Арзишҳои ахлоқии инсон дар даврони Истиқлолияти миллӣ аз мубрамтарин масоили замони муосир ба шумор меравад, зеро он дарахти навниҳолест, ки ба муҳофизат аз ҳар гуна унсурҳои нохейру музир ва фасодпазиру шикананда эҳтиёҷманд аст. Муҳофизи Истиқлолият миллӣ кист? – Албатта, мардуми хирадманду оқил ва ватандӯсту ҷавҳардор таҳти раҳбарии давлату Сарвари он аз муҳофизони аслии ин дарахти ба заҳматҳо ба даст омада мебошанд.
Дар ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми иродатманди кишварамон бузург буд ва бузург аст. Тавассути истиқлоли миллӣ миллати тоҷик соҳибистиқлолу дар дунё ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддундор шинохта шуд. Барои мардуми кишвари мо, ки дар вазъи фақру нодорӣ ва парешониву парокандагӣ қарор доштанд ин нури пурбаракат ҳамчун як хобу хаёле буд, ки бо сарварии Шахси бо шуҷою қудратманд ва сиёсатмадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибат он хоб ба ҳақиқат табдил ёфт. Дар таърихи башарият инсонҳои бузург на чандон зиёданд ва онҳо нотакроранд. Раҳбари кишварамон, Президенти азизу муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат аз он шахсиятҳои нотакроранд, ки Он касро тақдир насиби мардуму миллати мо – тоҷикон кард. Нақши ин Инсони комилу шахсияти тақдирсоз дар наҷот бахшидан аз бумбасту даргириҳои бесару сомонии мардуми тоҷик ва ба назму низом даровардану сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои арзишҳои волои ватандорӣва башардӯстӣ аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Раҳбари хирадманду сиёсатмадор ва оқилу тавоно, балки як шахсияти бо фазилат мебошанд, ки ин аз бархурди Он кас нисбати мардуми ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Магар то ҳанӯз ягон раҳбари давлат ва ё кишварро медонем, ки бо мардуми ҷомеаи хеш бо чунин меҳру вафо ва муҳаббату фазилатҳои поки инсонӣ наздик шуда, аз ҷаҳони зиндагии онҳо огоҳ шуда бошанд. Аз ин ҷо, чунин шахсият ва раҳбари бо маърифату қадршинос ва хоксори ба мардум наздику бо отифаро мо надида будем ва нашунидаем. Бинобар ин мо шаҳрвандон бояд шукри Худовандро кунем, ки чунин Инсони дорои инсонияти баланд, ки дорандаи кулли арзишҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ, ватандориву худшиносӣ, маънавию ахлоқӣ ва амсоли инҳо мебошанд, насибамон кард.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ин сулҳу осоиштагӣ ва амнияти мардуми кишвар аст, ки дар ин ҷо, хизмати Раҳбарамон ниҳоят бузург буд ва ҳаст. Амнияти инсон аз неъматҳои бузурге мебошад, ки чун обу ҳаво барои шаҳрвандон дорои арзишҳои воло аст ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳоро ҳифз кунад ва аз ҳар гуна унсурҳои бегона худдорӣ намояд. Ҳоло чи аз ҷиҳати ахлоқӣ ва чи аз ҷиҳати аъмолу кирдори пасту разила, ки боиси осеб расонидан ба фарҳангу тамаддун ва ҳувияти милливу худшиносии мардуми ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, риояти ахлоқи ҳамида ва дар худ доштани фазилатҳои инсонӣ аз шарт ва вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд аст, ки дар гуфтору рафтор ва пушидану истифодабарии сару либоси фарҳангӣ-миллӣ ва аврупоӣ-хориҷӣ бояд ҳадди эътидол, яъне назму низом ва ҷиҳати этикӣ-эстетикӣ ба назар гирифта шавад. То ки арзишҳои инсонӣ аз байн наравад, зеро муҳимтарин омили таъинкунанда ва танзимкунандаи ростию ростгӯӣ, рафтору кирдори муносибати инсонҳо дар даврони соҳибистиқлолӣарзиш ба ҳисоб меравад. Бинобар ин яке аз воситаҳои асосии танзими моддиёту маънавиёт дар дохили фарҳангу тамаддуни муайян ва умумибашарӣ системаи арзишҳо дониста шудааст. Системаи арзишҳо дар муайян ва ҷудо намудани хубу бад, росту дурӯғ, ҳақиқату шакку шубҳа, зебоию бадтинатӣ, адолату беадолатӣ, равою нораво, покию зиштӣ, майлу нафрат ёрӣ мерасонад.
Барои дарку дарёфти арзиши инсонӣ шуур, тафаккур, ирода, майлу хоҳиш, талаботу дархости инсон категорияҳоеанд, ки тарафҳои асосии ҳаёти инсонро муайян менамоянд. Ин категорияҳое, ки дар боло номбар намудем бо кадом роҳдар вҷуди инсон пайдо мешаванд? – Албатта, пеш аз ҳама бо роҳи хондану омӯзиши китобҳои бадеию адабӣ, осори фалсафию ирфонӣ-маънавӣ ва ахлоқии шоиру мутафаккирони гузаштаву муосир, таълим гирифтан дар назди устодони илму адаб, ҳамнишин шудан бо шахсияту инсонҳои хирадманду бо тақво инсон соҳиби ақлу фаросат ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад.
Омӯзиши фарҳангу тамаддун, таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои ахлоқӣ барои ҳувияту худшиносӣва ҳифзи ваҳдату Истиқлолияти миллӣ мусоидат менамоянд. Дар айни ҳол қобили қайд аст, ки таҳқиқу таҳлили арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он кумак хоҳад намуд. Чунон ки дар боло қайд шуд, ҳифзкунандаи Истиқлолият ин инсонҳои поку қавииродаву бовафо, ростгӯю рострафтор нисбати давлату миллати хеш бояд бошанд.
Арзишҳои ахлоқии инсонӣ, аз қабили хайру саховат, накукорӣ, амалҳои зебо, эҳсону бахшиш, сабру қаноатмандӣ, рафтору гуфтори мантиқона ва монанди инҳо волотарин фаҳмиши фалсафӣ-маънавӣ мебошад, ки дар такмилу ташаккули Истиқлолияти миллӣ дорои арзишанд:
Хулқи нек васфи ҳар инсон бувад,
Одамӣ ба хулқи бад ҳайвон шавад.
Ҳаркиро ахлоқи неку дод Ҳақ,
Мебарад аз халқи олам ӯ сабақ.
(Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, ас.X1У «Асрору-уш-шуҳуд». Баъдан фақат Муҳаммад Лоҳиҷӣнавишта мешавад.)
Душмани ҷон, нобудкунандаи арзишҳои инсон дар ҳар давру замон ин нафси аммораи ӯбуда, дахолати он ва боло гирифтани хостаҳои вайаз болои ақлу имон боиси интихоби роҳи қаx гардида, дар натиxа разолат бар фазилат ғалаба мекунад. Аз ин ҷо, бузургони гузаштаи мо роҳу равишҳои дурустро ба инсон тавсия мекунанд ваяке аз воситаву роҳҳое, ки шахсро аз бадкирдориву бадрафторb дур месозад ин аз хулқи бад озод ва ба хулқи нек ороста гаштани инсон аст:
Аз сифоти бад чу нафсат пок шуд,
Рeҳи ту аз хок бар афлок шуд….
Хулқи неку беҳтар аз ҳар тоат аст,
Бар хилофи нафс xонро роҳат аст.
(Муҳаммад Лоҳиҷӣ)
Ҳангоме ки инсон бар зидди нафси худ мубориза карда, онро дар ҳадди эътидол меорад ва ба хулқи нек ороста мегардад, ҳеҷяк қувваи бадӣ садри роҳи ӯшуда наметавонад. Аз ин ҷо:
Хулқи бад беақлу бе фан мекунад,
Дeстонро xумла душман мекунад….
Гар зи хeи бад кунb худро барb,
Раҳ ба хулқи неки инсонb барb….[1]
(Муҳаммад Лоҳиҷӣ)
Таъкид намудан зарур аст, ки дар замони муосир тавассути Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва Пешвои хирадманду тавоно, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои ахлоқии мардуми ҷомеа, махсусан аҳли илму адаб пайгирӣ гардида, дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва сатҳи иҷтимоии мардуми ҷомеаи шаҳрвандӣ кумаки ба назаррасе намуд. Такмилу ташаккули арзишҳои ахлоқии инсон асоси мустаҳкамӣва қудратнокии бо маърифатонаи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияту осоиштагии иҷтимои кишвар ва умуман ҷавобгӯи ташаккулу пешрафти ояндаи ҳар як давлату кишвар ва насли ояндаи вай мебошад.
Рушди таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки натиҷаи афкори донишмандону мутафаккирони замонҳои мухталиф аст, ба анъанаи бузурги ташаккули ақлонӣ такя мекунанд. Онҳо тавассути осори хеш дар инкишофу пешравии афкору ҷаҳонбинии ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандии мардуми кишварҳо ва минтақаҳои гуногун саҳмгузорӣ намудаанд. Бинобар ин омӯзиш ва тарғибу ташвиқи осор, таълимот ва ҷаҳонбинии бузургони илму фарҳангу тамаддуни гузаштагонамон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои илмӣ-амалӣ, бедор намудани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар вуҷуду зеҳнияти инсони муосир кумак хоҳад кард.
Аҳли илму адаби фарҳангу тамаддуни тоҷику форс барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣва фазилатҳои инсонӣ саъю кушиши зиёдеро фароҳам намудаанд. Аз ин ҷо, барои ҳифз ва такмили Истиқлолияти миллӣ бояд инсонҳои бо маърифатеро тарбия намуда, ба камол расонд, ки бо замони зиндагии имрӯза ва оянда бо тафаккури баланди ахлоқӣ, илмӣ-амалӣ ва назари нав баҳри расидан ба ҳадафҳои бузургу писандида саъю талош намоянд. Маҳз ин ҳадафҳоро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии муосир, ки шакли иттиҳоди оддии одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣгардонид.
Аҳли хиради гузаштаи мо новобаста бар он ки аз доираи фаҳмиши замони худ ва асосан барои муосирони хеш осори фалсафӣ-ахлоқӣ, иҷтимоӣ, достону ривоятҳои панду ҳикматӣ навишта бошанд ҳам, вале асрҳои зиёде то ин ҷониб, одамон аз гуфтаҳои онҳо истифода намуда, панду ҳикмати ин бузургонро ҳамчун дарси таҷрибаи рӯзгор ва зиндагӣ ҳисобида, саъю талоши зиёде намудаанд, ки принсипи эҳтироми ахлоқӣёти башарро тавассути осору саргузашти гузаштагони хеш нишон диҳанд. Саъдии Шерозӣ, ки аз панду ахлосароёни бузурги асри XIII мебошад ва бо «Гулистон»-у «Бустон»-и пур аз панду ҳикмат машҳур аст, ки дар даврони Истиқлолият насли муосир барои беҳбуди ахлоқиёт ва шинохти ҷомеаи хеш аз онҳо истифода намоянд. Саъдии бузургвор бо панду насиҳатҳои талху тунди худ ахлоқиёти манфии тамоми гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, аз шоҳ то гадо, аз вазир то пешравро мавриди масалу сарзаниш қарор додааст. Зиндагии воқеии одамон, бо тамоми мухолифатҳову мураккабиҳо, пасту баландиҳояш дар сатҳи донишу биниш ва таҷрибаи ҳаётии Саъдии ҷаҳондидаву одамшинос ба маърази баён омадааст. Ҳикмати инсонӣ дар «Гулистон» ба дараҷаест, ки ҳар кас метавонад дар маҷлису маҳфилҳо аз он иқтибос кунад ва ё аз номи Саъдӣ масал занад. Ҷумлаҳои кутоҳӣ пурмазмун, насри мусаҷҷаи ҳикматнок, назми ҳаётиву ибратомӯзи бисёр ҳикоёти «Гулистон» ва ҷузвҳои хулосавии онро ба амсолу ҳикмат табдил додаанд.
Панду андарзҳои «Бустон» ва «Гулистон» комилан иҷтимоӣбуда, таълимоти ахлоқии Саъдӣ аз ҳаёти воқеии инсонҳои замонааш сарчашма гирифтааст. Аз ин ҷо, тавассути суханҳои тунду тези хеш дар «Гулистон» арзиш ва беарзишии табақаҳои иҷтимоиро рӯи об баровардааст. Саъдӣ дар натиҷаи дидану омӯхтан ва шинохтани одамони замони худ гӯё образҳои ҷомеаеро тасвир кардааст, ки назиру монанди онҳо дар ҳар давру замон дида мешавад. Бо ин ҳама Саъдӣ мехост, ки инсоният покдилу оқилтар ва комилтар шавад, ҷомеаи башарӣ мустаҳкамтар, мулк ободу мардум осудаву нисбатан озод бошанд:
Тани одами шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Ба ин хотир дар даврони Истиқлолият ҳифзи дилу ният ва покии он шарти аввалиндараxа аст, дар акси ҳол дил на махзани нур, балки дар зери тирагbба нобудb мерасад ва будани он арзише надорад:
Ҳаркиро дил нест, e бе баҳра аст,
Дар xаҳон аз бенавоb шуҳра аст….
Ҳаркиро дил нест, гавҳари xонаш мабод,
Ҳарки бе сар гашт сомонаш мабод.
(Муҳаммад Лоҳиҷӣ)
Даврони истиқлолият одамони покдилу бо ҳувияту арзишдорро мепарастад. Барои он ки дилу ният поку соф шавад, бояд дар навбати аввал аз кибру ғурур, кинаву адоват ва бухлу ҳасад, ҳирсу шаҳвати беэътидол дар ҳамагуна хостаҳо софb гардад ва нафси саркашашро мутеъ ва мусаххари ақлу заковати хеш гардонад. Махсусан ҳасаду ҳирс садҳо хислати комиларо мепӯшонанд ва садҳо хислати разиларо меофаранд ва садри роҳи xумлаи камолот мегарданд:
Ҳирсу шаҳват мору мур асту саг аст,
Раҳравонро касе дар ин маънb шак(к) аст.
Кибру уxбатро палангу шер дон,
Нангу номус аждаҳои беамон….
Шуд мисоли моли дунявӣ ҳадас,
З-он ки дунё ҷефае бошад абас. (Муҳаммад Лоҳиҷӣ)
Чунон ки дар боло қайд шуд бузургони гузаштаи мо новобаста бар он ки дар муҳити исломӣ таълиму тарбия ёфта бошанд ҳам, аммо мехостанд, ки тавассути осори фалсафӣ ва ахлоқи-иҷтимоии хеш эҳёи маънавии фикриро барои ҳуқуқи озодӣ, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар зеҳни ашхоси меҳанпараст ва илмдӯст тарғибу ташвиқ намоянд. Панду равишҳои таълимӣ-ахлоқии онҳо дар тарбияи ҷавонон ва шахсони бомаърифат, ки бо замони муосир бо афкори илмӣва назари нав баҳри ба ҳадаф расидан ба ниятҳои неку хайр ва мустаҳкамии истиқлолияти миллӣ талош намоянд, як раҳнамое хоҳад шуд. Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза, ки шакли иттиҳоди оддии одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем.
Аҳли маърифати бояд имрӯз дар даврони Истиқлолият низ дар доираи қонун саъю кушиш намоянд, ки ҷавононро дар чаҳорчубаи арзишҳои волои инсонӣ ва ваҳдату якдилӣ тарбия намоянд ва тавонанд ба ёрии илму маърифат ва маҳорати худ эҳёи маънавиро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ барқарор кунанд.
Дар охир тамоми мардуми кишварамонро бо сарварии Раҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри дурахшону шукуфонамон Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бо аҳли байташон бахшида ба рӯзи Истиқлолият-бузургтарин ва арзишмандтарин ҷашни тоҷикон табрик намуда, тансиҳатию сарбаландиҳо хоҳонем.
Муродова Тоҷинисо-н.и.фал.,дотсент ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ