Skip to main content

Имрӯз (14.02.2024) дар толори АМИТ семинари илмӣ – амалии кафедраи фалсафа дар мавзуи “Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба Артиши миллӣ баррасӣ гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам менамояд. Мавзуҳои матраҳшуда дар ин семинар яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар оғози семинар сухан ба полковники милитсия Холназар Назаров аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.

Зимни суханронӣ Абдуллоева Ф. магистранти Институти таърих, бостонштносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш оид ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ суханронӣ намуда, чунин баён намуданд, ки рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 30 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима мудири кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ д.и.ф. Мирзоев Ғ.Ҷ., Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва ва доктарантураи PhD Азизхонова Рухшона ва инчунин доктарантони PhD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Раҳимов Раҳимҷон ва магистрант Назаров Алиакбар суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

«Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад». Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули эъломияи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи (14.02.2024) дар Муассисаи давлатии илмии Маркази омузишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур олимону муҳақиқон, магистрантон, ва докторантон, иштирок намуда, доир ба мавзуи “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” маъруза намуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳҳеҳ муайян карда, ҳамзамон гузаронидани таҳқиқоти илмиро муайян намуда, инчунин таҳқиқоти илмиро ба эътидол оварда, маълумоти мухталифи ба ҳам муқобилро тамоман аз байн мебарад, ки ин имкон медиҳад дурбиниҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ-бунёдӣ коркард шаванд. Инчунин қонун таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Ҳамзамон дар боби 3-и қонуни мазкур ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмиии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.

 

РАСМ: АЗ СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”.

Имрӯз (12.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд. Қайд гардид, ки Институти забон ва адабиёт яке аз ниҳодҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пешрафт ва муаррифии илми тоҷик нақши барҷаста дорад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи шогирдону унвонҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раҳнамоӣ намуд.

Зимни суханронӣ омӯзиш ва бардошти олимони ҷавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таъкид карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, пажӯҳиши мероси хаттиву шифоҳии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. “Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”-таъкид кард дар фарҷоми вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х.

Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар оғози конференсия Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.

Дар бахши аввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.

Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.

Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.

Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Subscribe to Навид