Skip to main content

4-5 ноябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии донишманди маъруфи тоҷик Абуалӣ ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор мегардад.

Ҳадафи Симпозиуми мазкур фароҳам овардани платформаи ҷолиб барои мубоҳисаҳо, табодули дониш ва дастгирии ҳавасмандиҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои инсоншиносӣ, иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ, таҳкими робитаҳои таҳқиқотӣ-илмии байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ буда, баҳри пайдо намудани шарикони ҷаҳонӣ барои ҳамкории оянда имконият фароҳам меорад.

Дар симпозиум бо ширкати донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи фазои фарҳангии форсу тоҷик; фалсафаи исломӣ ва фалсафаи умумиҷаҳонӣ; масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо; рушди илму фарҳанг дар давраи Эҳёи Шарқ (асрҳои X-XI) ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар он; робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он; саҳми Абуалӣ ибни Сино дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик; аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино барои замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 31.08.2017, инчунин мувофиқи Протоколи Ҷаласаи чоруми Комиссия Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории илмию техникӣ аз 21.07.2025, ҳарду ҷониб ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро дар самтҳои афзалиятноки илмӣ таҳким ва тақвият хоҳанд дод.

Комиссия тасмим гирифт, ки барои гузаронидани озмун, экспертиза ва маблағгузории лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва техника гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи кории муштарак қоидаҳо ва шакли дархостро барои иштирок дар озмун таҳия мекунад. Қарор шуд, ки озмуни аввал дар моҳи декабри соли 2025 эълон шавад. Комиссия имкони маблағгузории муштараки 30 лоиҳаи муштаракро омӯхтааст ва барои ҳар як лоиҳа ҷониби Чин на камтар аз 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) юанро маблағгузорӣ мекунад.

Шартҳои пешниҳоди лоиҳаҳо:

- Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо: 50 рӯз - аз 30 октябр то 20 декабри соли 2025

- Муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои ҶМЧ ба Вазорати илм ва технологияи ин кишвар лоиҳаҳои худро дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод менамоянд (намунаи лоиҳа аз ШРБ АМИТ дастрас намоед);

- Лоиҳаҳо бо забони англисӣ пешниҳод карда мешавад;

- Пас аз пешниҳоди лоиҳаҳо, ҷонибҳо руйхати муассисаҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшударо тартиб дода, муқоиса менмаоянд. Дар натиҷаи мувоифиқ ва мутобиқ будани лоиҳаи ҳамсон аз ҷонибҳо, руйхати ягон тартиб дода шуда, ба экспертизаи давлатӣ ба Ҳукумати ҶХХ ирсол карда мешавад.

- Ба таври умум ҳар як лоиҳа аз ҷониби ҶХХ ба маблағи на кам аз 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) маблағгузорӣ карда мешавад.

- Аз ҳисоби умуми лоиҳаҳои пешниҳодгардида 30 лоиҳаи афзалиятнок ва ҷавобгӯи талабот интихоб карда мешаванд.

- Муҳлати амалигардии лоиҳаҳо: солҳои 2026-2028.

Самтҳои афзалиятноки илмӣ чунин имуайян карда шудаанд:

· Водные ресурсы;

· Ядерная энергетика и использование чистой энергии;

· Информационные технологии;

· Изменение климата;

· Сельское хозяйство и пищевая промышленность;

· Экология и охрана окружающей среды;

· Предотвращение и смягчение последствий стихийных бедствий;

· Биофармацевтика, минеральные ресурсы.

Ҳамзамон Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи татбиқи Барномаи байналмилалии олимони ҷавон лоиҳаҳои тадқиқотии кӯтоҳмуддатро дар муассисаҳои илмии Чин аз ҷониби олимони ҷавони боистеъдод аз кишварҳои дигар маблағгузорӣ мекунад. Комиссия олимони чавони институтхои тадкикоти илмии Тоҷикистонро барои иштирок кардан дар Барномаи байналхалкии олимони чавон барои корхои тадкикотй даъват менамояд. Корҳои тадқиқотии олимони ҷавони хориҷӣ дар муассисаҳои Чин аз ҷониби Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Барномаи дар боло зикршуда маблағгузорӣ карда мешавад.

Ба диққати тамоми магистрон, докторантони аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИН расонида мешавад, ки аз санаи якуми октябри соли 2025 то якуми ноябри соли равон хоҳишмандон барои иштирок дар Озмуни "Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз рӯи 3 номинатсия баргузор мегардад, метавонанд муроҷиат намоянд. Озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва ҷамъбаст мегардад.

Хоҳишмандон доир ба озмун маълумоти бештарро метавонанд аз шӯъбаи магистратура, докторантура PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ пайдо намоянд.

01-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025 СОАТИ 09:00 ДАР ТОЛОРИ КАЛОНИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

МАЪЛУМОТИ МУФАССАЛ ДАР ТЕЛЕГРАМИ АМИТ: https://t.me/akademia55

БАРОИ ПЕШНИҲОД ВА САВОЛҲОИ ИЛОВАГӢ БА МО ТАМОС ГИРЕД:
221-87-64 98-440-40-21

КОТИБИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯ - МУҲАММАД АМИНЗОД

ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025».

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва МДИ “Маркази омузиши пиряхҳои АМИТ" озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир»-ро дар мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» байни наврасони аз 12 то 17 сола эълон менамоянд.

Возможно, это изображение текст «ரப 산취과 BART E 9 초트명 60 Эълони озмун Бахшида ба "Соли байналмилалии хифзи пиряххо, 2025" 20 май мухлати охири кабули тасвирхо Дар мавзуи <Пиряххои Точикистон: зебой ва хифзи Онхо" "Бехтарин тасвир" 22мАЙ 22 МАЙ Эълони голибони озмун Голиби чойи 1-ум: 1000 СОМОНЙ Голиби чойи 2-юм: 700 сомоНй Голиби чойи Зюм: 500 сомонй Тухфахои хотиравй Талабот ба сину сол: аз 12 τо 17сола Намуди когаз: холст, Формат: АЗ Телефон барои тамос: 00 888 43 11 Почтаи электронй: mahwash05@mail.ru WWW.CBRN.TJ»

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар пойтахт Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

@RustamEmomali

Ба ифтихори бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, Рӯзи байналмиллалии астрономия Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор "Рӯзи дарҳои кушод" эълон менамояд.

Ин чорабинӣ ба ҳар он касе, ки ба олами бениҳоят ва асроромези коинот таваҷҷуҳ дорад, имконият фароҳам меорад, то бо фаъолияти илмии расадхона шинос гардад, бо астрономон мулоқот намояд ва бо чашми худ ҷирмҳои осмониро тавассути телескоп мушоҳида кунад.

📅 Сана: 3 майи соли 2025 (шанбе)

📍 Ҷой: Расадхонаи астрономии Ҳисор

🕘 Вақт: (соати 18:00 – 21:00)

Барномаи рӯз чунин аст:

Таърихи расадхона ва дастовардҳои он

Намоиши таҷҳизоти астрономӣ

Мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ

Маърӯзаҳои кӯтоҳ оид ба аҳамияти илмҳои дақиқ дар рушди кишвар

Сӯҳбатҳои озод бо олимон ва донишмандон

Мо шуморо ба ҷаҳони илм ва кашфиёт даъват мекунем!

Ҳузури шумо боиси фараҳ ва илҳоми нав барои ҷомеаи илмии мо хоҳад гашт.

 

4-5 ноябри соли 2025 Маркази синошиносӣ дар ҳамроҳӣ бо шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии Абуалӣ ибни Сино баргузор намудани Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” ба нақша гирифтааст.

Ҳадафи Симпозиуми мазкур фароҳам овардани платформаи ҷолиб барои мубоҳисаҳо, табодули дониш ва дастгирии ҳавасмандиҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои инсоншиносӣ, иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ, таҳкими робитаҳои таҳқиқотӣ-илмии байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ буда, баҳри пайдо намудани шарикони ҷаҳонӣ барои ҳамкории оянда имконият фароҳам меорад.

Дар симпозиум бо ширкати донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи фазои фарҳангии форсу тоҷик; фалсафаи исломӣ ва фалсафаи умумиҷаҳонӣ; масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо; рушди илму фарҳанг дар давраи Эҳёи Шарқ (асрҳои X-XI) ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар он; робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он; саҳми Абуалӣ ибни Сино дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик; аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино барои замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Мақолаҳо ва гузоришҳое, ки ба унвони Симпозиум пешниҳод мегарданд, бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гирад:

• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди фалсафаи ҷаҳонӣ (масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, эпистемологӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, антропология, ахлоқ, мантиқ ва методологияи илмӣ);

• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ (биология, геология, ва минералогия, метеорология, астрономия, риёзиёт, ҳандаса ва мусиқӣ);

• Илми тиб ва психология дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино;

• Таҳқиқи мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;

• Абуалӣ ибни Сино ва масъалаҳои фарҳанг, забон, таърих, тамаддун, тарбияи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқи (маънави)-и инсон;

• Абуалӣ ибни Сино ва эҷоди истилоҳоти илмию фалсафӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва таъсири он дар забонҳои дигари ҷаҳон;

• Педагогикаи Абуалӣ ибни Сино ;

• Поэтикаи Абуалӣ ибни Сино.

Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва калидвожаҳою фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 12 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз 0, 5 саҳифа бошад, калидвожаҳо ҳатмист. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman, фосилаи 1,5 ва канораҳои матн аз ҳар тараф – 2,5 см бошанд. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошанд.

Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бояд то 10 сентябри соли 2025 ба суроғаи зерин ирсол ёбанд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Тел.: +9923722213949, +992935055204, почтаи электронӣ: rnazariev@yahoo.com; тел: +992918536050, почтаи электронӣ: ramazoni.93@mail.ru.

Интизор меравад, ки пеш аз оғози Симпозиум маҷмуаи мақолаҳо нашр мешавад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқашро дар интихоби мақолаҳо ва нашри минбаъдаи онҳо нигоҳ медорад.

Иштирок дар Симпозиум ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат мегирад.

Роҳкиро ва хароҷоти дигари ширкаткунандагони Симпозиум аз ҳисоби худи онҳо пардохт мешавад.

Кумитаи тадорукоти Симпозиум

📚 КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ: «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»

🔹 Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров бо камоли эҳтиром Шуморо ба конференсияи илмию амалӣ даъват менамояд!

🗓 Таърих: 27 феврали соли 2025

⏰ Оғоз: 10:00

📍 Макон: Толори ҲХДТ, шаҳри Хоруғ

🗣 Забони корӣ: Тоҷикӣ ва русӣ

👔 Либос: Расмӣ

🔎 Мавзӯи конференсия

Муҳоҷирати меҳнатӣ барои ҳалли масъалаи бекорӣ ва воридшавии маблағҳо ба кишвар нақши муҳим дорад. Вале оё он ҳамеша ба манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад? Дар ин конференсия, коршиносон ва олимон масъалаи муҳоҷиратро аз дидгоҳҳои гуногун таҳлил намуда, оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии онро баррасӣ мекунанд.

Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ бо эҳтиром ба иттилоъ мерасонад, ки Институти рушди иқтидори CAREC озмуни кушоди грантҳоро барои дастгирии чорабиниҳои рушди иқтидор эълон менамояд. Ин барнома барои ҳаммаблағгузории чорабиниҳои табодули илмӣ мувофиқи ниёзҳои кишварҳо ва афзалиятҳои Институти CAREC пешбинӣ шудааст.

Барномаи мазкур ба беҳтар намудани имкониятҳои касбии таҳиягарони сиёсати миллӣ, васеъ кардани иштироки онҳо дар чорабиниҳои рушди иқтидор, тақвияти ҳамкориҳо байни коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, инчунин ташкили механизмҳои устувори интиқоли дониш равона гардидааст.
Ин имконияти муҳимро барои кишварҳои узви CAREC фароҳам меорад, то дар омӯзиши мақсаднок ва мубодилаи донишҳо, ки ба ниёзҳои рушди иқтидор ва ҳадафҳои стратегии Институти CAREC мувофиқанд, иштирок намоянд.

Грант дар асоси озмун пешниҳод карда мешавад ва барои пӯшонидани хароҷоти марбут ба иштироки коршиносони байналмилалӣ дар чорабиниҳои рушди иқтидор пешбинӣ шудааст. Ин грант ҳаммаблағгузориро то 50% аз хароҷоти умумии чорабинӣ бо маблағи ҳадди аксари 10 000 доллари ИМА дастгирӣ менамояд.

Мо бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунем, ки ин дархостро барои пешниҳоди дархостҳои грантӣ миёни ташкилотҳои манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ (ба монанди пажӯҳишгоҳҳо, марказҳои таҳлилӣ ва донишгоҳҳо), идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ паҳн намоед. Ин имкон медиҳад, ки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар озмуни грантӣ иштирок намоянд. Қарори ниҳоӣ оид ба додани грант аз ҷониби Кумитаи интихоби Институти CAREC қабул карда мешавад.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои грантӣ – 23 феврали соли 2025. Барои маълумоти иловагӣ ва намунаи дархости грантӣ ба Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ (2219077, 2215315) муроҷиат намоед.

06-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025 СОАТИ 09:30 ДАР ТОЛОРИ КАЛОНИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

МАЪЛУМОТИ МУФАССАЛ ДАР ТЕЛЕГРАМИ АМИТ: https://t.me/akademia55

БАРОИ ПЕШНИҲОД ВА САВОЛҲОИ ИЛОВАГӢ БА МО ТАМОС ГИРЕД:
221-87-64 98-440-40-21

КОТИБИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯ - МУҲАММАД АМИНЗОД

Subscribe to Эълон!