ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идоракунии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро муайян намуда, самтҳои фаъолият, вазифа, ваколат ва таъминоти молиявии онро муқаррар менамояд.
-
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
-
Моддаи 1. Мафҳумҳоиасосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аъзои Академияи миллии илмҳо - аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Академияи миллии илмҳо), ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб гардидаанд;
2) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳо барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои дорои аҳамияти муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
3) узви вобастаи Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба олими дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктор ҳабилитат барои саҳм дар рушди илми ватанӣ бо асарҳои муҳимми илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дода мешавад;
4) узви хориҷииАкадемияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба олимон ва шахсиятҳои хориҷии барҷастаи илмию фарҳангӣ барои саҳм дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
5) узви фахрии Академияи миллии илмҳо – унвони илмии академӣ, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми намоён дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника дода мешавад;
6) кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - олимон, ҳайати хизматрасони техникӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибати меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд;
7) Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ – мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти таҳқиқотии ҳамаи ташкилоту муассисаҳои илмию таҳқиқотӣдоир ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илмҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақоми Академияи миллии илмҳо, ҳайат ва сохтори ташкилии он
Академияи миллии илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омўзиши масъалаҳои муҳимми тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҳамкории илм ва истеҳсолотро таъмин менамояд. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ шаклу усулҳои фаъолияташро мустақилона муайян менамояд. Академияи миллии илмҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Ҳайати Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат аст:
1) Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
2) шабакаи шўроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва ташхис доир ба самтҳои гуногуни пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.
1) шахсони воқеӣ - аъзои Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб мешаванд;
2) шахсони ҳуқуқӣ - муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои хизматрасонии илмӣ ва идоракунию тайёр кардани кадрҳои илмӣ, муассисаҳои соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои сохтории Академияи миллии илмҳо.
5. Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо сохтори ташкилии Академияи миллии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои илмиеро, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, муайян менамояд.
Моддаи 4. Оинномаи Академияи миллии илмҳо
1. Оинномаи Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии он қабул менамояд ва он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Оинномаи Академияи миллии илмҳо дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
3. Оинномаи Академияи миллии илмҳо маълумоти зеринро пешбинӣ менамояд:
1) ном, суроға ва мақоми ҳуқуқии Академияи миллии илмҳо;
2) мақсад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
3) ваколатҳои Академияи миллии илмҳо;
4) тартиби идоракунии Академияи миллии илмҳо, сохторҳои ташкилии он ва назорати фаъолияти онҳо;
5) шаклҳо ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмӣ;
6) ваколат, тартиби ташкил ва муҳлати ваколати мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо;
7) тартиб ва шартҳои интихоби аъзои Академияи миллии илмҳо;
8) тартиби ташкил ва фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои Академияи миллии илмҳо;
9) ҳуқуқу уҳдадории аъзо, ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо, шартҳои ҳамкории онҳо бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муносибатҳои байналмилалӣ;
10) шакл ва усулҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо;
11) тартиби ишғоли вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо;
12) тартиби интихоб ва озод намудани ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо;
13) тартиби баргузор намудани маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо;
14) тартиби пешбарии номзад ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо;
15) шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо;
16) тартиби тасдиқи оинномаҳои ташкилотҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
17) тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Академияи миллии илмҳо.
4. Дар Оиннома метавонанд дигар муқаррароти вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо пешбинӣ гарданд.
Моддаи 5. Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо
Вазифаҳои Академияи миллии илмҳо аз инҳо иборат мебошанд:
1) таҳияи пешниҳодҳо барои ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатии илмию техникӣ, иштирок дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) омўзиш ва коркарди илмии масъалаҳои муҳим дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихӣ, табиӣ, техникӣ, тиббӣ, технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист;
3) гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамчунин санъатшиносӣ бо мақсади тақвияти неруи илмию техникӣ, ҳарбию саноатӣ, иқтисодию молиявӣ, зеҳнию маънавӣ ва иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;
4) коркарди роҳу усулҳои нави пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ҳангоми татбиқ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот;
5)ташхиси илмии барномаҳои муҳимтарини илмӣ, илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
6) ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмие, ки барои гирифтани мукофот ва ҷоизаҳо дар соҳаи илм ва техника пешниҳод шудаанд, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника;
7) ташхиси технологияҳои муосири илмӣ;
8) мусоидат барои истифодаи амалии комёбиҳои илми ҷаҳонӣ;
9) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос тавассути магистратура, аспирантура, докторантура (PhD), унвонҷўӣ, докторантураи анъанавӣ, постдокторантура, баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ ва мутахассисони ташкилот ва муассисаҳои илмӣ ва мақомоти давлатӣ;
10) ташкили курсҳои бозомўзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ;
11) тарғибу ташвиқи донишҳо ва дастовардҳои илмӣ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии илмию техникии аҳли ҷомеа;
12) таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, омода кардани пешниҳодҳое, ки ба рушди заминаи моддӣ ва иҷтимоии илм равона карда шудаанд, баланд бардоштани сатҳи ҳамгироии илм ва маориф,солимии аҳолӣ,амалисозии самарабахши неруи инноватсионии илм;
13) ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги робитаҳои байналмилалии илмию техникӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои Академияи миллии илмҳо
Ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд:
1) таъмини фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология, техникӣ, тиббӣ, биологӣ ва кишоварзӣ, илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) таъмини фаъолияти Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) пешбурди фаъолият дар таъмини бехатарии сейсмикӣ;
4) таҳлил ва мониторинги заминларзаҳо ва ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, ҳолати пиряхҳо ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта;
5) ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарие, ки натиҷаҳои онҳо барои вусъатбахшии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳалли вазифаҳои умумиинсонӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, барои ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд;
6) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо
Самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо инҳо мебошанд:
1) таҳия ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ, нақшаҳои солона ва дурнамои муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо;
2) ҳамоҳангсозиисоҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани шўроҳо, кумитаҳо ва комиссияҳои илмӣ оид ба масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ;
3) пешбурд ва ҳамоҳангсозии соҳаҳо ва самтҳои таҳқиқоти илмии амалӣ, иҷрои барномаҳои давлатии илмию техникӣ, коркардитаҷрибавӣ-конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани намунаҳои техника ватехнологияҳои нави инноватсионӣ;
4) ташкили истеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти илмӣ ва инноватсионӣ;
5) иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника;
6) таҳлил, арзёбӣ ва мусоидат ба иcтифодаи амалии дастовардҳои илмию техникии ҷаҳонӣ;
7) муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмӣ, идораи хизматрасонии илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Академияи миллии илмҳо;
8) амалӣ гардонидани фаъолияти илмию таълимӣ дар шакли магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, постдокторантура, унвонҷўӣ, аспирантура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори илм;
9) бо тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаҳои маблағгузорӣ, тақсимоти маблағҳои буҷетӣ дар байни муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо;
10) таъминотимоддию техникии пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ.
Моддаи 8. Тартиби таъмини фаъолияти Академияи миллии илмҳо
1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти Академияи миллии илмҳо тамоми шароитро муҳайё карда, маблағгузории онро бо тартиби муқарраргардида таъмин менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз рўи масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, он метавонад ба ин мақомот, инчунин дигар корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо бевосита муроҷиат намояд, аз онҳо ба дархости худ ҷавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи миллии илмҳо ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Академияи миллии илмҳо мансубанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаи мушовараҳо, шўроҳои илмию техникӣ ва дигар машваратҳои мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ иштирок намоянд.
3. Фаъолияти Академияи миллии илмҳо дар асоси пайвастагии принсипҳои танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва худидораи илмӣ амалӣ карда мешавад, ки он бояд иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Академияи миллии илмҳо гузошташуда, афзун намудани имкониятҳои эҷодии олимон, амалӣ гардидани ҷустуҷўи озодонаи илмиро таъмин намояд.
4. Шакл ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмиро дар Академияи миллии илмҳо Оинномаи он муайян мекунад.
5. Муносибатҳои вобаста ба эҷод, ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳнӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии Академияи миллии илмҳо, ташкилотҳои илмии он ва кормандони алоҳидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
Моддаи 9. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба фаъолияти таълимӣ машғул шавад.
2. Фаъолияти таълимии Академияи миллии илмҳо дар шакли таҳсил дар магистратура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос, постдокторантура бо додани дараҷаи доктори ҳабилитат, унвонҷўй, аспирант ва докторант амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти таълимӣ дар Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Фаъолияти табъу нашр ва нашрияҳои Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба фаъолияти ноширӣ, таъсиси нашриёт, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, нашри бевоситаи рисолаву дастнависҳои хаттӣ, мубодилаи нашрияҳо бо муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилотимиёна ва олии касбӣ, китобхонаву осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ машғул шаванд.
2. Академияи миллии илмҳо нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Муассисаҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар нашрияҳои давриро ҳам ба табъ расонанд.
Моддаи 11. Бойгониҳои илмии Академияи миллии илмҳо
1. Дар Академияи миллии илмҳо бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии алоҳида амал мекунанд.
2. Академияи миллии илмҳо дар бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии соҳавӣ нусхаи (маҷмўи) дастнависҳои олимон, ходимони илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо ва дигар маводро, ки барои таъриху ояндаи илму техника муҳим ва нодир мебошанд, маҳфуз медорад.
3. Академияи миллии илмҳо ва бойгониҳои муассисаҳои илмии он бо мақсади ба хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумот дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ иттилоот пешниҳод менамоянд.
Моддаи 12. Ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ
1. Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ аз инҳо иборатанд:
1) таҳия ва иҷрои барномаҳо, нақшаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳои илмии муштарак;
2) ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ;
3) иштироки олимон, мутахассисон ва кормандони Академияи миллии илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва коркардҳое, ки дигар ташкилотҳоиилмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
4) иштироки олимони Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузорӣ дар раванди омодасозии мутахассисон ва кормандони тахассуси олӣ барои ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) ворид кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ҳайати шўроҳои илмӣ, кумитаҳо ва комиссияҳое, ки Академияи миллии илмҳо таъсис медиҳад;
6) таъсиси шўроҳои диссертатсионии муштарак бо дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
7) амалӣ намудани дигар шаклҳои ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
2. Ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рўи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро барои иштирок даринтихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо пешбарӣ намоянд.
3. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад ҳамасола аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқот маълумот дархост ва дастрас кунад ва ҳолату сатҳу самаранокии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии иҷрошавандаро арзёбӣ намояд.
4. Бо мақсади ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дода мешаванд:
-
БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО, ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
-
Моддаи 13. Аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба ин унвонҳо интихоб гардидаанд, мебошанд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мебошанд ва дар рушди илми ватанӣ саҳми арзанда доранд, ба истиснои шахсони дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида, тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви вобаста ва узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми бузург дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
4. Олимон ва шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида метавонанд узви хориҷии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.
5. Тартиб ва шартҳои интихоби аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо дар Оинномаи он муайян карда мешавад.
6. Аъзои Академияи миллии илмҳо якумра интихоб карда мешаванд.
7. Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд, номзад ба узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо шуда наметавонанд.
Моддаи 14. Унвонҳоиилмииакадемӣ
1. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи додани унвонҳои илмии академии зеринро дорад:
1) узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
2) узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
2. Унвонҳои илмии академӣ мутобиқи натиҷаи интихобот, ки дар асоси Оинномаи Академияи миллии илмҳо баргузор мегардад, дода мешаванд.
3. Узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо танҳо узви пайваста (академик) ва узви вобаста номида мешаванд. Шахсоне, ки унвонҳои узви пайваста (академик) ва узви вобастаи академияҳои соҳавиро доранд, ҳангоми навиштани ному насаб ва унвонашон бояд номи академияи мушаххаси соҳавиро нишон диҳанд.
Моддаи 15. Пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Ба аъзои Академияи миллии илмҳо аз рўзи интихоб ва тасдиқ шудан ба узвият унвонпулии ҳармоҳаи якумра муқаррар карда мешавад.
2. Андоза ва тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳаи аъзои Академияи миллии илмҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 16. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Академияи миллии илмҳо
1. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар идоракунии Академияи миллии илмҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо иштирок намоянд;
2) ба мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо интихоб шаванд ва интихоб намоянд;
3) оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо иттилоот дастрас намоянд;
4) ҳангоми гузаронидани корҳои мустақили илмӣ ва роҳбарӣ ба лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар мувофиқа бо шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо барои фароҳам овардани шароити ҳадди ақали корӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд;
5) унвонпулии ҳармоҳаи муқарраршударо гиранд;
6) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.
2. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо уҳдадоранд:
1) дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;
2) илмро бо роҳи таҳқиқоти мустақили илмӣ, ташкили таҳқиқи дастаҷамъии масоили илмӣ ва роҳбарии илмӣ рушд диҳанд;
3) барои татбиқи дастовардҳои илмӣ, илмию техникӣ ва омодасозии кадрҳои илмии баландихтисос мусоидат намоянд;
4) қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳо ва шуъбаҳои дахлдорро сари вақт иҷро намоянд, инчунин дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи илмҳо, маҷлисҳои шуъбаҳои дахлдор ва чорабиниҳои умумиакадемӣ иштирок намоянд;
5) ба шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо дар бораи фаъолияти илмии худ ҳамасола ҳисоботи хаттӣ пешниҳод кунанд;
6) дигар уҳдадориҳоеро,ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷииАкадемияи миллии илмҳо
Аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:
1) дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи миллии илмҳо ва маҷлисҳои умумии шуъбаҳо бо овози машваратӣ иштирок намоянд;
2) дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию ташкилии умумиакадемӣ ширкат варзанд.
Моддаи 18. Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо
Тартиби ишғоли вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои муассисаҳои он муқаррар карда мешаванд.
-
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
-
Моддаи 19. Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо
Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо аз Маҷлиси умумӣ, Раёсат, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ноиби аввал ва ноибони президент, саркотиби илмӣ ва раисони шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо иборат мебошад.
Моддаи 20. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо
1. Мақоми олии идоракунии Академияи миллии илмҳо Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мебошад. Ба ҳайати он аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дохил мешаванд.
2. Ваколатҳои асосии маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо:
1) самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ муайян менамояд;
2) лоиҳаи Оинномаи Академияи миллии илмҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонпешниҳод менамояд;
3) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
4) бо тартиби муайннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо аъзои раёсати Академияи миллии илмҳоро интихоб ва озод менамояд;
5) бо тартиби муайяннамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо – раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;
6) масъалаҳои рушди соҳаи илмро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ менамояд;
7) масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илмӣ ва илмию ташкилиро баррасӣ ва ҳал мекунад;
8) ҳисоботи фаъолияти Академияи миллии илмҳоро муҳокима ва тасдиқ мекунад;
9) маърўзаҳои раёсат, шуъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо, инчунин аъзои онро муҳокима менамояд.
3. Тартиби баргузор намудани Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз рўи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо дар ҳолате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати рўйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо иштирок дошта бошанд. Аъзои Академияи миллии илмҳо дар маҷлисҳои умумӣ шахсан иштирок мекунанд.
Моддаи 21. Раёсати Академияи миллии илмҳо
1. Раёсати Академияи миллии илмҳо мақоми дастаҷамъии доимоамалкунандаи Академияи миллии илмҳо буда, фаъолияти онро идора менамояд.
2. Раёсат дар ҳайати президенти Академияи миллии илмҳо, ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои раёсати он, мувофиқи шумораи муайянкардаи маҷлиси умумӣ таъсис дода мешавад.
3. Аъзои раёсатро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо, вазифаву ваколатҳояшонро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
4. Раёсати Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро дорад:
1) маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро даъват мекунад;
2) дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд;
3) барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директорони ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо номзадҳоро аз ҳисоби докторҳои илм, докторҳои ҳабилитат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
4) оинномаҳои муассисаҳои Академияи миллии илмҳоро тасдиқ мекунад, риоя намудани Оинномаи Академияи миллии илмҳоро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо назорат менамояд;
5) харҷномаи солонаи Академияи миллии илмҳоро тасдиқ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;
6) дигар ваколатҳоро тибқи муқаррароти Оинномаи Академияи миллии илмҳо амалӣ менамояд.
5. Мақоми кории раёсати Академияи миллии илмҳо дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо мебошад, ки дар асоси низомномаи тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунад. Роҳбари дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо аз рўи вазифа саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо мебошад.
Моддаи 22. Президенти Академияи миллии илмҳо
1. Президенти Академияи миллии илмҳо бофармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Президенти Академияи миллии илмҳо:
1) бафаъолияти тамоми соҳаву сохторҳои Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифа ва ваколатҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;
2) Академияи миллии илмҳоро дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо намояндагӣ мекунад;
3) ба фаъолияти раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
4) дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо раисӣ мекунад;
5) аз рўи вазифа раиси Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ мебошад;
6) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 23. Ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ва раисони шуъбаҳо
1. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз тарафи Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ба вазифа интихоб ва озод карда мешаванд.
2. Дар сурати ҳузур надоштани президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои ўро ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳо иҷро мекунад.
3. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо аз рўи вазифа раисони шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳо маҳсуб гардида, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд.
4. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро доранд:
1) иҷрои қарорҳои раёсати Академияи миллии илмҳоро таъмин менамоянд;
2) шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳоро роҳбарӣ менамоянд ва барои иҷрои вазифаҳои ба шуъба вогузоршуда масъул мебошанд;
3) маҷлиси умумӣ ва бюрои шуъбаро раисӣ мекунанд;
4) фаъолияти муассисаҳои илмии шуъбаро назорат менамоянд;
5) дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 24. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо
1. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳоро Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб ва озод мекунад.
2. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо ба фаъолияти дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда масъул мебошад.
3. Ваколатҳои дигари саркотиби илмиро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
Моддаи 25. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо
1. Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо воҳидҳои асосии илмӣ ва илмию ташкилӣ буда, муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро муттаҳид менамоянд.
2. Шумора, сохтори ташкилӣ, ҳайат ва фаъолияти шуъбаҳои Академияи миллии илмҳоро Оинномаи Академияи миллии илмҳо муайян менамояд.
- БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
-
Моддаи 26. Ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо дар ҳайати худ институтҳои илмию таҳқиқотӣ, агентиҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳои илмию ташкилӣ дорад, ки шахсони ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунанд.
Моддаи 27. Ташкилотҳои дигари Академияи миллии илмҳо
Академияи миллии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи миллии илмҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои худ барои таъмини фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, илмию ташкилӣ, иттилоотӣ, патентию иҷозатномадиҳӣ, метрологӣ, таҳриру нашр, хоҷагидорӣ, истеҳсолӣ ва дигар намудҳои фаъолият метавонад ташкилотҳои озмоишӣ, таҷрибавию конструкторӣ, муассисаҳои татбиқӣ, хизматрасониҳои илмӣ, паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, инчунин дигар ташкилотҳоро таъсис диҳад.
- БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА МОЛУ МУЛКИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
-
Моддаи 28. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо
1. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
1) маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои пешбурди фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ равона карда мешаванд;
2) маблағҳои фондҳои асосии махсус;
3) даромад аз фаъолияти хоҷагидории Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки Академияи миллии илмҳо таъсис дода шудаанд, инчунин аз фаъолияти табъу нашр;
4) кумакҳои ихтиёрӣ, грантҳо ва хайрияҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷӣ;
5) дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Маблағҳои буҷетӣ, ки барои таъмини фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ шудаанд, бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:
1) гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ;
2) иҷрои барномаҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
3) омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ;
4) таҳкими заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳо ва ташкилотҳои он;
5) таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи миллии илмҳо, раёсати Академияи миллии илмҳо ва Китобхонаи марказии илмии он;
6) пардохти ҳармоҳаи иловапулӣ барои унвонҳои илмии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва дараҷаҳои илмӣ;
7) таҳия ва нашри адабиёти илмӣ, илмию техникӣ ва илмию методӣ;
8) баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ;
9) ҳамкориҳои илмию техникии байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ;
10) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
11) маблағгузории хароҷот барои ташкил ва гузаронидани озмуни ҷоизаҳои таъсисдодаи Академияи миллии илмҳо, инчунин пардохти маблағи ин ҷоизаҳо;
12) дигар хароҷоти марбут ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Маблағҳои буҷетӣ инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:
1) нигоҳдории иншооти Академияи миллии илмҳо;
2) маблағгузории сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.
Моддаи 29. Молу мулки Академияи миллии илмҳо
1. Молу мулки Академияи миллии илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар идоракунии оперативии Академияи миллии илмҳо қарор дорад.
2. Ихтиёрдории молу мулки ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Объектҳои илмию техникии дорои арзиши баланд, ки дар истифодаиАкадемияи миллии илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлатӣ доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд сарвати миллӣ эълон карда шаванд.
- БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
-
Моддаи 30. Фаъолияти байналмилалии Академияи миллии илмҳо
1. Академияи миллии илмҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ки таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимиро анҷом медиҳанд, ҳамкорӣ менамояд.
2. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад бо истифода аз восита ва шаклҳои дар амалияи байналмилалӣ қабулшудаи ҳамкорӣ ва табодули илмӣ барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ корхонаю ташкилотҳои хориҷиро ҷалб намояд, дар якҷоягӣ бо онҳо барои ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию ташкилӣ ва илмию техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои илмию таълимӣ ва дигар муассисаҳоро таъсис диҳад.
3. Академияи миллии илмҳо дар таъсиси ташкилотҳои байналмилалии илмӣ иштирок намуда, ҳуқуқи узвият дар созмонҳои байналмилалии илмиро дорад ва дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо академияҳо, муассисаҳои илмии байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии дигар давлатҳо робитаҳои илмӣ, мубодилаи натиҷаҳои илмии бадастовардаи муҳаққиқон, асарҳои илмӣ ва нашрияҳои илмии даврӣ, усулҳои пешқадами пешбурди таҳқиқоти илмиро ба роҳ мемонад.
4. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии илмӣ шартномаҳои ҳамкорӣ мебандад.
- БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
-
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 311, с. 2007, №5, мод. 371, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 837) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарордодани Қонунимазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, №1780
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219. Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.2019 с., №1636)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 январи соли 2015, № 1734
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 802
ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона шудааст.
-
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
-
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - расмиёте, ки дар натиҷаи амалигардонии он мутобиқати фаъолияти субъектҳои соҳаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф карда мешавад;
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ - баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва.сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- дотсент, профессор - унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- коллективи муваққатии илмӣ - иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;
- корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;
- корҳои таҷрибавию конструкторӣ - маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;
- лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ - ҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи илм ва (ё) илму техника амалӣ менамояд;
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор амалӣ менамоянд;
- маърӯзаи миллӣ оид ба илму техника - ҳисоботи ҳарсолае, ки таҳлили ҳолат ва тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ ва миллӣ, пешниҳод оид ба такомули иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосноккунии самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;
- натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;
-номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) ва (ё) илмию техникӣ пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсия) дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636);
- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ (муҳаққиқ), ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ (диссертатсия), лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд ҳимояи ошкори он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636);
- сиёсати давлатӣ оид ба илму техника - интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;
- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;
- таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;
- таҳқиқоти илмии бунёдӣ - фаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷомеа равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- таҳқиқоти илмии амалӣ - таҳқиқоте, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ равона шудаанд;
- ташкилоти илмӣ - шахси ҳуқуқие, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологиро иҷро менамояд ва яке аз мақомоти идоракунандаи он мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ гузаштааст;
- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ - фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техники тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;
- ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Моддаи 3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии ҳолат ва таҳияи дурнамои рушди илмию техникӣ, бо мақсади ҷалб намудани захираҳои давлатӣ ба таҳқиқоти илмие, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, барои амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи ҷараёнҳои нави технологӣ ва маҳсулоти рақобатпазир муайян карда мешаванд. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ таҳия гардида, бо тартиби муқараргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иқтисодии онҳо аз рӯи зарурати амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин аҳамияти самтҳои алоҳидаи рушди илму техника дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат асос меёбад. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз:- тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;
- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ тавассути таъсис додани маҷмааи таълимию илмӣ ва паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ;
- муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ;
- афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ;
- ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон);
- такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад;
- ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- баробарии ҳама субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар назди қонун;
- озодии интихоби самтҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, усулҳои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ барои субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- кафолати рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ;
- ҳамкории ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;
- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника;
- ҳатмӣ, беғараз ва босалоҳият будани экспертизаи давлатии барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
Моддаи 4. Мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
- рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар;
- афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;
- таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф;
- рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
- афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
- беҳтар намудани вазъияти экологӣ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд: -
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
-
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва ташкили анҷом додани он;
- тасдиқ намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таъсиси мукофотҳо дар соҳаи илм, стипендияи давлатии илмӣ ва тасдиқи тартиби додани онҳо;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
- тасдиқи тартиби ташкил ва анҷомдиҳии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
(Хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби додани унвонҳои илмӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳо) ҳимояшуда; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсии кишвар;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳамоҳангсозии онҳо;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин анҷом додани аккредитатсияи онҳо;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди соҳаи дахлдор;
- иштирок дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи дахлдор;
- ташкили корҳо оид ба таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар соҳаи дахлдор;
- тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестассионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ; таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаҳои илмӣ; таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвонҳои илмӣ; таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳо (диссертатсияҳои) ҳимояшуда; ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ; гузаронидани нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд; таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд; таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ; амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
-
БОБИ З. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
-
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд.
Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд:
- ташкилотҳои илмӣ;- иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд;
- коллективҳои муваққатии илмӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.
Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд.
Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд.
Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад:Моддаи 11. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд;- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;
- бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад;
- дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад;
- барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад;
- ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад;
- тахассуси илмиашро такмил диҳад;
- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.
Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст:
- ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад;
- ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;
- вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.
Моддаи 12. Ташкилотҳои илмӣ
Ташкилотҳои илмӣ метавонанд ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла татбиқи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳамчун намуди асосии фаъолият машғул шаванд.
Ташкилотҳои илмӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд. Тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ташкилотҳои илмӣ аз ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳо (ё муасисаҳо)-и илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, лоиҳавию технологӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонанд, иборат мебошанд.
Ташкилотҳои илмӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амалӣ менамоянд.
Ташкилотҳои илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд.
Ташкилотҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ иштирок кунанд.
Дар ташкилоти илмӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салоҳияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян мекунанд.
Ба ваколати шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мансубанд: (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- муайян кардани мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;- омодасозии тавсияҳо оид ба таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилот бо мақсади таъмини иҷрои корҳо оид ба мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;
- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмии воҳидҳои сохтории ташкилот, коллективҳои муваққатии илмӣ, кормандони алоҳидаи илмии ташкилотҳо ва тасдиқ намудани нақшаи кори илмӣ ва ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилот;
- қабул намудани қарор оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмӣ;
- иҷро намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот.
Моддаи 13. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва инноватсия, таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмии барои гирифтани мукофоти илмӣ пешниҳодшуда, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника, муттаҳидсозии касбии олимон барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дохил мешаванд.
Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшударо оинномаи академияҳои илмҳои номбурда муайян мекунад.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.
Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро оид ба масъалаҳои муҳимтарини фанҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ анҷом дода, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда иҷро мешаванд, ширкат меварзанд.
Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда ва натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳисобот медиҳанд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ки бо истифодаи маблағи буҷети давлатӣ иҷро шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат супорида мешаванд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омодасозӣ ва нашри маърӯзаи ҳарсолаи миллӣ оид ба илму техникаро ҳамоҳанг месозад.
Ба академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илмии онҳо, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
Академияҳои ҷамъиятии илмҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома ба имзо расонда, барои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва дар асоси озмун дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иштирок намоянд.
Коллективи муваққатии илмӣ бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии корҳо оид ба ҳалли мушкилоти минбаъдаи илмию техникӣ ва иҷтимоию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ, ки ба таъсис ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот ва технология, қарорҳои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ равонагардида таъсис дода мешавад.
Тартиби таъсис додан ва шартҳои фаъолияти коллективҳои муваққатии илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони илмии онҳо дорои ҳуқуқи баробари иштирок дар озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва барномаҳои илмию техникие мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд озмоишгоҳҳои илмӣ, донишкадаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷумла ташкилотҳои илмию таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.
Ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи таҳқиқотӣ дода мешавад.
Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)-ро муайян мекунад:Моддаи 14. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо
Моддаи 15. Коллективи муваққатии илмӣ
Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ -
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
-
Моддаи 17. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- мавҷудияти таҳсилоти олӣ;
- соҳиб будан ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- мавҷудияти дараҷаи илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд;
- ҳаҷм ва сатҳи корҳои илмии нашршуда, таҳқиқоту корҳои иҷрошуда;
- арзёбии ҷомеаи илмӣ дар соҳаи дахлдори дониш.Корманди илмие (муҳаққиқе), ки дараҷа ва унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи машғул шуданро бо таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо кардаанд, амалӣ мегардад.
Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ инчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ анҷом дода мешавад.
Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530; аз 19.07.19 с., №1636)
Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.
Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ бо Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд.
Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад.
Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Моддаи 18. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ
Моддаи 19. Дараҷаҳои илмӣ
Моддаи 20. Унвонҳои илмӣ -
БОБИ 5. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
-
Моддаи 21. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.
Моддаи 22. Меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро танзим менамоянд
Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:- озодии академӣ ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ;
- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;
- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;
- ҳуҷҷатгузории пурраи натиҷаҳои муҳими илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои арзёбии танқидӣ;
- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;
- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);
- паҳн накардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;
- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;
- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;
- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;
- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.
Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илмӣ
Ташкилотҳои илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.
Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян мекунад, асос меёбад.
Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Кодекси намунавии одоби илмӣ ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад:- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;
- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;
- шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;
- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;
- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;
- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);
- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.Ташкилотҳои илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва қабул менамоянд.
Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:
Моддаи 24. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;
- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;
- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;
- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;
- таҳдиди терроризм ва омилҳои дигари хатарнок.Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.
Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи тақсимоти вазифаҳои стратегӣ, коршиносӣ ва маъмурии идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд: -
БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
-
Моддаи 25. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва принсипҳои он
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника;
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1636)
- шӯрои илмии (илмию техникии) ташкилоти илмӣ.Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар асоси мутобиқати принсипҳои танзими давлатӣ ва худидоракунӣ сурат мегирад.
Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодиёти илмиро маҳдуд намекунад.
Барои ташкилотҳои илмии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши давлатии иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва корҳои озмоиширо муқаррар менамояд.
Роҳбарони ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ташкилотҳои илмии академияи соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онҳо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- бартарии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади афзун намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
- шаффофият, беғаразӣ ва баробарии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми дарёфти дастгирии давлатӣ;
- самара ва натиҷабахшии иқтисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
- рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- беғаразӣ ва мустақилии экспертизаи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;
- омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- рушди ҳамкории илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки соҳибкорон дар рушди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ.
Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқи мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ мансуб мебошанд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар соҳаи илму техника, ки ҷамъоварӣ, бақайдгирии давлатӣ, коркарди таҳлилӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илмӣ ва техникиро амалӣ менамоянд, таъмин мекунанд.
Давлат ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дастрас намудани иттилооти мазкур ва ҳуқуқи ба даст овардани онро кафолат дода, ҳуқуқи ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илму техника таъмин менамояд.
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои илмии давлатӣ, ки дар онҳо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амал мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳифзи махзани маълумот ва заминаи иттилотӣ, таҳвили онҳоро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.
Бо мақсади таъмин намудани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва шароити моддии рушди илм ҳамасола дар доираи имкониятҳои воқеии молиявии буҷети давлатӣ маблағгузории давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ анҷом дода мешавад.
Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инчунин аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои илмӣ, ташкилотҳои илмӣ, сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шартнома оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ байни субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ё мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои тамоми мӯҳлати амалисозии онҳо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонда мешавад.
Моддаи 27. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Моддаи 28. Маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:- тартиби анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист таҳдид карда метавонанд, муқаррар кунад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи баъзе натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо роҳи ҷорӣ намудани низоми махфият нисбат ба онҳо ва назорати иҷрои он маҳдуд кунад;
- талаботи сертификатсионӣ ва метрологиро нисбат ба баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҷорӣ намояд.Моддаи 29. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:- донишҳои наве, ки ба таври назариявӣ ё озмоишӣ ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар ҳар шакл изҳор шудаанд ва ё дар ҳар гуна ҳомилҳои моддии иттилоотӣ сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фароҳам меоранд;
- намунаву ҷараёнҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ки дар асоси донишҳои нав таъсис дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ба объекту ҷараёнҳои мазкур.Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ва ташкилоти илмӣ ниҳоӣ, фосилавӣ ва иловагӣ буда метавонанд.
Ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки ҳамчун натиҷаи тадқиқоти илмии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
Ба натиҷаҳои фосилавии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараёни анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
Ба натиҷаҳои иловагии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараён ё дар натиҷаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи шартнома ё супориши техникӣ таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ нашудаанд ва танҳо бо мақсадҳое истифода бурда мешаванд, ки аз мақсадҳои дар шартнома ё супориши хизматӣ қайдгардида фарқ мекунанд.
Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади муқоисаи беғаразонаи ҳаҷми захираҳои сарфшудаи молиявӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва захираҳои дигар, муайян намудани натиҷабахшии илмӣ ва амалии (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, мудофиавӣ) таҳқиқоти иҷрошудаи бунёдӣ ва амалии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегардад. Арзёбии натиҷаи самтҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми муайян намудани ояндадор будани онҳо, қабул намудани қарор оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ, тафриқаи андозаи фонди музди меҳнат, инчунин аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ истифода мешаванд.
Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз рӯи меъёрҳои навгонӣ, аҳамияти онҳо барои илм ва амалия, беғаразӣ, ва исботшавандагӣ арзёбӣ мегарданд. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми қабул намудани натиҷаи корҳои иҷрошудаи илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.
Моддаи 30. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Моддаи 31. Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ" анҷом дода мешавад. -
БОБИ 7. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
-
Моддаи 32. Ҳифзи иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
Музди меҳнати корманди илмӣ (муҳаққиқ)-и ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.
Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Давлат барои корманди илмӣ (муҳаққиқ) шароит муҳайё карда, мақоми сазоворро барои он кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:- барои корманди илмие (муҳаққиқ), ки дорои дараҷаи илмӣ мебошад ва дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзҳо оид ба иловапулиро барои дараҷаи илмӣ нигоҳ медорад;
- ба корманди илмӣ (муҳаққиқ), ки дар муассисаи давлатӣ фаъолият менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашударо пешниҳод мекунад;
- имтиёзҳои дигарро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Моддаи 33. Ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди илмӣ (муҳаққиқ)-е, ки ба рушди илму техника саҳм гузоштааст, метавонад:- барои гирифтани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои ҳамасола барои таҳқиқоту корҳои беҳтарини илмӣ, дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илм пешниҳод карда шавад.Ба корманди илмӣ (муҳаққиқ) ташкилоти илмии давлатӣ бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои пешқадам, аз ҷумла ташкилотҳои илмии хориҷӣ то муддати як сол рухсатӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ҷойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигоҳдории музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
-
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
-
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, қ.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе
18 марти соли 2015,
№ 1197
Тавзеҳот илова шавад