ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ДАР БОРАИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025
-
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ доранд, дар доираи маблағҳои ҳарсола дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда ҷиҳати амалишавии самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 сентябри соли 2020 № 503
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 сентябри соли 2020, №503
тасдиқ шудааст.
- САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025
-
Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз инҳо иборатанд:
- масъалаҳои бунёдӣ ва амалии риёзиёт, табиатшиносӣ ва ҷаҳонбинии илмии табиатшиносӣ, амнияти ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ, истифодаи кайҳон ва энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, инноватсия, нанотехнология, технологияҳои коркарди маводи нави функсионалӣ ва иқтисоди рақамӣ, мошинсозӣ, моделсозии математикӣ, лингвистикаи компютерӣ, ақли сунъӣ, роботсозӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин;
- саноатикунонии босуръат, таҷдиди васеъ ва босуръати иқтисодиёт бо мақсади гузариш аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ, ташаккул ва истифодаи технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвияти истифодаи намудҳои гуногуни энергия, таҷдиди самаранок ва тақвияти инфрасохтори мавҷудаи саноатӣ ва роҳҳои интиқоли захираҳо ба соҳаи саноат;
- иктишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, масъалаҳои энергетика, сарфаи энергия ва захираҳо, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, коркарди канданиҳои фоиданок, мавод ва технологияҳои нав;
- гуногунии биологӣ, биотехнология, тағйирёбии иқлим, пиряхшиносӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сейсмикӣ;
- тиб, дорушиносӣ, дорусозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои тиббии ташхису табобат, коҳиши сатҳи талафот аз бемориҳои дорои моҳияти иҷтимоӣ;
- системаҳои нақлиётӣ-логистикӣ, технологияҳои инноватсионии рушди онҳо ва тақвияти иқтидори транзитии кишвар;
- рушди инноватсионии кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, амнияти озуқаворӣ, ғизои хушсифат, экология, ҳифзи муҳити зист, селексияи зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растаниҳо;
- иқтисодиёт, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, рушди низоми самараноки андоз ва андозбандӣ, иттилоотикунонӣ, ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ;
- масъалаҳо вобаста ба сулҳу ваҳдат, манфиатҳои муҳимми миллӣ, амнияти иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг, масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ, рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, сиёсати хориҷӣ, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣкибертерроризм, киберҷиноятҳо, аз байн бурдани хурофот, ифротгароии динӣ ва терроризм;
- маориф ва фарҳанги миллӣ, ташаккули низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои ба рушди нерӯи инсонӣ, ҷомеа, давлат ва иқтисодиёт мусоидаткунанда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир.