Skip to main content

Оинномаи АМИТ

 Ф А Р М О Н И

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар бораи Оинномаи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» фармон медиҳам:

  1. Оиннома сохтори  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Замимаи 1

ш. Душанбе, 14 январи соли 2022, №313

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2022, №313 

Оинномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

  1. 1.    Муқаррароти умумӣ

1.  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Академияи миллии илмҳо) муассисаи худидорашавандаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омӯзиши масъалаҳои муҳимми тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҳамкории илм ва истеҳсолотро таъмин менамояд.

2.  Академияи миллии илмҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оинномаи Академияи миллии илмҳо (минбаъд - Оиннома) фаъолият менамояд.

3.  Академияи миллии илмҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

4. Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаро, ки маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб менамояд, муассисаҳои илмӣ, ходимони илмӣ ва дигар мутахассисонеро, ки дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо кор мекунанд, муттаҳид месозад.

5.  Ба сохтори Академияи миллии илмҳо раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, муассисаҳоиилмию таҳқиқотӣ, намояндагиҳо, марказҳои илмӣ, марказҳои илмии минтақавӣ, филиалҳо, агентиҳо, хадамот, шуъбаҳои мустақили илмӣ ва институтҳо, ки бо тартиби муқарраркардаиқонунгузорӣ таъсис ёфтаанд, вазифаи асосии онҳо рушди таҳқиқот оид ба барномаҳои илмӣ ва илмию техникии минтақавӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои муассисаҳои академӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои минтақавии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар Академияи миллии илмҳоҷамъиятҳои илмӣ, шӯроҳои олимон, шӯроҳои илмӣ ва илмию техникӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ, кумитаҳо, комиссияҳо, фондҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис дода шаванд.

6. Академияи миллии илмҳоҳуқуқи мустақилона идоракунии фаъолият дошта, мустақилияти тақсимоти молиявӣ, таъин ва озод намудани кормандонро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар раёсати Академияи миллии илмҳо ва сохторҳои алоҳидаи худ бо тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд.

7. Мақоми олии идоракунии Академияи миллии илмҳо маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мебошад.Раёсати Академияи миллии илмҳо мақоми дастаҷамъии доимоамалкунандаи идоракунии Академияи миллии илмҳо буда, фаъолияти онро президенти Академияи миллии илмҳо сарварӣ менамояд.

8. Академияи миллии илмҳо шахси ҳуқуқӣ мебошад. Раёсати Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, филиалҳо ва марказҳои илмӣ дар минтақаҳо ва институтҳои дигари Академияи миллии илмҳо дорои суратҳисоб ва муҳрҳо мебошанд, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи ташкилоти марбута зикр шудааст.

9. Суроғаиҳуқуқии Академияи миллии илмҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.

  1. 2.     вазифа, ваколат ва самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо

10. Вазифа, ваколат ва самтҳои асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» амалӣ карда мешаванд.

11. Академияи миллии илмҳо роҳбарии умумиро дар пешбурди таҳқиқоти муҳимтарин масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии афзалиятноки таҳқиқотро муайян мекунад ва корҳои илмию таҳқиқотиеро, ки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иҷро мекунанд, ҳамоҳанг месозад.

  1. 3.         Аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи миллии илмҳо

12.Аъзои Академияи миллии илмҳо аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи миллии илмҳо, ки бо тартиби муқарраргардида дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо интихоб гардидаанд, мебошанд.

13. ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳоро муқаррар мекунад.

14. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мебошанд ва дар рушди илми ватанӣ саҳми арзанда доранд, ба истиснои шахсони дар қисми 7 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» зикргардида, бо тартиби муқарраргардида метавонанд узви пайваста ва узви вобаста (академик)-и Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.

15. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми бузург дар  рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.

16. Олимон ва ходимони барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар тайёр кардани олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида метавонанд узви хориҷии Академияи миллии илмҳо интихоб карда шаванд.

17. Аъзои Академияи миллии илмҳо якумра интихоб карда мешаванд.

18. Ба аъзои Академияи миллии илмҳо аз рӯзи интихоб ва тасдиқ шудан ба узвият унвонпулии ҳармоҳаи якумра муқаррар карда мешавад.

19. Ба аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо унвонпулӣ барои унвони академӣ пешбинӣ карда намешавад.

20. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаиАкадемияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:

- дар идоракунии Академияи миллии илмҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва Оинномаи мазкур иштирок намоянд;

- ба мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо интихоб шаванд ва интихоб намоянд;

- оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи Академияи миллии илмҳо иттилоот дастрас намоянд;

- ҳангоми гузаронидани корҳои мустақили илмӣ ва роҳбарӣ ба лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар мувофиқа бо шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурии корӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳо афзалият дошта бошанд;

- унвонпулии ҳармоҳаи муқарраршударо гиранд;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

21. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо уҳдадоранд:

- дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;

- илмро бо дастовардҳои нав тавассути таҳқиқоти мустақилона амалишавандаи илмӣ, ташкили дастаҷамъонаи масоили илмӣ ва роҳбарии илмӣ рушд диҳанд;

- ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос мусоидат намоянд;

- супоришҳои раёсати Академияи миллии илмҳо ва шуъбаҳои дахлдорро сари вақт иҷро намоянд, инчунин дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи миллии илмҳо, маҷлисҳои шуъбаҳои дахлдор ва дигар чорабиниҳои умумиакадемӣ иштирок намоянд;

- дигар уҳдадориҳоеро,ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.

22. Аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ доранд:

- дар ҷаласаҳо ва маҷлисҳои умумии Академияи миллии илмҳо ва маҷлисҳои умумии шуъбаҳо бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок намоянд;

- дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию ташкилии умумиакадемӣ  ширкат варзанд.

23. Ҳар як узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо мувофиқи самти илмиаш узви яке аз шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо мебошад.

24. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо метавонанд ба шуъбаи дигари Академияи миллии илмҳо гузаранд. Қарор дар бораи гузариш ба дигар шуъба аз тарафи ҳамин шуъба қабул карда мешавад. Аъзои Академияи миллии илмҳо, ки тобеи як шуъба мебошанд, метавонанд бо розигии аксарияти аъзои шуъбаи дигар дар кори он иштирок намоянд ва аз ҳуқуқҳои аъзои ҳамин шуъба, ба истиснои ҳуқуқи овоздиҳӣ ҳангоми интихоботи номзадҳо ба аъзои Академияи миллии илмҳо ва аъзои  бюрои шуъба истифода кунанд.

25. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳар сол ба шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо оид ба фаъолияти худ, аз ҷумла дастовардҳои шахсӣ дар анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, дар бораи омӯзондан ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва нашрияҳои илмӣ ҳисобот медиҳанд.

26. Ҳисоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дар ҷаласаҳои бюро ва маҷлисҳои умумии шуъбаҳо баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.

  1. 4.     Тартиби гузаронидани интихоби аъзои Академияи миллии илмҳо

27. Интихобот дар Академияи миллии илмҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Оиннома ва Низомнома дар бораи интихоботи аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида мешавад.

28. Аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат буда, дар илми ватанӣ бо асарҳои назарраси илмӣ ва тайёр кардани на камтар аз 3 кадри баландихтисоси илмӣ (доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор Phd)саҳми арзанда доранд, метавонанд интихоб карда шаванд.

29. Аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи олимони дорои унвони доктори илм ё доктор ҳабилитат, ки дар илми ватанӣ бо асарҳои муҳимми илмӣ ва тайёр кардани на кам аз 5 кадри баландихтисоси илмӣ (доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор Phd) саҳми арзанда доранд, интихоб карда мешаванд.

30. Корҳои довталабон ба узви пайваста(академикҳо)-и ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо бояд ба талаботи меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ бошанд. Меъёрҳои арзёбии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар асоси он интихоб кардани узви пайваста ва узви вобаста (академикҳо)-и Академияи миллии илмҳоро Низомнома дар бораи интихоботи аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

31. Интихоботи узви пайваста ва узви вобаста (академикҳо)-и Академияи миллии илмҳо на камтар аз як бор дар се сол дар доираи ҷойҳои холӣ ва ё дар мавриди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гаштани ҷойҳои нави иловагӣ гузаронида мешавад.

32. Вақти гузаронидани интихобот, номгӯи ихтисосҳо ва миқдориҷойҳои холӣ аз рӯи ҳар кадом ихтисос аз тарафи раёсати Акаде­мияи миллии илмҳо муқаррар карда мешавад.

33. Гузаронидани ҷойҳои холӣ аз як шуъба ба шуъбаи дигар манъ аст.

34. Иттилооти раёсати Академияи миллии илмҳо дар бораи гузаронидани интихоботи узви пайваста ва узви вобаста Академияи миллии илмҳо на дертар аз ду моҳ то гузаронидани интихобот дар матбуоти расмии ҷумҳурӣ эълон мешавад.

35. Тағйири номгӯи ихтисосҳо, тақсим кардани ҷойҳои иловагии ҷудошуда дар байни шуъбаҳо ва тағйири миқдори ҷойҳои холӣ аз рӯи ҳар як ихтисос аз ҷониби раёсати Академияи миллии илмҳо амалӣ карда мешавад.

36. Тағйири номгӯи ихтисосҳо, тақсим кардани ҷойҳои иловагии ҷудошуда дар байни шуъбаҳо ва тағйири миқдори ҷойҳои холӣ ба ҳар як ихтисос баъди дар матбуоти расмии ҷумҳурӣ нашр гардидани эълон дар бораи гузаронидани интихобот манъ аст.

37. Ҳуқуқи пешбарии довталабон ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳоро аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доро мебошанд. Пешбарии довталабон аз тарафи институтҳо дар маҷлисҳои шӯроҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ҳайати мушовараҳо ё раёсатҳо бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Ҳамон довталабон пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳоро соҳиб гардидаанд.

38. Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол менамоянд, номзад ба узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳо шуда наметавонанд.

39. Насаб, ном ва номи падари довталабон ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дар муддати як моҳ аз рӯзи нашри эълони интихобот дар матбуот бо асосноккунии дахлдор ба таври хаттӣ ба Раёсати Академияи миллии илмҳо хабар дода мешаванд.

40. Насаб, ном ва номи падари шахсоне, ки чун довталаб ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо сабт шудаанд, на дертар аз 15 рӯз пеш аз интихобот дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп мешаванд.

41. Раёсати Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди бюрои шуъбаҳо барои баррасии маводи тавсифкунандаи довталабони сабтшуда ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо, тартиб додани хулосаҳо дар бораи ҳамаи довталабон ва тавсияи номзади арзандаи онҳо барои иштирок дар интихобот аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо)-и шуъба комиссияи экспертиро таъйин мекунад.

42. Комиссияи экспертӣ ҳангоми пешниҳоди довталабон ба масъалаҳои зайл аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад:

- барномаи дурнамоии илмии довталаб;

- шумораи кадрҳои илмие, ки бо роҳбарии довталаб диссертатсияи худро омода ва дифоъ намудаанд (доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор Phd – доктор аз рӯи ихтисос);

- муҳимтарин дастовардҳои илмие, ки дар истеҳсолот ё амалия татбиқ шудаанд;

- шумораи китобҳо, монографияҳо;

- шумораи мақолаҳо илмӣ ва илмию оммавӣ;

- шумораи патентҳо ва шаҳодатномаҳо барои ихтироот;

- шумораи корҳои илмие, ки дар хориҷа ба чоп расидаанд;

- дигар иттилооте, ки довталаб метавонад пешниҳод намояд.

43. Ҳуқуқи пешбарии довталабонро ба аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо президенти Академияи миллии илмҳо, аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доро мебошанд.

44. Раёсати Академияи миллии илмҳо бо хулосаи шуъбаҳои дахлдор маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро даъват мекунад ва санаи интихоби аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳоро таъйин мекунад.

  1. 5.       Мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо

45. Мақоми олии идоракунии Академияи миллии илмҳо маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мебошад. Ба ҳайати он аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дохил мешаванд.

46. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои афзалиятноки корҳои илмию таҳқиқотиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ муайян менамояд ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- лоиҳаи Оинномаро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муайянамудаи Оиннома аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳоро интихоб менамояд;

- бо тартиби муайянамудаи Оиннома аъзои раёсати Академияи миллии илмҳоро интихоб ва озод менамояд;

- масъалаҳои рушди соҳаи илмро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ менамояд;

- масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илмӣ ва илмию ташкилиро баррасӣ ва ҳал мекунад;

- ҳисоботҳо оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳоро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

- маърузаҳои раёсат, шуъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо, инчунин аъзои онро баррасӣ менамояд.

47. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳо ҳар сол дар аввали сол даъват карда мешавад. Масъалаҳое, ки дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд, аз ҷониби бюрои шуъбаҳо, шӯроҳои олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, аъзои Академияи миллии илмҳо ба раёсати Академияи миллии илмҳо пешниҳод мегарданд. Раёсати Академияи миллии илмҳо рӯзномаи маҷлиси умумиро бо дарназардошти пешниҳодҳои воридгардида тартиб медиҳад.

48. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо дар он сурат салоҳиятдор дониста мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати дар рӯйхат шомилбудаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳузур дошта бошанд.

49. Аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо ҳамаи аъзои Академияи миллии илмҳо истифода мекунанд, ба истиснои мавридҳое, ки Оинномаи мазкур тартиби дигари иштироки аъзои Академияи миллии илмҳоро дар овоздиҳӣ пешбинӣ накарда бошад.

50. Қарорҳо дар маҷлиси умумии Акаде­мияи миллии илмҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис ҳузурдоштаи Академияи миллии илмҳо қабул карда мешаванд.

51. Ҳайати раёсати Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии Академияи илмҳо бо пешниҳоди президенти Академияи миллии илмҳо интихоб менамояд.

52. Раёсат дар ҳайати президенти Академияи миллии илмҳо, ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои раёсати он мувофиқи шумораи муайянкардаи маҷлиси умумӣ таъсис дода мешавад.

53. Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо метавонад дар бораи пеш аз муҳлат озод намудани тамоми ҳайати раёсати Академияи миллии илмҳо ва ё аъзои алоҳидаи раёсат, ки вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршударо иҷро карда натавонистаанд ва ҳамчунин оид ба интихоб кардани ҳайати нави раёсат ё аъзои нави раёсат ба муҳлати боқимондаи ваколати раёсати Академияи миллии илмҳо пешниҳод манзур намояд.

54. Раёсати Академияи миллии илмҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро даъват мекунад;

- дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани директорони институтҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо номзадҳоро аз ҳисоби докторҳои илм, докторҳои ҳабилитат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- оинномаҳои муассисаҳои Академияи миллии илмҳоро тасдиқ мекунад, риоя намудани ҳамин Оинномаро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо назорат менамояд;

- харҷномаи солонаи Академияи миллии илмҳоро тасдиқ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;

- доир ба масъалаҳои муҳимми маҷмуӣ (комплексӣ)-и илмӣ шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо, комиссияҳо таъсис медиҳад;

- барномаҳои маҷмуӣ (комплексӣ)-и илмию техникӣ ва ҳамчунин лоиҳаҳои муҳимтарини корҳои илмию таҳқиқотиро, ки шуъбаҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо таҳия намудаанд, баррасӣ карда, онҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- рушди таҳқиқоти илмиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ назорат мекунад;

- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқииҶумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм иштирок мекунад;

- ба тарбияи кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони илмӣ сарварӣ мекунад;

- иҷлосия, конференсия ва машваратҳои илмӣ баргузор менамояд;

- ҳисоботи солонаро оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо барои муҳокима ва тасдиқ ба маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо пешниҳод менамояд;

- самти фаъолият ва тахассуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳоро муайян мекунад;

- робитаҳои илмии байналмилалии Академияи миллии илмҳоро ба нақша мегирад, бо академияҳои илмҳо ва муассисаҳои дигари илмии мамлакатҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ барқарор месозад;

- доир ба истифодаи амалии натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ чораҳо меандешад;

- муҳаррирон, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳо ва ҳамчунин шӯроҳои илмии табъу нашрро тасдиқ мекунад, фаъолияти табъу нашрро назорат менамояд;

- таъйини вазифаҳоро дар асоси феҳрист (номенклатура)-и муқаррарнамудаи раёсати Академияи миллии илмҳо тасдиқ мекунад;

- масъалаҳои рушди иҷтимоии Академияи миллии илмҳоро ҳал менамояд;

- ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳоро таъсис медиҳад ва месупорад;

- низомномаҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиакадемиро тасдиқ менамояд;

- қарорҳои маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳоро иҷро ва дар давраи байни маҷлисҳои умумӣ фаъолияти Академияи миллии илмҳоро сарварӣ менамояд;

- дар фаъолияти худ ба маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо тобеъ буда, оид ба иҷрои муҳимтарин қарорҳои дар давраи байни маҷлисҳои умумӣ қабулшуда ба маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳо ҳисобот медиҳад.

55.Раёсати Академияи миллии илмҳо ба фаъолияти воҳидҳои сохтории зерини Академияи миллии илмҳо сарварӣ менамояд:

- шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо;

- институтҳои илмию тадқиқотӣ;

- филиал ва намояндагиҳо;

- марказҳои илмии тадқиқотии минтақавӣ;

- шуъбаҳои мустақили илмӣ ва кафедраҳои назди раёсати Академияи миллии илмҳо.

- шӯрои илмии табъу нашр;

- нашриёти «Дониш»;

- Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳо ба номи Индира Ганди;

- шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо, комиссияҳо, ҷамъиятҳои илмӣ;

- ташкилотҳои Академияи миллии илмҳо;

- дигар воҳидҳои сохтории навтаъсисшаванда.

56. Раёсати Академияи миллии илмҳо дорои дастгоҳ мебошад, ки он дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи раёсати Академияи миллии илмҳо амал мекунад.

57. Президенти Академияи миллии илмҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад.

58. Президенти Академияи миллии илмҳо ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- бараванди фаъолияти тамоми соҳаву сохторҳои Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифа ва ваколатҳои ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;

- Академияи миллии илмҳоро дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо намояндагӣ мекунад;

- ба фаъолияти раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;

- дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо раисӣ мекунад;

- аз рӯи вазифа раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ мебошад;

- дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

59. Президенти Академияи миллии илмҳо дорои ноиби аввал ва ноибон мебошад. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз тарафи маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешаванд.

60. Ваколатҳои ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо – раисони шуъбаҳо:

- дар сурати ҳузур надоштани президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳо роҳбарии умумии Академияи миллии илмҳоро амалӣ месозад;

- роҳбарии банақшагирии таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии ҳисоботи фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро амалӣ месозанд;

- муовинони раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошанд;

- муовинони раиси Шӯрои илмии табъу нашри Академияи миллии илмҳо мебошанд;

- роҳбарии илмиву ташкилии муассисаҳои илмии шуъба ва бюрои онро амалӣ менамоянд;

- масъалаҳои банақшагирии таҳқиқоти илмӣ ва омода кардани ҳисоботи фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи шуъбаро пеш мебаранд;

- назорати иҷрои нақшаҳои таҳқиқоти илмиро дар шуъба амалӣ мекунанд;

- ба татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмию таҳқиқотии шуъба дар истеҳсолот роҳбарӣ менамоянд;

- сармуҳаррири маҷаллаҳои шуъба мебошанд;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мувофиқа кардани онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи соҳаҳои тахассусии фаъолияти шуъба иштирок мекунанд;

- назорати иҷрои қарорҳо ва супоришҳои мақомоти роҳбарикунандаро, ки ба соҳаи тахассусии фаъолияти шуъба мансубанд, амалӣ месозанд.

61. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб ва озод мекунад. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳо ба фаъолияти дастгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳо роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи ӯ вогузоршуда масъул мебошад.

62. Аъзои дигари раёсати Академияи миллии илмҳоро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва ё аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб менамояд.

63. Интихоботи ноиби аввал, ноибони президенти Академияи миллии илмҳо, саркотиби илмӣ ва аъзои дигари раёсати Академияи миллии илмҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо овоздиҳии аксарияти аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад.

64. Дар ҳар як интихоботи нав раёсати Академияи миллии илмҳо ба маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ҳисобот пешниҳод менамояд.

65. Раёсати Академияи миллии илмҳо тақсимоти вазифаҳоро дар байни аъзои раёсати Академияи миллии илмҳо анҷом медиҳад.

  1. 6.     Шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо 

66.Шуъбаи Академияи миллии илмҳо маркази илмӣ ва илмиву ташкилӣ буда, институтҳои илмию таҳқиқотии якчанд соҳаҳои илмро муттаҳид месозад. Вазифаҳои асосии шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо инҳо мебошанд:

- рушд ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаҳои дахлдори илм;

- роҳбарии илмиву методӣ ва илмиву ташкилии муассисаҳои илмию таҳқиқотие, ки дар ҳайати шуъба шомил мебошанд;

- таҳияи пешниҳодот оид ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот;

- густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.

67. Шуъбаи Академияи миллии илмҳо дар фаъолияти худ тобеи маҷлиси умумии шуъба ва раёсати Академияи миллии илмҳо мебошад.

68. Мақоми олии шуъбаи Академияи миллии илмҳо маҷлиси умумии шуъба мебошад, ки он аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи шомили шуъба ташкил меёбад. Маҷлиси умумии шуъба дар сурати зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

69. Маҷлиси умумии шуъба:

- самтҳои асосии рушди соҳаи дахлдори илм, татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро муҳокима мекунад;

- бюрои шуъбаро аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи шомили шуъба интихоб менамояд;

- номзадҳоро барои қабул ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо интихоб мекунад;

- оид ба муҳокимаи натиҷаҳои асосӣ ва вазифаҳо оид ба масъалаҳои муҳимми илмии таҳияшаванда ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои дахлдори илм иҷлосия, конференсия, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ даъват менамояд.

70. Кори шуъбаро дар давраи байни маҷлисҳои умумии шуъба бюрои шуъба роҳбарӣ мекунад, ки онро ноиби аввал ё ноиби президенти Академияи миллии илмҳо – раиси шуъбаи Академияи миллии илмҳо сарварӣ менамояд.

71. Котиби илмии шуъба бо пешниҳоди ноиби аввал ё ноиби президенти Академияи миллии илмҳо - раиси шуъбаи Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби номзадҳои илм, доктор PhD аз тарафи раёсати Академияи миллии илмҳо таъйин карда мешавад.

72. Дар кори бюрои шуъба бо ҳуқуқи овози машваратӣ роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи шуъба иштирок карда метавонанд.

73. Дар фаъолияти худ бюрои шуъба тобеи маҷлиси умумии шуъба мебошад. Бюро оид ба қарорҳое, ки аз тарафи он дар давраи байни маҷлисҳои умумии шуъба қабул шудаанд, ба маҷлиси умумии шуъба гузориш медиҳад. Ҳангоми аз нав интихоб шудан бюрои шуъба оид ба фаъолияти анҷомдодаи худ ба маҷлиси умумии шуъба ҳисобот пешниҳод менамояд.

74. Фаъолияти шуъбаи Академияи миллии илмҳоро низомномаи шуъбаи Академияи миллии илмҳо, ки онро маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо тасдиқ намудааст, танзим мекунад.

75. Ноиби аввал ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо- раисони шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо дар ҷаласаҳои раёсати Академияи миллии илмҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти шуъба шахсони ҳисоботдиҳанда буда, маҷлисҳои умумии шуъбаҳоро раисӣ мекунанд ва дар фаъолияти худ тобеи маҷлиси умумии шуъба ва раёсати Академияи миллии илмҳо мебошанд.

76. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо, новобаста ба он ки шомили кадом шуъба мебошанд, дар кори маҷлиси умумии ҳар шуъба иштирок карда метавонанд.

77. Роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотие, ки аъзои Академияи миллии илмҳо намебошанд, дар маҷлиси умумии шуъбаи марбута бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок мекунанд.

78. Маҷлиси умумии шуъба дар сурате салоҳияти қабули қарорро дорад, ки агар дар маҷлис аксарияти аъзои шуъба ҳозир бошанд. Қарорҳо дар маҷлиси умумии шуъба бо овоздиҳии аксарияти аъзои шуъба, ки ҳуқуқи овоз доранд, қабул карда мешаванд.

  1. 7.     Муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо

79. Воҳидҳои асосии сохторӣ дар низоми Академияи миллии илмҳо институти илмию таҳқиқотӣ ва маркази илмию таҳқиқотӣ мебошанд. Сарвари институти илмию таҳқиқотӣ ва маркази илмии Академияи миллии илмҳо директор мебошад.

80. Директори институти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳоро бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби докторони илм, доктор ҳабилитат ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Номзад ба директори институти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо бояд барнома ва нақшаи дурнамои рушди илмию таҳқиқотии институтро пешниҳод менамояд.

81. Роҳбарони марказҳои илмӣ ва шуъбаҳои илмии марбута аз ҳисоби аъзои Академияи миллии илмҳо, докторони илм, доктор ҳабилитат, номзадони илм ва докторони PhD – докторон аз рӯи ихтисос аз тарафи бюрои шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ пешниҳод гардида, аз тарафи президенти Академияи миллии илмҳо ба муҳлати 5 сол таъин карда мешаванд.

82. Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, котиби илмии институт ва марказҳои илмию таҳқиқотӣ бо пешниҳоди директори институт (маркази илмӣ) дар шӯрои олимон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардида, бюрои шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо онро тасдиқ менамояд. Номзад ба ин вазифаҳо дар сурате интихобшуда ҳисобида мешавад, ки агар ба тарафдории он на камтар аз нисфи ҳайати аъзои шӯрои олимон овоз дода бошад. Шӯрои олимон ҳуқуқ дорад муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, котиби илмии институт ва марказҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯи раводиди худ ё бо пешниҳоди директори институт (маркази илмӣ) аз вазифа озод намояд. Қарори шӯрои олимон дар бораи аз вазифа озод намудани муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, котиби илмии институт ва марказҳои илмию таҳқиқотӣ барои тасдиқ ба бюрои шуъбаи дахлдори Академияи миллии илмҳо ирсол карда мешавад.

83. Тартиби ишғоли вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомнома дар бораи ишғоли вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва интихоби шӯрои олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо, низомнома дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаи корманди илмии Академияи миллии илмҳо ва дастурамали вазифавии кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо амалӣ карда мешавад.

84. Филиалҳо ва намояндагиҳо, марказҳои илмӣ, марказҳои илмии минтақавӣ, агентиҳо ва хадамот аъзои Академияи миллии илмҳо, кормандони илмӣ ва мутахассисони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳоро, ки дар минтақаҳои дахлдор кор мекунанд, муттаҳид менамоянд.

85. Таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо, намояндагиҳо ва марказҳои илмии минтақавӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

86. Роҳбарии илмию методии муассисаҳои илмию таҳқиқотии филиалу намояндагиҳо ва марказҳои илмии минтақавӣ аз тарафи шуъбаҳои дахлдори Академияи миллии илмҳо амалӣ карда мешавад.

87. Раёсати Академияи миллии илмҳо дар назди худ метавонад шуъбаи мустақили илмӣ таъсис диҳад. Мудири шуъбаҳои мустақили илмӣ аз ҳисоби докторони илм ё доктор ҳабилитат ба муҳлати 5 сол аз ҷониби раёсати Академияи миллии илмҳо таъин карда мешавад. Ба вазифаи мудири шуъбаи мустақили илмӣ ба таври истисно номзадҳои илм ва доктор Phd – доктор аз рӯи ихтисос, ки на кам аз 5 (панҷ) сол собиқаи кори илмӣ доранд, низ таъйин шуда метавонанд.

88. Президенти Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад, ки бо пешниҳоди раёсати Академияи миллии илмҳо мудири шуъбаи мустақили илмиро пеш аз муҳлат аз вазифааш озод намояд, агар ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштааш набарояд.

89. Муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо дар асоси Оиннома ва оинномаҳои муассисаҳо, ки онҳоро раёсати Академияи миллии илмҳо тасдиқ кардааст, фаъолият мекунанд.

  1. 8.       Воситаҳои молиявӣ ва молу мулки Академияи миллии илмҳо 

90. Воситаҳои молиявии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:

- маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, ки барои пешбурди фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ равона карда мешаванд;

- фаъолияти илмию таълимӣ;

- маблағҳои фондҳои асосии махсус;

- даромад аз фаъолияти хоҷагидории Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла, аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки Академияи миллии илмҳо таъсис дода шудаанд, инчунин аз фаъолияти табъу нашр;

- кумаки ихтиёрӣ, грантҳо ва хайрияҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, муассисаҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷӣ;

- дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

91. Молу мулки Академияи миллии илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативии Академияи миллии илмҳо қарор дорад.

92. Фондҳои асосӣ ва молу мулки дигар, ҳамчунин ҳудуд ва қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ, ки ба Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои он вобаста шудаанд, бе мувофиқа бо он барои мақсадҳои дигар истифода намешаванд, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

93. Раёсати Академияи миллии илмҳо харҷнома (смета)-и Академияи миллии илмҳоро тасдиқ менамояд, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни муассисаҳои Академияи миллии илмҳо мувофиқи самтҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ тақсим мекунад, дурустии хароҷоти маблағҳоро барои корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо назорат менамояд.

94. Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва институтҳои дигари буҷетии Академияи миллии илмҳо фаъолияти хоҷагидории худро мутобиқи оинномаҳои худ мустақилона ба роҳ мемонанд.

95. Муассисаҳои Академияи миллии илмҳо инчунин фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳо ва даромадҳое, ки аз фаъолияти хоҷагидорию тиҷоратӣ ба даст меоранд, анҷом медиҳанд.

96. Академияи миллии илмҳо фаъолияти мустақилонаи истеҳсолӣ, молиявӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ (хоҷагидорӣ)-ро мутобиқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

97. Академияи миллии илмҳо ва институтҳои он мутобиқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ҳаммуассис ва ширкаткунандаи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва иттиҳодияҳои дигари хоҷагӣ бошанд. Онҳо соҳиб ва истифодабарандаи даромадҳое мебошанд, ки аз фаъолияти мазкур ва инчунин аз фурӯши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, асбобҳои камшумор ва таҷҳизоти илмталаб, мавод, хидматрасониҳои илмию техникӣ ва эълону савдо ба даст меояд.

98. Кормандони илмӣ, мутахассисони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва институтҳои дигари Академияи миллии илмҳо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ мебошанд, ки дар институтҳои Академияи миллии илмҳо ба даст омадаанд.

99. Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва институтҳои дигари Академияи миллии илмҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла тавассути қарордодҳо бо кормандони ташкилотҳои мазкур ҳуқуқ доранд. 

  1. Фаъолияти илмию таълимии

Академияи миллии илмҳо

100.Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо фаъолияти таълимӣ машғул шавад.

101. Фаъолияти илмию таълимии Академияи миллии илмҳо дар шакли таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура бо додани дараҷаи илмии доктори PhD - доктор аз рӯи ихтисос, докторантура, постдокторантура бо додани дараҷаи доктор ҳабилитат ва унвонҷӯйӣ амалӣ карда мешавад.

102. Ба докторантура шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи илмии номзади илмро дошта, бо қарори шӯроҳои олимони институтҳо ё муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ё дигар муассисаҳои илмӣ ё таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод гардидаанд.

103. Ба аспирантура шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи академии «мутахассис» ва ё «магистр» дошта (аз рӯи ихтисосҳои тиббии клиникӣ баъди хатми ординатура ё баъди хатми интернатура бо собиқаи кории 3 – сола), бо қарори шӯроҳои олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ё дигар муассисаҳои илмӣ ё таҳсилоти олии касбӣ тавсия шуда, имтиҳоноти дохилшавиро бомуваффақият супурдаанд.

104. Ба постдокторантура ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD - доктор аз рӯйи ихтисосро доранд ва бо қарори шӯроҳои олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия гардидаанд.

105. Барои дохилшавӣ ба докторантура ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори PhD - доктор аз рӯйи ихтисос шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи академии «магистр» доранд (аз руи ихтисосҳои тиббии клиникӣ баъди хатми ординатура ё баъди хатми интернатура бо собиқаи кории 3 – сола) ва бо қарори шӯроҳои олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ё дигар муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод гардидаанд, инчунин имтиҳоноти дохилшавиро бомуввафақият супурдаанд.

106. Барои унвонҷӯйии дараҷаи илмии «номзади илм» дар асоси шартнома шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи академии «мутахассис» ё «магистр» дошта бошанд, барои унвонҷӯйии дараҷаи илмии «доктори илм» дар асоси шартнома шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи академии «номзади илм» ё «доктори PhD - доктор аз рӯйи ихтисос»-ро дошта бошанд.

107. Ба магистратура шахсоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи академии «бакалавр» ё «мутахассис» дошта, имтиҳоноти дохилшавиро бомуваффақият супурдаанд.

  1. 10.       Ҳамкории Академияи миллии илмҳободигарсубъектҳоИ фаъолияти илмӣ, илмию техникӣваинноватсионӣ

108.Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва иҷрои барномаҳо, нақшаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳои илмии муштарак;

- ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ;

- иштироки олимон, мутахассисон ва кормандони Академияи миллии илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва коркардҳое, ки дар дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

- иштироки олимони Академияи миллии илмҳо тибқи қонунгузорӣ дар раванди омодасозии мутахассисон ва кормандони тахассуси олӣ барои ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба ҳайати шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо ва комиссияҳои аз ҷониби Академияи миллии илмҳо таъсисёбанда шомил кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ;

- таъсиси шӯроҳои диссертатсионии муштарак бо дигар ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- амалӣ намудани дигар шаклҳои ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.

109. Ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рӯйи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро барои иштирок дар интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳо пешбарӣ намоянд.

110. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад ҳамасола аз ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқот маълумотро дархост ва дастрас кунад ва ҳолату сатҳу самаранокии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии иҷрошавандаро арзёбӣ намояд.

111. Бо мақсади ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дода мешаванд:

- Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- шабакаи шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва ташхисӣ доир ба самтҳои гуногуни пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.

  1. 11.       Фаъолияти байналмилалии Академияи миллии илмҳо 

112. Академияи миллии илмҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ки таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимиро анҷом медиҳанд, ҳамкорӣ менамояд.

113. Академияи миллии илмҳо ҳуқуқ дорад бо истифода аз восита ва шаклҳои дар амалияи байналмилалӣ қабулшудаи ҳамкорӣ ва табодули илмӣ ҷиҳати иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаю ташкилотҳои хориҷиро барои таъсиси марказҳои илмию таълимӣ ва дигар муассисаҳо бо мақсади ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию ташкилӣ ва илмию техникӣ ҷалб намояд. 

114. Академияи миллии илмҳо дар таъсиси созмонҳои байналмилалии илмӣ иштирок намуда, ҳуқуқи узвият дар созмонҳои байналмилалии илмиро дорад ва дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд бо академияҳо, муассисаҳои илмии байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии дигар давлатҳо робитаҳои илмӣ, мубодилаи натиҷаҳои илмии бадастовардаи муҳаққиқон, асарҳои илмӣ ва нашрияҳои илмии даврӣ, усулҳои пешрафтаи пешбурди таҳқиқоти илмиро ба роҳ мемонад.

115. Академияи миллии илмҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии илмӣ шартномаҳои ҳамкорӣ мебандад.

116. Академияи миллии илмҳо барои амалӣ кардани робитаҳои байналмилалии илмӣ бо тартиби муқарраргардида мустақилона қарор қабул мекунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои зерин ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд:

- дар бораи бастани созишномаҳо, қарордодҳо ва асноди дигари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳои илмии хориҷӣ;

- дар бораи дохил шудан ба созмонҳои илмии байналмилалӣ;

- дар бораи меъёрҳои маблағгузорӣ ба олимони Академияи миллии илмҳо, ки ба мамлакатҳои хориҷӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;

- дар бораи ҳаҷми хароҷот барои ҳама намуди хизматрасонӣ ва андозаи пардохтҳо ба олимони хориҷӣ, ки ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ ё мақсадҳои дигар ба Академияи миллии илмҳо даъват мешаванд. 

  1. 12.       фаъолияти табъу нашр ВА БОЙГОНИҲои ИЛМИИ Академияи миллии илмҳо 

117. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии  он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба фаъолияти ноширӣ, аз ҷумла интишори нашрияҳои расмии даврӣ, нашри бевоситаи рисолаву дастнависҳои хаттӣ, мубодилаи нашрияҳо бо институтҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китобхонаву осорхонаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ машғул шаванд.

118. Академияи миллии илмҳо нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Муассисаҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, метавонанд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар нашрияҳои давриро ҳам ба табъ расонанд.

119. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он нашриётҳои худро дошта, нашрияҳои илмӣ ба табъ мерасонанд. Академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии он метавонанд озодона маводи нашриявии худро ба фурӯш бароранд ва ҳадя намоянд.

120. Академияи миллии илмҳо бойгонии махсусро барои аъзои Академияи миллии илмҳо таъсис медиҳад, ки дар он нусхаҳои дипломҳо, мукофотҳо, дастовардҳо, ихтироот ва дигар натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии онҳо нигаҳдорӣ карда мешаванд.

121. Дар Академияи миллии илмҳо бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии алоҳида амал мекунанд.

122. Академияи миллии илмҳо дар бойгонии илмии марказӣ ва бойгониҳои муассисаҳои илмии соҳавӣ нусхаи дастнависҳои олимон, ходимони илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии институтҳои Академияи миллии илмҳо ва дигар маводро, ки барои таъриху ояндаи илму техника муҳим ва нодир мебошанд, маҳфуз медорад.

123. Академияи миллии илмҳо ва бойгониҳои муассисаҳои илмии он бо мақсади ба хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумот дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ иттилоот  пешниҳод менамоянд.

  1. 13.      Тартиби қабул ва тағйири Оиннома

124. Оиннома дар маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо овоздиҳии кушодаи аз се ду ҳиссаиҳайати рӯйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи дар маҷлиси умумӣ иштирокдоштаи Академияи миллии илмҳо қабул гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

125. Тағйиру иловаҳо ба Оиннома аз тарафи маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳо бо роҳи овоздиҳии кушодаи аз се ду ҳиссаи овозҳоиҳайати рӯйхатии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи дар маҷлис иштирокдоштаи Академияи миллии илмҳо қабул гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Замимаи 2

 

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2022, №313

 

СОХТОРИ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

 1.  Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

 2.  Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

 3.  Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 4.  Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

 5.  Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

 6.  Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

 7.  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

 8.  Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

9.   Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

10.  Институти биологияи Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

11.  Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

12.  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

13.  Институти фалсафа,  сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

14.  Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

15.  Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

16. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

17.  Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

18.  Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

19.  Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

20. Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

21.  Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

22.  Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

23.  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

24.  Хадамоти геофизикии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

25.  Китобхонаи марказии илмии ба номи И.Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

26.  Муассисаи нашриявии “Дониш”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

27.  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм  бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.