Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Барои нақши арзишманд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олимони Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Аз ҷумла, олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд. Аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуда, неругоҳи «Сарбанд» пурра таҷдид гардид.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ... Ещё
Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд.
Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “АҲАМИЯТИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”
«Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад». Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули эъломияи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи (14.02.2024) дар Муассисаи давлатии илмии Маркази омузишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур олимону муҳақиқон, магистрантон, ва докторантон, иштирок намуда, доир ба мавзуи “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” маъруза намуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳҳеҳ муайян карда, ҳамзамон гузаронидани таҳқиқоти илмиро муайян намуда, инчунин таҳқиқоти илмиро ба эътидол оварда, маълумоти мухталифи ба ҳам муқобилро тамоман аз байн мебарад, ки ин имкон медиҳад дурбиниҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ-бунёдӣ коркард шаванд. Инчунин қонун таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Ҳамзамон дар боби 3-и қонуни мазкур ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмиии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.
“Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”.
Имрӯз (12.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд. Қайд гардид, ки Институти забон ва адабиёт яке аз ниҳодҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пешрафт ва муаррифии илми тоҷик нақши барҷаста дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи шогирдону унвонҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раҳнамоӣ намуд.
Зимни суханронӣ омӯзиш ва бардошти олимони ҷавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, пажӯҳиши мероси хаттиву шифоҳии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. “Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”-таъкид кард дар фарҷоми вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х.
Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар оғози конференсия Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.
Дар бахши аввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.
Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.
Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.
Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.