке аз он ҷорабиниҳо Конфронси навбатӣ дар доираи «Раванди оби Душанбе» дар соли 2026, яъне конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.

Маълумоти омории созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки масоили об ва санитария бо тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳо сахт алоқаманданд аст. Соли 2025 тақрибан 750 миллион нафар аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд. Ҳамчунин, зиёда аз 2,2 миллиард нафар бо мушкилоти санитарӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар кишварҳои дорои норасоии об, хушксолиҳо метавонанд то 50% захираҳои обро кам кунанд, ки ин метавонад ба кишоварзӣ, истеъмоли оби нӯшокӣ ва истеҳсолот таъсири бевосита расонад.

Тибқи пешгӯиҳои Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 беш аз 40 фоизи минтақаҳои ҷаҳон ба хатари танқиси шадиди об дучор хоҳанд шуд. Ин вазъ пеш аз ҳама ба таъсири тағйирёбии иқлим ва афзоиши ҳарорати ҳаво аз 1,1 то 2 дараҷа вобаста буда, чунин раванд тайи панҷ соли охир идома дорад. Дар натиҷа, масъалаҳои об ва иқлим ба яке аз масъалаҳои глобалии рӯзномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Ҳадафи 6-уми Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ба таъмини дастрасии умумиҷаҳонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва ҳифзи экосистемаҳои обӣ равона шудааст. Дар ин замина, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдории Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ гардидааст, ҳамчун платформаи муҳими илмӣ-тадқиқотӣ ва мониторинги вазъи захираҳои об хизмат мекунад. Ин ташаббус ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ, ҳифзи захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, пешгирии ифлосшавӣ, коҳиш додани талафоти об дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат бо норасоии об аҳамияти махсус медиҳад.

Мувофиқи маълумоти омории созмонҳои байналмилалӣ, дар айни замон тақрибан 2,2 миллиард нафар ба хизматрасониҳои бехатари оби тоза дастрасӣ надоранд ва беш аз 4,2 миллиард нафар бо мушкилоти санитарӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Ҳамзамон, пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2030 дар сурати идома ёфтани суръати кунунии истифодаи захираҳои об, норасоии об метавонад дар беш аз 40 фоизи минтақаҳои ҷаҳон ба сатҳи шадид расад. Дар ин замина, татбиқи чунин тадбирҳо барои амалисозии ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Ҳадафи 6-уми Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор аҳамияти калидӣ дорад.

Дар айни замон, тақрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, дар ҳоле ки беш аз 2,2 миллиард нафар бо мушкилоти санитарӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби бехатар рӯ ба рӯ мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки норасоии оби нӯшокӣ ва мушкили хизматрасониҳои санитарӣ масъалаҳои ҷудогона бошанд ҳам, аз ҷиҳати мазмун ба ҳам алоқаманданд. Дар ҳамин замина, Ҳадафи 6-уми Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ба ҳалли ин мушкилот равона гардидаанд. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоду пешбурди ташаббусҳои марбут ба обу иқлим дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид махсусан муҳим буда, ин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои фаровони об мебошад, дар муддати зиёда аз ду даҳсола бо роҳбарии Пешвои миллат дар пешбурди масоили об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият намудааст. Пешвои миллат бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар платформаҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи захираҳои об, рушди устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши муҳим дошта, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро барои тақсимоти оқилонаи об ва истифодаи самараноки он тақвият бахшидааст. Ин амалҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ҳадафҳои Ҳадафи 6-уми Рӯзномаи 2030 ҷиҳати татбиқи сиёсати устувор ва ҳифзи об нақши калидӣ доранд.

Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ ба яке аз самтҳои калидии таъмини рушди устувор табдил ёфтааст. Татбиқи муқаррароти Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия то соли 2030 заминаи мустаҳками илмӣ ва инноватсиониро барои ҳалли мушкилоти муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ фароҳам меорад.

Дар ин замина, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 ва Стратегияи миллии об то соли 2040 ба таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об равона гардидаанд.

Ҳамзамон, Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот, Стратегияи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, Барномаи омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳо, инчунин барномаҳо дар соҳаҳои энергетика, кабудизоркунӣ ва беҳдошти замину обёрӣ ҳамоҳангии илм, технология ва истеҳсолотро тақвият дода, ба баланд бардоштани устувории кишвар нисбат ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд. «Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» бошад, пояи кадрии ин равандро таъмин месозад.

Дар ҳамин чорчӯба, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо аҳамияти махсус дорад, зеро он механизми ягонаи мониторинг, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти илмиро фароҳам оварда, барои қабули қарорҳои асоснок дар соҳаҳои об, энергетика, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хизмат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар сатҳи миллӣ, сиёсати давлатӣ ба идоракунии устувори захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи экосистемаҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳими ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, нақши фаъол ва эътирофшуда дорад. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои об ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз пешсафон дар дипломатияи ҳамкори дар соҳаи об ва роҳҳои ҳали ин мушкилот дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ