Skip to main content

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва равнақ ёфтани илмҳои табиатшиносӣ Солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст, ки вобаста ба ин олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоқикистон як қатор корҳоро барои рушд намудани ин фанҳо ба анҷом расониданд ва дар баланд бардоштани илми тоҷик кушишҳо ба харҷ дода истодаанд.

Имрӯз (08.08.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои биологӣ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзъуҳои мубраму саривақтӣ “Истиқлолият чароғи илм аст”, Эълон гардидани Соли 2024 “Соли Маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Ташаббусҳои пай дар пайи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои рушди илм ба хусус дар самти илмҳои табиӣ аз қабили ташкил намудани 3 озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ дар 6 моҳи аввали соли 2024 метавонад ба кори олимону татқиқотчиёни самти илмҳои физика, зоология ва ботаника имконияти хуб фароҳам оварда, ба натиҷаҳои назаррас кормандони илмро ноил гардонад.

Ба кори семинар ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода А. ҳусни оғоз бахшида, олимону иштирокдоронро хайрумақдам гуфта, дар арафаи иди бузурги миллиамон Истиқлолияти давлатӣ қарор доштанамонро ба ҳозирин муборакбод гуфта, оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Дар идома як зумра олимон ва кормандони равияи биологӣ бо маърузаҳои хеш дар ин конфронс баромад намуданд.

7 августи соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кормандони институт баргузор гардид.

Дар ҷаласа якчанд масаълаҳои зарурӣ дида баромада шуданд. Сараввал, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу баромад намуданд, оиди чанд масълаҳои зарурӣ дастуру супоришҳо доданд. Дар ҷаласа чунин масъалаҳо ба монандӣ:

• Оиди дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

• оиди навиштани мақолаҳо дар мавзӯъҳои дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ

• интизоми меҳнат ва дар сатҳи зарури гузаронидани шанбегиҳо.

ва якчанд масаълаҳои дигар дида баромада шуданд.

31 июли соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид. Дар семинар номзади илмҳои математика ва физика, дотсент Чориев Умедулла бо мавзуи "Суммирование степени чисел натурального ряда" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ иштирок варзиданд.

Имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузорӣ дар фонди осорхонаҳо” баргузор гардид. Чорабинӣ, ки бо дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт гузаронида шуд, аз ҷониби ноиби президенти АМИТ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, муҳтарам Саломиёни М.Қ. ифтитоҳ ёфт, ки муҳимияти ҳуҷҷатгузории дурустро дар фонди осорхонаҳо барои ҳифзи мероси фарҳангии кишвар таъкид намуд. Инчунин бо дастудри бо дастури Президенти АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, гуруҳи корӣ барои санҷиши ҳуҷҷатгузории осорхонаҳои назди сохторҳои АМИТ таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ таҳлили ҳолати ҷории ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани онро ба ӯҳда хоҳад дошт.

Маърузаро н.и.т. Шарифзода А., коршиноси маъруф дар соҳаи осорхонашиносӣ, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, баргузор кард. Дар суханронии худ Шарифзода А., дар бораи усулҳо ва меъёрҳои муосири ҳуҷҷатгузории фонди осорхонаҳо муфассал нақл карда, тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи онҳо дар фаъолияти осорхонаҳоро пешниҳод намуд.

Дар семинар кормандони осорхонаҳои тобеъи Академияи илмҳо ширкат варзида, фаъолона дар муҳокимаҳо иштирок намуда, саволҳо доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои калидии ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла инвентаризатсия, нигоҳдорӣ ва истифодаи ашёи осорхона, инчунин масъалаҳои амният ва ҳифзи иттилоот баррасӣ шуданд.

Ин чорабинӣ ба баланд бардоштани малакаи касбии кормандони осорхонаҳо ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон қадами муҳим гардид. Семинар бо муҳокимаи гарм ба поён расид; иштирокчиён иттилоотнокӣ ва фоидаи амалии онро қайд намуданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ кушиш хоҳад кард, ки чунин чорабиниҳоро барои дастгирӣ ва рушди соҳаи осорхонашиносӣ дар кишвар баргузор намояд.

Subscribe to Семинари илмӣ