ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо масъалаи ҳифз, тақвият ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Худшиносию худогоҳии миллӣ чун пояи ҳастии миллат на танҳо омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавӣ, балки заминаи таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб мешавад.
— Барои ҷомеаи муосир, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, метавонад муқовимат ба таҳдидҳои фарҳангӣ, идеологӣ ва маънавии бегонаро таъмин намояд. Дар робита ба ин Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳадаф аз ин ибтикори Пешвои миллат дар баробари анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳамзамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии аҳолӣ дар заминаи таъриху фарҳанги пурғановату бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад.
Худшиносии миллӣ маҷмуи дониш, эҳсос ва дарки фард оид ба мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мебошад. Худогоҳии миллӣ сатҳи баландтари худшиносӣ маҳсуб шуда, масъулияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ ва омодагӣ барои ҳифзу рушди манфиатҳои миллиро дар бар мегирад.
Ин ду мафҳум бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ҳамбастагӣ ҷаҳонбинии миллии шаҳрвандонро ташаккул медиҳанд. Миллате, ки худшиносию худогоҳии миллӣ надорад, дар раванди таърих осебпазир гардида, хавфи аз даст додани ҳувият ва арзишҳои миллияш пеш меояд.
Таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки худшиносии миллӣ дар раванди мубориза барои истиқлолият, ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад. Барои халқи тоҷик, ки миллати куҳанбунёд мебошад, таърихи чандҳазорсола, тамаддуни бостонӣ, осори бузургони илму адаб ва фарҳанг заминаи муҳими худшиносии миллиро ташкил медиҳанд.
Дар давраҳои гуногуни таърих, махсусан дар замони аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ масъалаи худшиносии миллӣ аҳамияти бештар пайдо кард. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи давлатдории миллӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар солҳои 90-уми асри XX ба марҳилаи нави ташаккул ва таҳкими худогоҳии миллӣ замина гузошт.
Забони тоҷикӣ дорои таърихи ҳазорсола буда, дар ташаккули тамаддуни тоҷикон нақши калидӣ бозид. Осори бузургони адабиёти классикии тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо арзиши адабӣ, балки аҳамияти бузурги ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ доранд. Осори ин бузургон тавассути забон ҳисси ифтихор аз гузашта, эҳтиром ба сарзамин ва масъулият дар назди миллатро бедор мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Он имрӯз яке аз унсурҳои асосии худшиносии миллӣ арзёбӣ гардида, воситаи муҳими интиқоли таърих, фарҳанг ва тафаккури миллати тоҷик ба шумор меравад. Тавассути забон ба наслҳои оянда арзишҳое, чун дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ интиқол меёбанд.
Тавре ки Пешвои миллат зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз намуданд, “ҳифзи асолати забони миллӣ дар замони ҷаҳонишавии босуръат, интишори бесобиқаи иттилооти гуногун, рушди техникаву технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва таъсири фарҳангу забонҳои бегона яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад”. Дуруст аст, ки ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ омили муҳими таҳкими худогоҳии миллӣ мебошад.
Фарҳанг, анъана, урфу одат, ҷашну маросим ва арзишҳои маънавӣ низ дар раванди тарбияи иҷтимоӣ, ташаккули худшиносӣ ва ахлоқии ҷомеа нақши муассир мебозанд. Тавассути оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои фарҳангӣ арзишҳои миллӣ ба насли ҷавон интиқол меёбанд. Чунин шароит заминаи ташаккули шаҳрвандони худогоҳ, масъулиятшинос ва ватандӯстро фароҳам меорад. Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ на танҳо ёдгории таърихии ба мо расида, балки воситаи муассири тарбияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдории фарҳангӣ ба шумор мераванд. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷашнҳои миллӣ тарбияи иҷтимоӣ мебошад. Тавассути маросим, барномаҳои фарҳангӣ ва маъракаҳои оммавӣ арзишҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба таърих ва рамзҳои давлатдорӣ ба наслҳои минбаъда интиқол меёбанд. Ин раванд на танҳо донишу таҷриба медиҳад, балки эҳсос, дониш ва таҷрибаи муштарак эҷод намуда, барои ташаккули ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, ҷашну анаъанаҳои миллӣ метавонанд рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳангу таърихи чандинҳазорсоларо дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ кунанд, ки ин боиси ифтихори миллӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷашнҳои миллӣ на танҳо маросими рамзӣ, балки унсурҳои фаъоли ташаккули ҳувият ва ифтихори миллӣ мебошанд. Онҳо хотираи таърихиро зинда нигоҳ дошта, арзишҳои фарҳангиро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд ва дар шароити ҷаҳонишавӣ пойдории фарҳангиро таъмин месозанд. Аз ин рӯ, ҳифз, таҳқиқ ва рушди ҷашнҳои миллӣ вазифаи муҳими сиёсати фарҳангӣ ва илмии ҳар давлат ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибфарҳангу бомаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва дур аз таассубу хурофот вобастии амиқ дорад”. Ишора гардид, ки дар ҳолати бесавод мондани наврасону ҷавонон ҷомеа ба пайомадҳои даҳшатбори таассубу хуруфот ва ҷаҳолат дучор мегардад. Албатта, бесаводӣ маънои маҳдуд будани ҷаҳонбинӣ ва нотавонӣ дар дарку таҳлили иттилооти гуногунро дорад. Аз ин рӯ шахсе, ки саводи кофӣ надорад, бештар ба афкору андешаҳои тайёр, овозаҳо ва ақидаҳои ғайриилмӣ бовар мекунад. Чунин шароити ба миёномада дар зеҳни шахс ба рушди таассуб ва дарки кӯр-кӯронаи ақидаҳои бе далел мусоидат мекунад.
Хурофот ҳамчун шакли тафаккури ғайримантиқӣ ҷойи донишҳои илмиро ишғол намуда, раванди рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро коҳиш медиҳад. Чунин ҳолат махсусан барои наврасон ва ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, хатарнок аст, зеро онҳо дар марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ буда, зуд таҳти таъсири ақидаҳои ғайримантиқӣ қарор мегиранд.
Ҷаҳолат низ зуҳуроти манфӣ буда, метавонад боиси афзоиши таҳаммулнопазирӣ, хушунат ва коста шудани ҳамбастагии иҷтимоӣ гардад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи дорои сатҳи пасти саводнокӣ бештар ба муноқишаҳои дохилӣ, ифротгароӣ ва ақибмонии иқтисодӣ дучор мешавад. Заиф шудани амнияти миллӣ ва иҷтимоии ҷомеа пайомади хатарноки ҷаҳолат маҳсуб мешавад, зеро ашхоси бесавод зуд фирефтаи ақидаю таблиғоти ғаразнок, ҷалб ба доираҳои манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки соҳаҳои маориф ва илм ҳамчун ниҳоди асосии иҷтимоӣ дар ташаккули худшиносию худогоҳии миллӣ нақши ҳалкунанда доранд. Омӯзиши таърихи миллӣ, адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаи рушди ҷаҳонбинии миллӣ мегардад. Илм ва таҳқиқоти илмӣ низ метавонанд дар омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои рушди миллӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ саҳм гузоранд.
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон ва наврасон ҳамчун омили асосии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор доранд. Дар шароити таъсири васеи фарҳангҳои бегона ва шабакаҳои иттилоотӣ ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонону наврасон аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Агар ин раванд дуруст ба роҳ монда шавад, ин қишри ҷомеа дар оянда метавонад меросбари арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гардад. Ҳамзамон дар рушди худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа саҳм гузошта, ба муқобили омилҳои номатлубе, ба мисли таассубу хуруфот ва бегонапарастӣ истодагарӣ намоянд.
Тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метавонад ҳисси масъулият ва мансубияти миллии онҳоро таҳким бахшад.
Аз ин лиҳоз тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ шарти асосии пойдории миллат ва давлат маҳсуб мешавад. Он на танҳо ҳисси ифтихор ва мансубияти миллиро ташаккул медиҳад, балки омили муҳими рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки тавассути маориф, фарҳанг, илм ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати оқилонаи роҳбарияти мамлакат худшиносии миллиро тақвият бахшида, насли ояндаро дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулияти миллӣ тарбия намоем.
Акбар САЛИМОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бознашр аз сомонаи АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/.../hudshinosiyu-hudogo-ii-mill-dar.../
Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегиву сиёсӣ буда, самтҳои асосии давлатӣ ва дурнамои рушди кишварро муайян месозад. Вале дар паси ифодаҳои расмии ин ҳуҷҷат ғояҳо ва арзишҳои фалсафии амиқ нуҳуфтаанд, ки ҷаҳонбинӣ, идеология ва мақсади таърихии давлатро ифода мекунад. Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, низ дорои чунин паҳлуҳои фалсафист.
Агар мафҳуми Паём ирсол намудан, хабар расонидан, пайғом овардан бошад, аз ҷониби дигар, чун ҳамасола дар меҳвари Паём сарҷамъ мешавем, он бешубҳа ифодагари даъват намудани халқи азизи тоҷик ба муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва якдилӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат Паёмро на танҳо як санади сиёсиву иқтисодӣ, балки ҳамчун як изҳори амиқи фалсафӣ дар бораи рисолати давлат, мақоми инсон, ваҳдати миллӣ ва рушду созандагӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мунтазам ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Албатта, мушкилиҳову норасоиҳое, ки имрӯз дар ҷомеа ҷой доранд ва Сарвари давлат низ онҳоро ишора намуданд, инҳо омили муқаррарӣ барои тамоми ҷомеаи дунё мебошанд, ки ҳаррӯза ба он дучор мегарданд ва набояд ба ин норасоиҳо аз назари танқидӣ баҳо диҳем, балки ҳар як шаҳрванд, ки ҳисси ватандӯстӣ дорад бояд андеша кунад, ки барои ҳалли чунин мушкилиҳо кадом ҳисса ё саҳми худро гузошта метавонад.
Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ пояи сулҳу субот, устувории давлат ва истиқлолият мебошанд, ки аз ин бора Пешвои азизи мо пайваста таъкид менамоянд. Имрӯз мушоҳида мекунем, ки мардуми бофарҳанги тоҷик ба саховатмандӣ ва дастгирии якдигар ва эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир менамояд ва ин яке аз хислатҳои нек мебошад, ки таърихан дар ниҳоди халқи тоҷик ҷой дошта, фалсафа ва маънавиёти мардуми ориёитаборро бозгӯӣ мекунад. Бесабаб нест, ки имрӯз дар арсаи байналхалқӣ миллати тоҷик ҳамчун халқи сулҳҷӯю инсонпарвар, халқе, ки таъриху фарҳанги куҳан дорад, шинохта мешавад.
Нуктаи дигаре, ки Роҳбари кишвармамон ишора намуданд, таваҷҷуҳи бештаре ба илми замонавӣ ва гирифтани дониши мукаммал буда, даст кашидан аз хурофоту ҷаҳолат мебошад, ки барои пешравии ҷомеа яке аз монеаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Кишварҳои пешрафта имрӯз бештар ба сармояи инсонӣ такя мекунанд ва аз ҳисоби ақлу дониш, ки аз ҳама чиз гаронтар аст, иқтисодиёти худро пеш бурда истодаанд. Ҳикмати халқ “Ба осиёби дигарон об рехтан”, ки Пешвои миллат зикр намуданд, маҳз ба ҳамин маънӣ ишора меравад, ки мо ба нафъи дигарон хизмат карда истодаем. Кишварҳои дигар аз ҳисоби қувваҳои меҳнат, захираҳои табиии худамон, ки мо онҳоро истифода карда наметавонем, бозору иқтисодиёти худро ғановат карда истодаанд. Аз ин ҷиҳат, ҳар яки моро водор месозад, то ба таълиму тарбияи насли наврас, фарзандони худ диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро рушду нумуи кишварамон маҳз аз илми муосир ва ақлу заковати мо вобаста аст.
Яке аз андешаҳои маъруфтарини Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Он ки дур афтад зи асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори асли хеш”, ки баргашт ба худшиносиро талқин мекунад, яъне чун инсон ба дунёи моддӣ меояд, ба зиндагии дунявӣ гирифтор мешавад ва аз асли маънавии худ дур мегардад. Аммо дар қалби инсон як ангезаи ботинӣ ҳаст, ки ҳамеша ӯро водор мекунад, то аҷдод, реша ва ҳақиқати аслии худро ҷӯяд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо сокинону фаъолони кишвар ва дар Паёми хеш пайваста таъкид бар он мекунад, ки аз фарҳангу таърихи худ бархурдор бошем, расму ойини аҷдодии худро ҳифз намоем новобаста аз он, ки дар ҷаҳони муосир, аз як сӯ, технологияи рақамӣ бо суръат равнақ ёфта, дар ҳаёту рӯзгорамон бевосита ворид мегардад, аз ҷониби дигар, дар фазои бархӯрди фарҳангҳо ва номусоидии ҷаҳон қарор дорем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои паҳлуҳои гуногун буда, дар баробари сиёсати амалии давлатӣ асосҳои фалсафии инсонгароӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва созандагиро инъикос мекунад, ки ин ғояҳо афкори маънавию фалсафии халқи тоҷикро дар замони муосир таҷассум менамояд ва ҳамчун пояи идеологии давлат ва ҷомеа барои наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти муҳими таърихӣ доранд.
Шакармамадов О. Н. – номзади илмҳои филологӣ, ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16.12.2025)
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва таѓйироти босуръати иҷтимоӣ масъалаи мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин раванд шинохти вазифаи аслӣ ва масъулияти иҷтимоии занон, ки дар раванди иҷтимоишавӣ ва воридшавии фаъоли онҳо ба ҳаёти ҷомеа ташаккул меёбад, хеле муҳим буда, он боиси ривоҷу равнақи мақоми занон ва беҳбуди вазъияти имрўзаи онҳо дар ҷомеа мегардад. Инро дарк карда Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи занон дар робита ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими сармояи инсонӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ баррасӣ шуда, ин масъала на танҳо ҳамчун мушкили иҷтимоӣ, балки ҳамчун масъалаи стратегии давлатӣ ва омили пешрафти миллӣ маънидод гардидааст. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, «Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем». Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат занонро ҳамчун неруи созанда, тарбиятгар ва идоракунандаи равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, нақши онҳоро дар пойдории давлат ва ҷомеа калидӣ мешуморад.
Бояд гуфт, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба занон бар пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ ташаккул ёфтааст. Дар сиёсати давлатӣ баробарҳуқуқии зану мард яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ эътироф шуда, давлат вазифадор аст шароити мусоиди иштироки занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намояд.
Яке аз бахшҳои муҳими Паёми имсоларо масъалаи оила ва нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ муаррифӣ гардида, дастгирии модарону кӯдакон, ҳифзи саломатии занон ва беҳтарсозии шароити иҷтимоии оилаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ мешавад. Президенти кишвар таъкид менамояд, ки рушди ҷомеа бе ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии миллӣ номумкин аст ва зан дар интиқоли ин арзишҳо нақши ҳалкунанда дорад. Чуноне, ки дар матни Паём омадааст, «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки занон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Дар ҳақиқат ин таъкидҳои Пешвои миллат, аз як тараф ба баланд гардидани масъулиятнокии занону бонувон, боло бурдани мақоми иҷтимоӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа боис гардад, аз тарафи дигар он метавонанд ба ташаккули арзишҳои маънавӣ, миллӣ, ахлоқию оилавӣ мусоидат намояд. Зеро зан натанҳо объекти сиёсати иҷтимоӣ, балки субъекти фаъоли рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, дар интиқоли ин арзишҳо ба фарзандону наслҳои минбаъда нақши ҳалкунанда дорад.
Сафарова Бону Қурбоновна - ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола ба ҳайси ҳуҷҷати стратегии давлатӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дастовардҳои яксола ва ҳадафҳои ояндаи рушд муайян карда шудааст.
Паёми соли 2025, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ садо дод, аз нигоҳи маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар ин паём масъалаҳои баланд бардоштани маош, нафаќа, дастгирии табақаҳои осебпазир, рушди иқтисод, таҳкими фарҳанг, худшиносии миллӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди инсонӣ ва таъмини бақои давлат арзёбӣ кард.
Аз нигоҳи маънавӣ, Паёми Президент ҳамчун ҳуҷҷати баландмартобаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ, ки дар он арзишҳои миллӣ, таърихӣ, динӣ ва башарӣ инъикос ёфтаанд, баромад намуданд. Дар ин паём таваҷҷуҳи махсус ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, таърихи тамаддунии он, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг, ҳифзи забони давлатӣ, анъана ва суннатҳои неки ниёгон равона гардидааст. Махсусан, зикр гардидани таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин, ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, гувоҳи он аст, ки давлат ба ҳифзи мероси маънавии миллат ва арзишҳои башарӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ин иқдомҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани эътиқоди халқ ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳувияти фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дур будан аз таассубу хурофот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «мо бояд фарзандонамонро соҳиби саводу дониш, касбу ҳунар, маърифату фарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ тарбия намоем». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси маънавии сиёсати давлат дар самти ташаккули шахсияти комил, фарҳангдӯст, ватанпараст ва донишманд арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Паём ҳамчунин, ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси ифодаи масъулияти маънавии давлат дар назди ояндаи башарият арзёбӣ кард.
Яке аз бахшҳои Паём, ки ба масъалаи бақои миллат ва ҷаҳон нигаронида шудааст, иқдоми Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера мебошад. Муҳтарам Эмомали Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор иброз намуд, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардид. Ин иқдом на танҳо далели сиёсати экологии кишвар, балки нишонаи масъулияти ҷаҳонии Тоҷикистон дар муқобили тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Ин иқдом сиёсати пайваста ва стратегии давлатро дар самти илми экологӣ, обу иқлим ва ҳифзи захираҳои табиӣ нишон медиҳад. Институт на танҳо маркази илмӣ, балки платформаи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои криосфера хоҳад буд. Ин иқдом ба мақсади таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст.
Аз нигоҳи сиёсӣ, Паёми Президент ҳамчун сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти таҳкими суботу оромӣ, рушди демократия, таъмини волоияти қонун, тақвияти сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегардад. Дар паём зикр гардидани дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, татбиқи сиёсати «дарҳои кушода», ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро тадриҷан тақвият мебахшад. Сиёсати хориҷии кишвар, ки бар пояи принсипҳои эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти фарогир асос ёфтааст, дар ин паём бо диди стратегӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон, Паём ҳамчун сиёсати дохилии давлат дар самти тақвияти идоракунии давлатӣ, ислоҳоти идорӣ, мубориза бо фасод, рушди соҳибкорӣ ва таъмини амнияти иҷтимоӣ пешниҳод мегардад. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад». Ин самтҳо ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошанд, ки дар онҳо ҳадафҳои стратегии кишвар то соли 2030 инъикос ёфтаанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030, ки ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 муайян гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси сиёсии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ кард.
Аз нигоҳи аҳамияти иҷтимоӣ ва бақоии Паём, бояд таъкид намуд, ки ин суханронии Президент на танҳо барномаи амали Ҳукумат аст, балки он ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани маош, пенсия, дастгирии табақаҳои осебпазир, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди инсонӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Махсусан, зикр гардидани баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои буҷетӣ аз 1-уми сентябри соли 2026, инчунин, индексатсияи пенсияҳо на кам аз 15 фоиз, гувоҳи он аст, ки Ҳукумат ба таъмини адолати иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин иқдомҳо на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, балки аз нигоҳи маънавӣ ва сиёсӣ низ аҳамияти калидӣ доранд, зеро онҳо ба ташаккули эътимоди ҷомеа ба давлат, тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Паём ҳамчунин, ба масъалаи рушди бозори меҳнат, таъсиси ҷойҳои корӣ, дастгирии соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси иҷтимоии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ кард. Дар ин раванд, Президент зикр намуд, ки «дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шавад ва дар ин раванд нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд бардошта шавад». Ин нуктаро метавон ба ҳайси асоси бақоии сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ кард, зеро таъмини шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат мебошанд.
Дар ҷамъбаст, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси ҳуҷҷати стратегии маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки дар он арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давлат, ҳадафҳои ояндаи рушд ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумат инъикос ёфтаанд, бояд ба ҳайси асоси фалсафии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди инсонӣ ва таъмини бақои давлат арзёбӣ намуд. Ин паём на танҳо барномаи амали Ҳукумат аст, балки он ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои бақои давлат, ташаккули ҳувияти миллӣ, тарбияи насли наврас ва таъмини суботи иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, аҳамияти ин паём барои ояндаи давлат, миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бениҳоят зич буда, онро метавон ба ҳайси асоси илмӣ, фалсафӣ ва сиёсии рушди устувори Тоҷикистон дар давраи навини таърихӣ арзёбӣ кард.
Профессор Қаюмов Абдулҳамид - сарходими илмии Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Точикистон.
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои хеле мубрами ҷомеаи муосири тоҷик фарқ накардани волоияти ҳувияти миллӣ ва бартарии он аз ҳувияти динӣ мебошад.
Мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Субҳиддин Зиёев дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» оид ба ин масъала иброз дошт, ки истилоҳи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» аввалин маротиба аз забони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ин ба он хотир гуфта шуд, ки мардуми шарафманди тоҷик бори дигар аз таъриху тамаддуни ҳазорсолаи хеш ва расму оини гузаштагон огоҳӣ дошта бошад ва ин сухани ҳикматбахш ҳувияту худшиносии тоҷиконро дубора мустаҳкаму устувор намояд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, тоҷикон ҳанӯз пеш аз ислом дорои фарҳанг, забон ва давлатдорӣ буданд ва бо пазируфтани ислом онро аз байн набурда, балки дар рушди он саҳм гузоштанд. Ин масъала ҳувияти миллиро чун асоси худшиносӣ ва давлатсозӣ нишон медиҳад.
Субҳиддин Зиёев афзуд, ки «яке аз муҳимтарин масъалаҳои замони муосир, ки барои миллатҳои давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад, шинохти ҳувияти миллӣ мебошад. Дар Тоҷикистон низ масъалаи ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ бо шарофати андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти вижа касб кардааст. Гуфтори маъруфи «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!» танҳо шиори сиёсӣ нест, балки он бар пояи таҷрибаи таърихӣ, фарҳанги амиқи миллӣ ва мероси тамаддуни ниёгон устувор шудааст».
«Тоҷик будан аз марзи ҷуғрофия болотар меистад. Он решаи тамаддунест, ки аз Суғд, Бохтар ва Хуросон сарчашма мегирад. Яъне, тоҷик касест, ки худро вориси ин тамаддун медонад. Асос ва сутуни миллати тоҷик забони тоҷикӣ аст. Ин забон хотираи таърихро нигоҳ доштааст, андешаро шакл додааст ва шеъру илм ва ҳикматро интиқол додааст. Тоҷикон бо ахлоқи ҳамида, эҳтироми бузургон, меҳмоннавозӣ, ростқавлӣ ва сабру таҳаммул дар ҷаҳон машҳуранд ва ин хислатҳои наҷиби тоҷиконро сайёҳони хориҷӣ низ тасдиқ намудаанд, чун онҳо дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон меҳмони ҳар хонадон шудаанд», — гуфт Субҳиддин Зиёев.
Тоҷик будан донистани хеш аст, фаромӯш накардани гузашта аст, ки гузаштагони мо киҳо буданд ва чӣ масъулият доштанд ва барои мо чӣ меросу оин боқӣ гузоштанд. Барои он, ки имрӯзу фардо мо, тоҷикон арзишҳои хешро ҳифз намоем, сараввал бояд забони тоҷикиро дар ҷаҳони глобалӣ ҳимоят намоем, ҳувияти худро нисбат ба тоҷик будан гум накунем ва барои пешрафти ин миллат решаҳои миллиро пурқуввату пурқудрат намуда, пештар аз ҳувияти динӣ ҳувияти қавии миллӣ дошта бошем.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, тоҷик будан на фақат шиноснома, балки виҷдон, забон, фарҳанг, ҳувият, худшиносӣ ва масъулият аст. Мутафаккирон борҳо иброз намудаанд, ки «тифл аз модар яҳудӣ, насронӣ ва ё бутпараст» ба дунё намеояд. Ҳар фард давоми зиндагӣ ин ё он динро мепазирад. Дин дар ҳамбастагӣ бо дигар арзишҳои маънавӣ ва дар доираи ташаккули инсон дар ҷомеа «рамзи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ»-и ӯро тарҳрезӣ менамояд ва ба қолаб меандозад. Лекин дар асоси илми генетика асли ҳар инсон ба сарчашмаҳои зуҳури қавмӣ, миллӣ, анъанавӣ ва фарҳангии он робитаи ногусастанӣ дорад.
Шоҳномаҳои таърихӣ, осори адабӣ ва мероси илмию фарҳангӣ гувоҳи онанд, ки тоҷикон пеш аз ислом низ дар таърихи башарият ҷойгоҳи барҷаста доштаанд. Ин пояи устувори миллӣ буд, ки ба тоҷикон имкон дод пас аз пазируфтани ислом асолати худро аз даст надода, балки дар рушду густариши он саҳм гузоранд.
Дини мубини ислом дар сарзамини тоҷикон пеш рафта бошад ҳам, вале пояи фарҳанги пешинаро ҳамчун шинохти тоҷик аз решаҳои миллии худ ҷудо накард. Баръакс, тоҷикон мусалмон шуданд, вале тоҷик будани худро доимо ҳифз карданд. Дар ин даврон агар миллати тоҷик ба решаҳои миллии худ такя намекард, шояд имрӯз асолати миллии мо аз байн мерафт.
Таърих нишон дод, ки тоҷикон мусалмон шуданд, ислом барои тоҷикон ҷузъи фарҳанги ҷудонашаванда гардид, вале ҳамчун миллати тоҷик ҳувияти худро ҳамеша ҳифз кардаанд. Ин аст, ки фарзандони баруманди тоҷик, ба мисли Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ ва садҳои дигар маҳз аз ҳамин ҳамбастагии миллат ва дин бархоста, дар тамаддуни исломӣ нақши бузурги таърихӣ гузоштаанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки аввал ҳувияти тоҷикӣ ва баъд дин метавонанд ба ҳамдигар такя кунанд, то давлати тоҷикон боқӣ монад.
Субҳиддин Зиёев таъкид намуд, ки имрӯз, дар давраи ҷаҳонишавӣ ва густариши равияҳои ифротгаро масъалаи худшиносии миллӣ боз ҳам муҳимтар гардидааст. Гурӯҳҳои ифротӣ мекӯшанд ҷавононро бо шиорҳои гуногун аз фарҳанг ва забони модарӣ ҷудо созанд. Вале таҷрибаи таърихӣ ва ҳикмати ниёгон собит мекунад, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ бар зидди чунин равандҳо боқӣ хоҳад монд.
Масъалаи худшиносии миллӣ ва динии мардуми тоҷик дар айни замон яке аз масъалаҳои калидӣ ва мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз истиқлолият Тоҷикистон дар баробари сохтани давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодӣ зарурати муайян кардани марзҳои ҳувияти миллӣ ва диниро низ эҳсос намуд. Зеро маҳз ин ду унсур асоси субот ва ҳамбастагии ҷомеаро таъмин мекунанд.
Тавре Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд:
— миллат аввал бояд забонашро шиносад, то динро дуруст бифаҳмад;
— худшиносии миллӣ- худшиносии динист;
— ҳифзи забони тоҷикӣ — ҳифзи дини ислом дар сарзамини мост.
«Худшиносии миллӣ ва динӣ барои мардуми тоҷик танҳо масъалаи маънавӣ нест, балки омили мустақими сиёсӣ ва амниятӣ низ мебошад. Давлати Тоҷикистон бо таъкид ба дунявият ва ҳамзамон эҳтиром ба арзишҳои динӣ талош мекунад байни ин ду рукн мувозинат карда, амну суботро нигоҳ дорад. Барои таъмини ояндаи миллат, ҳифзи забон, фарҳанг ва асолати миллӣ он бояд дар мадди аввал қарор гирад.
«Ҳамин тавр, «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» таъкид мекунад, ки худшиносии миллӣ заминаи худшиносӣ ва диншиносӣ мебошад»,-илова намуд Субҳиддин Зиёев.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2026/01/avval-uviyati-mill-badan-uviyati-din-to-ik-kasest-ki-hudro-vorisi-tamadduni-niyogon-medonad/
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)
Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Эмомалӣ Раҳмон
Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мавриди таҳлил қарор додани масъалаҳои муҳимму рӯзмарраи ҷомеаи муосири тоҷик, инчунин ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд.
Мусаллам аст, ки худшиносӣ аз фазилатҳои муҳимми инсон аст, ки барои ташаккули шахсият ва ҳувияти ӯ мусоидат менамояд. Маҳз тавассути худшиносӣ инсон метавонад на танҳо ҷанбаҳои гуногуни шахсияти худро муайян кунад ва норасоиҳои ҷисмониву равонии худро ислоҳ намояд, балки шахсиятҳои дигарро шиносад ва дар робита бо онҳо мавқеи худро дар ҷомеа устувор созад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ин фазилати инсонӣ коҳиш ёбад, фасоду касоди ахлоқӣ, нооромиву бенизомӣ дар ҷомеа авҷ мегирад. Ҳодисаҳое, ки пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо ба вуқуъ омаданд, гувоҳи ҳаминанд. Онҳое, ки аз худшиносӣ дур гашта, ба мафкураву ҷараёнҳои бегона гаравидаанд, яке аз сабабгорони нооромиҳо дар ҷомеа мебошанд. Набудани худшиносӣ боиси низоъҳои байнихудии мардум мегардад.
Хушбахтона, пас аз дарёфти истиқлоли сиёсиву давлатӣ таваҷҷуҳ ба худшиносӣ ривоҷ ёфт ва ин барои таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи мусоидат фароҳам намуд.
Сазовори ёдоварист, ки яке аз воситаҳои худшиносии миллӣ - арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии ниёгонамон мебошад. Маҳз дар давраи истиқлол ҷашну оинҳои бостонии ниёгонамон Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон эҳё гардиданд.
Дарвоқеъ таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳанд.
Худшиносӣ - дарки шахс дар бораи шахсияти худ, ниёзҳо ва манфиатҳои ӯ, озодии интихоб ва масъулият барои қабули қарорҳо мебошад. Худшиносӣ ин раванди омӯзиши симои берунӣ ва ҷаҳони ботинии шахс мебошад. Ба ибораи дигар худшиносӣ ин огоҳии субъект дар бораи худаш аз субъектҳои дигар ва умуман ҷаҳон буда, дарки одам аз таъсири мутақобила бо олами объективӣ ва олами субъективӣ (равонӣ), ниёзҳои ҳаётан муҳими инсон, андешаҳо, ангезаҳо, инстинктҳо, таҷрибаҳо ва амал мебошад.
Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола қайд намуданд, ки ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пеш аз ҳама, маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ мебошанд. Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақим дорад.
Ҳувияти миллӣ ин ҳисси мансубият ба миллат ва фаҳмиши он аст, ки арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забон, таърих ва эҳтимолан сарҳадҳои умумии ҷуғрофӣ ва сиёсӣ доранд. Дар он эътиқоди ботинӣ, аҳамияти миллати худ, майлу хоҳиши мустаҳкаму инкишоф додани он ифода меёбад.
Ҳувияти миллӣ ё худшиносии миллӣ яке аз ҷузъҳои ҳувияти инсон аст, ки бо мансубияти дарки ба як қавм ё миллати муайян алоқаманд аст. Ҳувияти миллӣ - ин ҳисси «миллат ҳамчун як кулли муттаҳид, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва забони нотакрор ифода ёфтааст» мебошад.
Чуноне, ки дар Паём омадааст, “соли 2026 барои мо соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст.” Бо ибораи дигар Тоҷикистони тозаистиқлол 35-сола мешавад. Дар ин замина метавон гуфт, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ташаккули ҳувияти миллӣ, таъмини соҳибихтиёрии сиёсӣ ва пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ гардид. Он ба мардум имкон дод, ки бо такя ба урфу одат ва фарҳанг мустақилона сарнавишти кишварро муайян созанд, мушкилоти дохилӣ (камбизоатӣ, маориф), ҳалли иқтисодиёт (ҷалби сармоягузорӣ, диверсификатсия)-ро пеш баранд, ваҳдатро тақвият диҳанд ва ояндаи устуворро бунёд намоянд.
Дар воқеъ, дар ин самт бояд тазаккур дод, ки сиёсати таҳаммулпазири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки неруҳои гуногуни сиёсиро муттаҳид намуда, онҳоро дар атрофи як ҳадаф, як ғоя, яъне таъмини сулҳу амният ва рушду пешрафти ҷомеа муттаҳид созад. Худшиносии амалии мо имрӯз вобаста ба он аст, ки оё метавон дар атрофии як мафкураи умумимиллӣ, як ҳадаф, як мақсад - истиқлолият, озодӣ, тараққиёт муттаҳид шавем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки равандест, ки рушду субот ва ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳон таъмин хоҳад намуд.
Ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки Паёмҳои ҳамасола ва нақши худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон, ҳифз ва густариши арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими ифтихор ва ҳувияти миллӣ - нуқтаи ибтидоии таърихи муосир гардида, ба халқи тоҷик имконият дод, ки бидуни тобеъияти таъсири беруна мустақилона низоми сиёсӣ ва сиёсати дохилию хориҷии худро бунёд кунад.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Соли 2025, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас ва аҳамияти баланди амалӣ арзёбӣ ёфта, дар ҳалли масъалаҳои стратегӣ дар самтҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, криосфера, энергетика, ҳифзи экологӣ ва муҳити зист ба дастовардҳои муҳим ва натиҷаҳои илмии назаррас ноил гардидааст. Таҳлили маҷмӯии мақолаҳои нашршуда дар пойгоҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ нишон медиҳад, ки таҳқиқотҳо ба таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва коҳиши хатарҳои табиӣ равона шудаанд.
Яке аз самтҳои асосӣ омӯзиш ин раванд тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии реҷаи боришот ва зиёдшавии падидаҳои экстремалии иқлимӣ давом доранд. Бо истифода аз маълумоти моҳворавӣ, моделҳои иқлимӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ равандҳои гармшавӣ ва таъсири он ба ҷараёни дарёҳо, ҳаҷми об ва хавфи хушксолӣ таҳлил шудаанд. Ин натиҷаҳо барои банақшагирии соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Таҳқиқоти гидрологӣ нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба камшавии мавсимии ҷараёни дарёҳо ва афзоиши хавфи камобӣ оварда мерасонанд. Дар натиҷа, дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои кишвар самаранокии истифодаи захираҳои об тағйир меёбад ва барои соҳаҳои иқтисодӣ оқибатҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меояд. Мақолаҳо ва тавсияҳои илмӣ оид ба меъёри оптималии банақшагирии обёрӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обро пешниҳод мекунанд.
Ҳамзамон, омӯзиши криосфера ва пиряхҳо нишон медиҳад, ки масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо коҳиш ёфта, суръати деглятсия (обшавии пайваста ва босуръати пиряхҳо) хусусияти системавӣ пайдо кардааст. Таъсири ин равандҳо ба ташаккули ҷараёни дарёҳо ва хатарҳои табиӣ, аз қабили сел, ярч ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, муайян гардида, заминаи илмӣ барои чораҳои пешгирикунанда фароҳам оварда шудааст. Харитасозии минтақаҳои осебпазир ва таҳияи сенарияҳои эҳтимолии таҳаввулоти офатҳои табиӣ воситаи муҳим барои ҳифзи аҳолӣ ва системаи огоҳкунии бармаҳал мебошад.
Самти дигари муҳим ба рушди энергетикаи устувор бахшида шудааст. Тадқиқотҳо имкониятҳои истифодаи гидроэнергетика, энергияи офтобӣ, гибридии офтобию барқӣ ва технологияҳои каммасрафи энергияро арзёбӣ мекунанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи пурраи захираҳои гидроэнергетикӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои энергия метавонад истиқлоли энергетикии кишварро тақвият бахшад ва ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.
Дар соҳаи об ва экология таҳқиқотҳо ба муайян намудани таркиби гидрохимиявии обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ифлосшавӣ бо металлҳои вазнин ва роҳҳои мониторинги сифати об равона шудаанд. Ин натиҷаҳо аҳамияти мустақим барои ҳифзи саломатии аҳолӣ доранд. Мақолаҳои ҷумҳуриявӣ истифодаи самараноки об, технологияҳои каммасраф ва мутобиқсозии кишт ба шароити иқлимро тавсия мекунанд, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори кишоварзӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ яке аз самтҳои фаъоли Институт ба шумор меравад. Дар соли 2025 Институт бо муассисаҳои илмии Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Ҷумҳурии мардумии Хитой ҳамкории зич барқарор намуд. Ин раванд ба табодули таҷриба, татбиқи усулҳои муосири тадқиқотӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зондикунонии фосилавӣ ва моделсозии гидрологӣ мусоидат намуд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамкории минтақавӣ барои идоракунии обҳои фаромарзӣ ва коҳиши хавфҳои табиӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Иштироки кормандон дар лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон, институтҳои илмии Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин муассисаҳои илмии Русия, Украина ва Озарбойҷон нишон медиҳад, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим арзиши байналмилалӣ дорад. Натиҷаҳои тадқиқот ба таҳияи сенарияҳои рушди устувор ва барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ва водии кишвар таъсири мустақим гузоштаанд.
Самти корҳои патентиву ихтироотӣ низ бо дастовардҳои назаррас тавсиф меёбад. Дар соли 2025 7 патент ба қайд гирифта шуда, 5 дархост барои гирифтани патент пешниҳод шудаанд. Мазмуни ихтироотҳо ба масъалаҳои амалии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудаанд, аз ҷумла: такмили технологияҳои обёрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи энергияҳои барқароршаванда ва идоракунии захираҳои об. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки тадқиқотҳо на танҳо хусусияти назариявӣ доранд, балки ба истеҳсолот ва фаъолияти амалӣ ворид карда мешаванд.
Ҷалби грантҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дастгиришаванда аз ҷониби ташкилотҳои бонуфуз, аз ҷумла HELVETAS, IHE Delft, ICARDA ва МАГАТЭ, нишондиҳандаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқтидори илмии Институт мебошанд. Лоиҳаҳо имконият фароҳам оварданд, ки тадқиқотҳо дар соҳаҳои обҳои зеризаминӣ, эрозия, обхезӣ ва мониторинги сифати об бо истифода аз усулҳои муосир амалӣ гарданд. Ҳамзамон, ин раванд ба рушди иқтидори кадрӣ ва воридшавии Институт ба шабакаҳои байналмилалии илмӣ мусоидат намуд.
Фаъолияти илмиву ташкилии Институт дар асоси кори мунтазами Шурои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷаласаҳои Шурои илмӣ масъалаҳои стратегии рушди илм, омодасозии кадрҳои илмӣ, тасдиқи мавзуъҳои диссертатсионӣ, нашри монографияҳо ва дастурҳои таълимиро баррасӣ намуданд. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки идоракунии илмӣ бо назардошти талаботи замон ва ҳадафҳои рушди устувор амалӣ гардида, ба пешрафти тадқиқот ва баланд бардоштани сифати натиҷаҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Дар соли 2025 иштироки ходимони илимии Институт дар чорабиниҳои илмӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ низ назаррас буд. Баромадҳо ва маърузаҳо асосан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, коҳиши пиряхҳо, идоракунии об, хатарҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуданд. Ин фаъолият на танҳо натиҷаҳои тадқиқотиро муарифӣ кард, балки мавқеи Институтро дар фазои илмии минтақа тақвият дод.
Дар бахши омӯзиши пиряхҳо ва криосфера, маълумотҳои моҳворавӣ, аксҳои аэрокосмикӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ ба арзёбии суръати деглятсия ва тағйирёбии ҳаҷми пиряхҳо истифода шуданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии ташаккули ҷараёни дарёҳо хатарҳои ҷиддӣ доранд ва коҳиши устувори онҳо метавонад ба камобӣ ва тағйирёбии экосистемаҳои обӣ таъсири мустақим расонад.
Масъалаи кӯлҳои пиряхӣ ҳамчун манбаи хавфҳои табиӣ низ баррасӣ шудааст. Афзоиши шумора ва ҳаҷми онҳо дар баъзе минтақаҳо хавфи рахнашавӣ ва селҳои харобкорро зиёд мекунад. Харитасозии минтақаҳои осебпазир ва таҳияи сенарияҳои эҳтимолии рушди офатҳои табиӣ воситаи муҳим барои системаи огоҳкунии бармаҳал ва банақшагирии ҳифзи аҳолӣ мебошад.
Самти экология ва ҳифзи муҳити зист дар таҳқиқотҳои Институт аҳамияти хос дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ва фишори антропогенӣ ба экосистемаҳои обӣ ва заминӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Таҳлилҳои гидрохимиявӣ ва мониторинг имконият фароҳам оварданд, ки манбаъҳои асосии ифлосшавӣ муайян ва чораҳои ҳифзӣ тадбиқ гарданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ таҳқиқотҳо ба таҳияи реҷаҳои обёрии оптималӣ, татбиқи технологияҳои каммасраф ва мутобиқсозии кишт ба шароити иқлим равона шудаанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ин равиш метавонад самаранокии истеҳсолотро баланд бардорад, талафоти обро кам кунад ва ба устувории иқтисоди аграрӣ мусоидат намояд.
Фаъолияти нашрӣ ва иттилоотии Институт низ ба муаррифии натиҷаҳои илмӣ мусоидат намуд. Маҷаллаҳои илмӣ ва барномаҳои иттилоотӣ ба ташаккули муҳити илмӣ, паҳн кардани дониш ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат карданд. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои анҷомёфта дар маҷалаҳои Scopus ва Web of Science низ нишон медиҳанд, ки нуфузи байналмилалии Институт афзоиш ёфта, саҳми муассиса дар таҳлили масъалаҳои глобалии обу иқлим ва идоракунии захираҳои табиӣ муайян шудааст. Фаъолияти Институт дар ин самт аҳамияти стратегӣ дорад: илмӣ - омӯзиши тағйирёбии иқлим, коҳиши пиряхҳо ва таҳлили экосистемаҳо; амалӣ - дастгирии сиёсати об, барномаҳои мутобиқшавӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ; иҷтимоӣ - баланд бардоштани маърифати ҷомеа, тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва муарифи кардани натиҷаҳои илмӣ мебошад.
Таҳқиқотҳои анҷомётаи ходимони илмии Институт нишон доданд, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист самтҳои афзалиятноки сиёсати илмӣ ва иҷтимоӣ мебошанд.
Натиҷаҳои тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бе татбиқи чораҳои пешгирикунанда ва истифодаи технологияҳои муосир хавфи камобӣ, сел ва дигар офатҳои табиӣ афзоиш меёбад, ки ба устувории иқтисодиёт ва амнияти озуқаворӣ осеб мерасонад. Бар асоси таҳлилҳои илмӣ, Институт тавсияҳоро барои рушди устувор пешниҳод менамояд:
а) таҳкими ҳамгироии байнисоҳавӣ ва байнисекторӣ дар идоракунии захираҳои об;
б) татбиқи технологияҳои самараноки обёрӣ ва истифодаи усулҳои каммасраф дар кишоварзӣ;
в) мониторинги доимӣ ва пешгӯии ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо ва ҷараёни дарёҳо;
г) рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва диверсификатсияи захираҳои энергетикӣ;
д) такмили назорати сифати оби нӯшокӣ ва ҳифзи экосистемаҳои обӣ.
Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки ҳамгироии илм, сиёсати давлатӣ ва таҷрибаи амалӣ имконият медиҳад, ки стратегияҳо ва барномаҳои миллию минтақавӣ дар самти обу иқлим самаранок амалӣ шаванд. Дар робита бо ин, таҳқиқотҳои Институт заминаи илмӣ барои барномаи миллии об барои давраи то соли 2040, барномаҳои ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016–2025 ва лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро таъмин мекунанд.
Фаъолияти Институт дар самтҳои ҳамкорӣ, ихтироот, омода кардани кадрҳои илмӣ, нашри мақолаҳо ва иштироки фаъол дар конференсияҳои байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Ин раванд ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани иқтидори тадқиқотӣ ва ворид намудани натиҷаҳои илм ба амалия мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, барномаҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ, аз ҷумла барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва маводҳои дигари иттилоотӣ, ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва илмии ҷомеа ва тақвияти робита байни илм ва аҳолӣ хизмат мекунанд. Натиҷаҳои тадқиқотӣ нишон медиҳанд, ки ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавонанд бо истифода аз маълумоти илмӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ кунанд. Ин имконият медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ва иқлим боз ҳам бештар муаррифӣ гардида, нақши кишвар ҳамчун пешбарандаи масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳким ёбад.
Ҳамин тавр, фаъолияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон заминаи устувор барои рушди минбаъдаи илм, татбиқи натиҷаҳои тадқиқотӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар самти ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим фароҳам меорад. Натиҷаҳои илмӣ, ҳамкорҳои байналмилалӣ, ихтироот ва ҷалби грантҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки Институт на танҳо маркази илмии миллӣ, балки як шарики боэътимоди минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаҳои муҳими обу иқлим, энергетика ва экология табдил ёфтасст.
Ходимони илмии Институт бо масъулиятшиносӣ ва садоқатмандӣ фаъолияти худро идома дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат талош мекунанд ва бо натиҷаҳои назаррас мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшанд.
Алиев Фирдавс, номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълимии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Он рӯзро хуб дар ёд дорам. Баландии беш аз чор ҳазор метр аз сатҳи баҳр, хунукии сахт ва садои шамоли кӯҳӣ, ки гӯё бо мо суҳбат мекард. Дар зери поям пиряхи бузург паҳн шуда буд — ором, аммо зинда. Дар он лаҳза фаҳмидам: пирях танҳо як қабати ях нест. Ӯ нафас мекашад, зиндагӣ мекунад, гӯё бо замин ва осмон суҳбат дорад.
Пиряхҳо - дили кӯҳҳоянд ва кӯҳҳо - руҳи Тоҷикистон. Аз ҳамин сабаб, эълон шудани Соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои мо, олимони тоҷик, на танҳо дастоварди миллӣ, балки ҳисси ифтихори бузург аст.
Аз орзу то амал
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Бо дарназардошти он, ки занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар саҳми бузургу арзанда доранд, давлату Ҳукумат масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар мадди аввал мегузоранд».
Дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 амал мекунад. Дар ин Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таҳкими нақши занон муайян гардида, яке аз принсипҳои он фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ва таъмини иштироки ба- робари мардон ва занон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият мебошад…
Бо мақсади рушди илми пиряхшиносӣ МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» соли 2018 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва ин соҳаи илм дар Тоҷикистон ҷавон мебошад.
Дар оғози фаъолияти илмӣ дар Марказ дар соҳаи мо бонувон ангуштшумор буданд. Ман орзу доштам, то гурӯҳи занони муҳаққиқро гирд оварам, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул шаванд. Он замон ин танҳо орзу буд, аммо имрӯз он ба воқеият табдил ёфтааст. Алҳол дар Марказ 14 нафар бонуи донишманд фаъолият дорад.
Ба шарофати заҳмати онҳо тавонистем «Анҷумани занони пиряхшинос»-ро таъсис диҳем. Рамзи мо — гули Эделвейс (шерчангол – «БТ») аст. Ин гул танҳо дар баландкӯҳҳои сард мерӯяд ва ҳамеша зебо мешукуфад. Мо онро чун рамзи қувват ва устувории занони тоҷик интихоб кардем. Бонувоне, ки дар баландкӯҳҳо таҳқиқ мегузаронанд, дар дилашон гармии зиндагӣ доранд.
Илм бо дили занона
Глятсиология илмест, ки бисёриҳо онро «душвор ва сард» мешмаранд, аммо бонувони тоҷик ба он гармӣ мебахшанд. Дар рафти корҳои экспедитсионӣ мо таҷҳизоти вазнинро бардошта, ба пирях мебароем, дар хаймаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунем ва дар давоми 15 рӯз таҳқиқоти илмӣ мегузаронем. Дар баландии зиёда аз чор ҳазор метр аз сатҳи баҳр, ки нафас танг мешавад ва шамол ба рӯй мечаспад, бо табассум ба кори худ идома медиҳем. Дар ҷараёни баргузории корҳои экспедитсионӣ, кормандони илмӣ низ корҳои илмии худро дар марказ давом медиҳанд. Барои омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф, таъсиси озмоишгоҳ бо иштироки олимзанон зарур аст. Бори нахуст дар сатҳи байналмилалӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пиряхҳоро мебаранд ва имконияти муаррифии дастовардҳои илмиро пайдо кардаанд.
Барои мо омӯхтани пиряхҳо на танҳо илм, балки рисолат — ҳифзи об, табиат ва ҳаёт барои фарзандону наслҳои оянда аст.
Ҷавонон — умеди фардо
Пас аз қабули ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Анҷумани занони пиряхшинос» тамоми кӯшишҳои худро ба тарғиб ва пешбурди ин ташаббус равона намуда, ҷалби ҷавононро ба соҳаи пиряхшиносӣ ба таври мақсаднок роҳандозӣ кард.
Дар давоми панҷ моҳ бо ҳамкасбон беш аз 2000 хонандагон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои соҳавиро ба «дарсҳои кушода» ҷалб намудем. Дар рафти ин дарсҳо дар бораи ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва масъулияти инсон дар назди табиат мегуфтем. Ҳадафи асосӣ пешбурди ин соҳаи илм байни ҷавонон, ҷалбионҳо ба илми пиряхшиносӣ буд, то дар оянда иқтидори кадрӣ дар ин самт боз ҳам тақвият ёбад.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илми яхшиносӣ саҳифаи Instagram бо номи GRW 2025 (Glacier Research by Women) таъсис додем, ки дар он аксҳо, хотираҳои саҳроӣ ва натиҷаҳои кори худро нашр мекунем, то ҷа- вонон бубинанд, ки илм метавонад зебо ва ҷолиб бошад.
Умед мебандем, ки намунаи кори мо ба наслҳои ояндаи олимон, махсусан духтарон, таъсир мегузорад, онҳоро барои ҳифзи пиряхҳо руҳбаланд менамояд. Дар ҳамдастӣ метавонем дар соҳаи илм ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим саҳм гузорем.
Аз Тоҷикистон то минбари ҷаҳонӣ
Пас аз ҷонибдории орои ташаббуси Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид занони муҳаққиқ бо эҳсоси масъулият ба кори худ идома бахшидем. Бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва АМИТ тули чанд сол дар конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд ҳамоишҳо ва вохӯриҳо доир намудем.
Дар форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» китоберо бо номи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун роҳнамо муаррифӣ кардем, ки бо се забон чоп шуд. Дар он таҷрибаи занон дар соҳаи илми пирях ва иқлим баррасӣ гардида, пешниҳодҳои амалӣ барои рушди баробарии гендерӣ дар илм ироа шудааст.
Бонувони тоҷик дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо парчамбардори илми тоҷик мебошанд ва садоқати худро дар пешбурди сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар соҳаи илм ва ҷомеа исбот менамоянд. Онҳо, ҳамчунин, неруи асосӣ дар иҷрои ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошанд.
Ҳифзи пирях — ҳифзи ҳаёт
Ҳар бори истоданам дар болои пирях, ме- бинам, ки нурҳои офтоб рӯйи он медурахшанд, эҳсос мекунам, ки бо қудрати табиат рӯ ба рӯем. Аммо медонам, ки ин зебоӣ осебпазир аст. Тағйирёбии иқлим пиряхҳоро об мекунад ва ҳар қатраи обшуда — ашки табиат аст, ки аз мо мадад мехоҳад.
Аз ин рӯ, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» танҳо як сана нест - ин як даъват аст: барои дӯст доштани табиат, барои ҳифзи об, барои зиндагии оянда. Ифтихормандам, ки занони пиряхшиноси тоҷик руҳи илми Ватани мо мебошанд. Онҳо исбот карданд, ки ҳатто дар ҷаҳони «сард» ҳам меҳр, ирода ва зебоии занона метавонанд мушкилиҳоро бартараф созанд. Мо мисли гули Эделвейс аз сармо наметарсем, мешукуфем, то пиряхҳои сафеду поки Тоҷикистон ҳамеша зинда бимонанд.
Ҳамин тавр, ташаббуси ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ҷаҳонро ба ҳифзи об даъват кард, балки дили бонувони тоҷикро низ ба мисли пиряхҳо пок ва устувор сохт. Имрӯз онҳо на танҳо ҳомиёни илм, балки пос дорони ҳаёт, зебоӣ ва руҳи Тоҷикистонанд.
Дилором ҚАЮМОВА, ходими пешбари илмии МД «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ»
«Об на танҳо манбаи ҳаёт, балки омили муҳимми сулҳ, субот ва рушди устувори ҷомеаи башарӣ мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Оғози асри XXI барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ташаббусҳои фаъоли байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи об пайваста ҳамчун омили калидии рушди устувор дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ матраҳ мегардад. Ин сиёсати пайгирона ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшида, саҳми назаррас дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ гузорад.
Масъалаҳои вобаста ба об ба сифати яке аз мушкилоти ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши хушксолӣ, биёбоншавӣ ва обхезиҳои шадид на танҳо ба муҳити зист, балки ба саломатии аҳолӣ, иқтисод ва суботи иҷтимоии кишварҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин вазъ, таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва истифодаи самараноки захираҳои об аҳамияти умумибашарӣ касб мекунад. Натиҷаи мантиқии ин ташаббусҳо қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад. Дар ин санад саҳми Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои қаблӣ, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза -2003», Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» махсус таъкид гардидааст. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати обии кишвар на танҳо манфиатҳои миллӣ, балки мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро низ фаро мегирад.
Мафҳуми рушди устувор дар заминаи ҳамбастагии рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист шакл мегирад. Захираҳои об дар татбиқи ҳамаи ин унсурҳо нақши ҳалкунанда доранд, зеро бе онҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди энергетика ва беҳдошти аҳолӣ ғайриимкон аст. Аз ин ҷиҳат, Даҳсолаи байналмилалӣ ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, коҳиши камбизоатӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ равона гардидааст. Зарурати қабули чунин ташаббусҳо бо як қатор хатарҳои глобалӣ асоснок мегардад, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ ва шаҳрнишинӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши офатҳои гидрологӣ ва нобаробарии дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар. Тағйирёбии глобалии иқлим, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Коҳиш ва харобшавии манбаъҳои обҳои ошомиданӣ метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Тоҷикистон аз лиҳози таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир аст. 93 фоизи қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ҳар сол ба офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар ҳолатҳои фавқулода рӯ ба рӯ мешавад, ки аз ин офатҳо хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта мешаванд. Аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазори онҳо пурра об шудаанд, дар ҳоле ки пиряхҳои кишвар манбаи асосии то 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030 татбиқ менамояд.
Айни замон, 98 фоизи неруи барқи кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда, асосан неругоҳҳои барқи обӣ, истеҳсол мегардад. Тибқи ҳадафгузориҳои миллӣ, то соли 2032 истеҳсоли энергияи «сабз» ба 100 фоиз расонида шуда, то соли 2037 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Ин раванд барои таъмини рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.Тоҷикистон бо вуҷуди доштани захираҳои фаровони оби тоза, таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои обу иқлим дорад. Танҳо дар ду даҳсолаи охир офатҳои марбут ба об садҳо ҳазор нафарро қурбон карда, ба иқтисоди ҷаҳонӣ садҳо миллиард доллар зарар расонидаанд. Тоҷикистон на танҳо кишвари осебпазир, балки ташаббускор ва ҳамоҳангсози фаъоли сиёсати глобалии обу иқлим мебошад. Пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории форумҳои сатҳи баланд нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон саҳми назаррас дар таъмини рушди устувор ва амнияти экологии минтақа ва ҷаҳон мегузорад.
Алиев Фирдавс – муовини директор оид ба илм ва таълимӣ Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «...омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад....» ва аҳамияти «...омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон...» дар соҳаи обу иқлимро дорои аҳамияти «...стратегӣ ва ҷаҳонӣ...» муаррифӣ намуданд.
Пиряхҳо яке аз унсурҳои таркибии экосистемаи сайёраи Замин маҳсуб ёфта, аз гардиши об дар табиат то ташаккулёбии иқлим нақш доранд ва барои бештар минтақаҳо ҳамчун захираи асосии оби тозаи нӯшокӣ маҳсуб мешаванд.
Ин захираи муҳим ва аҳамияти ҳаётидошта барои башарият зери таъсири рӯзафзуни ҳарорати ҳавои наздизаминӣ ба таназзулёбӣ мувоҷеҳ гардида, ҳамасола дар миқёси ҷаҳон захираи бузурги онҳо бе қобиляти барқароршавӣ комилан аз байн мераванд.
Аз нимаи дуюми асри XX сайёра ба як давраи ҳассоси тағйирёбии иқлим ворид гардид. Ҳарорати миёнаи сатҳи замин тадриҷан боло меравад, равандҳои муқаррарии метеорологӣ тағйир ёфта, басомади ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти гидрометеорологидошта зиёд мегарданд.
Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, аз давраи оғози мушоҳидаҳои метеорологӣ солҳои 1998 ва 2016 ҳамчун солҳои аввалини гармии рекордӣ ба қайд гирифта шуданд. Сипас, соли 2023 бо дарназардошти гармтар будани ҳарорати сатҳи сайёра соли гармтарин эътироф шуд. Соли 2024 ҳарорати миёнаи сатҳи замин ба 150С баробар гардид, ки он аз меъёри давраи саноатикунонӣ 1,550С зиёдтар буда, он соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ мебошад.
Зиёд гардидани басомади ҳарорати гармии сатҳи замин суръати таназулёбии пиряхҳоро зиёд намуда, шароитҳои гидрологии онро тағйир дод.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳони обуҳавошиносӣ, аз соли 1993 бинобар сабаби обшавии ғайримуқаррарии пиряхҳои кураи арз сатҳи уқёнуси ҷаҳониро тадриҷан боло мебарад, ки ин нишондиҳанда дар давоми 30 соли охир ба 9 см баробар шудааст.
Арзёбии амсилаҳои мавҷудаи раванди мазкур нишон медиҳад, ки дар сурати идома ёфтани баландшавии ҳарорати миёни ҳаво сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ метавонад то соли 2100 аз 43 то 84 см баланд шавад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ низ раванди бо шиддат таназзулёбии пиряхҳо боиси афзудани ташакулёбии басомади равандҳои хатарноки гидрометеорологӣ гардида, метавонанд дар оянда мушкилоти шадиди камобӣ, анияти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба бор оранд.
Давоми бештар аз ним аср, ки пиряхҳо бо шиддат таназзул ёфта, инсониятро ба як давраи фалокатбор наздик менамоянд, ин мушкилот танҳо дар доираи муҳаққиқон баррасӣ ва муҳокима мегардид.
Аз оғози асри XXI Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии бошиддати пиряхҳоро дар сатҳи баланди сиёсӣ ба миён гузошта, ҷомеъаи ҷаҳониро аз хатарҳои пешорӯ пайваста огоҳ менамоянд.
Талошҳои пайваста ва масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат оид ба ҳали мушкилоти глобалии об дар муносибатҳои дипломатии ҷаҳон ду маҳфуми нав «Раванди оби Душанбе» ва «Дипломатияи об»-ро рӯи кор оварданд, ки дар ҳалли мушкилоти обии ҷаҳони муосир нақши бориз мебозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда, ҳолати муосири пиряхҳои ҷаҳонро арзёбӣ ва пешниҳод карданд, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо тавонистанд диқати ҷомеъаи ҷаҳониро аз як фоҷеаи бузурги башарӣ огоҳ намоянд.
Дар заминаи ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо Қатъномаи A/RES/77/158 аз 14 декабри соли 2022 соли 2025-ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми мартро «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон кард. Ҳамчунин, дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор аз аввалин саҳмгузорони фонди мазкур гардид.
Дар доираи ин Қатънома дар шаҳри шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмиалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29-31 майи соли 2025 баргузор гардид. Дар доираи конфронси мазкур ҳайти ҳукуматҳо, созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандиро аз тамоми кишварҳои олам барои муколамаи созанда ба ҳам овард, ки натиҷаҳои он ҳамчун харитаи роҳ барои тадбирандешиҳои минбаъда эътироф гардидаанд.
Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо Қатъномаи A/RES/77/158 аз 13 августи соли 2024 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» эълон кард.
Ин Қатънома тавонист диқати ҷомеъаро ба рушд ва тавсеъаи илмҳои криосфера ва муҳимяти асоснокии илмӣ доштани тадбиру чорабиниҳоро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо инъикос менамояд.
Дар заминаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 тавонистанд як экспедитсияи байналмилалиро бо иштироки олимону коршиносон аз кишварҳои Фаронса, Россия, Ҷопон, Швейдтсария, Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва созмонҳои минтақавӣ ташкил намуданд. Аз пиряхи Қалъаи Кабуд дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ду мағза- яке барои таҳқиқу ташхис ва дигаре барои нигоҳдории дарозмуддат дар Антарктида дастрас ва интиқол шуданд.
Инчунин 12 декабри соли 2025 дар Иҷлосияи 7-уми Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист бо Қатъномаи UNEP/EA.7/Res.10 ташаббуси «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид.
Ин қатънома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад, зеро дар он татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои ниҳоии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таъкид шуда, кишвари пешсаф будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва криосфера тасдиқ менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки «мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд».
Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ, ки то имрӯз амалӣ гардидаанд, инчунин дар сатҳи миллӣ тадбирҳое амалӣ шуданд, ки барои дигар кишварҳо заминаи таҷрибаомӯзӣ гузоштанд.
Аз ҷумла, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №209 Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пираяхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 қабул шуда, нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи мазкур барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо барои мониторинг, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар доираи барномаи мазкур, дар маҷмуъ зиёда аз 50 миллион сомонӣ равона намудааст.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» натиҷаи зери тавваҷӯҳи Ҳукумати кишвар будани масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро нишон медиҳад. То қабули қонуни мазкур масъалаҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист танзим мегардиданд, ки на ҳамаи мушкилоти соҳаро фаро мегирифтанд. Бо мавриди амал қарор гирифтани ин қонун сиёсати давлатӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, мақоми ваколатдор ва доираи фаъолияти хоҷагидории вобаста ба пиряхҳоро муайян менамояд. Ин як қадами муҳим дар самти ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мегардад.
Намунаи дигари ба ин соҳа тавваҷӯҳи махсус доштани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 бо мақсади таҳкими иқтидори илмии кишвар дар самти омӯзиши пиряхҳо, роҳандозии таҳқиқоти илмӣ ва аз назари илмӣ асоснок кардани тадбирҳо дар самти мониторинг, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-ро доданд, ки ин аввалин иқдом барои ташакулёбии мактаби илмии омӯзиши пиряхҳо дар кишвар башумор меравад.
Маҳз таҳқиқоти илмии олимону муҳақиқони Марказ имконият фароҳам оварданд, ки шароити муосири пиряхҳо ва қонунятҳои ташаккулёбии равандҳои пиряхӣ дар кишвар ба шакли комил таҳқиқ шаванд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар андозагирии қимати ҳаҷми тавозунии пиряхҳо, ки нишондиҳандаи асосии равандҳои ғизогирӣ ва таназулбии пирях мебошад аз ҷониби олимону муҳақиқони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳавзаҳои асосии пиряхӣ роҳандозӣ шуданд.
Чуноне натиҷаи таҳқиқоти саҳроӣ нишон медиҳад, ки дар давраи солҳои 2024-2025 тамоми пиряхҳои таҳқиқшуда қимати манфии ҳаҷми тавозунӣ доштанд.
Масалан, соли 2025 дар қисмати ғизогирии пиряхи Зулмарти ҳавзаи Ховаркӯл таназзулёбии то 220 см-ро ташкил намуд, ки ин аз меъёри муқарраршуда 180 см ё худ 11 маротиба зиёд аст. Дар пиряхи №457 (дар ҳавзаи дарёи Ғунд) бошад, то давраи мушоҳидаҳои саҳроӣ қабати барфӣ, ки сарчашмаи асосии ғизогирии пирях маҳсуб мегардад, комилан об гардид. Дар пиряхҳои Якарчаи ҳавзаи дарёи Варзоб ва Нусайи ҳавзаи дарёи Обхингоб низ ҳолати ба ҳамин монанд мушоҳида гардид.
Ҳолати мазкур дар давраи дарозмуддат метавонад боиси норасоии об гардад, дар кутоҳмуддат чунин таназзулёбии бошиддат боиси сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти пиряхидошта мегардад. Фарзи мисол, ҳамасола дар ҳудуди ноҳияи Лахш сар задани селҳои хусусияти пиряхидошта аз пиряхи Саид Нафисӣ (ҳавзаи дарёи Сурхоб) ба қайд гирифта мешаванд, ки ба иҷтисодиёти ноҳияи мазкур ва роҳу ҷодаҳо хисороти бузурги моливу иҷтисодиро дар пай доранд.
Таназулёбии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ҳолати ҳамсон дорад. Тадқиқотҳои муосир нишон медиҳад, ки зери таъсири гармии глобалӣ дар миқёси ҷаҳон пиряхҳо бо суръат таназул меёбанд. Тибқи арзёбиҳои мавҷуда давраи тназулёбии бошиддат масалан дар пиряхҳои Алп ба солҳои 2033-2041 рост меояд.
Тибқи натиҷаи арзёбиҳо аз рӯи сенарияҳои мавҷудаи гармшавии глобалии иқлим дар ин минтақа агар ҳарорати миёна аз меъёри муқарарӣ ба андозаи +1,50С баланд шавад 88% пиряхҳо аз байн мераванд. Аз рӯи сенарияи дуюм агар ҳарорат то +20С баланд шавад 92 % ва дар ҳолати +40С баланд шудани ҳарорат 99%-и пиряхҳо метавонанд аз байн раванд.
Дар миқёси ҷаҳон то соли 2100 агар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ нашаванд аз рӯи сенарияҳои мазкур пиряхҳо метавонанд то 50% и захираи худро аз даст диҳанд.
Чунин таназулёбии бошиддати пиряхҳо метавонад дар оянда сарчашмаи асосии хатари норасоии обу озуқа гардида, амнияту осоиштагии аҳолии назди соҳилиро дар сурати баланд шудани сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ зери суол гузорад.
Аз ин рӯ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо на барои кишвари мо ва ё минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои саодати зиндагии ҷомеъаи башарӣ ва ояндаи инсоният нигаронида шудаанд.
Пешвои муаззами миллат ба хотири саодати ҷомеъаи башарӣ ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим дорои аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ менамоянд.
Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва бо мақсади омӯзиши пурраи ипряхҳо ва дигар равандҳои криосфера Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод намуданд, ки: «...Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад...».
Албатта, ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки омӯзиши пиряхҳо, рушди соҳаҳои илму ҳифзи муҳити зист зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин замина зарурияти такмили заминаи қонунгузорӣ ва муайян кардани тамоми ҷузъҳои крисофера ҷиҳати омӯзиши фарогир ва муайян кардани мақоми ваколатдор дар самти омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи онҳо аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мегарданд.
Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки олимону муҳақиқон, хусусан ҷавонон бо дарки ин ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба омӯзиши пиряхҳо мароқ зоҳир мекунанд. Агар то соли 2023 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 6 нафар мутахассисони унвони илмидошта фаъолият менамуданд, пас дар соли 2025 шумораи олимону муҳаққиқони унвондор ба 20 нафар баробаршуда, раванди омода кардани кадрҳои самти омӯзиши пиряхҳо дар хориҷи кишвар низ равнақ пайдо намудааст. Айни замон бо мақсади омода кардани кадрҳои илмӣ сатҳи байналмилалӣ 10 нафар муҳаққиқони Марказ барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.
Инчунин, ҷиҳати такмили ихтисос ва бозомӯзӣ муҳақиқони ҷавон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафар гардиданд, ки малакаву донишҳоро сайқал дода, имрӯз дар самти таҳқиқоти пиряхҳо ва криосфера омӯзишҳоро дар сатҳи олимони ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд.
Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо дар давраи солҳои 2024-2025 зиёда аз 50 конфронсу ҳамоишҳои илмӣ, дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ташкил ва баргузор карда шуда, дар 150 чорабинии илмии байналмилалию ҷумҳуриявӣ дастовардҳои илмӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ гардиданд.
Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо дар заминаи таҳқиқоти илмии анҷомдода соли 2025 Атласи пиряхҳои Тоҷикистонро таҳия ва ҷиҳати анҷоми расмиёти қонунгузорӣ онро барои баррасӣ ва мувофиқа ба идораҳои марбутаи кишвар пешниҳод намуд. Ин дастоварди асосии олимону муҳақиқони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 мебошад.
Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» аз як тараф заминаи таҳқиқоти фарогири илмҳои криосфера дар кишвар буда, барои омода кардани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир шароит фароҳам меоварад аз ҷониби дигар он барои ҷалби маблағгузориҳо дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат намуда, метавонад дар оянда ҳамчун махзани илмҳои криосфера на тонҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва сатҳи ҷаҳонӣ бошад.
Назриалло ШЕРАЛИЗОДА, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минерология
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо гуфтаанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ 9 марти соли 2024 Сарвари давлат иброз доштанд, ки «… мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
Муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон чунин ибрози назар намуд:
— Дар илмҳои ҷомеашиносӣ чунин қабул шудааст, ки миллатҳо дар раванди пайдоиши худ аз ташаккули қавмӣ-этникӣ ва динию мазҳабӣ мегузаранд, аммо барои муайян сохтани миллияти ҳар халқ чунин унсурҳо муҳим ба ҳисоб мераванд, ки асосан заминаи қавмию этникӣ доранд: фарҳанги ба худ хосу беназир ва ҳифзи он, руҳия ё ҳолати руҳӣ, психология, ҳувият, тарзи ҳаёт, характер, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳанг, арзишҳову психологияи миллӣ ва амсоли он. Аз ин рӯ, тааллуқ ба ин ё он миллат, аз ҷумла тоҷикият низ, ки ба миллати тоҷик мутааллиқ буданро мефаҳмонад, ба ҳар шахсе дахл дошта метавонад, ки худро сидқан, самимона, аз таҳти дил, на муғризона ё барои дастёбӣ ба ягон ҳадафу манфиати нопоке мутааллиқ ба фарҳанги миллати тоҷик медонад.
Мутааллиқӣ ба фарҳанги тоҷик ё худ тоҷикиятро метавон бо унсурҳои гуногуну хеле зиёд шарҳ дод, вале баъзе аз муҳимтарини онҳо, аз нуқтаи назари мо чунинанд:
— такя ба чунин хосиятҳои анъанавию иҷтимоию ахлоқӣ, ки дар онҳо нармӣ, дақиқназарӣ ва напазируфтани бадию зӯроварӣ дар мадди аввал меистанд, ки инҳо бо сабаби аз замони қадим пайравӣ доштан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек маншаъ мегиранд;
— арҷгузорӣ ба оила ва муносибатҳои оилавӣ, эҳтиром ба падару модар ва дигар пайвандону наздикон, ба калонсолон;
— арҷгузорӣ ба донишу маърифат ва бо сабаби ин муносибати эҳсосотӣ доштан ба олим, адиб ва амсоли он, ҷаҳонфаҳмии образию эстетикӣ, ривоятию идеалӣ, на воқеӣ;
— принсип ё кодекси хеле қавии меҳмоннавозӣ;
— муҳаббат ба диёр, Ватан, тоқатнопазирӣ ба ғарибӣ;
— пойбандӣ ба анъанаҳо ва урфу одатҳо ва ғайра.
Чунонки мебинем, барои рушди тоҷикияти худ мо бояд ба ҳифзи фарҳанги ба худ хосу беназир, руҳия ё ҳолати руҳӣ, психология, ҳувият, тарзи ҳаёт, характер, муҳаббати самимӣ ба Ватан ва фарҳангу психологияи миллиамон таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Дар ин роҳ такя ба арзишҳои миллӣ бояд дар мадди аввали таваҷҷуҳи мо қарор дошта бошад.
Дар маҷмуъ тоҷикият дар дохили фарҳангу психологияи тоҷикӣ ба воя расиданро фаро гирифта, маънии онро дорад, ки бо бузург гаштан дар синну сол шахс аз онҳо канда намешавад ва ё бо баланд гаштани сатҳи таҳсилоту маърифати худ шахс онҳоро рад намекунад ва ба он, ки ӯ ин фарҳангу психологияро ба мерос гирифтааст, ҳаргиз муқобил намеистад. Ба ибораи дигар, агар мо касе ё чизеро бо ягон сабабе дӯст медорем, лек Ватан ва миллатро танҳо ва фақат бо сабаби он дӯст медорем, ки Ватану миллати мо ҳастанд.
Гуфтаҳои боло нишон медиҳанд, ки дар заминаи ҳар гуна миллият, аз ҷумла дар тоҷикият, қабл аз ҳама, арзишҳои миллӣ меистанд, вале ин ҷо савол оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ ба миён меояд, яъне дар ибтидо шахс ба миллат тааллуқ дорад ё дину мазҳаб? Ба ин савол ду посух вуҷуд дорад: 1) шахс, ҳамеша, дар оғози ҳаёти худ ба миллате тааллуқ дорад, ки волидонаш ба ӯ додаанд, ин на интихоби бошууронаи инсон, балки далели таваллуди ӯ дар муҳити муайяни фарҳанги миллӣ аст; 2) дин, дар муқоиса бо миллат, баъдтар дар ташаккули шахсият мавқеъ пайдо карда, натиҷаи интихоби огоҳона ё ҳадди ақалл, амиқтар фурӯ рафтан ба маънию ҳадафҳои низоми муайяни эътиқодҳо аст. Дар баробари ин, дин инчунин роҳи ҷустуҷӯи руҳонӣ аст, зеро инсон метавонад дар синни балоғат ба ягон мазҳабу дин эътиқод пайдо кунад, тавассути ба таври огоҳона интихоб кардан бо роҳи динию эътиқодие раҳсипар гардад, ки барои ӯ дуруст ба назар мерасад, яъне ҳатто дини худро иваз кунад, аммо миллати худро ӯ иваз карда наметавонад.
Тавре ки муҳаққиқони ҷомеашинос иброз доштаанд, миллат ва арзишҳои миллӣ шакл ё қолаби нахустини руҳияи инсонанд. Дин метавонад танҳо баъд аз миллат шакл ё қолаби дуюмдараҷаи руҳияи инсонӣ бошад.
Ҳанӯз дар даврони давлати Тоҳириён (821-873) ва Саффориён (873- 900) байни ниёгони тоҷикон андешаҳо оид ба муқаддамияти арзишҳои миллӣ ба арзишҳои динӣ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла, сарвари давлати Саффориён — Ёқуб ибни Лайс, ба андешаи академик Бобоҷон Ғафуров, чунин шиор дошт: «Мо ба ҷойи Каъба парастиши Офтобро ҷорӣ мекунем», ки маънои бозгашт ба асли худ, ба арзишҳои миллиро дошт, на диниро. Ва ин андешаро дар бораи эҳёи арзишҳои миллии ориёӣ дар даврони Сомониён, алалхусус дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ниёгони мо ба авҷи аълояш расониданд.
Ё мисолҳои дигар: масеҳиён, хусусан русҳо, дини масеҳиятро қабул карда, ба он унсурҳои бутпарастиро илова намуданд, ки аз ҷумлаи арзишҳои миллии онҳо буданд. Пайдоиши мазҳаби ҳанафия дар ислом низ ба ҳамин омил робита дошт. Имоми Аъзам ба таълимоти фиқҳӣ принсипи урфро илова намуд, ки ба истифодаи баъзе омилҳо ё анъанаҳои миллии тоҷикӣ дар ислом рабт доштанд, яъне қироати нияту дуоҳо бо забони тоҷикӣ ва ғайра.
Дар маҷмуъ, мутааллиқӣ ба фарҳанги тоҷик ё худ тоҷикият- ин боифтихор «Ман тоҷикам!» гуфтан аст, ки зимни он бо сабабҳои табиию воқеӣ миллати шахс аз мутааллиқии ӯ ба ин ё он дин ҳамеша муқаддамтар аст. Аз ин рӯ, ба забон овардани суханон дар бораи он, ки «Ман аввалан тоҷикам ва баъдан мусулмон» асосҳои мустаҳками таърихӣ ва илмию фарҳангӣ дошта, эътирофи он дар ташаккули ҳувияти миллии шахс ва ҷомеаи муосири мо имрӯз танҳо нақши созандаро ба иҷро мерасонад.
Барои расидан ба ин ҳадафи воло — ифтихор аз «Ман тоҷик!» гуфтанамон мо бояд тавассути худогоҳӣ ва эҳёи ахлоқӣ бо истифода аз забону мероси маънавии худ самимона тоҷик бошем, тоҷикияти худро нигоҳ дорем, давлати миллии худро бунёд карда, рушд диҳем, онро аз таъсири маънавиёти бегонагон, махсусан ақидаҳои ифротию хурофотии динию мазҳабӣ ҳифз намоем.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2026/01/man-avval-to-ikam-bad-musalmon-andesha-o-oid-ba-tanosubi-arzish-oi-mill-va-din-dar-far-angi-to-ikon/
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз раванди табиии гармшавии иқлим берун нест. Натиҷаи пажӯҳиши олимон муайян намудааст, ки аз соли 1940 то соли 2017- дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст. Ба таҷрид баланд шудани ҳарорати ҳаво сабаби об шудани пиряхҳо шуда, боиси тағйироти табиӣ мегардад. Ин офатҳо ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсири амиқи манфӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соле то 500 офати табиӣ рух медиҳад, ки хисороти онҳо ба хоҷагии халқи мамлакат аз 20 то 100 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.
Масоили обу иқлим барои башарият давоми таърих аз масъалаҳои мубрам ба шумор мерафт. Зеро ин масоил ва масъалаҳои дигари экологӣ ҳамеша асоси пешрафти ҷомеаи инсониро ташкил медоданд. Дар чунин вазъ табиист, ки об паҳлуҳои муҳими ҳаёти фард, наслҳо ва миллатҳоро дар бар мегирифт. Ба таври дигар гӯем, масъалаҳои обу иқлим ва мушкилоти экологӣ қисмате аз ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии инсонҳоро ташкил медоданд.
Имрӯз ҷои шубҳа нест, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсон- иқтисодиёт иҷтимоиёт, боигариҳои зеризаминӣ таъсири бевосита мерасонад. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба инсонҳо, табиат, флора, фауна ва умуман ба муҳити экологӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони институтҳои таҳқиқотии минтақавию байналмилалӣ мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Аммо ҳанӯз ҳам қисме аз мушкилоти обу пиряхҳо ва муаммоҳои экологӣ ҳалли худро наёфтаанд.
Намунаи таъсири манфии гармшавии иқлим – обшавии пиряхҳо, тағйирёбии сатҳи об ва маҷрои дарёҳои бузург, таъсири онҳо ба тавлиди неруи барқ ва кишоварзӣ ба шумор меравад. Барои мисол, зимистони солҳои 2007-2008 ба Тоҷикистон ба миқдори 250 миллион доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ овард, ки ба 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии соли 2007 баробар аст.
Агар мушкилоти соҳаи экологии минтақаи Осиёи Марказиро муайян карданӣ бошем, пас мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, истифодаи ноодилонаи оби кишоварзӣ, гармшавии иқлим, хушкшавии баҳри Арал, биёбоншавӣ ва ба шӯразамин табдил ёфтани заминҳои атрофи он, натиҷаи хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва мудирияти нодурусти тақсимоти об номгӯйи нопураи ин мушкилиҳост.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки камбуди об боиси даргириҳои мусаллаҳона байни давлатҳо мегардад. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилоф дар 46 кишвари ҷаҳон, ки 2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан бо бад шудани муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Марказӣ ва Африкаи Шимолӣ зиёд хоҳад шуд. Бояд эътироф кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба равандҳои ҳамгироӣ ва тамоюлҳои ҷаҳонишавии иқтисодӣ торафт бештар ворид мегарданд.
Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77 – уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пияхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ҷойи ифтихор аст, ки ин ташаббусро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, 153 давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид тарафдорӣ намуданд. Дар ҳамин асос 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Ҳамзамон қарори дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ қабул гардид.
Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 самтбахшии таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳифзи пиряхҳо таҳким мебахшад. Давлатҳо, ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, бонкҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дарк менамоянд, ки минтақаҳои кӯҳистон манбаи асосии оби ошомиданӣ мебошанд. Чунин ранг гирифтани вазъ сабаби ҷалби маблағҳо ва воситаҳо барои пешгирӣ аз мушкилоти экологии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва коҳиш додани хатари обшавии босуръати пиряхҳо гардида метавонад. Давлатҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки дар самти коркарди стратегияи пешгирӣ аз мушкилоти экологӣ дастҷамъона амал намуда, тамоми неруи сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва илмиро оқилона ба ҳалли ин мушкилот равона намоянд. Мудирияти масъалаи обу пиряхҳо ва дигар муаммоҳои экологӣ кори заҳматталаб, вале ҳалшаванда аст. Дар ин самт иродаи сиёсии давлатҳои минтақа нақши муҳим бозида метавонад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои обу экология ҳамчун давлати пешбари рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёбӣ намуда, ҳама чорабиниҳои дар самти обу иқлим то ин дам баргузоршударо ҳамчун «Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об» ё ҳамчун «Раванди оби Душанбе» эътироф намудааст. Ин амал, воқеан дастоварди дигари Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 30 майи соли 2025, аз ҷумла чунин андешаро таъкид намуданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, давоми даҳсолаҳои охир онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст».
Пешвои миллат баён доштанд, ки Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо якчанд пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд: баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағйирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдоми дастҷамъӣ бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ, наздик ва ҳамоҳанг намудани чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда, истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ дар Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карда, пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад. Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ буд, ки бо иштироки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида шуд.
Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ин конфронс чорабинии бисёр муҳими сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки бо ташаббуси давлати мо ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (WMO) ва Бонки Рушди Осиё доир гардид. Конфронс ба сифати минбари баланди байналмилалӣ ба пешрафти ҳамкории илмӣ, сиёсӣ ва молиявӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд. Ин чорабинӣ як навъ дастгирии қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025 – 2034) низ ба шумор меравад.
Аз натиҷаи конфронс ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул гардиданд, аз ҷумла:
— Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо- даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ;
— Хулосаи ҳамраисон — тавсияҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳои асосӣ;
— Даъвати Душанбе — паёми сиёсӣ ва платформа барои дурнамои ҳамкории байналмилалӣ.
Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 31 майи соли 2025 аз ҷониби иштирокдорони Конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо қабул гардид, ҳуҷҷати муҳими ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ буд. Ин эъломия аз 37 сархат (қисмат) иборат буда, ҳар сархати он фарогири мушкилоти доғи рӯз дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо мебошад. Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо мавзуъҳоеро, ба монанди таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, дарки аҳамияти пиряхҳо ҳамчун қисми муҳими сикли гидрологӣ, ташвиш аз гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо, даъват ба ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар самти обу иқлим, вусъат бахшидани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамӣ барои пешгирии офатҳои табиӣ, даъват ба ҳамкории дастҷамъона баҳри пешгирӣ аз гармшавии иқлим дар бар мегирад.
Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо дар самти тадбирандешӣ нисбат ба пешгирӣ намудани обшавии босуръати пиряхҳо ҳуҷҷати муҳим аст. Эъломия таваҷҷуҳи давлатҳо, ташкилоти бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ташкилоти бонкию қарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба мавзуи буҳронии рӯз – гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб менамояд. Ниҳоят Эъломияи Душанбе оламиёнро аз мавҷудияти мушкилоти соҳаи криосфера огаҳ намуда, бо ҳамин вазифаи иттилоотии худро иҷро мекунад. Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо ҳушдор медиҳад, ки барои беҳбуд бахшидани раванди пешгирӣ аз мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ, аз қабили гармшавии глобалии ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, паст фаромадани сатҳи оби дарёҳои фаромарзӣ, хушкшавии баҳри Арал, ба шӯразамин табдил ёфтани ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзии наздисоҳилӣ, мудирияти ғайрисамараноки истифодаи об ҳанӯз, ки дер нашудааст, тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.
Ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои марбут ба он дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали асри XXI мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Зимни суханронӣ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 15) дар шаҳри Копенгаген (соли 2009) Сарвари давлат бори аввал пешниҳод намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон таъкид карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон пайомадҳои манфӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти иқлимию экологии глобалиро бисёр дарк намуда, таҳдиду хатарҳои гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳоро таҳдид ба тамоми давлатҳо ва миллатҳо медонанд. Пешвои миллат масъалаҳоеро барои ёфтани роҳи ҳал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоянд, ки дар ҳақиқат бунёдианд ва танҳо бо кӯшишҳои дастҷамъона ва андешидани тадбирҳои муассир ҳалли худро меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 январи соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» имзо гузоштанд. Ин санади ҳуқуқӣ аввалин қонун дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври мушахас ва мустақил ба масъалаи пиряхҳо бахшида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» аз 4 боб ва 20 модда иборат аст. Ин қонун мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо, ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо, таҳқиқоти илмии пиряхҳо, мониторинги пиряхҳо, шабакаҳои давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мавзуъҳои дигари танзими ҳифзи пиряхҳоро фаро мегирад.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2026/01/tashabbus-oi-to-ikiston-dar-so-ai-obu-i-lim-az-soli-1940-to-soli-2017-dar-ar-da-sola-az-0-1-to-0-2-dara-a-arorati-avo-baland-shudaast/
Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон