Skip to main content

21 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар китобхонаи марказии шаҳр бо рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шинос гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар назди китобхона, бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни он суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳогузорӣ кардан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.

Таъкид дошт, ки Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бисёр имтиёзҳоро фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии кишвар ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Тули чанд соли охир аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти чеҳраҳои наву муваффақ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар баргузории ин озмунҳо садҳо нафар шахсиятҳо донишу маҳорату истеъдодашон муайян шуда, аз ҷониби давлату ҳукумат қадршиносӣ низ мешаванд, албатта ин илмпарварию маорифпарварии Роҳбари давлатро нишон дода, таваҷҷуҳи мардумро ба китобхонию донишандузӣ ҷалб мекунад.

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми шаҳру ноҳияҳо омодагиҳо бо маром идома доранд.

Бо мақсади назорати омодагиҳо ва рафти озмуни зикршуда имрӯз намояндаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар минтақаи Рашт иштирок намуда, рафти омодагиҳо ба озмунро назорат намуданд.

ДОКТОРАНТИ (PhD)- И АКАДЕМИЯ - МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМОВ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТАРАННУМИ ВАТАН" СОҲИБИ ҶОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДА, БО СИПОСНОМА ВА МУКОФОТҲОИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД.

27.05.2024.   шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 24 майи соли равон дар толори калони маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» бахшида ба бузургдошти файласуф ва санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов баргузор гардид.

Дар оғоз директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки воқеан, фарҳанг сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеа, неруи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ки дар шаклу намудҳои гуногуни ташкили ҳаёт, таҳияи арзишҳои моддию маънавӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад. Ченаки муайянкунанда, асоси ҳаётии инсон ва чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баҳо додаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.

Қайд гардид, ки вобаста ба вусъатёбии раванди бархӯрди тамаддунҳо донишмандони ҷомеашиноси тоҷикро масъулияту вазифа пеш меояд, ки беш аз пеш ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо талош варзанд.

Дар идомаи ин андешаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Самиев ба масоили фарҳанги ҷомеаи муосири кишвар таваҷҷуҳ дода, зикр дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлол саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро шодравон на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ хидматҳои бориз кардааст.

Доктори илмҳои фалсафа аз Институти фармасевтии ш.Тошкент Х. Абдураҳманов дар мавзуи “Манбаъҳои иҷтимоӣ-ахлоқии ташаккули фарҳанги ҷавонон” сухан гуфта, қайд кард, ки минбаъд корҳои пажуҳишӣ дар соҳаи фарҳанг байни олимони ин ду кишвар вусъат дода шуда, боварии комил дорам таҳқиқҳои арзандае дар ин ҳамкориҳо рӯи кор меояд. Мавсуф доир ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ӯзбекистон ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки олимони ҷавони ду кишвар, ки ояндаи пешрафти илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳанг аз онҳо алоқамандӣ дорад, бояд чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни олимони ҷавони ду кишвар беш аз пеш ба роҳ монда шавад.

Дар ин миззи мудаввар олимони соҳа зиёд иштирок доштанд ва онҳо роҷеъ ба пешрафту мушкилотҳои ҷойдоштаи фарҳанг мубодилаи афкор карда, хулоса карданд, ки пешрафти соҳаи фарҳанг аз пажуҳишҳои фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонони болаёқат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фукрӯғи маърифат” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481, дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳо бо маром идома дорад.

Шахсиятҳои масъулгаштаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда, ки барои ташкил ва бо шафофият баргузории Озмун ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва назорати рафти баргузории Озмуни мазкур сафарбар карда шуда буданд, дар ҷойҳои муайяншуда иштироки фаъолона нишон дода, шафофияти рафти баргузории озмунро назорат карда истодаанд.

Имрӯз 24.05.2024 бо мақсади иҷрои ин масъулияти бар душ дошта Раҳимзода Алишер Орзу - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ ба ноҳияи Лахш ташриф оварда, шафофият ва баргузории рафти озмуни зикршударо аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини АМИТ – ро муовини соҳавии раиси ноҳияи Лахш - Абдулазиззода Насиба, мудири маорифи ноҳия - Аброров Турабег, мудири рушди истеъдодҳои ноҳия – Қамаров Қурбоналӣ бо як масъулияти баланд ҳамроҳӣ намуданд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ва амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кормандони Раёсати АМИТ ва ниҳодҳои дар тобеияти АМИТ буда барои назорати рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуда буданд, ки айни ҳол дар минтақаҳои муайяншуда иштирок доранд.

Имрӯз 22.05.2024 Раҳимов Алишер - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ бо мақсади иҷрои амрҳои болозикр ба ноҳияи Сангвор ташриф оварда, рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” даври дуюми озмун, яъне даври ноҳиявии озмунро назорат карданд.

Зимни назорати баргузории рафти озмун масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ро муовини раиси ноҳияи Сангвор Бафозода С. ва мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ Раҳмонов Ш., мудири Шуъбаи маориф Солеҳзода Р. ҳамроҳӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи хуб баргузории озмун тамоми идораву корхонаҳои масъулгаштаи шаҳру ноҳияҳо шароити мусоид муҳаё намуданд, то ки иштирокдорони озмун дар фазои осоишта ва шафофият иштирок намуда, мутобиқ ба донишу маҳорати доштаашон сабқат намоянд.

Тули чанд соли охир аст, ки дар ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори Суслҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои муваффақи илмӣ миёни тамоми қишрҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илми фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Имсол низ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481 ташкил ва баргузории озмун ҳукми қонунӣ гирифтааст.

Мутобиқи банди сеюми амри зикршуда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва якчанд вазорату кумитаву идораҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун муваззаф гардидаанд. Оид ба иҷро намудани ин уҳдадорӣ Амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз 06 майи соли 2024 дар бораи сафарбаркунии кормандони АМИТ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати назорат ба баргузории даври дуюми озмуни маскур ба тавсиб расида буд.

Раҳимзода Алишер – директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ барои назорати рафти озмун дар минтақаи Рашт вобаста шудаанд, ки имрӯз 20.05.2024 дар баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, рафти баргузории озмунро аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Аксҳо аз рафти назорати баргузории озмун.

02 май дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ бо иштироки ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ Саидов А.С. ва муовини раиси КИ "Хирадмандон"-и ХХДТ дар АМИТ маросими ҷоизасупории ба ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фуруғи маърифат" баргузор гардид.

Subscribe to Озмунҳо