7 октябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ – Қурбонов Қ., мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ – Саидзода Ҳ., доктори илмҳои педагогӣ – Шоҳиён Нуралӣ Набот., сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ – Имоми М., мутахассиси пешбари Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ – Саидов Д., ходими калони илмии Институти физикаю техникаи АМИТ – Мадвалиев У ва аз ҷониби намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли ва тарҷумони он иштирок намуданд.
Дар рафти нишаст президенти АМИТ ҷиҳати густариш ва тавсеаи робитаҳои илмӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккури хоса намуд. Мехоҳам ба таври кутоҳ оид ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот муфассал пешниҳод намоям. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин муассисаи худмухтори илмӣ аст, ки дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ тадқиқот мебарад. Дорои 4 шуъба: шуъбаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва илмҳои биологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва тиббӣ фармосевтӣ аст дар умум 26 муасисаи тадқиқоӣ ва дар ин муассиса зиёда аз 2000 нафар ба корҳои илми тадқиқотӣ машғуланд.
Ҳоло дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 93 лоиҳаи таёр дар тамоми самт омода аст. Мо омода ҳастем, ки бо намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ҳамкориро ба роҳ монем.
Дар анҷоми суҳбат президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ҷиҳати қабул ва иштирок дар нишасти мазкурро баён намуд.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли ҷиҳати даъват дар иштирок бо намояндагони АМИТ изҳори миннатдорӣ намуда ва қайд намуданд, ки аз 01.06.2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи кори Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Озан Севимли зикр намуд, ки дар се самтҳои энергетика, сармояи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии марду зан ҳамкории зич хоҳанд кард.
Ҳамчунин, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки аз пешрафти илмҳои дақиқ, саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор аст. Оиди самтҳои номбарнамудаи ҷониби АМИТ мо метавонем бо гурӯҳҳо ҳамкорӣ намоем.
Қобили тазаккури хос аст, ки намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст дар оянда бо олимони соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва энергетика ҳамкориҳои мутақобилан судман хоҳанд гузошт, ки дар ҳамоҳангсози бо шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.