Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.
Маъмурияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.
Имрӯз (06.08.2024) бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ихтисосмандони Шуъбаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда, вохурӣ анҷом дод.
Зимни вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт афзуд, ки ягона ниҳоди пешбаранда ва муаррифкунандаи илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, пас ҳамаи мову шуморо мебояд, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти илм, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сармашқи кори худ намуда, ба пуррагӣ дар амал татбиқ намуда, дар ин самтҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, дар дохилу хориҷ илми тоҷик ва олимони тоҷикро муаррифӣ намоем.
Бо ин мақсад мо кушиш ба харҷ дода истодаем, ки марҳила ба марҳила барои рушди кор дар озмоишгоҳҳо техникаву технологияҳои наву замонавӣ харидорӣ намуда, шароити кории кормандонро муҳаё намоем, то ки олимон тавонанд дар самтҳои муайяншудаи ихтисосҳояшон мутахассисони варзидаро омода намуда, талаботи бозори меҳнатро қонеъ намоем.
Истиқлолияти давлатӣ, ки асоси ҳамаи ин хушбахтиҳову пешравиҳои давлату миллатамон ба шумор меравад ва ин арзиши бебаҳои бо талошҳову ҷоннисори Пешвои миллатамон ба дастомада сабаби ободию озодию пешравии ҳамаи мову шумо дар ҳамаи соҳаҳо гардидааст, тавонем аз ин фазои мусоид истифода намуда, баҳри пешрафту муваффақиятҳо кушиш ба харҷ дода, ин арзиши қиматро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем гуфта таъкид намуданд.