Имрӯз 18 феврали соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Анъанагароӣ ва постмодернизм: нуқтаҳои ҳамгироӣ дар ҷомеа ва фарҳанги муосири миллӣ» баргузор гардид.
Семинари мазкур дар ҳошияи анъанаи шуъба баргузор гардида ба хотираи неки устодони шуъба А. Муҳаммадхочаев, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, М. Ҳазратқулов, Х. Додхудоев бахшида шудааст.
Дар семинари мазкур се гузориш аз ҷониби докторони илм Маҳмадҷонова М.Т. , Диноршоева М., Абдуҷалилов А. дар мавзуъҳои «Таъсири постмодерн ба самту равияҳои фалсафаи муосир», «Муқаррароти асосии методологияи постмодерн» ва «Таъсири фалсафаи постмодерн ба таҳаввули ҳуқуқ» шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки фалсафаи муосири Аврупо дар заминаи танқиди фалсафаи классикӣ, махсусан фалсафаи Имануил Кант ва Ф. Гегел ташаккул ва нуму ёфта аст. Махсусан дар асри ХХ ин мавқеи танқидӣ муҳтавои ташаккули фалсафаҳои ба истилоҳ, ғайри классикӣ гардид ва муҳити фарҳангӣ ба ду шохаи асосӣ - сиентизм ва антисиентизм тақсим шуд.
Дар музокирот устодон Музаффарӣ М., Назариев Р., Олимов К., Ҷонбобоев С., Зиёӣ Х. баромад карда масъалаҳои матраҳшударо муҳокима намуданд.
Пешниҳод гардид, ки фалсафаи муосир, алалхусус постмодернизм ба таври васеъ омухта шавад, зеро ин зарурати доғи руз аст. Натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар таҳлили масъалаҳои фарҳанг, ахлоқ, эстетика, инсоншиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, масоили дин ва дунявият, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва ғ. истифода гардад.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Имрӯз (14.02.2025) бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи "Таърихи нусхашиносӣ ва мактаби хаттотии Самарқанд" семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини директор оид ба илм, н.и.ф. Ёраҳмадзода Ш. ифтитоҳ бахшида, мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи мероси хаттӣ, н.и.ф. Шарифов М. дар мавзуи фавқ маърузаи илмӣ ироа намуд.
Бояд зикр намуд, ки чунин семинару ҳамоишҳои илмӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, мунтазам идома намуда, масъалаҳои муҳимми фанни нусхашиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳо, нигаҳдорӣ ва тавсифу таҳияи осори хаттӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
14 феврали соли 2025 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Индонезия” бо иштироки муовини директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр баргузор гашт.
Ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт Баҳруллои Соҳиб дар мавзӯи“Ташаккул ва рушди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Индонезия” гузориши илмӣ намуд.
Дар идомаи семинари илмӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар чаҳорчубаи сиёсати бисёрсамтаи хориҷии худ таҳти мудирияти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гаштаст бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Индонезия, робитаҳои судманди дуҷонибаро ба роҳ монад.
Имрӯз (13.02.2025) дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо иштироки мудирон ва кормандони илмии Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, Озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо, Захираи гербарияи Институт семинари илмии муштарак баргузор карда шуд.
Дар семинар рисолаи номзадии ходими хурди илмӣ Хуҷаев Муҳаммадсидиқ аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Омӯзиши флора ва экологияи обсабзҳои сабз (Chlorophyta) дар силсилаобанборҳои дарёи Вахш (Роғун, Норак, Бойғозӣ, Сангтуда – 1, 2 ва Сарбанд)” ва рисолаи ходими хурди илмии Захираи гербарияи Институт Раҳматова Табассум барои дарёфти доктори PhD аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Биоморфология, сохтори популятсионӣ ва захираи намудҳои авлоди Perovskia Kar. дар шароити Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Барои ислоҳи эроду камбудӣ ва тавсияҳои аз ҷониби мутахассисони соҳа ирсолшуда ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳия ва омода намудани рисолаҳои илмӣ мӯҳлати муайян дода шуд.
13-уми феврали соли 2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика Каримов У.Х. бо мавзуи илмиашон баромад намуданд.
Дар семинар устодон ва олимони соҳибмактаб, докторон, ходимони илмӣ, доктарантон ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.
Имрӯз (03.02.2025) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ семинари илмӣ баргузор гарид. Дар семинар мудири шуъбаи математика ва физикаи Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика Гулбоев Бахтиёр бо мавзуи илмиашон "Аналитическое представление структуры волны фильтрационного горения газов с учётом диффузии недостающего компонента газовой смеси " баромад намуданд.
Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Илолов М., доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷангибеков Г. олимон ва инчунин ходимони илмӣ иштирок варзиданд.
Баромад ва натиҷаҳои илмии ба даст овардаи Гулбоев Б. аз тарафи устодони соҳибмактаб мусбат баҳо дода шуд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.
Олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.
Имрӯз (25.12.2024) бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ семинари илмӣ бахшида, ба солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар аввал директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баромад намуда, оиди заҳмату ғамхориҳо барои пешрафти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданаш, ки ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад минатдорӣ баён намуданд.
Инчунин Раҳимзода А.О. қайд намуданд, ки барои рушд ва равнақ ёфтани илмҳои табиатшиносӣ заҳмату талошҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт беандоза буда, як қатор корҳоро барои рушд намудани ин фанҳо ба анҷом расониданд ва дар баланд бардоштани илми тоҷик кушишҳо ба харҷ дода истодаанд, низ минатдорӣ баён намуданд.
Дар семинар д.и.ф.м. Каримов Умед Хилолович бо мавзуи васеъи илмиашон баромад намуданд, ки хеле пурмӯҳтаво буд.
Инчунин академики АМИТ д.и.ф.м., профессор Илолов М. , академики АМИТ д.и.ф.м., профессор Шабозов М. ва узви вобастаи АМИТ д. и.ф.м. профессор Исҳоқов С. А. оиди мавзуҳои пешрафти илмҳои дақиқ ва риёзӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» суханронӣ намуданд.
Дар семинари илмӣ якчанд намоядангон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва инчунин кормандони илмии институт, магистрон ва доктарантон (PhD) иштирок варзиданд.
11-уми декабри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар номзади илмҳои физика ва математика Каримзода Д. Х. дар мазуъи "О элементарное доказательство теореми Ферма" баромад намуданд.
Дар семинар устодон ва олимони соҳибмактаб, докторон, ходимони илмӣ, доктарантон ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби наврасон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ ва дар пайрави аз ин сиёсат бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт имрӯз (27.11.2024) директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. аз МТМУ-и №67 ҷамоати Мирзо Турсунзодаи деҳаи Равшандилони н.Ҳисор дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ин муассиса бо дастгирии соҳибкор Мирзомуддинов А ва мардуми деҳот обод карда шуда, дорои 621 хонанда мебошад.
Масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хонандагони ин муассиса вохурӣ гузаронида, оиди аҳмияти фаннҳои дақиқ ва риёзӣ дар замони муосир ва пешрафти илму техника дар асри XXI қайд карда, оиди рӯ овардан ба илмҳои дақиқ як чанд тавсияҳои муфид доданд.
Имрӯз (26.11.2024) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он сарходими илмии бахши физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, н.и.ф.м., дотсент Абдурасулов А.А. дар мавзӯи “Оид ба як модели назарияи молекулавӣ статистикии ҳодисаҳои интиқол ва релаксатсияҳо дар моеъҳои мураккаби ғайрисимметрӣ” баромад намуданд.
Дар рафти баромад устод аввал оид ба усули термодинамикаи мувозинатӣ маълумот дода, сипас доир ба термодинамикаи ғайримувозинатӣ дар асоси усули назарияи молекулавӣ статистикӣ, вобаста ба таҳқиқотҳои дар шуъба гузаронидашаванда маърӯза намуданд. Пас аз итмоми баромад дар байни маърӯзачию кормандон саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.
Директори Институт Зарифзода А.Қ. қайд намуданд, ки муфассал баррасӣ намудани чунин масъалаҳои таҳқиқотӣ дар семинарҳои кушоди Институт барои ҳамагон, аз ҷумла ҷавонон муфид буда, пайдо гардидани идеяҳои илмии нав ва ҳалли масъалаҳои таҳқиқотиро боис мегардад.
Имрӯз (26.11.2024) дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он сарходими илмии бахши физикаи назариявии шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, н.и.ф.м., дотсент Абдурасулов А.А. дар мавзӯи “Оид ба як модели назарияи молекулавӣ статистикии ҳодисаҳои интиқол ва релаксатсияҳо дар моеъҳои мураккаби ғайрисимметрӣ” баромад намуданд.
Дар рафти баромад устод аввал оид ба усули термодинамикаи мувозинатӣ маълумот дода, сипас доир ба термодинамикаи ғайримувозинатӣ дар асоси усули назарияи молекулавӣ статистикӣ, вобаста ба таҳқиқотҳои дар шуъба гузаронидашаванда маърӯза намуданд. Пас аз итмоми баромад дар байни маърӯзачию кормандон саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.
Директори Институт Зарифзода А.Қ. қайд намуданд, ки муфассал баррасӣ намудани чунин масъалаҳои таҳқиқотӣ дар семинарҳои кушоди Институт барои ҳамагон, аз ҷумла ҷавонон муфид буда, пайдо гардидани идеяҳои илмии нав ва ҳалли масъалаҳои таҳқиқотиро боис мегардад.