Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аъзои пайвастаи АМИТ
Рӯихати аъзои вобастаи АМИТ
- Абдуламонов Қозимамад
- Абдуллоев Абдуманон
- Абдуллоев Ҳамидҷон Абдуллоевич
- Алиев Қурбон Алиевич
- Аҳмадзода Саидилҳом Мухтор
- Ахмедов Аъламхон
- Бадалов Абдулхайр
- Гулов Саидалӣ Маъмурович
- Ғоибзода Алиҷон Ҷӯра
- Давлатзода Сайфиддин Хайриддин
- Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода
- Исҳоқов Сулаймон Абунасрович
- Кӯчарзода Аламхон
- Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна
- Қурбонов Икром Қурбонович
- Қурбон Убайдулло Абдулло
- Мадвалиев Умархон
- Мансури Дилрабо
- Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз
- Муҳаммадалӣ Музаффар
- Назарзода Сайфиддин
- Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин
- Низомов Ҷаҳонгир
- Норматов Ином Шерович
- Одиназода Ҳайдар
- Пирумшоев Ҳайдаршо
- Раҳимзода Маҳмад Забир
- Раҳимов Исматулло
- Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
- Саид Нуриддин Саид
- Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло
- Саидов Абдусаттор Самадович
- Салиҳов Тағоймурод Ҳаитович
- Султон Ҳасан Баротзода
- Табарӣ Абдулло Ҳабибулло
- Усмонзода Хайриддин Усмон
- Файзиев Абдулҳақ Раҷабович
- Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович
- Ҳамидов Набиҷон Ҳамидович
- Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич
- Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб
- Шоисматуллоев Шоназар
- Шукурова Сурайё Мақсудовна
- Ятимов Саймумин Сатторович
22 октябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Гурский Василий Леонидович доктори илмҳои иқтисодӣ, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баргузории Форуми V олимони давлатҳои аъзои созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори андеша намуд.
Зикр шуд, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023-2024, ки дар ҷаласа Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул гашта буд, баргузории Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 октябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст.
Дар идома ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ, омода намудани кадрҳои баландихтиосои илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD мувофиқа омаданд.
Қайд гардид, ки бо густариш ёфтани ҳамкориҳои илмӣ мо метавонем олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзи ва таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD ба донишгоҳу муассисаҳои илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Белорусия бештар ҷалб намоем.
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ БО ПАЖУҲИШГАРОНИ ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МУҲОҶИРАТИ ВЕНГРИЯ
21 октябри соли равон роҳбарияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таҳти роҳбари Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра бо пажуҳишгарони Институти омузиши муҳоҷирати Венгрия Бланка Ковач ва Марк Варга мулоқоти судманд анҷом доданд.Тарафҳо оид ба пешбурди таҳқиқоти муштарак оид ба масоили муҳоҷират ба тавофуқ расиданд.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва давлатҳои Аврупо суханронӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон дарҷ намуданд, ки давлати мо яке аз давлатҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар тамоми самтҳо бо давлатҳои шартномадор дар дилхоҳ масъалаҳо равобити муштарак доранд.
Ҷониби Венгрия қайд намуд, ки обру ва нуфузи Тоҷикистон дар Венгрия ва дигар давалтҳои Аврупо рӯз то рӯз афзуда истодааст. Чун аксарияти институтиҳои илмию тадқиқотии Венгрия бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор карданро афзалият мешуморанд.
ВОХУРӢ БО МАСЪУЛИН ВА ИШТИРОКДОРОНИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмунҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар баргузории озмунҳо сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмунҳо муваззаф шудаанд.
Албатта ин аз дастгирию пуштибонии Президенти маҳбубамон ва таваҷҷуҳи бевоситаи ин абармарди сиёсат барои болобардории сатҳу сифати донишу малакаи доираи гуногуни миллату давлат дарак медиҳад, исботи ҳамаи ин гуфтаҳо шуруъ аз оғоз то анҷом ва қадршиносии иштирокторону ғолибон ҳама аз ҳисоби фонди Президент маблағгузорӣ карда мешаванд, ки имсол ин маблағгузорӣ якбора як барорбар яъне 100 % зиёд карда шуд, ки ин таваҷҷуҳи дӯстдорони илму адабро дучанд зиёд менамояд. Дар баргузории ин озмунҳо ҳазорҳо чеҳраҳои муваффақи нуҳуфта кашф мешаванд ва ҳамагон медонем, ки ҳавасмандгардонӣ ба инсонҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, азму иродаи шахсро аз ҳарвақта дида зиёдтар мегардонад.
Имрӯз (21.10.2024) бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ бо масъулин ва
иштирокдорони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҷлис Раиси Шуъбаи илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни суханронии хеш дарҷ намуданд, ки тибқи дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъули баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, аз ҳамин лиҳоз ҳамаи моро мебояд, ки дар баргузории ин озмун, ки аллакай даври чорум даври ниҳоияш оғоз мешавад, аллакай тибқи талаботи баргузории озмун АМИТ омода аст. Ба ҳамаи шумо барору муваффақиятҳо орзу дорем гуфта, муваффақиятҳо орзу намуд.
МУШОҲИДА ВА АКСБАРДОРИИ ҲОДИСАИ АСТРОНОМИИ ФАВҚУЛМОҲ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОР
Падидаи ба вуҷуд омадани Моҳи калон (Суперлуна)
Дар як сол якчанд маротиба Моҳ, зоҳиран аз сохти муқаррариаш равшантар ва калонтар пайдо мешавад, ки ин падида Фавқулмоҳ номида мешавад. Намоёншавии моҳи калон — падидаи астраномие мебошад, ки ҳангоми наздикшавии Моҳ ба Замин ба амал омада, то 14% калонтар ва то 30% равшантар ба чашми мушоҳид намудор мегардад. Моҳ дар ин муддат аз рӯи масири ҳаракати худ дар масофаи наздиктарин ба Замин давр мезанад ва қариб ба 50 ҳазор километр наздиктар ба сайёраи мо воқеъ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки нуқтаи наздиктарини мадори Моҳ ба Замин масофаи перигелӣ мебошад ва он аз сайёраи мо (Замин) дар масофаи 363,1 хазор километр дур ҷойгир аст. Инчунин нуқтаи дуртарини мадори Моҳ тақрибан дар масофаи 405,7 ҳазор километр аз Замин ҷойгир буда, масофаи афелӣ ном дорад.
Қобил ба зикр аст, ки ин падида ба саёраи Замин, саломатии инсон, техникаю технология таъсир надошта, инчунин боиси сарзадани офатҳои табиӣ низ намегардад. Яъне ба ягон омилҳои рӯизамини таъсир намерасонад, аз ин рӯ инсоният метавонад беташвиш бошад, зеро ин як ҳодисаи маъмули астрономӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мафҳуми "Фавқулмоҳ" истилоҳи илмӣ набуда балки он астрологӣ мебошад. Ин истилоҳ англисӣ “super moon” буда, бори аввал дар соли 1979 онро астроном Ричард Нолле истифода карда буд. Ин истилоҳро аз соли 2011 дар нашрияҳои илмӣ-оммавӣ мавриди истифода қарор додаанд.
Тавсифи расмии ин падида ба монанди системаи “Замин – Моҳ – Офтоб” мебошад, ки ҷойгир шавии се ва ё зиёда ҷирмҳои осмониро дар як сатр ба ҳам пайвастаро мефаҳмонад. Астрономҳо инчунин истилоҳи «Моҳи пурра дар перигелӣ»-ро истифода мебаранд, ки маркази ҳамсафар аз маркази Замин камтар аз 360 ҳазор километр доро бошад.
Моҳи пурра ё моҳи нав низ метавонад дар осмон пайдо шавад. Чунин падидаҳоро Микромоҳҳо меноманд. Дар ин вақт Моҳ аз Замин дар масофаи дуртарини худ ҷойгир мешавад. Аз сабаби дурии зиёд Моҳ назар ба намуди муқаррарии худ хурдтар намуддор мегардад.
Бояд донист, ки давраи Фавқулмоҳ 413 рӯз давом мекунад. Он дар асоси моҳҳои камарӣ ва аномалистӣ ҳисоб карда мешавад.
Моҳи қамарӣ ба 29,53059 шабонарӯз баробар буда, Моҳи аномалӣ бошад ба 27,55455 шабонарӯз баробар аст.
Ҳарду давраҳо дар ҳар14 моҳ ва15 моҳи аномалистӣ рост меоянд. Ба ҳисоби миёна, дар як сол аз се то шаш Фавқулмоҳ мушоҳида мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ муддати се-чор рӯз тамоми шаб метавонад давом кунад. Аммо мушоҳид бо чашми оддӣ дар гумон аст, ки фарқиятро аз Моҳи пурра пайхас намояд, аз ин рӯ барои беҳтар намудани мушоҳидаи ин падида, мушоҳид бояд бо худ телескоп дошта бошад. Мушоҳид инро бояд донад, ки андозаи “Моҳи калон” аз Моҳи пурра калон набуда, фақат бо наздик шудан ба Замин бузург ба чашм менамояд.
Дар соли 2024 ин падидаи астрономӣ 19 август, 18 сентябр,17 октябр ва 16 ноябр мушоҳида мешавад.
Дар падидаи Фавқулмоҳи 17 октябри соли равон андозаи диски Моҳ назар ба Моҳи муқаррарии пурра 7,9% калонтар ва 15,7% равшантар буда, он аз Замин дар масофаи 357.172 хазор километр дуртар воқеъ мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ санаҳоии 17-18 -уми октябри соли 2024 тавассути телескопи АЗТ-8 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор аксбардори гардид.
Муалифон: Бӯризода А.М., Ҳамроев У.Х., Аюбов Д.Қ.
Дарси навбатии Зан Сарвар дар Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ баргузор гардид. Дар оғоз мудири осорхона Пулодзода А. ба шунавандагон оид ба таърихи бостонии Тоҷикистон, ки аз даврони асри санги- як миллион сол қабл оғоз мегардад, инчунин доир ба марҳилаҳои муҳими таърихи халқи тоҷикон маълумот доданд.
Мавсуф оид ба хазинаи Куҳи Муғ ва шартномаи оилавии суғдиён, хазинаи Уструшана, Каҳ-Каҳа, хазинаҳои Аҷинатеппа ва Ҳулбук, Фархор, Саразм, Панҷакент, Ишқошим, Мурғоб бо далелҳои таърихӣ маълумот доданд. Барои мо таърихи Душанбе, ки хеле шаҳри қадима аст, аз даврони сангин то имрӯз хеле ҷолиб буд.
Сипас, шунавандагон дар баробари ошнои бо давраҳои муҳими таърихӣ, ба либос, машғулият, ҳувияти занон дар давраҳои гуногуни таърихӣ аҳамият доданд. Хулоса карда шуд, ки маҳлумоти аз осорхона бардоштаи мо дар ташаккули ҳувият ва худшиносии миллии мо ва ҷомеа аҳамияти хеле зиёд дорад.
Иштироки директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва муовини директори Институт Хоҷаев Ҳикматулло дар Форуми байналмилалии сайеҳии Travel Hub"Иттиҳод" Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайеҳии назд
Иштироки директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва муовини директори Институт Хоҷаев Ҳикматулло дар Форуми байналмилалии сайеҳии Travel Hub"Иттиҳод" Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2024 дар ш.Душанбе ташкил гардид.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба коршиносони байналмилалии соҳа, намояндагони ширкатҳои хориҷии сайёҳӣ муаррифӣ гашт.
Имрӯз (18.10.2024) бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - назариявии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони "Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш" бахшида ба "30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш як зумра аз роҳбарону кормандон ва муҳақиқони муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар кори ин ҳамоиш Махмедов Муҳаммад олими ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.
Имрӯз (18.10.2024) бо ибтикори шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми феҳристнигорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ”, ки ба 80-солагии яке аз донишмандони фарҳехтаи нусхашинос, шарқшинос ва мутарҷими осори Ибни Сино Сайиднуриддин Шаҳобиддинов бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қосимшо Искандаров оғоз шуда, мавсуф андешаҳои худро оид ба арзиши илмӣ ва фарҳангии дастнависҳо дар мисоли корҳои анҷомдодаи яке аз дастхатшиносону донандагони барҷастаи забони арабиву хатти порсӣ С.Шаҳобиддинов баён намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори хаттӣ фароҳам оварда шудааст. Ва кормандони Марказ вазифа доранд, ки кори ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи осори хаттиро, ки муҳимтарин муаррифгари ҳувият ва хотираи таърихии миллат мебошанд, бо талаботи меъёрҳои муосир бештар суръат бахшанд.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илми таърих зимни суханронии хеш дар мавзуи “Собиқаи тавсифи дастхатҳои ММХ ва масъалаҳои асосии феҳристнигорӣ” зикр намуданд, ки аз 17 ҳазор китоби дастнавис, то имрӯз 23% онҳо ё ҳудуди 4000 нусха тавсиф ва дар 10 ҷилд бо забони русӣ ба нашр расидааст. Номбурда таъкид намуданд, ки аз оғози соли равон тавсифи дастхатҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин баҳри оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ феҳрист тарҷума шудааст ва ҷилди аввали он имсол ба нашр мерасад.
Донишманд ва файласуфи шинохта, доктори илми фалсафа, яке аз ҳамкурсону дӯстони наздики равоншод С.Шаҳобиддинов устод Комил Бекзода, ки шиносоӣ ва ҳамкории 62 сола бо марҳум С.Шаҳобиддинов дорад, фаъолиятҳои илмии ӯро бо далелҳои ҷолибу ҳайратангез ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар идомаи конфронс маърузаву андешарониҳои н.и.ф., Маҳмадёр Шарифов дар мавзуи “Таҳияи аввалин феҳристи нусхаҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ”, Алӣ Муҳаммадиев “Матншиносии даврони соҳибистиқлоли тоҷик ва вижагиҳои он”, Сайидхоҷа Ализода “Шинохти нусхаҳои нодир ва таҳияву нашри онҳо”, ходими пешбари Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев “Нақши устод Сайиднуриддин Шаҳобиддинов дар муаррифии осори ниёгон” шунида шуд.
Кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик номзади илми фалсафа, Саидбек Маҳмадуллоев ва Раҳматулло Абдуллоев оид ба хизматҳои анҷомдодаи С.Шаҳобиддинов суҳбат намуда, саҳми ӯро дар таҳвсиф, таҳияи феҳристи осори хаттӣ ва тарҷумаи осори бузургон аз забони арабӣ муҳим в амондагор арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин нишасти илмӣ узви хориҷии АМИТ, дастхатшиноси машҳур, собиқ директори Китобхонаи миллии Фаронса Франссис Ришар ҳузур дошт, ки мулоҳизаҳои худро дар бобати нуфузи илму дониши хаттии мардуми тоҷику форс ва таъсири он ба илми ҷаҳонӣ иброз намуд. Мавсуф корҳои анҷомдодаи Сайиднуриддин Шаҳобиддиновро дар заминаи нусхашиносӣ ва тавсифу феҳристнигории осори хаттӣ мондагору нодир арзёбӣ ва барои идома додани онҳо тавсияҳои муфид дод.
Дар анҷоми конфронс аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод карда шуд, ки ба хотири арҷ гузоштан ва қадрдонии донишманди пуркору пухтакор, тарҷумон ва таҳиякунандаи бузургтарин асари тиббӣ “Ал-қонун фи тибб”-и Абуалӣ Сино ва даҳҳо китобу рисолаҳои дигар, Сайиднуриддин Шаҳобиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки ин олими тоҷик дар он таҳсил кардаанд ба номи ӯ гузошта шавад.