Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
Имрӯз (27.09.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 30- юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Гиромидошти забону фарҳанг дар осори Мавлоно” баргузор гардид.
Дар сухани муқадимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мутафаккири бузург ва орифи нобиғаи милллати тоҷик дар рушди забону адаби тоҷик саҳми мондагореро боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз нобиғагоне аст, ки дар доираи илму адаб, бо осори пурмуҳтавову пурмазмуни худ “Маснавии маънавӣ”, “Девони Шамс” ё “Девони Кабир” ва чандин асарҳои дигараш амсоли инҳо дар дунё шинохта шудааст. Маврид ба зикри хос аст, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо чандин забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дастраси ҳаводорони илму адаб гаштааст ва ин аз мазмуни волои осори ин нобиғаи адаб шаҳодат медиҳад.
Дар қисми хотимавии суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ёдовар шуданд, ки ба хотири ин абармарди бузург бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эълон гардид ва бахшида ба 800 – умин солгарди мавлуди ӯ конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида буд, ки ин бори дигар аз миллати қадимаву донишманду дорои шахсиятҳои илмиву адаби будани тоҷиконро исбот намуд.
Дар идомаи конфронс олимону файласуфон Кароматулло Олимов, Беҳрузи Забеҳулло, Маҳмадҷонова Муҳиба, Шарифзода Фарангис, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маърӯзаҳо намуда, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро офтоби оламтоби илму адаб васф намуданд.