Шабона 28-уми август сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи Starwalknews хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, ин маротиба 6 сайёра - Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як қатор саф мекашанд.
Ҳабиб Хӯҷаназаров, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳо дар суҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ин ҳодисаро сокинони Тоҷикистон соати 5-и субҳ мушоҳида карда метавонанд.
“Дар як қатор саф кашидани 4 сайёра – Миррих, Муштарӣ, Уторид, ва Зуҳалро бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин аст. Сайёраи Нептунро, ки ба Зуҳал наздик аст ва Уранро, ки ба Уторид наздик аст, бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида кардан мумкин аст”, - гуфт Хӯҷаназаров.
Ӯ афзуд, ки дар як саф баҳам омадани сайёраҳо ҳодисаи маъмули табиӣ аст ва дар як сол се-чор маротиба иттифоқ меафтад.
Таъсири ин падида ба инсон ва табиат аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад. Дар ҳамин ҳол мутахасиси тоҷик ин иддаоро рад карда гуфт, ки ба организми инсон ва иқлим таъсири назаррасе намерасонад.
“Тақрибан 99 фисади массаи системаи офтобӣ дар Офтоб аст ба ҳамин хотир дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо ба организми инсон таъсир намерасонад ва боиси тағйирёбии иқлим низ намегардад. Онҳо ҳатто ба мадори худашон низ таъсир расонида наметавонанд. Чунки бештари ҳодисаҳое, ки дар Замин иттифоқ меафтанд аз Офтоб вобастагӣ доранд”, - таъкид кард Хӯҷаназаров.
Мутахассис илова кард, ки ҳар як сайёра дар гирди Офтоб аз рӯйи мадори индитсивӣ чарх мезанад ва дар ин раванд сайёраҳо аз Офтоб дур мешаванд ва ҳалқае, ки дар он давр мезананд, масофаи зиёдро дар бар мегирад.
“Ба ҳамин хотир баъзе сайёраҳо дар як радифи хурд ва калон ба ҳам меоянд ва ин ҳодисаи такроршаванда аст. Дар як тарафи Офтоб сайёраҳо дар як радиф ё қатор саф мекашанд ва баъди чанд лаҳза онҳо дубора пароканда мешаванд”, - гуфт астрофизики тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ 6 сайёра - Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як саф ба ҳам омаданд.
Ба иттилои сомонаи Starwalknews 28 феврали соли 2025 сафкашии сайёраҳо дар назар аст, ки ҳодисаи нодир гуфта мешавад. Зеро 7 сайёра Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран, Нептун ва Зуҳра (Ноҳид) дар як саф қарор мегиранд.
________
Сурат: starwalk.space ба амал меояд.
Дар як саф ҷойгиршавии сайёраҳо ҳодисаҳои аҷиби осмонӣ мебошанд, ки онро бидуни таҷҳизоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар як саф ҷойгиршавии навбатии сайёраҳо 28 августи соли 2024 сурат мегирад. Мо метавонем аз барномаҳои ройгони Sky Tonight ва Stellarium истифода барем, зеро метавонем сайёраҳоро ба осонӣ пайдо намоем. Онҳо дар осмон кунҷи кушоди 160 дараҷаи кунҷиро ҳосил мекунанд.
Ҳамин тавр, шабона метавонем ба Зуҳалу Муштарӣ, Мирриху Аторуд бо чашми оддӣ ва ба Урану Нептун бо телескоп назар намоем. Илова бар ин, Моҳ низ дар ин саф ҷой мегирад. Танҳо барои дидани Аторуд мушкили пеш меояд, ки онро пеш аз тулӯи Офтоб дидан мумкин аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҳодисаи ҷолиб якчанд рӯз идома хоҳад кард.
P S. Дар як саф ҷойгиршавии сайёраҳо як истилоҳи астрономӣ буда, барои тавсифи ҳодисае истифода мешавад, ки дар як вақт якчанд сайёра дар як тарафи Офтоб саф мекашанд ва ба маънои васеъ мавҷудияти якчанд сайёраҳо дар осмонро дорад.
Ходими илмии Институти Астрофизикаи АМИТ: Хуҷаназаров Ҳ.Ф.