Skip to main content

МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) тибқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст ва расман аз 1 апрели соли 2017 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуд.

  Ҳадафи асосии Марказ мусоидат намудан ба таҳқиқот дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок ба шумор меравад.

  Марказ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой корҳои илмӣ-таҳқиқотиро  амалӣ менамояд.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ МАРКАЗ

 Гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ дар соҳаи:

  • экология ва ҳифзи муҳити зист,
  • гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ,
  • геология ва захираҳои минералӣ,
  • глятсиология, гидрология ва метеорология;
  • мониторинги хатари офатҳои табиӣ,
  • таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳо,
  • мониторинги зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ;
  • татбиқи усулҳои муосири зондкунии фосилавии Замин, ГИС-технология ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар таҳқиқоти илмӣ,
  • татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ,
  • ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионнӣ ва таҷҳизоти муосир дар таҳқиқотти илмӣ. 

         ОЗМОИШГОҲИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТ

 Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:

  • мониторинги муҳити зист,
  • таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ва экосистемаҳо,
  • таъсири антропогенӣ ба муҳити зист,
  • мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо,
  • мониторинги таъсири равандҳои техногенӣ ба муҳити зист.

Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

4 5 6

ОЗМОИШГОҲИ ГЕОЛОГИЯ ВА ЗАХИРАҲОИ МИНЕРАЛӢ

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:

          - омӯзиши сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданокӣ Тоҷикистон,

         - таҳқиқи равандҳои тектоникӣ ва таъсири он ба тағирёбии иқлим дар таърихи кайнозойи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ,

         - таҳқиқи комплексии ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии мезозою кайнозои Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои арзёбии шароити палеогеографӣ ва иқлимӣ давраҳои гузаштаи геологӣ,

         - таҳқиқи петрологӣ ва изотопӣ-геохимиявии серияҳои магматикӣ ва метаморфикии Помиру Тиён-Шон,

         - омӯзиши равандҳои муосири экзогении геологӣ ва баҳодиҳии хатари офатҳои табиии бо онҳо алақамандӣ ҳудуди Точикистон,

        - гузаронидани таҳқиқотҳои геоэкологӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва таъсири техногении онҳо ба муҳити зист ва ғ.

Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. 

7 8 9

ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ХИТОЮ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ БИОЛОГӢ

 Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:

         - таҳқиқи гуногунии биологӣ,

         - арзёбии ҳолати захираҳои биологӣ,

         - таҳқиқи растаниҳои шифобахш,

         - систематика, биогеография ва таҳовули намудҳои минтақаҳои хушк,

         - муайян намудан ва татбиқи генҳои ба шароити стресс мутобиқшуда,

         - аз нав баҳисобгирии (инветаризатсияи) гуногунии биологӣ,

         - аз нав барқароркунии экосистемаҳои таназзулёфта ва ғ. 

Муносибатҳои байналмилалии илмӣ

     Бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ, Марказ бо Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, Маркази илмӣ оид ба омӯзишӣ захираҳои минералии Синзян, Институти таҳқиқотии пуштакӯҳӣ Тибет, Институти Сиан оид ба муҳити зисти замин, Институти зондкунии фосилавӣ ва заминии рақамӣ, Институти технологияҳои пешрафтаи Шэнчжэн ва инчунин марказҳои илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Алма-Ато, Бишкек) ҳамкорӣ мекунад. Дар ояндаи наздик Марказ ҳамкориҳои судманди илмиро бо марказҳо ва Донишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафта (Руссия, ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Ҷопон, Эрон ва ғайра ба роҳ хоҳад монд.

 

11 12

14