“То он даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони тоҷикӣ низ поянда аст ва шириниву равонии он ҳамеша ҳифз хоҳад шуд”. Эмомалӣ Раҳмон
Забон бузургтарин омили рушду ташаккул, камолоти ҳувияти миллат ба шумор меравад. Забони ҳар як миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худшиносиву худогоҳии миллат шаҳодат медиҳад. Солҳои охир ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки баҳри пеш бурдани манфиатҳои геополитикӣ масъалаи забон ва дарки ҳувияти миллӣ ба таъсироти манфӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Ҷомеаи башарӣ исбот сохт, ки забон ва ҳувияти миллӣ ду ҷанбаи асосии муаррифгари ҳар як халқу миллат буда, зери фишори омилҳои ҷаҳонишавӣ ба баъзе тағйирот дучор хоҳад шуд.
Мустаҳкам гардидани имконоти забон, аз ҷумла: баёни нозук ва балеғи мафҳумҳои мураккаби илмию фалсафӣ, фарҳангӣ, адабию ҳунарӣ барои баланд бардоштани маънавият замина фароҳам меоварад. Аз ин рӯст, ки рушди забон ва маънавият бо ҳамдигар ҳамбастагии зич дошта, вазъи дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нишон медиҳанд. Забон аст, ки як халқро аз халқи дигар фарқ мекунонад, илму адабиёт, фарҳанги мардумро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, иқтидори маънавии онро муаррифӣ месозад. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳам тағйироти зиёдеро паси сар намудааст, ки баъзан метавонист пояи маърифативу маънавии онро суст гардонад. Новобаста аз ин, забон дар шакли воҳиди диалектӣ бошад ҳам, пояи миллатро нигаҳ дошт, сайқал дод, арзишҳои милливу фарҳангиро муаррифӣ мекард. Дар сурати маҳрум гардидан аз забони миллӣ, мансубияти миллии ҳар як халқу миллат низ тағйир меёбад.
Аз нуқтаи назари баромади таърихӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта, давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки ҳар як давра ба он таъсири худро расонидааст. Садҳо адибону донишварон бо ин забон асарҳои худро офаридаанд, ки аксарияти онҳо дар адабиёти форсу тоҷик мақоми худро ишғол намудаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ осори адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуда метавонад. Таърих гувоҳ аст, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ тағйироти зиёдеро паси сар намуда, дар забони муоссир яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Баҳри пос нигаҳ доштани забон ҳамчун рукни давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни навро 5-уми октябри соли 2009 бо унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудааст, ки то имрӯз амал мекунад. Дурнамои рушди забон дар замони истиқлолияти давлатӣ дар масири дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вазифаи асосии қонуни мазкур ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардида, дар ҳама самтҳои ҷомеа ҳамчун забони расмӣ коргузорӣ ба кор меравад. Дар замони муоссир барномаҳои зиёди давлатӣ, марказҳои омӯзиши забони давлатӣ таҳия гардида, омӯзиши забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ ба масъалаи асосӣ ва ҳалталаб табдил ёфт. Баъдан, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ” қабул карда шуд ва тибқи ин қонун дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июл Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро қабул кард ва 5 октябри соли 2009 баъд аз ба имзо расидани қонуни мазкур аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур дониста шудааст.
Баҳри пос доштани забон ва мустаҳкам сохтани пояи ҳувияти миллӣ, вижагиҳои миллӣ, тозагии забон, назокати забонро бояд нигоҳ дошт. Сарнавишти забон ва ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар дасти ҳар як миллат ва соҳибзабонон мебошад. Мустаҳкам сохтани ин раванд ба коркарди барномаву стратегияҳои мушаххаси давлатӣ оид ба забон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар масири замони муоссир алоқамандӣ дорад, зеро забони тоҷикӣ давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки барои асолати он хатару монеаи зиёдеро эҷод намудаанд. Дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ забони тоҷикӣ муаррифгари манфиатҳои халқу миллат дар ҳар як давраи таърихӣ ба шумор мерафт. Беҳтарин неъмат дар таърихи миллати халқи тоҷик забони мо ба ҳисоб меравад, ки донишу маърифати ҳазорсолаҳо андӯхтаи халқро дар худ таҷассум намудааст. Таъриху фарҳанги беназири халқи тоҷик маҳз бо ин забон офаридашуда, барои ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст.
Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули босуръати илму технологияи нав бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои гуногуни дунё ба забони дар самти рушду инкишофи табиии он давлатӣ, таъсири манфӣ мерасонад. Ба вуҷуд омадани
«иқтибосҳои бемавқеъ» боиси халалдор гардидани табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мегардад. Давраи истиқлолият тарбияи насли наврасро дар чаҳорчубаи ҳувияти миллӣ: хуб донистани забони модарии худ ва ба инобат гирифтани талаботи ҷаҳони муосир: донистани ду се забони хориҷӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ амалӣ мегардонад. Набояд фаромӯш кард, ки нахустин маротиба дар таърихи давлатдории миллати тоҷик забони тоҷикӣ яке аз муқаддасоти давлат эътироф гардида, нисбат ба забон эҳтироми хоса зоҳир мегардад, зеро «забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст…».
Ҳифз намудани ҳувияти миллӣ тавассути забон муҳим арзёбӣ гардида, нигоҳдории забон яке аз васоити муттаҳид намудани миллат ва таъмини якпорчагии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар муҳити муоссири илмӣ ноб нигаҳ доштани забон ва коркарди истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм дар асоси хусусиятҳои муоссири забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як олиму муҳаққиқ ба шумор меравад. Ворид гардидани истилоҳоти нави илмӣ тариқи асару адабиётҳои илмии муҳаққиқону олимон сурат ёфта, он воқеияти таърихии миллати тоҷик мебошад. Баҳри дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кардани нуфузи забони олимону муҳаққиқони зиёд ихтирооти олимон тариқи забони модарии онҳо сурат меёбад, ки мавқеи забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ танг месозад. Баҳри бартараф кардани зуҳуроти болозикр аҳли илму адабро зарур аст, ки истилоҳоти илмии тоҷикиро бештар коркард намуда, мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд.
Барои иҷрои ҳадафи болозикр маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки аз тарафи маркази номбурда коркарди истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Баҳри оммафаҳм гардонидан ва мутобиқ намудани истилоҳоти забони давлатӣ ба талабот дар муҳити нави илмӣ, аз тамоми олимону муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон даъват ба амал оварда мешавад, ки саҳми онҳо дар коркарди истилоҳоти нави илмӣ назаррас бошад.
Ҳамин тариқ, забони давлатӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта он сабаби аслии аз нав эҳё гардидану рушди устувори давлати миллии тоҷикон мебошад. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва илму фарҳанги миллии худро ҳифз намояд ва гиромӣ дорад. Бузурдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ буда, ҳар фарди бо нангу номуси меҳанпарварро бо асолати миллӣ пайванд медиҳад. Аз ин ҷост, ки забон омили асосии рушду камолоти миллат аст ва забону давлат ҳамеша дар паноҳи якдигаранд.
Мавзӯи асолату ҳувияти миллӣ бояд ҳар як фарди миллатдӯсту хештаншиносро бетараф нагузорад. Ин мавзуъ басо муҳиму зарурӣ буда, солҳо боз интизори роҳҳои ҳаллу фасли худ аст. Ашхосе, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳу хештаншиносанд, миллат ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд ба ин мавзуъ бетараф набошанд. Забони тоҷикӣ дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат рушду такомул ёфта, он ҷойгоҳи наву фархундаро дар ҷомеа сазовор шудааст, ки худи Ҷаноби Олӣ, дар ин бора мефармояд: «забон хишти аввалини кохи миллат ном буда, он яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ, нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад».
Аз ин лиҳоз, ҳар нафар соҳибмиллатро мебояд, ки баҳри боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати он ҳамчун фарзанди сазовори миллат ҳиссаи арзанда гузорад.
Абодуллоева Сафина доктори илмҳои филологӣ, профессор сарходими илмии шуъбаи Забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакии АМИТ
Рӯзи омӯзгор яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад, ки ба омӯзгорон — роҳнамоёни маърифат ва тарбиятгарони насли оянда бахшида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷашн ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин рӯз, ҳамчун рамзи эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои пурмасъулияти онҳо баҳисоб меравад.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ Рӯзи омӯзгор ҳамчун ҷашни муҳим пазируфта шуда, дар кишварҳои мухталиф санаҳои гуногун таҷлил мегардад. Ба таври махсус, рӯзи байналмилалии омӯзгор санаи 5 октябри соли 1994 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бевосита интихоб шудани рӯз бо қабул шудани «Тавсиянома оид ба вазъи омӯзгорон» мебошад — санади муҳимтарин дар таърихи ҷаҳонӣ, ки мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгоронро танзим мекунад, аз аҳамияти холӣ нест.
Ҳадафи аслии ин рӯз қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои волои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва таъмини дастгирии ниҳодҳои давлатӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад.
Инчунин, дар кишварҳои гуногун Рӯзи омӯзгор санаҳои гуногун дорад, ки аз он ҷумла метавон номбар кард:
· Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Латвия — шанбеи аввали моҳи октябр;
· Ҳиндустон — 5 сентябр (рӯзи таваллуди файласуф Сарвепалли Радҳакришнан);
· Аргентина — 11 сентябр;
· Бразилия — 15 октябр;
· Ветнам — 20 ноябр;
· Туркия — 24 ноябр;
· Тайван — 28 сентябр (рӯзи таваллуди Конфутсий);
Ҳарчанд санаҳо фарқ кунанд њам руҳияи умумии ин ҷашн — эҳтиром ва эътироф ба нақши омӯзгорон ва арзишҳои онњо бањисоб меравад.
Мақому манзалати омӯзгор дар фарҳанги миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо эҳтиром бархурдор буд. Устодон ҳамчун роҳнамоёни маърифат, тарбиятгари ахлоқ ва равшанкунандаи роҳи зиндагӣ шинохта мешуданд. Дар асрҳои миёна марказҳои бузурги илмӣ ва мадании мисли Бухоро ва Самарқанд маконҳои омӯзиш ва илмомӯзӣ буданд. Дар даврони Шӯравӣ низ соҳаи маориф дар шакли расмӣ рушд карда, муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо бунёд гардиданд.
Дар даврони истиқлол, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф дар маркази сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дорад. Омӯзгорон бо дастгирии давлат имкониятҳои васеъ барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва пешрафт доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ чунин таъкид кардаанд:
«Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Омўзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш мебошад ва қисми асосии зиёиёни кишварро омўзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омўзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти омўзгор табдил ёбад.»
Ин суханон моҳияти аслии касби омӯзгориро бо омезиши дониш, ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ ифода менамоянд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, нақши омӯзгор ҳамчун таъсиргузори калидӣ дар тарбияи шахсият ва таҳкими илму маърифат боқӣ мемонад. Омӯзгорон на танҳо маълумотдиҳанда ҳастанд, балки инсонро барои ҳаёти босаводона, бо андешаи солим ва ҷаҳонбинии васеъ омода месозанд.
Новобаста аз мушкилоту маҳдудиятҳо, омӯзгорон дар минтақаҳои дурдаст ва мактабҳои камшароит бо фидокорӣ ва самимият фаъолияти худро идома медиҳанд ва дар қалби шогирдон умеду рӯшноиро мерӯёнанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъулин дода шудааст, дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Ин иқдом барои беҳтар намудани мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгорон аҳамияти бузург дорад.
Хулоса, Рӯзи омӯзгор ҷашни маърифат, муҳаббат ба илм ва эҳтиром ба устодон аст. Ин рӯз моро водор мекунад, ки омӯзгоронро ҳамчун сутуни ҷомеа, бунёдгузорони давлатдории устувор ва офарандагони фардои миллат эҳтиром намоем. То даме ки омӯзгорро қадр мекунем, маърифат зинда, ахлоқ боло ва ҷомеа ба сӯи рушди устувор ва камол қадам мегузорад.
Мусоев Дилшод - ходими калони илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Ҳар миллату ҳар ҷомеа барои рушду камол ва бақои худ ба ду нерӯи асосӣ такя мекунад: илму маърифат ва тарбияи насли нав. Ва қувваи асосие, ки ин ду рукнро ба ҳам мепайвандад, омӯзгор аст. Омӯзгор шахсияти нотакрорест, ки инсони оддиро ба инсони комил, кӯдакро ба шахсияти бофарҳангу соҳибдонишу соҳибмаърифат ва ҷавонро ба созандаи ҷомеа табдил медиҳад. Ба ҳамин хотир, бузургдошти омӯзгор ва ҷашни касбии ин шахсияти тавоно рамзи арҷгузорӣ ба дониш, маърифат ва фарҳанги миллӣ мебошад.
ОМӮЗГОР ДАР ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ
Таърихи башарият пур аз мисолҳои равшанест, ки нақши омӯзгорро ҳамчун поягузори тамаддун нишон медиҳанд. Агар ба гузашта нигарем, мебинем:
-Афлотун бо роҳнамоии устодаш Суқрот ба камол расид;
-Искандари Мақдунӣ бо омӯзгории Арасту ҷаҳонгир гардид;
-Ибни Сино бо раҳнамоии устодони худ то ба ҳадди “Шайх-ур-раис” табдил ёфт;
- Рӯдакӣ — падари адабиёти тоҷик, бо илҳоми устодони худ ва меҳри беандоза ба илм ва ҳунар, шеърҳое офарид, ки асрҳо боз дар қалби мардум зиндаанд. Ӯ бо сухани нобу зебо ва маърифати баланд, поягузори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ гардид ва ба омӯзгорону аҳли илм арҷ мегузошт.
Ин гуфтаҳо ҳама шаҳодат онанд, ки пойдории ҳар тамаддун ва рушду шукуфоии ҳар миллат аз омӯзгор оғоз мегардад.
ОМӮЗГОР ҲАМЧУН ТАРБИЯТГАРИ ШАХСИЯТ
Фарқияти асосии омӯзгор аз дигар касбу ҳунарҳо дар он аст, ки вай на танҳо дониш меомӯзонад, балки шахсияти ояандаро месозад. Омӯзгор тарбиягари дилу зеҳн аст. Ӯ:
• ба шогирдон на танҳо фаннҳои таълимӣ, балки ахлоқ, инсондӯстӣ ва одоби ҳаёт меомӯзонад;
• онҳоро ба дӯст доштани забон, фарҳанг ва таърихи миллӣ ҳидоят мекунад;
• ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсиро бедор месозад;
• намунаи ибрат ва такягоҳи маънавӣ мегардад.
Ҳар як сухани омӯзгор метавонад роҳи зиндагии як шогирдро куллан тағйир диҳад.
АРҶГУЗОРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ОМӮЗГОР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд:
«Омузгор қувваи бузурги созанда аст ва ҷомеа бе омӯзгор рушд карда наметавонад».
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус солҳои охир, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушду инкишофи соҳаи маорифи мамлакат корҳои зиёде анҷом ёфтанд:
• сохтмони садҳо муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
• зиёд шудани маоши омӯзгорон ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии онҳо;
• ворид намудани технологияҳои муосир ба низоми таълим;
• омода намудани китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ.
Ин ҳама шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат омӯзгорро такягоҳи асосӣ ва сармояи маънавии миллат мешуморанд.
ОМӮЗГОР ВА ҶАҲОНИ МУОСИР
Дар асри XXI ҷаҳонишавӣ, техника ва технология бо суръати баланд рушд мекунанд. Дар чунин шароит нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мегардад. Ӯ бояд:
• донишҷӯёну хонандагонро бо илму фанни муосир мусаллаҳ созад;
• онҳоро ба истифодаи босамари технологияи иттилоотӣ роҳнамоӣ кунад;
• ҷавононро аз хатарҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд;
• дар дили онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро бедор кунад.
Омӯзгор имрӯз на танҳо омӯзанда, балки пироягари маънавӣ ва муҳофизи худшиносии миллӣ мебошад.
МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Дар фарҳанги тоҷик омӯзгор ҳамеша мавқеи бузург доштааст. Шоирон ва мутафаккирон омӯзгорро ҳамчун чароғи маърифат ва падари рӯҳонӣ васф кардаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
«Муаллим офтоби рӯзгори мост,
Ба ҳар хона дарояд нури ӯ рост».
Ин мисраъҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор барои ҷомеа ҳамон қадар муҳим аст, ки офтоб барои зиндагӣ.
Рӯзи омӯзгор иди касбии аҳли маориф аст, аммо дар асл ин ҷашн ба тамоми ҷомеа тааллуқ дорад. Зеро ҳар як шахси муваффақ, хоҳ олим бошад, хоҳ табиб, хоҳ шоир аввал аз назди омӯзгор гузаштааст.
Омӯзгор меъмори инсони комил, чароғи маърифат, ҳидоятгари миллат ва такягоҳи давлат аст. Арҷгузорӣ ба омӯзгор, дар асл, арҷгузорӣ ба илму дониш, фарҳанг ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Бо ифтихор мегӯем: омӯзгор – меъмори ояндаи миллат ва чароғи роҳи маърифат аст!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 - юми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Имрӯзҳо 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мешавад. Қарор дар бораи таъсиси СММ дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд.
Мақсади асосии СММ дар моддаи 1 Оиннома ба таври зайл баён шудааст: "Муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».
Аз лиҳози сохтор системаи СММ шаш мақомоти асосиро дар бар мегирад. Ба ғайр аз мақомоти асосӣ системаи СММ инчунин аз барномаҳои сершумор, мақомоти ёрирасон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда иборат аст, ки фаъолияти худро бо СММ ҳамоҳанг мекунанд.
Ҳама аз вазъи ногувори СММ изҳори нигаронӣ мекунанд ва бисёриҳо онро бӯҳронӣ меноманд.
Моҳи июни соли ҷорӣ нишон дод, яъне пас аз он ки Исроил хиёнаткорона ҷанги зидди Эронро оғоз кард. ИМА узви Шурои Амният дар шарикӣ бо Исроил зидди Эрон таҷовуз кард, яъне 22 июни с.2025 ба объектҳои атомии мамлакат зарба зад. Шурои Амният дар ин робита алайҳи Исроил ҳеҷ гуна таҳримот ҷорӣ накардааст, вале таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ барои нақзи мушобеҳ кайҳо ҷорӣ карда шудааст, ки равиши духӯраи онро нишон медиҳад. Шубҳаҳо вуҷуд доранд, ки СММ баъди 80-солагии худ зинда мемонад ё не. Лигаи Миллатҳо де-юре соли 1919 таъсис ёфта то соли 1946, яъне ҳамагӣ 27 сол вуҷуд дошт. Аммо пас аз сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар соли 1939 он дар ҳолати фалаҷи комил қарор дошт. Давраи аз соли 1939 то охири соли 1945 замоне буд, ки Лигаи Миллатҳо аллакай фалаҷ шуда буд ва СММ ҳанӯз ба дунё наомада буд.Ҳоло СММ баъди 80-сол дар ҳолати фалаҷӣ қарор дорад.
Чаро вазъ дар чунин ҳолат аст?
Мавзеи баъзе аз аъзоёни СММ-ро таҳлил намоем. Масалан, Д.Трамп иштироки ИМА дар бисёр созмонҳои байналмилалӣ ба Иёлоти Муттаҳида фоидаи ночиз мебахшад ё тамоман нафъ намерасонад. Ӯ иддао дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ дасти Иёлоти Муттаҳидаро бастаанд. Амрико дар навбати худ бояд аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро тавассути гуфтушунид ва созишномаҳои дуҷониба ҳал кунад. Дар рӯзи аввали президентии худ дар Кохи Сафед (20 январи соли 2025) Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) хориҷ мешавад. Вай инчунин фармони иҷроияро дар бораи хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз Шурои ҳуқуқи башари СММ (UNHRC) имзо кард. Ва дар рӯзи аввали худ, ӯ фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳидаро аз Созишномаи Париж оид ба тағирёбии иқлим хориҷ мекунад. Пас аз ду ҳафта, 4 феврал, президенти ИМА фармони иҷроияро имзо кард, ки дар он иштироки ИМА дар маҷмуъ дар СММ ва аз ҷумла ЮНЕСКО баррасӣ мешавад. ИМА аз созишномаҳо ва конвенсияҳои бисёрҷониба хориҷ шуд. Ӯ зидди гендер ё DEI (Diversity, Equity, and Inclusion - Гуногунӣ, баробарӣ ва фарогирӣ) аст ва ошкоро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ мухолифат мекунад.
Яке аз зуҳуроти бӯҳрони СММ маблағгузории ками созмон аст. То аввали моҳи майи соли 2025 танҳо 108 мамлакат ҳаққулузвияти доимии худро пурра супурдаанд. Дар чор моҳи аввали соли 2025 каме бештар аз нисфи ба нақша гирифташуда аз 3,5 миллиард доллар саҳмҳои мунтазами буҷет - 1,8 миллиард доллар пардохта шуд. То 30 апрели соли 2025, қарзҳои якчанд кишварҳо маблағи умумии 2,4 миллиард долларро ташкил доданд. Қариб аз се ду ҳиссаи қарзҳои боқимонда (1,5 миллиард доллар) ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост меояд. Чин бо тақрибан 0,6 миллиард доллар (597 миллион) дар ҷои дуюм аст. Аз паси онҳо (бо миллионҳо доллар): Россия—72; Арабистони Саудӣ — 42; Мексика — 38; Венесуэла – 38; кишварҳои дигар – 137.
Бо афзоиши қарз, Антонио Гутерриш ташаббуси ислоҳоти буҷаи худро, ки «Ташаббуси СММ-80» номида мешавад, дар арафаи 80-солагии СММ муаррифӣ кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки то соли 2026 аз 15 то 20 дарсади хароҷоти котиботи СММ кам карда шавад ва 20 дарсади мақомҳои СММ барҳам дода шавад. Котиботи СММ ҳар сол буҷети мунтазами тақрибан 3,7 миллиард долларро назорат мекунад ва тақрибан 33,000 кормандро дар бар мегирад.
Пешниҳоди ислоҳоти Антониу Гутерриш ба се қисм тақсим мешавад:
1. Дар зери роҳбарии СММ, пасандозҳоро метавон тавассути ба тартиб даровардани амалиётҳо, қатъ кардани қабули персонали нав, кам кардани сафар ва кӯчонидани кормандон аз Ню Йорк ва Женева ба шаҳрҳои камхарҷ ба даст овард.
2. Баррасии тақрибан 4000 мандате, ки аз ҷониби давлатҳои узв ба СММ дода шудааст, бо мақсади муттаҳидсозӣ ва рафъи такрори онҳо. Давлатҳои аъзо бояд дар бораи чунин тағйирот мувофиқа кунанд.
3. Ниҳоят, ташаббус баррасии ислоҳоти сохтории густурда дар тамоми системаи СММ-ро, ки аз даҳҳо агентиҳо иборат аст, ки рӯз то рӯз беаҳамият мешаванд ва ё кори якхеларо ба мисли дигар ниҳодҳо иҷро мекунанд, тақозо мекунад.
СММ самаранокии худро аз даст медиҳад ва он ба ислоҳоти амиқ ниёз дорад.
Яке аз муҳимтарин ислоҳот тағйир додани нақши Дабири кулл мебошад. «Ислоҳоти Шурои Амният ҳеҷ гоҳ ба даст нахоҳад омад - ҳадди ақалл, то замоне, ки як таҳаввулоти ҷиддие дар ҷаҳон рух надиҳад. Варианти хеле воқеъбинтар ин тағир додани вазифаҳои Дабири кулл аст. Агар мо мехоҳем, ки СММ муассиртар шавад, мо бояд ба Дабири кулл салоҳият ва мустақилияти бештар диҳем. Ин муҳимтарин вазифаи имрӯз аст» - мегӯянд журналистони фаронсавӣ Анн-Сесил Робер и Ромюл Стиора.
В.Чуркин, намояндаи собиқи ФР дар СММ вазъият дар Котиботи СММ-ро чунин арзёби намуда буд: «Инро муқаррарӣ ҳисобидан мумкин нест ки се вазифаи асосӣ — чонишини котиби генералӣ оид ба муҳофизати сулҳ, сиёсӣ ва гуманитарӣ — аз тарафи се мамлакат ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир самарабахш ғасб карда шавад. Мо итминон дорем, ки барои нигоҳ доштани таъсирбахшӣ ва қонунӣ будани фаъолияти Котибот ротатсияи ин ва баъзе дигар вазифаҳои баландпояи Котибот байни ҳамаи кишварҳои узви СММ зарур аст. Раванди таъини онҳоро шаффофтар намудан муҳим аст».
Пешниҳодҳои сершумор оид ба азнавташкилдиҳии Шурои Амният садо медиҳанд. Инҳоро метавон дар чаҳор гурӯҳ ҷамъбаст кард:
1) аъзои доимии худро аз ҳуқуқи вето маҳрум мекунанд;
2) қоидаеро муқаррар мекунад, ки ду овози аъзои доимиро барои вето ба лоиҳаи қатъномаи Шурои Амният талаб мекунад;
3) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният зиёд карда шавад, вале онҳо набояд ҳуқуқи вето дошта бошанд;
4) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният бо ҳуқуқи вето зиёд карда шавад.
Тибқи ду варианти охир, номзадҳои бештар пешбаришуда Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон ва Бразилия (G-4) буданд. Аммо ба ин номзадҳо баъзе аъзоёни доимии ҳозираи Шурои Амният, инчунин дигар давлатҳои аъзои СММ мукобил буданд ва мебошанд. Масалан, Русия ва Чин ба номзадии Олмон (ҳамчунон Италия ва Испания) мухолифанд. Дар бобати Ҷопон мушкилот вуҷуд дорад: аввалан, миёни Русия ва Ҷопон то ҳол шартномаи сулҳ ба имзо нарасидааст ва ин кишвар бо Русия ва Чин даъвои ҳудудӣ дорад. Бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин (Аргентина, Колумбия ва Мексика) ба номзадии Бразилия мухолифанд. Покистон ба номзадии Ҳиндустон мухолиф аст. Ҳиндустон низ бо Чин муносибатҳои хеле печида дорад ва байни онҳо баҳсҳои ҳудудӣ вуҷуд дорад.
«Гурӯҳи 77» ва Чин ҷонибдори беҳбуди идоракунӣ дар СММ буда, аҳамияти намояндагии бештари кишварҳои рӯ ба тараққӣро таъкид мекунанд. Онҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ислоҳоти меъмории байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ, решакан кардани камбизоатӣ ва рушди устувор афзалият медиҳанд. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз эҳтимоли коҳиши маблағгузории рушд, ки барои онҳо як авлавият ва як бахши хеле ҳассос аст, сахт нигаронанд. Як намояндаи G77 изҳор дошт, «дигарон зиндагии моро дар фақр дарк карда наметавонанд. Барои мо ин воқеият аст: одамон бидуни ғизо ва сарпаноҳ зиндагӣ мекунанд».
Соли 2013 Фаронса пешниҳод кард, ки аъзои Шурои Амнияти СММ дар ҳолатҳое, ки амалҳои ваҳшиёнаи оммавӣ, ба мисли наслкушӣ содир мешаванд, давлатҳои аъзои доимии Шурои Амният аз ҳаққи вето даст кашанд. Дере нагузашта Мексика ва Испания ин пешниҳодро дастгирӣ карданд ва то соли 2018 шумораи ҷонибдорон ба беш аз 100 иёлот расид [3]. Ин пешниҳодро ИМА, Чин ва Русия рад карданд.
Сохторҳои нав дар системаи СММ пайдо шуданд. Комиссияи эҳёи сулҳ (КЭC) соли 2005 таъсис дода шуд. Соли 2006 Хазинаи сулҳи СММ таъсис дода шуд. Соли 2006 Шурои ҳуқуқи башар таъсис дода шуд. Соли 2005 бо пешниҳоди ИМА Хазинаи демократияи СММ (UNDEF) таъсис дода шуд (аммо, давлатҳо зидди Freedom House, Human Rights Watch, Бунёди Миллии Демократия ва Институти Байналмилалии Ҷумҳурихоҳон ҳастанд). Соли 2024 бо пешниҳоди ҶТ Хазинаи ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Мо пешниҳод мекунем, ки Суди умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.
Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми СММ зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд. Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози СММ-ро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид менамоем. Танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем.
Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад».
Ба андешаи мо Созмони Милали Муттаҳид комил нест, аммо инсоният созмони беҳтаре надорад. СММ платформаи универсалии муколама оид ба офариниши тартиботи нави одилонатари ҷахонӣ мебошад. Потенсиали беназири СММ на ҳамеша амалӣ мешавад. Мушкилот дар майли кишварҳои узв барои истисмори СММ ва сохторҳои он ба манофеи миллии худ, расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ, таъсир ва фишор ба рақибон ва муттаҳам кардани онҳо ба рафтори номатлуб нуҳуфта аст.
Муваффақият дар сохтмони бехатар ва одилонаи тартиботи ҷаҳонӣ ва ислоҳоти системаи СММ дар соҳаи ғояҳо ва арзишҳо ҷойгир аст. Пешравӣ дар ин самт аз огоҳӣ ва иродаи сиёсии худи давлатҳои узв, тавоноии онҳо дар амри созиш кардан, аҳду паймони ҳосилшударо якҷоя ба амал баровардан нуҳуфта аст.
Умедворем, ки давлатҳо ҳама ихтилофотро канор гузошта, барои бунёди ҷаҳони беҳтар ба мувофиқа расида, ислоҳоти лозимаро ворид месозанд ва Созмони Милали Муттаҳид вазифаи дар назди худ истода - нигоҳдории сулҳ ва амнияти ҷаҳониро сарбаландона ва боз ҳам самараноктар анҷом хоҳад дод.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ
Забони давлатӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва нишонаи ҳастии миллат дар ҳар кишвари соҳибистиқлол аҳамияти беназир дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва тамаддуни бостонӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили забони давлатӣ нақши калидӣ дар ҳифз, рушд ва тарғиби он дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи таҳкими давлатдориро интихоб кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 2) забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ муайян шудааст, ки ин санад таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Аз соли 1993, Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаи забони давлатӣ зоҳир намуд ва ташаббусҳои қонунгузорӣ барои ҳифзи онро пеш бурд. Масалан, қонунҳои марбут ба истифодаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таҳия шуданд, ки инҳо заминаи ҳуқуқии рушди забонро фароҳам меоваранд.
Дар солҳои аввали истиқлолиятПешвои миллат Ваҳдати миллиро ҳамчун омили асосии таҳкими забони давлатӣ муайян кард. Дар суханронии худ соли 1994 ӯ таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забонро фароҳам меоварад. Ин сиёсат натиҷаи мусбатро дод ва имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз идораҳои давлатӣ то расонаҳо мавқеи устувор касб кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кафили забони тоҷикӣ шинохта шудааст. Аз соли 1993 ӯ ташаббусҳои зиёде барои муаррифии забони тоҷикӣ дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пешниҳод кардааст. Масалан, соли 1993 шӯҳрати суханронии волои ӯ бо забони тоҷикӣ дар Маҷмаи Умумии СММ ("Бани одам аъзои якдигаранд...") ҳамчун нишонаи ҳифзи забони миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ин ташаббусҳо ба рушди дипломатии фарҳангӣ мусоидат карда, забони тоҷикиро дар минбарҳои байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамзабон чун Афғонистон ва Эрон таҳти роҳбарии Пешвои миллат густариш ёфтанд. Дар сафари соли 2005 ба Афғонистон 11 қарор, аз ҷумла "Қарордод дар бораи дӯстӣ" имзо шуд, ки робитаҳои фарҳангӣ ва забониро тақвият бахшид. Ин тадбирҳо на танҳо забони тоҷикиро ҳамчун мероси муштарак таҳким бахшид, балки ба таъсири мусбати забони тоҷикӣ (мувофиқи моддаи 2 Конститутсия) мусоидат карданд.
Яке аз саҳмҳои барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа эҷоди осори илмӣ-фарҳангии бахшида ба забони тоҷикӣ мебошад. Китоби нави ӯ бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» сарнавишти таърихии забони тоҷикиро баррасӣ мекунад, ки решаҳои ориёии онро бо далелҳои илмӣ исбот намуда, даврабандии таърихиро дар асоси маводи нав матраҳ месозад. Дар ин асар зодгоҳи забони тоҷикӣ – Хуросон ва Мовароуннаҳр, инчунин шебу фарозҳои он дар замони истилои араб ва эҳёи он дар аҳди Сомониён таҳлил шудааст. Ин китоб на танҳо барои тоҷикон, балки барои форсизабонони дунё дастоварди муҳим аст ва дар илми забоншиносӣ саҳми калон мегузорад.
Инчунин, китоби дигаре, ки гулчине аз суханҳои ҳикматомӯзи Президенти маҳбуб мебошад, «Суханҳои ҳикматомӯзи Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон» мебошад, ки соли 2015 нашр шудааст. Ин маҷмӯа афкор ва нуктаҳои волои ӯро дар бораи омӯхтани забон, ҳифзи он ва афзудани қудрати он фароҳам овардааст. Масалан, дар ин китоб суханҳои зерин омадаанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст». Ин суханҳо нақши забонро ҳамчун асоси ҳастии миллат таъкид мекунанд. Ҳамчунин, «Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост» – нуктае, ки пайванди забон бо таърих ва ояндаи миллатро нишон медиҳад. Ин маҷмӯа ҳамчун дастури раҳнамо барои тоҷикистониён хидмат мекунад ва саҳми Пешвои миллатро дар тарғиби забон боз ҳам баланд нишон медиҳад.
Дар ҳар паёмҳои табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Пешвои миллат забони тоҷикиро "рамзи муқаддас ва ҷовидонаи ҳастии миллат" номида, рушди онро чунин муайян мекунад: омӯзиши гӯйишҳо, таҳияи луғатномаҳои соҳавӣ, таълими забони модарӣ аз кӯдакӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон. Ӯ доимо таъкид мекунад, ки "забони модарӣ хишти аввалини пойдевори миллат ва рукни асосии давлатдорӣ аст" ва фаромӯш кардани он метавонад миллатро ба нестӣ оварад. Ин паёмҳо ҳамчун роҳнамои сиёсати давлатӣ оид ба забон амал мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили забони давлатӣ саҳми бузург дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ гузоштааст. Ташаббусҳои ӯ аз қонунгузорӣ то байналмилалӣ ва эҷоди осори илмӣ то тарғиби фарҳанги миллӣ на танҳо забонро таҳким бахшидааст, балки худшиносии миллӣ ва давлатдориро низ мустаҳкам гардониданд. Имрӯз забони тоҷикӣ дар минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки ин саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забон мебошад.
Дар мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушватзода Қ.Х. бо номи “Забон василаи муҳимми шинохти миллат” дарҷ гардидааст, ки: “Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат як қатор ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонидаистодааст”.
ҚУРБОНОВА ШИРИН ИСМОИЛОВНА, - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.
Забон на танҳо воситаи гуфтор ва муошират, балки рукни асосии давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Ҳар миллат дар тӯли таърих забонро ҳамчун оинаи ҳастӣ ва нишондиҳандаи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худ медонад. Забони тоҷикӣ, ки аз қадим то имрӯз мавқеи худро дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ собит намудааст, имрӯз ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги он, ҳамасола дар кишвари мо 5-уми октябр Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои ҳар як тоҷикистонӣ рамзи эҳтиром ба гузашта, посдории фарҳанги миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
То соли 2009 Рӯзи забон дар Тоҷикистон 22-юми июл таҷлил мегардид. Аммо бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 5-уми октябри соли 2009, санаи таҷлили Рӯзи забон ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Ин рӯз ба як иди расмии давлатӣ табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ва мулоқотҳо таҷлил мегардад.
Мақсади асосии таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони давлатӣ, таҳкими ҷойгоҳи он дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини олам буда, решаҳои он ба ҳазорсолаҳо бармегардад. Ин забон шохаи муҳими забонҳои эронии шарқӣ буда, дар давраҳои гуногуни таърих бо номҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор дошт.
Дар ин забон осори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ – падари адабиёти классикии тоҷик, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалҳои пурҳикмати Ҳофиз, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулмаонӣ Бедил ва садҳо шоиру олими барҷастаи дигар офарида шудаанд. Ин мероси ғанӣ собит месозад, ки забони тоҷикӣ яке аз ганҷинаҳои нодири фарҳанги башарист.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Тавассути забони давлатӣ муносибатҳои расмӣ, санадҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба роҳ монда мешаванд. Бо ҳамин забон қонунҳо қабул мегарданд, илму фарҳанг рушд меёбад ва ҷомеа ба сӯи пешрафт қадам мегузорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забон рукни давлатдорӣ ва ҳастии миллат аст».
Дар ҳақиқат, маҳз тавассути забони модарӣ миллати тоҷик тавонист, ки дар тӯли садсолаҳо фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта, то ба даврони истиқлолият бирасонад.
Забони тоҷикӣ, ки мероси чандинҳазорсолаи ниёгони мо мебошад, дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи наву шоиста пайдо кард. Дар ин ҷода саҳми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва таърихист. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ эҳё ва рушд ёфт.
Бо сиёсати забондӯстонаи Сарвари давлат, имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои омма ва дигар сохторҳо ҳамчун воситаи асосии муошират истифода мешавад.
Бо дастгирии Пешвои миллат, ҳамасола бахшида ба Рӯзи забон конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва нашри китобҳои илмӣ-оммавӣ доир мегарданд. Ҳадафи ин ҳама чорабиниҳо баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа мебошад.
Президенти мамлакат ба ҷавонон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бояд забони модариро бо эҳтиром омӯзанд ва онро поку фасеҳ истифода баранд. Дар баробари забонҳои хориҷӣ, ки воситаи дастрасӣ ба илмҳои муосир мебошанд, истифодаи дуруст ва ифтихор аз забони модарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷавонони тоҷик дониста мешавад.
Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои покизагии забон бояд кӯшиш кард, ки онро бо вожаҳои бегонанавиштаи худ бой гардонем, аз ифлосшавии забон бо вожаҳои бегона пешгирӣ намоем ва онро ба таври дурусту фасеҳ истифода барем.
Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, бояд забони модариро бо муҳаббат омӯзанд ва дар баробари забонҳои хориҷӣ онро бо ифтихор истифода баранд. Муаллимон, олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё низ масъуланд, ки забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва дар сатҳи илмӣ рушд дода шавад.
Рӯзи забони тоҷикӣ рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи мероси ниёгон мебошад. Ҷашн гирифтани ин рӯз на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта аст, балки масъулияти ҳар яки моро дар назди наслҳои оянда низ хотиррасон месозад. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳоест, ки бояд аз он ифтихор намоем ва онро ҳамчун рамзи ваҳдат, истиқлолият ва ҳастии миллӣ ҳифз кунем. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар пос доштани покизагии забон, рушду такомули он ва интиқоли ин ганҷина ба наслҳои оянда саҳмгузор бошад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва омили ваҳдати миллӣ бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат рушд ва такомули бесобиқа ёфтааст.
Қобилов М.М. – доктори илмҳои физикаю математика, мудири шуъбаи математикаи
амалӣ ва механикаи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ
Муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳони араб ба эҷодиёти Мавлоно таваҷҷуҳ доранд ва осори манзум ва мансури ин нобиғаи тоҷикро омӯхтаву дар заминаи он корҳои илмии зиёд таълиф намудаанд. Аксари мақолаҳое, ки дар бораи Мавлавӣ ва афкору осораш ба забони арабӣ мунташир шудааст, ӯро ба унвони шоире тавоно бо афкоре сӯфиёна ва ишқе бузурги илоҳӣ ва соҳиби осори баландмазмун ва бадеъ тавсиф намудаанд. Ин падида нишон аз он дорад, ки мавлавипажӯҳони араб ва бисёре аз ҳамзабонони онон бо шахсияти фикрӣ ва адабии Мавлавӣ ошноии кофӣ доранд. Наргис Ганҷӣ ва Фотима Ишроқӣ –мавлоношиносони эронӣ дар мақолае бо номи «Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб» қайд намудаанд, ки «собиқаи нахустин мақолоти мавлавишиносӣ дар ҷаҳони араб беш аз ҳафтод сол аст»[1,159-186]. Вале агар мо ба ҳамаи он пажӯҳишҳову тарҷумаҳои осори шоирон, ки аз ҷониби арабҳо ба нашр расидаанд назар намоем, ба хулосае меоем, ки Мавлоноро дар ҷаҳони араб хуб мешиносанд. Аввалин маротиба муҳаққиқон ва адабдӯстони араб соли 1872 бо «Маснавии маънавӣ» ошноӣ пайдо намудаанд. Бори аввал тавассути Юсуф ибни Аҳмад ал-Қунавӣ ал-Мавлавӣ ар-Румӣ, олим ва адиби туркнажоди арабдон ва шайхи хонақоҳи Бектоши Истанбул машҳур ба «Зуҳдӣ», соли 1877 китобе бо номи «ал-Манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-маснавӣ»-ро таълиф намуд, ки ин китоб баргардон ва шарҳи шаш дафтари «Маснавии маънавӣ» аст ва ин китоб дар чопхонаи «Булоқ»-и Қоҳира ба табъ расидааст.
Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир, мавлавишиноси дигари араб, дар асараш «Ҷавоҳир-ал-осор фи тарҷумати Маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» қайд намудааст, ки «ал-манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-Маснавӣ» яке аз беҳтарин шарҳҳои “Маснавии маънавӣ” маҳсуб мешавад»[5,148].
Аз мавлавипажӯҳони дигари чаҳони араб Абдулваҳҳоб Аззом мебошад, ки ӯ дар соли 1946 китобе бо номи «Фусулун мин ал-Маснавӣ»-ро дар ҳаҷми 199 саҳифа дар Қоҳира ба табъ расонидааст. Муаллиф дар ин асар бахшҳое аз «Маснавии маънавӣ»-ро аз қабили «Қиссат ат-тоҷири ва-л-бабғо» ва «Қиссат ал -асад ва-л-вуҳуш» ва якчанд қиссаи дигари “Маснавии маънавӣ”-ро ба арабӣ тарҷума намудааст.
Тарҷумаи комили «Маснавии маънавӣ» ҳосили кӯшиши Абдулазиз Соҳиб ул-Ҷавоҳирӣ, бародари Муҳаммад Маҳдӣ ал-Ҷавоҳирӣ, шоири шаҳири Ироқ мебошад. Ҷавоҳирӣ, ки аз овони ҷавонӣ шефтаи Мавлоно ва осораш буд, ба сарзамини Хуросон омада ва пеш аз иқомат дар Кирмоншоҳ шаш дафтари «Маснавии маънавӣ»-ро ба назми арабӣ даровард ва шарҳу тавзеҳоте бар он афзуд. Ин асар бо номи «Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» дар соли 1958 тавассути интишороти Донишгоҳи Теҳрон мунташир шуд.
Мавлонопажӯҳи дигари араб, устоди Донишгоҳи Қоҳира Муҳаммад Абдуссалом Каффофӣ мебошад, ки ӯ худро шогирди Абдулваҳҳоби Аззом мешуморад. Ӯ дар соли 1966-1967 китоби дуҷилдае бо номи «Маснавии Ҷалолуддин ар-Румӣ шоир ас-суфӣ ал-акбар»-ро ба табъ расонидааст. Муаллиф дар дебочаи асараш, ки дар Бейрут чоп шуда буд, аз мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Ғарб ва Араб ва аз тасвирҳои форсӣ, туркӣ ва арабии маснавӣ мабоҳиси арзишмандеро ироа намудааст.
Мавлоношиноси дигари араб, Сайид Муҳаммад Ҷамол ал-Ҳошимӣ ал -Ироқӣ, дар соли 1995 ҳикоёти ʼʼМаснавӣʼʼро ба назми арабӣ дароварда бо унвони «Ҳикоётун ва ибарун мин ал-маснавӣ» дар нашрияи “Дор ал-ҳаққ”-и Бейрут дар ҳаҷми 325 саҳифа аз чоп баровард. Аз вижагиҳои ин китоб он аст, ки мутарҷим ҳар қофияро дар ҳар байт бино бар намунаи тоҷикии он ҳифз кунад, ки бешак ин кор барои ӯ тарҷумаро сахт ва душвор кардааст[10,18].
Мавлоно, ки сафари дарозтарини худро дар Шом (Сурияи имрӯза) гузаронидааст ва дар он ҷо ба таҳсил пардохтааст, дар назди донишмандони беҳтарини он диёр таълим гирифтаву ба лаҳҷаи суриягӣ хуб ошноӣ доштааст. Имрӯз бошад муҳаққиқони суриягӣ барои пажӯҳиши осори сӯфиёнаи Мавлонои мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Мақолаи мо перомуни яке аз мавлонопажӯҳони муосири кишвари Шом, ки чандин аср сарзамини илму маърифат ва дорои китобхонаҳои машҳури дунё будааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз адабиётшиносони номвари кишвари Сурия мебошад. Ӯ соли 1950 дар яке аз деҳаҳои устони Раққаи Сурия ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1972 ба бахши забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб дохил шуда, баъди хатми он ба Донишгоҳи Теҳрон пайваст. Пас аз ин ӯ дар Маркази мутолаоти илмӣ ба гуруҳи забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб (Диросот ул-улйа фи луғати-л-арабиййати ва адабиҳо мин қисми-л- луғати-л-ъарабиййати ва адабиҳо) шомил гардида, риштаи магистратураро хатм кардааст. Дар давраи таҳсили бакалавриат бошад дар мавзӯи “Пайвандҳои адабӣ миёни эрониён ва арабҳо” корҳои илмӣ анҷом додааст. Тахассуси адабии Алӣ ал-Окуб бештар дар заминаҳои ирфон, нақди адабӣ ва балоғати арабӣ аст. Аз ҷумла ирфон яке аз дилмашғулиҳои доимии ӯ буда, бахши асосии таълифоти ин донишманд тарҷумаи осори ирфонии тоҷику форс ба забони арабӣ мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз байни шоирони тоҷику форс ба осори Мавлоно бештар таваҷҷуҳ намуда, чандин китоб дар бораи Мавлоно ва осори ӯ тарҷума карда ва фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон муаррифӣ намудааст. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, “вақте забони англисиро фаро гирифтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ғарбиҳо сахт маҷзуби Мавлоно ҳастанд ва ӯро меситоянд. Пас осори аллома Муҳаммад Иқболро ба забони арабӣ хондам. Бо хондани осори Иқбол сахт шод шудам, ва дарёфтам, ки ӯ бо шефтагии хосе аз Ҷалолуддини Румӣ ёд мекунад. Аз ин замон буд, ки ба Мавлоно гароиш пайдо кардам. Ва талош кардам, осореро, ки ба забони арабӣ дар бораи ӯ навишта шудааст, бихонам. Дар ҳақиқат бояд гӯям ки ман дар ҷустуҷӯи чизе будам ва оқибат онро ёфтам. Гӯё ки ман қалбамро дар “Маснавӣ ёфтам”. Устод ал-Окуб байти зерини Саъдиро иқтибос намуда
Ба дарё дар манофеъ бешумор аст,
Агар хоҳӣ саломат, бар канор аст.
Сипас мегӯяд: “....ман натавонистам канори ин соҳил биистам, бо ин ки васоили шино карданро низ надоштам. Аз он замон зиндагии ман аз ҷанбаҳои маънавӣ ҳақиқатан тағйир кард.....” [1,20-27].
Исо Алӣ аз ҷумлаи олимест, ки дар асри ҳозир ба фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ хидмати бисёре карда, барои шиносонидани ин фарҳанг ва таъсири он ба аҳли илму адабу фарҳанги арабӣ таҳқиқоти арзишманде анҷом додааст. «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-’араби ал-му’асир фил-аср ил-’аббаси-л-аввал» аз ҷумлаи ин гуна таҳқиқоти ӯст, ки бо номи «Таъсири панди порсӣ бар адаби араб» ба қалами Абдуллоҳ Шарифи Хуҷаста ба форсӣ тарҷума ва бо сармояи ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ дар соли 1996 мунташир шуда ва дар дастраси хонандагон қарор ёфтааст[6,20-27].
Пажӯҳишгари суриягӣ перомуни муқоисаи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти араб андешаронӣ намуда, адабиёти тоҷику форсро аз адабиёти араб бартар медонад ва дилбастагиву шефтаи адабиёти тоҷику форс гардидани худро аз маънии шеъри бикри Мавлоно медонад.
Бояд зикр намоем, ки аксари тарҷумаҳои асарҳои Мавлоно анҷомдодаи Алӣ ал-Окуб аз забони англисӣ мебошад. Нахустин тарҷумаи ӯ “Яду-ш-шеър” ном дорад. Ин китоб дар асл шаш суханронӣ аст, ки суфии машҳури ҳиндӣ Иноятхон дар соли 1923 дар Амрико эҷод кардааст. Ин суфии ҳиндӣ ба таври шигифтангез дӯстдори ирфон буда ва сулуку зиндагии илмии ӯ баёнкунандаи ин амр будааст. Суханрониҳо дар китоби ин суфӣ дар бораи Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ мебошанд ва ба қавли Исо ал-Окуб баъдҳо бахши Хайёми ин китоб бо сабабҳои номуайян аз байн рафтааст. Шоир ва мутарҷими амрикоӣ, ки Колиман Брайян Баркс (1937)сахт шефтаи ирфону тасаввуф ва ашъори Мавлоно гаштааст, панҷ суханронии боқимондаро (Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ)-ро гирдоварӣ карда ва бар он муқаддима навишта, бо шарҳи ҳоли ин шоирон чоп кардааст. “Ӯ агарчи забони форсӣ намедонад, вале ба хотири бознависии ашъори Мавлоно бар асоси дигар тарҷумаҳои англисӣ шинохта шудааст”[9].
Исо ал-Окуб китоби дигаре низ дар бораи Мавлоно зери унвони “Ҷалолуддин ар-Румӣ ва-т-тасаввуф” навиштааст, ки онро бонуи шарқшиноси фаронсавӣ Ева де Витрай Мееровитч (1909 –1999) [7] тарҷума намудааст. Ин шарқшиноси рустабори фаронсавӣ, ки дар натиҷаи мутолааи кутуби тасаввуфи исломӣ дини исломро қабул кардааст, сахт шефтаи Мавлоно буд. Ин китобро, ки дар Амрико ба англисӣ тарҷума шуда буд, устод Алӣ ал-Окуб ба арабӣ тарҷума мекунад. Устод ал-Акуб оид ба ин китоб чунин мегӯяд: “Нависандаи ин китоб сахт таҳти таъсири Мавлоно буда, ҳар касе, ки ин китобро мехонад, аз шиддати таъсири он мегиряд” [2,20-27].
Муҳаққиқи араб китоби дигаре, ки ба шарқшиноси олмонӣ Анне Мери Шиммел (тав. 7 апрели 1922 – ваф. 26 январи 2003) тааллуқ дорад ва он тарҷумаи “Гузидаи Девони Шамс” аст, асли англисии онро бо тарҷумаи форсии он муқобала карда аз англисӣ ба арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ мегӯяд, ки “... ин кор дар тарҷумаи он ба забони арабӣ кӯмак кард ва ба Мавлоно бештар наздик шудам” [2,20-27]. Инчунин китоби “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро, ки муҳаққиқ ва мутарҷими англис Артур Ҷон Арберри (тав. 12 майи 1905- ваф. 2 октябри 1969), ки асли форсии он низ ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар таҳия гардидааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб ба забони арабӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи ин китобро интишороти “Дору-л-фикр”-и Димишқ нашр кардааст. Мавлоношиноси суриягӣ баъди тарҷумаи асари фалсафии “Фиҳи мо фиҳи”, “Куллиёти Шамс”-ро, ки низ бо таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар рӯи чоп омадааст ва тарҷумаи англисии онро дастрас намуда, дар асоси он “Мухтороти Девони Шамс” (“Гузидаи Девони Шамс”) - ро тарҷума намудааст, ки бо номи “Йаду-л-ишқ” (“Дасти ишқ”) нашр шуд.
Тарҷумаи китоби “Маҷолиси сабъа”-и Мавлоно яке аз хидматҳои шоистаи дигари ин донишманди суриягӣ мебошад. Ин асарро ӯ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума намудааст ва дигаре аз корҳои ӯ тарҷумаи рубоиёти Мавлоно аст.
Яке аз омилҳои ба адабиёти тоҷику-форс таваҷҷуҳ намудани доктор Исо Алӣ ал-Окуб ин таъсири адабиёти бостонии мо ба адабиёти араб мебошад, ки дар асрҳои VIII-X ба арабҳо гузаштааст. Дар ин замина ин донишманди суриягӣ асари арзишманде зери унвони “Таъсир ал-ҳикам ал-форсият фи-л-адаби-л-араби фи-л-асри-л-Аббоси ал-аввал” (“Таъсири андарзҳои форсӣ ба адабиёти арабӣ дар замони Аббосиёни аввал”) таълиф намудааст. Ғайр аз ин асар, чандин асарҳои дигаре дар ҳавзаи адабии арабӣ навишта шудаанд, ки ба ҳамин масъала рабт доранд. Ин муҳаққиқ бо як ибораи аҷибе аз Ҷоҳиз таъсири адабиёти моро ба адабиёти арабӣ баён медорад: “Давлати Бани Умайя – давлати арабӣ аст ва давлати Бани Аббос хуросонӣ”. Ӯ сохтори ҷомеаи он замонро арабӣ-хуросонӣ медонад[2,24]. Аз нигоҳи ин донишманд фарҳанги исломиро на фақат арабҳо ба вуҷуд оварданд, балки нақши донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳангу адаби арабӣ-исломӣ беназир аст. Ӯ мегӯяд, ки “... касоне, ки фарҳанги исломиро ба вуҷуд оварданд, фақат араб ва фақат ҳам эронӣ набуданд. Балки онҳо гурӯҳе аз мардум буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба оини ислом даромаданд ва ҳар як аз онҳо ба андозаи хеш ба ин фарҳанг хидмат карданд. Аммо хуросониён ба сабаби наздикии бештар ба дини ислом дар ин амр нақши босазое доштанд ва нишонаҳои ошкоре аз эшон дар ин заминаҳо вуҷуд дорад” [2,24]. Барои ҳамин ҳам яке аз шарқшиносони машҳури рус И.Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “....дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб натанҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳм гузоштаанд”.
Дар китоби «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир фил-аср ал-’ Аббаси ал-аввал» омадааст, ки Ҷоҳиз мегӯяд,: Абдуллоҳ ибни Тоҳир номаеро чунин имзо карда аст: “Ман саъо раъа ва ман лазума ал-манома раъа-л-аҳлом”. Ӯ мегӯяд, ки Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин матлабро аз Анушервон гуфтааст. Анушервон мегӯяд: “Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад”. Омӯзаи Абунувос ҳамчунин будааст, ки бо тамсил ба сухани Кисро мегӯяд: “Мин фураси-л-лисси заҷҷати с-суқи” яъне: “Дӯзд бозори ошуфта мехоҳад” [2,25]. Саросари ин асар аз ҳикмату масалҳои тоҷикӣ-форсӣ иборат буда, тарзи асарпазирии аъроб аз ин панду андарзҳои гузаштагони моро бозгӯ месозад. Аз таҳқиқоти Исо Алӣ ал-Окуб бармеояд, ки дар асрҳои пешина нависандаҳои араб дар осори худ аз панду андарзҳои тоҷикӣ-форсӣ зиёд истифода кардаанд, вале сарчашмаи истифодакардаи худро дар асарҳояшон намеоварданд, вале дар ҷои дигар муҳаққиқ бархе аз ин мазоминро ҳамчун муштаракоти инсонӣ миёни халқҳои тоҷику форс ва аъроб эътироф менамояд.
Чуноне ки пештар қайд кардем, доктор Исо Алӣ ал-Окуб бештар ба ирфон дилбастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ирфон бо сиришти ман созгор аст ва гӯё ӯ барои ҳамин офарида шуда бошад. Ӯ ҳикоятҳои манзуме, ки аз ҷониби шоирону мутафаккирони тоҷику форс, аз қабили Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор, Саноӣ ва дигарон суруда шудаанд, ин гуна шеърро унсури асосӣ ва сифати мушаххаси шеъри тоҷикӣ-форсӣ медонад, ки маънавиётро бо ҳикоёт баён ва мунтақил мекунанд ва аз таъсиргузортарин шеваҳои тарбияти инсон мешуморад. Ба назари ӯ, Мавлоно ҳар фикрро бо достон баён мекунад, зеро мехоҳад ба мо биомӯзад. Дар забони арабӣ “сӯфӣ” аз “соф” гирифта шуда ва “сафо” ба маънии ихлос ва поксозии нафс аст. Мавлоно дар “Маснавӣ” достони “Чиниҳо ва румиҳо”-ро меоварад. Онҳо ба ҳунари наққошии хеш ифтихор мекарданд, то ин ки эшон назди яке аз мулук омаданд ва хостанд, ки ӯ маҳорати эшонро дар нигоргарӣ биёзмояд. Он подшоҳ ба ҳар як аз чиниҳо ва румиҳо хонае рӯ ба рӯи ҳам дод, то нигораҳои хешро ба ӯ нишон диҳанд. Бо рангомезии деворҳо зеботарин тасвирҳои хешро офариданд. Румиён бо худ гуфтанд, ки эшон аз мо маҳорати бештаре доранд ва мо ҳамсанги эшон нестем, бояд ки деворҳои хонаи худро ба некӣ сайқал диҳем. Ҳангоме, ки подшоҳ омад сахт маҷзуби нигораҳои чиниҳо шуд. Румиҳо парда аз хонаи хеш ва хонаи чиниҳо бар гирифтанд. Ҳуҷраи чиниҳо бар деворҳои сайқалии румиҳо бо зебоии ҳарчи тамомтар медурахшид....... [3,171-173] .......Ин маънии ирфонӣ як маънии муҷаррад аст, мегӯяд муҳаққиқи суриягӣ. Ҳангоме, ки Мавлоно онро дар ин қисса нақл мекунад, ин достон дар хотираи ҳамаи мо мемонад, чаро ки ҷанбаҳое аз зебоӣ ва ҷамолро дар бар дорад. Акнун агар арзи мо аз зебоӣ, зебоии адабӣ ё зебоӣ ба мафҳуми куллӣ он бошад метавонем бигӯем, ҳар он чи бо сиришти одамӣ созгор ва мувофиқ бошад, зебо аст. Ҳар адабиёте, ки имконоти таъсиргузориҳоро дошта бошад, он адабиёт зеботар аст, мегӯяд доктор Исо Алӣ ал-Окуб[6].
Нуктаи бисёр аҷибро дар ин мақола баён намудан айни муддаост, ки муҳаққиқи суриягӣ перомуни масоили инсонӣ ва афзалияти адабиёти Шарқ аз адабиёти Ғарб андешаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ман мехоҳам масъалаеро баррасӣ намоям, ки ин мавзӯъ ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ марбут мешавад, ки ман сахт шефтаи он ҳастам. Ман аз адабиёти ғарбӣ бо тарҷумаи ҳашт китоб аз забони англисӣ ба арабӣ таҷрибаи зиёде дорам. Аз ҷумла “Ал-Хаёл ар-рамзӣ” (“Достонҳои рамзӣ”), “ар-Румонсият-ул-аврубия биақломи аъломиҳо” (“Таълифоти ошиқонаҳои донишмандони аврупоӣ”), “ан-Назарийят-ул-адабия фи-л-қарн-ил-ишрин” (“Назарияҳои адабӣ дар қарни бистум”), “Луғату-ш-шуъаро” (“Забони шоирон”) ва “Қазойо ан-нақд” (“Нақди адабӣ”). Ман дар ин таҷрибаи хеш ба ин натиҷа расидам, ки ғарбиҳо суди чандоне барои мо надоштаанд. Он чи мо дорем, басе зеботар аст аз он ҳастанд, ки онҳо доранд. Ман дар оғоз тасаввур мекардам, ки вақте бо афкори ғарбиҳо ба чизҳои арзишманде даст меёбем, мағлуби Ғарб ва ғарбиҳо мешавем. Аммо ман масоили инсониро назди шарқиён ёфтам. Он чи дар ин заминаҳо дорем, хеле бештар аз он чизҳоест, ки ғарбиҳо доранд” [2,27].
Ӯ ҷои дигар мегӯяд: «Сухан дар ҷони мардумони Машриқзамин таъсири вижа дорад. Гоҳ сухане пардаҳои замон ва маконро дарменавардад, барои ҳамеша дар тору пуди ҷони онон танин андохта ва асари худро ҳамчунон бар рафторашон мегузорад. Он гоҳ ки битавон чунин вазъеро шомили дигар милали Шарқ донист, камтарин тардиде барои пажӯҳишгар намемонад, ки эрониёни бостонро дар ин бора, беҳтарин намунаи рӯҳи Шарқ бишуморад. Рӯҳе, ки ба суханони ҳикматомез ва пандҳову масалҳо бовар дорад»[9]. Вақте мушикофона ба гуфтаҳои ин пажӯҳишгар андеша намоед, дар ҳақиқат гуфтаҳои ӯ айни муддаост. Чун таълифоти мутафаккирон ва шоирону орифони моро дар кишварҳои Ғарб ба хубӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз бузургии маънии бикру таъсирбахшу инсондӯстонаи осори мутафаккирони мо шаҳодат медиҳад. Масалан, дар ҷаҳони Ғарб, китоби “Маснавии маънавӣ” аз серхаридортарин ва серхонандатарин асар шумурда шудааст, ки ин далели гуфтаҳои доктор Исо Алӣ ал-Окуб шуда метавонад.
Дар китоби “Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ” омадааст, ки “метавонем бигӯем, нахустин ҳакиме, ки Шарқ ӯро мешинохт, Зардушт аст, ки ба ҷону тан ва ба дасту забон эронӣ аст. Китобаш “Авесто” мояи ифтихори натанҳо эрониён, балки ҳамаи милали Шарқ аст. Ӯ тавонист тайи муддати начандон кӯтоҳ миллати пароканда ва нерӯи аз каф додаро перомуни худ гирд оварад ва ба сӯи зиндагии пурқудрат ва ҳукумат роҳ ниҳад”. Ва инчунин омадааст, ки “Ардашери Бобакон ба тезбинии худ дарёфт, ки баъд аз таъсири вайронгари ҷангҳо ва душманиҳо барои сомон ёфтан аз ҳамгусехтагии миллат ва тармими парокандагиҳои мардум бозгашт ба “Оини Зардушт” зарурӣ аст” ва мисоли ҷолиби дигар низ чунин омадааст, ки: “Бисёр шигифтовар аст, ки халифа Умар ибни Хаттоб дар бораи зардуштиён гуфтааст: “Бо онон ҳамчунон рафтор кунед, ки бо аҳли китоб” ва аз он шигифтангезтар ин ки пайравони Зардушт корвони тамаддуни исломиро дар даврони Аббосиён ҳамроҳӣ карданд. Коре, ки танҳо аз уҳдаи афроштақоматони сарафроз сохта буд”[4,32].
Хулоса... Омӯзиши адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби як пажӯҳишгари араб идома хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки шоирону мутафаккирони мо аз адабиёти араб бисёр таъсир пазируфтаанд ва ин асарпазирӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ба андозае таҳқиқу баррасӣ гардидаанд. Вале як масъалаи муҳимме, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ин таҳқиқу омӯзиши осори шоирону мутафаккирони тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони араб мебошад. Умедворем, ки арабшиносон ва шарқшиносон ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва шинохти нобиғагону мутафаккирони халқамонро, ки муҳақиқони араб пажӯҳиш намудаанд ва таъсири каломи бадеъи тоҷикиро дар забону адабиёташон дарёфтаанд мавриди омӯзишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд.
Зиёев Субҳиддин Насриевич, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи Шарқи
Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
Ганҷӣ, Наргис. Ишроқӣ, Фотима. Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб. Нашрияи илмӣ-пажӯҳишии пажӯҳишҳои адаби ирфонӣ.-Соли ҳафтум.-шумораи 2.-Паёпай 25.-Пойиз ва зимистон, 1392. 2013-С..159-186.
Гуфтугӯ бо доктор Исо ал-Окуб. Китоби моҳи адабиёт ва фалсафа / Шаҳривари 1382. 2003 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ. С.20-27.
Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Теҳрон: Амири Кабир.-Дафтари аввал.-С.-171-173.
Ал-Окуб, Исо Алӣ. Таъсири панди порсӣ бар адаби араб: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ. – Тарҷумаи Абдуллоҳ Шарифии Хуҷаста. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1995. – 353 с.
Соҳиб ул-Ҷавоҳир, Абдулазиз. Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ.- Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1958.- С.148.
http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Марворидҳои форсӣ дар дарёи забони арабӣ. Иттилои расонаӣ ва китобдорӣ: Китоби Моҳи адабиёт ва фалсафа: шаҳривари 1382. 2003-шумораи 71 аз 20 то 27.
http://www.tariqa.org/rp/eva_de_vitray.php (Дар ҳама таҳқиқотҳо варианти англисии ному насаби бонуи рустабори фаронсавӣ Eva de Vitray-Meyerovitch омадааст)
https://fa.wikipedia.org/wiki/ Тарҷумаи ашъори Мавлоно 06.03.2021
https://fa.wikiquote.org/wiki/عیسی_علی_العاکوب
www.neelwafurat.com.-С.18.
Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон, ҳамчун бузургтарин падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз замони пайдоиши ҷомеаи башарӣ то имрӯз муҳимтарин василаи алоқа, муошират ва ифодаи андешаи инсонӣ ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи гуфтор, балки рамзи ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Тавре ки донишмандони забоншиносӣ таъкид кардаанд, зуҳури ҷомеа ва забон ҳамзамон ва ҳамқадам сурат гирифтааст, зеро бе меҳнат ва муоширати дастаҷамъона рушди ҷомеаи инсонӣ ғайримумкин буд. Забон дар айни замон на танҳо воситаи иртибот, балки оинаи фарҳанг ва таҷассуми рӯҳи миллат аст.
Ҳар як забон, ки аз сӯи миллате парвариш меёбад, аз ҳастӣ, таърих ва фарҳанги он миллат дарак медиҳад. Забон воситаи аслии нигоҳдории арзишҳои маънавӣ, адабӣ ва илмӣ буда, бидуни он на ҳифзи мероси гузашта имконпазир асту на таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳастии ҳар як миллат аз қудрат ва пойдории забони модарии он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки бузургон ва шоирони порсизабон ҳамеша забонро чун муқаддастарин ганҷи маънавӣ васф намудаанд.
Забони тоҷикӣ, ки қисми ҷудонопазири оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва бахусус шохаи эрониаш ба шумор меравад, таърихи хеле тӯлонӣ ва пурбор дорад. Ин забон се марҳалаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст:
Форсии қадим – забони катибаҳо ва матнҳои ахеменӣ;
Форсии миёна – забони давлати Сосониён;
Форсии нав (тоҷикӣ–дарӣ–форсӣ) – забоне, ки аз асрҳои VIII–IX оғоз ёфта, то имрӯз дар шакли зинда ва рушдёбанда боқӣ мондааст.
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки тоҷикон бо ҳамин забони шево ва пурғановат гуфтугӯ мекунанд ва фарҳангу тамаддуни худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Асарҳои устодони сухан – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил ва садҳо дигар бузургони илму адаб маҳз ба ҳамин забон эҷод гардида, ҷаҳониёнро мафтун сохтаанд. Забони тоҷикӣ, тавре донишмандон таъкид мекунанд, яке аз пурғановатарин забонҳои олам буда, дорои захираи бузурги луғавӣ, сабку услубҳои гуногун ва имкониятҳои фарохи ифода мебошад.
Бо вуҷуди фишору маҳдудиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърих, забони тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ завол наёфт. Баръакс, маҳз тавассути ҳамин забон тоҷикон тавонистанд ҳастии худро нигоҳ доранд ва мероси фарҳангии худро ҳифз намоянд. Чунончи, шоири тавоно Бозор Собир таъкид мекунад:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан…
Ин байтҳо шаҳодат медиҳанд, ки забон на танҳо василаи гуфтор, балки мояи нангу номус ва рамзи истиқлолияти маънавии миллат аст.
Дар замони Тоҳириёну Саффориён ва махсусан давраи Сомониён забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ба забони илм, адаб ва идора табдил ёфт. Аз ҳамон давра асарҳои бузурги илмӣ ва адабӣ ба ҳамин забон навишта шуданд. Баъдан дар замони муосир ва махсусан пас аз эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (1991), давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ оғоз гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» (1989) ва санадҳои минбаъда мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ ва зарурати татбиқи васеи онро дар ҷомеа тасдиқ намуданд.
Нақши устод Садриддин Айнӣ дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ махсус зикр бояд гардад. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда», на танҳо ба забони адабӣ мазмуну муҳтаво ва фасоҳати тоза бахшиданд, балки онро ба забони гуфтугӯии мардум наздиктар карданд. Минбаъд шоирону нависандагони бузурги муосир – Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва дигарон ин парчами муқаддасро баланд нигоҳ доштанд.
Муъмин Қаноат бо ифтихор гуфтааст:
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модариро гиромӣ дорад ва ба наслҳои оянда омӯзонад. Татбиқи пурраи Қонуни забон масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба миллат аст. Беғалат навиштан, риояи қоидаҳои имло ва меъёрҳои услубӣ на танҳо талаботи қонун, балки мояи ҳифзи ҳувият ва шарафи миллӣ мебошад.
Ҳафзи забон дар айни замон имконият медиҳад, ки инсон дигар забонҳоро низ бо осонӣ биомӯзад. Ҳамчунон ки ҳикмати халқӣ мегӯяд:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Забон падидаест, ки миллатро бо таърих ва фарҳанги худ мепайвандад. Маҳз забон миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад ва заминаи рушду пешрафтро фароҳам месозад. Барои тоҷикон, ки соҳиби яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои дунё ҳастанд, ҳифзу рушди он вазифаи муқаддас аст. Забон ганҷинаест, ки бояд онро бо меҳру садоқат ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузошт.
Эҳёи забон – пурарзиштарин мероси мост, ки масъулияти таърихии ҳар як тоҷик мебошад.
Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – и.в. мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тоҷикистон кишвари кӯҳист, аммо ба сифати ҳавои он биёбонҳои хушки Осиёи Марказӣ мунтазам таъсир мерасонад. Тӯфонҳои чангӣ (дар байни мардум бо мафҳумҳои "чанги афғон" ё «хокбориш» маъруфанд) бо худ миқдори зиёди чанги маъданиро меоварад, ки боиси афзоиши кӯтоҳмуддат ва мавсимии консентратсияи заррачаҳои аэрозолӣ (PM10 ва PM2.5), кам шудани биниш ва бад шудани вазъи саломатии одамони гирифтори бемориҳои узвҳои нафас ва дилу рагҳо мегардад.
Ҳангоми тӯфонҳои чангу ғубор сатҳи PM₁₀ ва PM₂․₅ якбора боло меравад, тавозуни радиатсионӣ тағйир меёбад (кам шудани радиатсияи мустақим) ва масофаи биниш кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, консентратсияи миёнаи солонаи PM₂․₅ дар Тоҷикистон ба ~36 мкг/м3 мерасад (аз меъёри муқарраркардаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) 25 мкг/м3 ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 5 мкг/м3 зиёд аст). Тибқи таҳлилҳо муайян гардид, ки тақрибан 70% рӯзҳои сол сатҳи PM₁₀ аз тавсияҳои ТУТ зиёдтар аст ва қиммати миёнаи солона тақрибан 80 ± 55 мкг/м³ мебошад. Ғубори маъданӣ танҳо «қум» нест, он дорои спектри васеи зарраҳо аз калон (даҳҳо микрона) то майда (то 1 микрон) мебошад, ки ба роҳи нафас амиқ дохил мешаванд. Тадқиқотҳо дар саросари ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои пур аз чанг фавт ва бистаришавӣ дар беморхонаҳо зиёд мешавад, хатари бемориҳои дилу рагҳо ва узвҳои нафаскашӣ то чанд фоиз меафзояд.
Барои Тоҷикистон тӯфонҳои чангӣ чунин зарарҳо эҷод мекунанд: бад шудани саломатии аҳолӣ аз ҳавои ифлос, коҳиши ёфтани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо аз ҳисоби рӯйпӯш шудани онҳо карбони сиёҳ.
Консентратсияи заррачаҳои андозаашон 2.5 микрон (PM₂․₅) ва 10 микрон (PM₁₀ ) дар шаҳри Душанбе аз нуқтаҳои гуногун чен карда мешаванд: лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (натанҳо дар Душанбе, балки дигар минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад), сафоратхонаи Амрико.
Сарчашмаҳои асосии тӯфонҳои чангӣ минтақаҳои биёбонӣ ва хушки дар ғарб ва шимолу ғарбии кишвар ҷойгиршуда мебошанд: биёбони Қароқум ва Қизилқум, чуқурии баҳри хушкшудаистодаи Арал мебошанд. Мушоҳидаҳои пайваста нишон медиҳанд,ки бартарии тӯфонҳои чангӣ дар тобистон ва саҳми бештари аэрозолҳои саноатии маҳаллӣ дар зимистон қайд карда мешаванд.
Тағйирёбии иқлим, кам шуда истодани заминҳои обёришаванда, зиёд шудани масоҳати биёбонҳо, баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво ба зиёд шудани эпизодҳои тӯфонҳои чангӣ ва давомнокии онҳо оварда расонидааст. Агар дар охири асри гузашта ва аввали асри ҳозира шумораи эпизодҳои чангӣ то 10 эпизодро ташкил медоду давомнокии он 2ғё 3 рӯзро дар бар мегирифт, ҳоло бошад шумораи эпизодҳо зиёда аз 30 ба қайд гирифта шуда, давомнокии он 5ғ6 рузро ташкил медиҳад.
Баъзе тӯфонҳо хеле шадиданд: масалан, ҳодисаи 3–4 ноябри соли 2021 ҷануби Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро гирифт. Дар шаҳрҳои Ӯзбекистон PM₁₀ ба даҳҳо ҳазор мкг/м³ расид ва биноиш то садҳо метр паст шуд. Дар Тоҷикистон қиммати максималии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии зарраҳои PM2.5 (1210,62 мкг/м3) 23 сентябри соли 2019 ба қайд гирифта шудааст.
Истифодабарии таҷҳизоти LIDAR Polly XT барои муайян кардани профили амудии аэрозолҳо дар Тоҷикистон бори аввал 17 марти соли 2015 оғоз шуд. Ин тадқиқотҳо дар доираи лоиҳаи муштараки Олмону Тоҷикистон, эксперименти чангии Осиёи Марказӣ (CADEX) дар Душанбе гузаронида шуда, то моҳи августи соли 2016 идома ёфтанд. Нусхаи коркардкардашудаи системаи лидари қутбноккунандаи бисёрмавҷаи PollyXT, ки аз ҷониби Институти Тадқиқоти Тропосферии Лейбниц (TROPOS) таҳия шудааст, барои омӯзиши профили амудии аэрозолҳо, коэффисиенти баръакс-парокандашавӣ ва коэфисиенти деполяризатсияи зарраҳо дар доираи лоиҳаи CADEX истифода шуд. Ин лоиҳаи 18-моҳа маълумоти бесобиқаи амудӣ коркардшудаи аэрозолиро барои Осиёи Марказӣ, минтақае, ки аз тағирёбии иқлим ниҳоят осебпазир аст, аммо чунин ченкуниҳоро надошт, пешниҳод кард. Система профилҳои амудии коэффисиенти баръакспарокандашавӣ, коэффисиенти хомӯшшавӣ ва таносуби деполяризатсияи зарраҳоро чен кард.
Ҳангоми баромадҳои худ дар радио ва телевизион кормандони лабораторияи атмосфера аҳолиро огоҳ менамоянд, ки дар рӯзҳои чангу ғубор худашонро муҳофизат намоянд, пешакӣ баамаломадани тӯфонҳо тавассути саҳифаҳои расмии хабаргузорӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ карда мешавад, вале амалӣ шуданӣ он дар байни ҷомеа кам ба назар мерасад. Дар рӯзҳои чангӣ аҳолӣ бояд аз ниқобҳои баландсифати қобилияти гузаронандагиашон паст истифода кунанд. Қишри осебпазири аҳолӣ ба монанди кӯдакону пиронсолон ва ашхосе, ки дар ин рӯзҳо бемориашон хурӯҷ мекунанд аз сайру гашт ва гаштугузор дар кӯча худдорӣ намоянд. Дару тирезаҳои хонаҳояшонро пӯшида нигоҳ доранд ва аз тозакунанакҳои ҳаво истифода баранд.
Тӯфонҳои чангӣ воқеияти такроршаванда барои Тоҷикистон мебошанд, ки аз тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон вобастаанд.
Тақвият додани мониторинг, дастгирӣ ва сарпарастии лоиҳаои ба ин самт равонашуда, огоҳкунии пешакӣ ва чораҳои санитарӣ метавонад хавфҳоро барои саломатӣ ва иқтисод кам кунад.
Абдуллозода Сабур Фузайл, д.и.ф-м.; Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна, доктор PhD - кормандони лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ.
“Он рӯз дур нест ки рафтагон бармегарданд. Мисли пештара хона обод мекунем, тӯю маърака месозем. Душман шикаст хӯрда аст. Бо пойи худ омада таслим мешавад. Мо ғалаба мекунем”.
Китоб дӯсти беминнати кас, ҳамрози лаҳзаҳои танҳоӣ ва руҳбахши замони хастагиву афсурдагист. Миёни асарҳое ки мутолиа намудаам беҳтарин асаре ки дарду алами ҳар як қаҳрамони онро дар мағзу устухони ҷони худ ҳис намуда, баробари ғами онҳо ғусса хурда, дар хурсандияшон шодӣ намудам ин романи “Занони сабзбаҳор” ба шумор меравад.
Тавре дар мундариҷаи асар дарҷ гардидааст сохторе ки дар ин асар тасвир ёфтааст дигар гаштааст, вале ҳамоно ишқ, садоқат, меҳр, вафо, нанг ва ор, шаън ва шараф, виҷдон ва имон, ҷоннисорӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан, занони нотарсу диловар ки мавзуҳои асосии асарро ташкил медиҳанд ҳамоно рӯзмарра боқӣ мондаанд.
“Занони сабзбҳор”-рӯзгори занони деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг баён намудааст. Ҷанги хонумонсӯз тамоми мардони сабзбаҳорира ба майдони набард бурд, корҳои хоҷагидориву заминдорӣ, амлокдорӣ, молу говдорӣ, хуллас тамоми пастиву баландии зиндагӣ ба уҳдаи занону кӯдакон ва муйсафедон монда буд. Ҷанг — имтиҳони шадиди сабр ва тамкин деҳаро ба як хонадон, сокинонашро ба узви як хонавода табдил дода буд.
Романи “Занони Сабзбаҳор” аз тавлиди тифле дар Сабзбаҳор, бо номи Алам, тифле ки чанд муддат пеш хати сиёҳи падараш аз ҷанг омада буд ва модараш низ ҳангоми тавлидаш вафот мекунад, оғоз меёбад. Соли дуюми ҷанги хонумонсӯз буд, ҷанг ҳамоно идома дошт, зиндагӣ барои зиндагон идома меёфт. Нигоҳубин ва парастории тифли аз падару модар маҳрум ва модари аз пойи равонмонда ба уҳдаи Нишонаи безабон монданд. Нишонаи лолу нотавоне, ки наҳси ҷанги хонумонсӯз, бесарумомониҳо ва ноадолатиҳои давр ҳаёт, орзу, номус, ғурури ӯро ба коми ноҷавонмардони давр ва билохира худи ӯро ба суйи “Қабри Шайтон” бурд. Нишонаи пок ва бегуноҳро беимонӣ, нопокӣ, нафс, ҳирс ва ҷаҳолати ҳамзамононаш ба ҳалокат расонд.
Ҳамарӯза аз маркази ҷанг хати сиёҳи ҷавонмардону шоҳписарон омада, рӯзгори бе ин ҳам пурсӯзи онҳоро тираву тор мегардонд. Модарон дар сӯзи ҷигарбандон, гуларӯсон дар фироқи шаҳон, фарзандон дар интизори падарон рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.
«Наҳси ҷанг танҳо дар ҷаҳл ва куштораш нест. Ҷанг кушторҳои даҳшатноке дорад бехун, — меандешид марди корзордида Ҳасан Ризо. — Занҳо сарҳуй шудаанд, навозиш ва муҳаббат мехоҳанд, гулҳо ташнаи обанд. Ҳайфи занҳо!». Ҳасан Ризо яке аз қаҳрамонҳои асосии романи “Занони сабзбаҳор” он гоҳ бо асобағал ба деҳа баргашт ки ду писараш арӯсонашонро дар паноҳи сабр ва тоқати модари нолонашон гузошта, ба фронт рафта буданд. Хонаи Ҳасан Ризо мисли ҳама хонаҳо умедпаноҳ буд. Аз равзанаш риштаи нури ноаёне партав афканда, дилҳоро бақувват медошт. Аммо таноби умри мардак фарсуда буд.
Зебо зани собиқ раиси хоҷагии "Комуна", ки нисбати дигарон хату савод ва маҳорати идоракунӣ дошт баъди ба ҷанг гусел намудани шавҳараш вазифаи раисии хоҷагии "Комуна"-ро бо қарори якдилонаи занон ба ӯҳда гирифт, дар ҳамаи корҳо аз Ҳасан Ризо ҳамчун шахси корозмудаву рӯзгордида маслиҳат мепурсид. Зебо рӯзорӯз вазнинии бори хоҷагиро ҳис мекард. Ба қавли худаш аз ҷон безор шуда буд, аммо назди раиси захмин зинҳор аз касе ва чизе норозӣ буданашро зоҳир намекард. Бо сардори хоҷагӣ маслиҳат ва машварат мекард, аммо зинҳор наздаш арз ва шикоятро раво намедид.
Зебо рамзи занонест, содиқу вафодор ва нотарсу шуҷоу далер, зане ки новобаста ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ устуворона ба хотири ояндаи нек мезист. Ҳатто баъди аз дасти додани шавҳари аз ҷанг захмӣ баргаштааш тамкину ҷасораташ побарҷо буд, ба хотири духтараш Лола ва фарзанди дар батнаш буда, ба хотири ояндаи орому осуда зист. Мардонавор дар рӯзҳои вазнини ҷанги пурдаҳшат баҳри ҳамдеҳагонаш, баҳри зиндагӣ талош кард. Дар ин баробар пайваста кӯшиш менамуд, ки беҳтарин ҳадяҳоро ба фронт, ба азизони аз чашм дуру ба дил наздикашон фиристанд.
Хулоса, бо мутолиа намудани романи “Занони сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бори дигар хонанда дарк менамояд, ки занон дар ҳама давру замон аз қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аз уҳдаи ҳама мушкилоти зиндагӣ баромада метавонанд.
Мехостам андешаи худро бо ибрози суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инъикосгари рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Занони сабзбаҳор” аст, анҷом бахшам: “Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.”
Шаҳноза НУСРАТОВА, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Нақши забони модарӣ, аз ҷумла забонҳои қадима дар ташаккули ҳар як миллату халқият хеле мавқеи назаррасро дошта, дар ошкор намудани асрорҳои ниёгон муҳим арзёбӣ мегардад. Агар мо забони ниёгонамонро намедонистем, пас аз он хабардор намешудем, ки «аҳдномаи никоҳ», ки имрӯз қариб яке аз шартҳои асосии бастани никоҳ ба ҳисоб меравад дастоварди халқи тоҷик мебошад. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз катибаҳои кӯҳи Муғ (мансуб ба давлати Суғд, асри VIII қабл аз милод) дарёфт кардаанд.[1]
Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ҳуқуқҳои молу мулкии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва ҳангоми бекор шудани никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Агар ба таърихи анъанаҳои миллии оиладоршавии тоҷикон назар афканем, гуфта мешавад дар тафсир мебинем, ки яке аз шаклҳои аҳдномаи никоҳ дар давраҳои пеш мавҷуд буд, ҳарчанд он ба тариқи қонунӣ пешбини нашудааст, яъне духтар пеш аз ба хонаи шавҳараш омадан молу мулки бо худ овардаашро дар иштироки шоҳидон ба рӯйихат мегирифт ва ин анъана оҳиста-оҳиста аз байн рафт. Ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулкии ҳамсарон дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор шудани он эътирофи аҳдномаи никоҳ мебошад, ки дар таҷрибаи давлатдории мамлакатҳои ғарб низ таърихи дерина дошта, имрӯзҳо низ мавриди истифодаи васеъ қapop гирифтааст. Таҷрибаи чанд соли охири давлатҳои хориҷ шаҳодат медаҳанд, ки на танҳо ашхоси сарватманд, балки табақаҳои васеи одамони миёнаҳол низ аз аҳдномаи никоҳ истифода мебаранд. Мақсади асоси аз он иборат аст, ки оила пойдор бошад ва манфиатҳои молу мулкии ҳамсарон аз талафот эмин бимонад.[2]
Дар даврони истиқлол баҳсҳои зиёде байни забоншиносон, мутахасисони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, ки баъзе аз истилоҳҳо мафҳумҳо, вожаҳо ва ғайраҳо решаи арабӣ ё туркӣ дошта бошанд. Ингуна хулосабарориҳо то кадои дараҷа асоси воқеӣ дошта бошанд, ба мо маълум нест. Аммо ҳамонро гуфтаниам, ки ин масъала то кадом дараҷа асоснок аст ва оё он аз ҷониби забоншиносон, таърихшиосон, муҳақиқони соҳаи фалсафа ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст ё не. Ё истилоҳҳое, ки мо решаи арабию туркӣ дорад мегӯем, мумкин онҳо дар воқеъ решаи тоҷикӣ дошта бошанду аз ҷониби онҳо ҳангоми замонҳои забти ин халқу милаттҳо қаламрави таърихии давлатдории тоҷикион аз худ карда шудаанд. Ин масъала аз ҷониби мутахасисон омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад. Чунки истифодаи чунин истилоҳҳо дар эҷоди қонунҳо ва дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ барои ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ мусоидат намекунанд.
Умуман нақши забони қонун бошад, дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ хеле калон мебошад. Мутаассифона, ба ин масъала чӣ дар ҷараёни қонунэҷодкунӣ ва чӣ ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ кам аҳаммият дода мешавад. Аз ин ҷост, ки дар амалияи таҳияи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад. Масалан, мафҳуми «хешовандон» дар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо маъноҳои гуногун омадаанд. Мафҳуми хешовандон дар моддаи 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар» муайян карда шудааст, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бошад, «хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд» муайян шудааст. Оё аз ин ду мафҳум мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда кадомашро бояд истифода намояд.
Аз ин рӯ, то имрӯз дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми аъзои оила вуҷуд надорад, ки ин аз як ҷиҳат ба андешаи мо дуруст мебошад. Агар мо мафҳуми хешовандонро муаяйян кардани шавем, бояд ба муқарраротҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти моддаи 226 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон «таҳти мафҳуми хешовандони наздик падару модар, ҳамсар, фарзандон, бародару хоҳар, бобою бибӣ ва набераҳо фаҳмида мешавад». Бинед, дар се санади меъёрии ҳуқуқӣ, се тарзи муайяннамоии як мафҳум ҷой дорад, ки ба андешаи мо ин ба сатҳи сифат ва самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.
Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»[3] мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд.
Илова бар ин, дар эзоҳи баъзе аз муқарраротҳои қонунгузорӣ ҷумлаҳое сохта шудаанд, ки онҳо татбиқи онро мушкил ва фаҳмиши чунин муқарраротҳоро духӯра мегардонад. Мутобиқи қисми 2 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқиро танзим мекунад омадааст, ки: «Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд». Аммо ин талабот на ҳамеша риоя мешавад. Аз ҷумла, эзоҳ ба моддаи 195. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш” омадааст, ки: «Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.». Ба андешаи мо қисми дуюми ин ҷумла зиёдати оварда шудааст ва ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ духӯрагиро ба вуҷуд меорад.
Мақсади қонунгузор дар ин эзоҳ аз пешгирӣ намудани содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мебошад, аммо нодуруст таҳия кардани эзоҳ аз нигоҳи забонӣ орно баҳснок мегардонад. Яъне, ҳуқуқтатбиқкунанда дар андеша мешавад, ки агар дар кирдори шахс таркиби дигар ҷиноят бошад, ӯро аз ин таркиби ҷиноят озод намояд ё не. Ҳол он ки мутобиқи мазмуни аслии ин эзоҳ шахс аз ҷинояти дар моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёрона предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо супорад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад. Чунин норавшаниҳо бошад, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ҷой дорад.
Ё истифодаи истинод ба қонунгузорӣ. Дар қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, омадааст, ки:
“1. Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.
2. Ҳангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рақам ва санаи қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ғайр аз санадҳои қонунгузорӣ);
- рақами бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
- манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибӣ ва ё ба масъалаи мазкур дахл доранд, дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати мавҷуд набудани манбаи нашри расмӣ, санаи қабул ва рақами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Ҳангоми бори аввал истинод кардан дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади қабул ё тасдиқшуда (қисми таркибии он) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади қабул ё тасдиқшуда);
- намуд ва номи санади қабул ё тасдиқшуда;
- намуд, санаи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо он ин санад қабул ё тасдиқ карда шудааст”.
Аммо ин қоида ҳангоми эҷоди қисми 3 моддаи 233 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон[4], ки «Тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад» ном дорад риоя нашудааст. Баъд аз қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022, ки аз 1-уми июли соли 2023 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, муайян карда шудааст, ки тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад. Ҳол он ки ин масъала дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] бо дигар тартиб ҳал карда мешавад.
Мутобиқи қисми 3 ва 4 моддаи 92-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯйи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйихати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар асоси муқаррароти қисми 2 моддаи 84 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, дар ин масъала муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар қабул шудааст, амал мекунад.
Аслан забони қонун забони расмии коргузорӣ мебошад. Бинобар ин, нақши қонун дар инкишофи забон калон аст. Беҳуда давлатҳои собиқ иттифоқӣ аз пайи қабули қонун дар бора забон нашудаанд[6]. Аз 141 кишваре, ки ҳуқуқшиносон масъалаи забониро дар онҳо таҳқиқ кардаанд, дар 110 кишвар қонунҳои мушаххас дар бораи истифодаи забон қабул шудаанд[7]. Дар партави қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон[8] аз 22 июли соли 1989 ва баъдтар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 таҳти №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9] дар забони тоҷикӣ низ таҳаввулоти сифатию микдорӣ ба вуҷуд омаданд; дар забони имрӯзаи тоҷикӣ даҳҳо истилоҳот, вожаҳои сохта ва мураккаби нави ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, захираи луғавии забонро ғанӣ гардонидаанд. Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз ҳуқуқшиносон (мисли шоирону нависандагон дар замони пеш) дар истилоҳофарӣ пешсаф буда, дар мукаммалгардии забони ҳозираи адабии тоҷикӣ нақши бориз доранд. Шубҳае нест, ки асоси забони меъёри тоҷикиро забони қонун ташкил хоҳад дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» қайд намуда буданд, ки «Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забои мебошад».
Дар баробари комёбиҳои назаррас, чи тавре ки дар боло ишора намудем, дар ин ҷода камбудиву мушкилоти зиёд низ ҷой доранд. Бояд қайд намуд, ки забони қонун масъалаи сирф ҳуқуқӣ набуда, он бояд дар ҳамбастагӣ бо фалсафа, забоншиносӣ ва равоншиносӣ таҳқиқ карда шавад. Вале ин соҳаҳо масъалаи мазкурро аз ҷанба ва паҳлуҳои гуногун меомӯзанд. Забоншиносӣ муносибати байни унсурҳои дохили низоми забонро меомӯзад. «Муносибати сирф забоншиносӣ (яъне мавзуи забоншиносӣ) - ин муносибати байни аломат бо аломат ва аломатҳо дар ҳудуди низоми забои ё матн мебошад»[10], ки дар ин бора дар боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низ ишора шудааст.
Забон ҳамчун воситаи моддигардонӣ ва амалисозии танзими ҳуқуқӣ баромад мекунад. Бидуни забон танзими ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Иродаи давлатӣ барои он, ки ба ҳуқуқ табдил ёбад, бояд дар қонун ҷой дода шавад. Аз ин рӯ, онро бояд дар забони ҳуқуқӣ ифода кард. Чуноне олими намоёни рус Тагансев Н.С. қайд кардааст: «Ақидае, ки қонунгузор пешниҳод кардааст, вале дар матни қонун дарҷ наёфтааст, қонунро ташкил намедиҳад: чизе ки ифода наёфтааст, онро ошкор кардан низ мумкин нест»[11].
Кумитаи истилоҳот бо мақсади риояи хусусиятҳои забони тоҷикӣ як қатор пешниҳодҳои судманд карда буд:
-расписка в получении - хатти гирифт;
-папка с отчетами по труду - ҷузвдони ҳисоботи кор;
-закон о налоге на прибыль - қонуни андози фоида;
-свидетельство о праве государства на наследство - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии давлат;
-свидетельство о праве на наследство по завещанию - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии мувофиқи васиятнома;
-свидетельство о праве на наследство по закону - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии қонунӣ.
Ё худ пешниҳод шуда буд, ки «право на образование» «ҳаққи таҳсил» ва «право на труд» «ҳаққи кор» гуфта шавад (дар модцаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «право на жизнь» «ҳаққи зиндагӣ» омада буд, ки баъдтар ин истилоҳи «ҳақ» ба истилоҳи «ҳуқуқ» иваз карда шуд).
То кадом андоза мувофиқ будани тарҷумаро забоншиносон муайян карда наметавонанд. Аз ин рӯ, «ҳуқуқдонҳо бояд бигӯянд, ки номи тоҷикии ин ҳуҷҷатҳо, ки мо пешниҳод кардаем, то чи андоза мафҳумро ифода мекунад ва ба ақидаи онҳо қобили қабул аст ё не»[12].
Дар ҳақиқат, бидуни маслиҳат ва ҳамкорӣ фаъолияти забондонҳо яктарафа шуда, ба ғалат роҳ доданашон мумкин аст. Масалан, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ мавҷуданд, ки эътибори ҳуқуқиашон аз қонунҳои оддӣ болотар аст. Мафҳуми расмии он дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст: «Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзӯи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст».
Юсуфи Акбарзода менависад, ки агар ба ҷои «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад» (моддаи 74 Конститутсия), «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонун муайян мекунад» гӯем, хатое содир нахоҳад шуд ва ё осмон ба замин нахоҳад часпид[13]. Эроди муаллифро дар масъалаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи «қонуни конститутсионӣ» аз забони русӣ мо қабул дорем, дар ҳақиқат, ибораи мазкур дурушт тарҷума шудааст, вале қонуни конститутсиониро бо қонун ҳаммаъно шуморидан нодуруст аст. Ё худ Сайфиддин Назарзода се сатҳи қонунгузориро ҷудо кардааст: сатҳи конститутсионӣ; сатҳи қонунгузорӣ; сатҳи санадҳои меъёриву ҳукуқӣ[14]. Ҳол он ки санади меъёрии ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шахрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.
Барои ҳуқуқшиносон забони қонун восита ва тарзи ифодаи қоидаи рафтор мебошад. Вале ҳуқуқшиносе, ки забони қонунро бе такя ба маълумотҳои забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ғалат мекунад. Бинобар ин, ҳуқуқшиносон бояд бо қоидаҳои сарфу наҳви забон огоҳ бошанд. Қоидаҳои мазкур бо ҳуқуқ дар печидагӣ қарор доранд. Забондонҳо низ бояд ба махсусияти матни қонун диққат диҳанд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ дуруст қайд мекунанд, ки мутахассис ҳангоми омӯзиши забони ҳуқуқ бояд худи ҳуқуқро, ҳангоми омӯзиши ҳуқуқ бошад, забони қонунро бояд омӯзад.[15] Чунки ҳам забон ва ҳам ҳуқуқ функсияи танзимиро иҷро мекунанд.
Матни қонун бояд ба зеҳнияти миллату халқи дахлдор созгор бошад. Дар акси ҳол ифодаи он баҳсҳо ва дарку иҷрои он мушкилиро ба миён меорад. Тафриқасозӣ ва дар алоҳидагӣ таҳлилшавии масъалаи мазкур сабаби асосии омӯзиши нокифояи забони қонун аст.
Нақши забони қонун дар татбиқи дуруст, якхела ва самараноки меъёрҳои он калон аст. Аз ин рӯ, забони қонунгузорӣ бояд суфта, мукаммал, оммафаҳм ва то ҳадди имкон муҷаз бошад. Азбаски дар Ҷумхурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад, таҳияи матни тоҷикии санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба ин талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ бошад. Сабаб дар он аст, ки забони расмии қонун забони татбиқи он низ мебошад. Ноқисӣ дар забони расмӣ боиси душвориҳо ҳангоми татбиқи меъёри ҳукуқӣ мегардад, ки ин падидаи номатлуб аст. Забони тарҷума низ аҳаммияти муҳим дорад. Дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни забони расмӣ ва забони тарҷума (забони русӣ) номувофиқатӣ ва ихтилофоти зиёд ба чашм мерасад. Аҷиб он аст, ки матни русии қонун бештар вақт дуруст, фаҳмо ва бо дигар санадҳо мувофиқ аст.
Чуноне қайд шуд, забони қонун ба услуби расмии коргузорӣ дохил аст. Ин услуб дорои хусусиятҳои ба худ хос аст: дар ифода фишурда ва муҷаз аст; дорои захираи хосаи луғавӣ мебошад, дар он истилоҳот ва ҷумлаҳои мураккаб васеъ истифода мегарданд. Дар ҳар сурат риояи қоидаҳои муқаррарӣ ҳатмист. Меъёри қонун бояд тарзе ифода ёбад, ки фаҳмиши духӯраро истисно намояд. Ин масъала махсусан дар дар соҳаҳое, ки чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ мекунанд, муҳим аст. Боиси дастгирист, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 111 («Қоидахои тафсири қонуни ҷиноятӣ») илова шуда, қоидаи зайл муқаррар гардидааст:[16]
1) Агар меъёри ҳукуқи ҷиноятӣ духӯра ифода ёфта башад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.
2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунуҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамии Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад.
Дар забони қонун муҳим аст, ки «ҳар калимаву ибора, таркибу истилоҳ, ҳар ҳарфу ҳиҷо, аломатҳои китобат бояд дар мақому мартаба ва маснади хеш чунон нишаству ҷойгузин шавад, ки аз он ҳарферо тағйир додан, дигар кардан, берун овардан ва фурӯ гузоштан гайриимкон бошад.»[17].
Дар забони қонун «истифодаи воситаҳои забонӣ бояд ниҳоят сарфакорона бошанд. Меъёрҳои ҳуқуқии дар қонун ифодаёфта дар доираи шумораи ками калима, ибора ва ҷумла ифода карда шаванд.
Мазмуни қонунро бо ибораи дароз ифода намудан нашояд, зеро бисёр вақт дар байни онҳо алоқаҳои мантиқӣ канда мешаванд. Бисёркалимагӣ, калимаҳои зиёдатӣ ва такрор қонунро душворфаҳм намуда, аз муайян намудани моҳияти он дур месозад»[18].
Қобили қайд аст, ки забони қонун ва забони татбиқи хуқуқ аз ҳам тафовут доранд. Забони татбиқи ҳуқуқ бояд мушаххас ва мантиқан чун паҳншавии меъёри абстрактии ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ бошад. Дар баробари умумият дар забони татбиқи ҳуқуқ то дараҷае расмият ва қолабӣ будани забони қонун вайрон мешавад, вале муҷазию фишурдагӣ набояд қурбони он шавад. Дар амал мо бисёр бо санадҳои татбиқи ҳуқуқ дучор меоем, ки риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ (талаботи қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») он сӯистад, ҳатто забони онро забони тоҷикӣ номидан душвор аст (аз овардани чунин мисолҳо дар мақолаи мазкур худдорӣ карда мешавад).
Беҳуда, масъалаи мазкур мавриди танқиди шадиди забондонҳо қарор нагирифтааст. Масалан, Юсуфи Акбарзода дар мисоли ҳалномаи судӣ камбудиҳои асосии санадҳои татбиқи ҳуқуқро нишон додааст: «Аввалин хатое, ки дар ин ҳалнома ба чашм мерасад, ба алифбои русӣ (бидуни истифода аз ҳарфҳои тоҷикии ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) иншо шудани он аст. Аҷобатро бинед, ки санад ба забони тоҷикӣ, вале ҳуруф ба забони русист. Ин амал сабаб дорад. Сабаби асосӣ ин аст, ки аксари мардуми мо, бахусус ҳукуқшиносон мақоми истифодаи баъзе аз ин ҳуруф (ӣ, ӯ)-ро намедонанд ва бо истифода аз ҳуруфи (алифбои) русӣ ҷурми хешро пинҳон мекунанд[19].
Навиштаҳои муаллиф қисман боиси дастгирист. Ҳақиқатан, дар натиҷа бубинед, ки чӣ ҳосил мешавад: ғала - гала; ғар - гар; ғил - гил; ғоз - гоз; ғол - гол; ғул - гул; кӯш - куш; қаср - каср; қандӣ - канди; қамчин - камчин; мӯр - мур; ҳам - хам; ҳар - хар; ҳола - хола; ҷой - чой ва ғайра. Вале яктарафа танқид кардани эабондонии ҳуқуқшиносон дар ин шакл низ дуруст нест ва ба манфиати кор ҳам намебошад. Сангпарронӣ ба якдигар масъаларо ҳал намекунад. Бояд намояндагони тамоми касбу кор дар пайи ислоҳи якдигар бо роҳи маслиҳату тавсия бошанд.
Ҳангоми тартибдиҳии суратҳоли (протоколи) азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ё тавсифи ҷойи ҳодиса дар дигар санадҳо хуб мешуд, ки аз ин усул истифода бурда шавад. Чунин санадҳо одатан ноӯҳдабароёна тартиб дода мешаванд, ки дар натиҷа ҷойгиршавии фазоии ҷисму ашё номуайян мемонад.
Талаботи дигари ҳатмӣ ин возеҳу равшан ва сода будани баён аст. Қобили зикр аст, ки сухан дар бораи сода, на одӣ будани усули баён, на мазмун меравад. Баъзан дар адабиёти ҳуқуқӣ бо чунин суханон дучор шудан мумкин аст, ки қонун аз ҷониби мутахассисон барои мутахассисон эҷод мешавад. Гегел дар замони худ табақаи ҳуқуқшиносонро дар ин масъала зери танқид гирифта, гуфта буд, ки барон кафш пушидан ҳатман кафшдӯз будан лозим нест, бинобар ин, барон дарки масъалае, ки аҳаммияти умумӣ дорад, мутахассиси он соҳа шудан набояд шарт бошад. Ҳол он ки ҳуқуқ барон инсон чизи муқаддас аст[20].
Сарфи назар аз талаботи мазкур мазмуну маънои бисёр меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ончунон бо усули мураккабу печида баён гардидааст, ки дарки онҳо ба мутахассисон ҳатто душвор аст. Чунин ҳолатҳо дар қонунгузории андоз, гумрук, ҳифзи муҳити зист ва моликияти зеҳнӣ бештар ба чашм мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтпрам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 апрели соли 2010) қайд карда буданд, ки «оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд».
Қобили қайд аст, ки қонунгузор ҳамеша кӯшиши фарогирии васеи масъаларо мекунад, бинобар ин, ҳаҷми иттилоотӣ васеъ гардида, дар матни кӯчак то ҳадди таҳрифи мазмун фишурда мегардад. Гузашта аз он, доираи фарогирии қонун васеъ буда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро танзим мекунад. Хоҳу нохоҳ хусусиятҳои соҳаи муайян ба забони қонун таъсир мерасонад.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ дар иртибот бо душвории сарзада тамоми қонунҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст:
1) қонунҳое, ки ба табақаи васеи одамон дахл доранд (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳое, ки муносибатҳои маишӣ, оилавӣ ва мисли инҳоро ба танзим медароранд;
2) қонунҳое, ки ба мутахассисон дахл доранд ва соҳаи маҳдуди ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегиранд (масалан, қонунҳо «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва ғайра).[21]
Ба ҳар ҳол забони қонун то ҳадди имкон бояд фаҳмо, сода, равон ва дақиқ бошад.
Яке аз мушкилиҳои асосии забони қонунҳои мо ин аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардонидани он аст. Дар чунин ҳолат ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ дар қолаби русӣ калимаҳоитоҷикӣ рехта мешаванд. Муқаррароти қисми 1 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки мувофиқи он матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад ва қисми 3 моддаи 65, ки мувофиқи он интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо бо дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, барои бартарафсозии ин ҳолат бояд мусоидат намояд.
Дар таркиби забон нақши вожаву истилоҳот калон аст. Дар забони қонун истилоҳоти махсус истифода мешавад. Устуворӣ, дақиқӣ, муҷазию фишурдагии забони қонунро тавассути истифодаи захираи ғании истилоҳот ва коркарди он ба даст овардан мумкин аст. Пас, мукаммалии қонунгузорӣ дар ин ҷода нишонаи сатҳи фарҳанги қонунэҷодкунӣ аст. Боиси нигаронӣ аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бесарусомонӣ дар истифодаи истилоҳот ба чашм мерасад.
Дар истифодаи вожаю истилоҳот баъзе дастовардҳо назаррасанд. Масалан, ба ҷои «заминҳои бекорхобида», «шахси қобилияти кор надошта» истифодаи «заминҳои партов», «шахси корношоям». Баъзан тамоюли акс низ дида мешавад. Масалан, «шаҳодатнома дар бораи таваллуд»-ро бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ «зоднома» номидем, баъдтар «хатти таваллуд» ва ҳоло «шаҳодатномаи таваллуд» (моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»).
Устуворӣ ва ягонасозии истилоҳоти ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи ҶТ, ки дар давраи ислоҳоти ҳуқуқ қарор дорад, бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳуқуқуқшиносӣ табдил ёбад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳоти зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки ба талабот нисбат ба истилоҳоти ҳуқуқӣ ҷавобгӯ нест. Ҳангоми истифодаи истилоҳот талаботи ягонасозии уфуқӣ ва амудӣ риоя намешавад.
Яке аз меъёрҳои мавриди истифодаи истилоҳ тарзи талаффузи он мебошад. Вожаҳои иқтибосӣ бояд ба табиати забон мувофиқ бошанд. Ба қавли Шарофиддини Рустам «дар байни онҳо калимаҳое низ ҳастанд, ки мардум мисли соҳибонашон талаффуз карда наметавонанд». Гоҳе навишт бо талаффуз мувофиқ намеояд. Чунин номутобиқатӣ дар истифодаи вожаҳои «бонк», «прокурор», «адвокат», «автомобил», «милитсия», «квитансия», «принсип», «бухгалтер» ва ғайра ба чашм мерасанд. Дар забони тоҷикӣ ин вожаҳо «банк», «пракурор», «адвакат», «автамабил», «милиса»,1 «кивитансия», «пиринсип», «буғалтер» талаффуз мешаванд. «Субйект» ва ё «обйект» мегӯем, вале «субъект» ва «объект» менависем (ҳол он ки функсияи аломати «ъ» дар забони русӣ аз забони тоҷикӣ ба куллӣ тафовут дорад).
Дар забони тоҷикӣ ду ҳамсадо дар аввали калима намеояд. Қоидаи мазкур нисбат ба истилоҳоти «бюро», «сюжет» ва «бюджет» низ истифода мешавад, зеро ҳарфи «ю» аз нимсадои «й» ва «у» иборат аст. Дар қонунҳо ҳоло истилоҳи «буҷет» истифода мешавад (баъзан дар забони матбуот шакли «буҷа» низ дучор меояд). Дар замони шӯравӣ ҳангоми вомгирӣ гоҳе калимаҳои русӣ айнан қабул шуда, ҳатто аломати бегонаи «ь», ки дар забони русӣ барои нарм талаффуз намудани ҳамсадо истифода мешавад, қабул карда шуд. Ин аломат ҳоло аз имлои забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст. Баъзан бо ҳарфи «ц», ки дар алифбои тоҷикӣ мавҷуд нест, ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон ҳарфи «с» ва ё «тс» вохӯрдан мумкин аст.
Яке аз унсурҳои таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ ин зсрбанд аст. Мувофиқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» зербанди моддаи санади қонунгузорӣ ё зербанди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии банд буда, бо ҳарфҳои хурд ишора мегардад ва пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Ҳарчанд дар моддаи мазкур тартиби истифодаи ҳарфҳо пешбинӣ нашудааст, маълум аст, ки он бояд бо тартиби ҷойгиршавии ҳарф дар алифбо мувофиқ бошад. Имрӯз дар ягон санади мсъёрӣ тартиби мазкур риоя намешавад. Мувофиқи Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №355 аз 3 сентябри соли 1998 тасдиқ шудааст, тартиби ҷойгиршавии ҳарфҳо дар алифбо дигаргун шудааст (масалан, баъд аз ҳарфи «г» ҳарфи «ғ» меояд), вале ҳангоми зербандгузорӣ ин ҳолат ба назар гирифта намешавад.
Яке аз хусусиятҳои забони қонунгузории Тоҷикистон дар он аст, ки дар замони ташаккул қарор дошта, то ҳанӯз истилоҳоти ягона ба вуҷуд наомадааст. Аз рӯйи қоидаи умумӣ истилоҳ муродиф бояд надошта бошад. Дар раванди ташаккули забони қонун шояд ин амал ҷоиз гардад, вале он бояд хислати истисноӣ дошта бошад. Истифодаи вожаву истилоҳоти ҳаммаъно, вале гуногуншакл дар забони қонун бисёр ба чашм мерасад. Масалан, «қадр, номус», «шаъну шараф», «шаъну эътибор», «обрӯйи корӣ» «эътибори корӣ», «муҳлати оқилона», «муҳлати мувофиқ», «муҳлати қобили қабул» ва ғайра2. Ҳамзамон мафҳумҳои «кас», «шахс», «шаҳрванд» ба ҳам печида, гоҳе ноҷо истифода шудаанд.
Баъзан дар матни қонун вожа истифода шуда, дар дохили қавс муродифи он низ оварда мешавад. Масалан, вожаи «ротиба» истифода гашта, дар дохили қавс «стипендия» омадааст.
Ҳарчанд яке аз хусусиятҳои забони тоҷикӣ ин истифодаи васеи муродифот бошад ҳам, дар забони қонун ин амал ноҷоиз аст. Истилоҳ бояд дақиқ ва маънояш устувор бошад. Дар забони қонун вобастагии истилоҳ ба матн низ номатлуб аст.
Бо масъалаи муродифот истифодаи омонимҳо алоқаи наздик дорад. Омонимҳо дар мазмуни қонун зиёд дучор мешаванд. Масалан, патент дар Кодекси андоз ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро муайян карда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад; патент дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷати расмие мебошад, ки аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии баъзе объектҳои моликияти зеҳниро тасдиқ мекунад; қарз дар Кодекси маданӣ намуди шартнома аст; қарз дар Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун уҳдадорӣ омадааст.
Баъзан истифодаи омонимҳо дар матни қонун дарк, тафсир ва татбиқи онро мушкил мегардонад. Масалан, ду намуди аҳдҳои беэътибор - аҳдҳои баҳснок ва аҳдҳои мутлақо беэътибор мавҷуд аст. Дар Кодекси маданӣ аҳдҳои баҳснок ва ахдҳои беоқибат бо як ибора «аҳдҳои беэътибор» (моддаи 181 Кодекси маданӣ) ифода ёфтааст. Дар натиҷа дар моддаҳои 181-198 ва дигар моддаҳои Кодекси маданӣ нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд, ки дар кадом вақт қонунгузор аҳдро беэътибор ва дар кадом вақт мутлақо беэоқибат медонад. Барои тақвияти фикр ба моддаи 11 Кодекси маданӣ назар мекунем, ки дар он ҳамчун тарзи ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ омадааст: «- беэътибор донистани аҳдҳои баҳснок ва татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани онҳо, татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беоқибат».
Масъалаи дигар ин истилоҳсозӣ ва иқтибоси истилоҳу вожаҳои ғайр мебошад. Мувофиқи талабот истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад. Истифодаи вожаву истилоҳоти иқтибосӣ бидуни зарурат ноҷоиз аст. Ин таҳдид ба манфиатҳои забони миллӣ мебошад.
Баъзан калимаю ибораҳо аз забони русӣ ё аврупоӣ тарҷума шудаанд, ки онро калка ё худ гартабардорӣ меноманд. Масалан, нишондод, роҳи оҳан ва ғайра. Вале онҳо табиӣ воқеъ гардидаанд, бинобар ин, қобили дастгирӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст намуда, қайд кардан ба маврид аст, ки агар дар замони тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа қабули қонунҳо дар соҳаҳои гуногуни муҳими ҷамъиятӣ аҳаммият дошта бошад, сифати онҳо (пеш аз ҳама сифати забонии онҳо) имрӯз мубрам гаштааст. Самаранокии фаъолияти мақомоти қонунгузор дар сифат таҷассум меёбад, на дар микдор. Ба андешаи мо дар шароити ҳозира диққат асосан ба дуюмин дода мсшавад, зеро аксаран натиҷаи фаъолият аз рӯйи миқдор баҳо дода мсшавад.
Имрӯз анлакай вақти коркарди забони қонун ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда фаро расидааст. Такмили забони қонун ин заминаи ташаккули забони ҳуқуқи тоҷик аст, ки саҳм дар забони адабии тоҷикӣ мебошад.
Баъзе самтҳои фаъолиятро дар ин ҷода тавсия додан мумкин аст:
а) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вожа ва истилоҳоти ягона, ҳамоҳанг, устувору матин истифода гардад. Ин фаъолият ҷалби тамоми мутахассисони соҳаро талаб мекунад;
б) ҳангоми истилоҳофарӣ ва ё иқтибос табиати забони тоҷикӣ бояд ба эътибор гирифта шавад;
в) дар ташаккули забони қонун ҷалби мутахассисони гуногунсоҳа ва омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои ҳамзабон саривақтӣ мебошад;
г) забони қонун бояд дар ҳамбастагӣ бо техникаи хукуқӣ коркард шавад.
Хулоса, барои татбиқ ва амалигардонии қонунгузорӣ камбудиҳои хислати техникии ҳуқуқӣ дошта монеа мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад. Бинобар ин, бартарафсозии онҳо қадами муҳим ба пеш мебошад. Ба ин кор ҷалби мутахассисони соҳа, кормандони амалия ва доираҳои илмӣ мувофиқи мақсад аст. Ҳамчунин ин фаъолият бояд аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба амал бароварда шавад, то ин ки мукаммал, объективӣ ва ба таври дахлдор ба сомон расонида шавад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Адабиёт:
1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546.
2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 271.
3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270.
4. Бахтин М.М. Эстетика словесного творчества. М., 1979. С.297.
5. Ведомостҳои Совета Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102.
6. Гегель. Философия права. М., 1990. С. 253.
7. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2023, -501с.
8. Махмудов М.А., Худоёров Б.Т. Аҳдномаи никоҳ. Душанбе, 2001. –С.12.
9. Муҳаммадҷони Шакурӣ. Хуросон аст ин ҷо: маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон. Душанбе, 1997. С.255.
10. Пиголкин А., Студеникина М. Всяк сущий в ней язык... (Анализ республиканских законов о языках)// Народный депутат. 1992. №9. –С. 53-57.
11. Раҳимов М.З. Доир ба баъзе масъалаҳои забони қонун // Давлат ва ҳуқуқ. 2008. №1. С.71.
12. Сайфиддин Назарзода. Забони милли ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ...
13. Сайфиддин Назарзода. Забони миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ// Ҷумҳурият, 30 январи соли 2010. №17-18 (21 678-679). –С. 5.
14. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государственная идеология и язык закона: Монография. СПб., 2001. С.123.
15. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государственная идеология и язык закона: Монография. С. 134-135.
16. Таганцев Н.С. Русское уголовное право. Лекции. Часть общая. Т.1. М., 1994. С.91.
17. Юридические документы письма (чтение, перевод и комментарии В.А. Лифщица) – Издво восточной литературы. 1962. –С. 25.
18. Юсуфи Акбарзода. Забони қонун чй сон бошад// Тоҷикистон, 2000, №4-6. С.29.
19. Юсуфи Акбарзода. Забонро аз ҳуқукдонҳои забонгумкарда дифоъ бояд кард!// Минбари халқ, 9 июли соли 2008, №52 (621). С.4.
Сарзамини паҳновар ва бостонии ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо мардону номоварони худ дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва дину диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Яке аз чунин мардони бузурги олами ирфону тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс, Хамӯш ва Хомӯш машҳур аст. Ӯ дар хонаводаи яке аз донишмандони тавонои он рӯзгор Баҳоуддин Валад, ки бо лақаби Султонулуламо низ машҳур буд, 30 сентябри соли 1207 дар сарзамини Вахши бостонӣ (он замон аз лиҳози маъмурӣ ҷузъе аз Балхи бостонӣ ба ҳисоб мерафт) зода шуда, 29 январи соли 1283 мелодӣ дар Қунияи Рум аз дунё гузашта аст. Мазори мубораки ӯ дар ин шаҳр бо номи «Қуббаи хазро» маъруфу машҳур аст.
Падари Мавлоно - Баҳоуддин Валад бо сабаби ихтилофҳои назарӣ, ки бо Фахруддини Розӣ, устоди руҳонии Муҳаммад Хоразмшоҳ доштааст, маҷбур мешавад, ки Балхро бо баҳонаи сафари Ҳаҷ тарк гӯяд ва баъди чандин соли мусофират дар шаҳри Қуния бо даъвати Султон Алоуддини Кайқубоди Салҷуқӣ маскан гузинад ва дар ҳамин ҷо дунёро падруд мегӯяд.
Бояд гуфт, ки ин шаҳр тахминан сад сол пеш аз омадани Султон Баҳоуддин аз тарафи Масъуди аввал (1118-1115), Султони Салҷуқии Рум пойтахт эълон шуд ва дар ин муддат ба як шаҳри фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфта буд. Муҳимтар аз ҳама, забони расмиву давлатии сулолаи Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ-форсӣ ҳисоб меёфт ва замоне падари Мавлавӣ ба ин ҷо омад, муҳити шаҳр тоҷикӣ буд ва тоҷикон дар ин шаҳр бештар сукунат доштанд. Устод Зарринкӯб таъкид мекунад, ки: «Аммо бештарини аҳли шаҳр аз турку тоҷик ба забони форсӣ сухан мегуфтанд ва форсигӯёни тоҷик, ғолибан, мухтарифаи шаҳрӣ буданд ва баъзе мақомоти девонӣ ва аксар маносиби шаръӣ ба онҳо тааллуқ дошт».[1]
Баъд аз вафоти падар Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ кори падарро пеша кард ва ба иршоду дастгирии муридону шогирдони падар пардохт. Мавлоно зиндагии худро аз оғоз то анҷом дар роҳи касби маърифат, андӯхтани дониш ва тарғибу ташвиқи фарҳанг ва инсондӯстӣ сарф намуда, осори бебаҳое аз худ боқӣ гузошт. Осори Мавлавиро ба ду бахши бузург – назм ва наср ҷудо кардан мумкин аст. «Девони Шамси Табрезӣ» ё «Куллиёт»-и Мавлоно, ки дар он ӯ бо тахаллуси Шамси Табрезӣ эҷод карда ва тавре ки устод Карими Замонӣ, таҳиягари шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ мефармояд: «Девони Шамс, девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотуми тӯфонист[2]…». Рубоиёт иборат аз 1600 рубоӣ, «Фиҳӣ мо фиҳӣ (Дар ӯ ва он чи дар ӯст) ва «Мактубот» аз асарҳои дигари Мавлоно аст, ки дутои охири онҳо бо наср навишта шудааст. «Фиҳӣ мо фиҳӣ» маҷмуаи вазъу сухангӯии Мавлоно дар маҷлису маҳфилҳо буда, ки писари ӯ Баҳоуддин, маъруф бо номи Султон Валад ва яке аз муридонаш онҳоро сабт карда, дар шакли китобе баъдан ба дӯстдорони осори Мавлоно пешкаш карданд. Дар «Мактубот» номаҳо ва мактубҳои Мавлоно гирдоварӣ шудааст.
Тавре ки Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо истинод ба асари дигари худ «Чеҳраҳои мондагор» мефармояд: «Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, ба хусус, дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.
Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гаштааст ва мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд».[3]
Ӯ боз меафзояд, ки «Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст.
Мо – тоҷикон, дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Имрӯз, ки Ҷалолуддини Балхӣ на фақат дар Тоҷикистону Туркия, Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди мусулмонӣ, балки дар дигар минтақаҳо ва кишварҳои Шарқу Ғарб маъруфу машҳур аст, мо бо ташаббус ва дастгирии ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ 800-солагии ӯро дар соли 2007 таҷлил намудем. Ин нишонаи арҷгузорӣ ба фарзанди бузурги тоҷикон ва бузургдошти арзишҳои ҷовидонаи умумиинсонӣ мебошад». Масъалаҳои забони осори Ҷалолидини Балхӣ аз тарафи пажуҳишгарон, аз ҷумла, донишмандони тоҷик то андозае таҳқиқ шудааст.[4]
«Маснавии Маънавӣ» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо буда, муаллифи онро шуҳратёри ҷаҳон намудааст. Ин асар таври маълум аз шаш дафтар ва 25685 байт иборат буда, дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ, фалсафаву тасаввуф ва ахлоқиву тарбиявӣ инъикос ёфтааст. Шоир ин асари бузургҳаҷми худро дар муддати беш аз даҳ сол бадоҳатан эҷод намуда, пайравонаш (махсусан Ҳусомиддин) онро китобат кардаанд.
Дар таҳияи «Маснавӣ» таъсири Ҳусомиддини Чалабӣ, яке аз муридони содиқи Мавлоно аз бузургони суфия, ки бо тахаллуси Ахии Турк маъруф аст, хеле зиёд аст. Мавлавӣ дар чанд ҷойи Маснавӣ аз ӯ ёд карда ва асари худро «Ҳусоминома» низ хондааст. Тавре маълум аст, Ҳусомиддини Чалабӣ аз Мавлоно хоҳиш менамояд, ки ӯ дар бораи масъалаҳои мураккаби диниву мазҳабӣ, нуктаҳои пурпечутоби тариқат дар вазни «Илоҳинома»-и Саноӣ ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор бо баёни оммафаҳму осон афкори худро баён намояд.
Мавлоно ин пешниҳоди ӯро пазируфта, гӯё ҳамон замон коғазе ба дасти ӯ медиҳад, ки дар он 18 байти аввали Маснавӣ сабт шуда буд.
Абдураҳмони Ҷомӣ ин воқеаро чунин нақл мекунад: «Чун Шайх Салоҳиддин ба ҷавори раҳмати ҳақ пайваст, инояти Мавлоно ва хилофати вай ба Чалабӣ Ҳусомиддин мунтақил шуд ва сабаби назми Маснавӣ он буд, ки чун Чалабӣ Ҳусомиддин майли асҳобро ба «Илоҳинома»-и Ҳаким Саноӣ ва ё «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Фаридуддини Аттор ва «Мусибатнома»-и вай дарёфт, аз хидмати Мавлоно дархост кард, ки агар чунончи ба тарзи «Илоҳинома»-и Саноӣ ё «Мантиқ-ут-тайр» китобе манзум гардад, то дӯстдоронро ёдгор бувад, ғояти иноят бошад. Мавлоно филҳол аз сари дастори худ коғазе ба дасти Ҳусомиддин Чалабӣ дод ва дар он ҷо ҳаждаҳ байти аввали Маснавӣ навишта буд».[5]
З-он пас Мавлоно дар ҳама ҳол Маснавӣ мегуфт: дар ҳолати самоъ, дар ҳаммом, нишаста, истода ва гоҳ аз оғози шаб то тулуи офтоб доимо месуруд ва Ҳусомиддин таҳрир мекард ва ҳамаи он чи навишта буд як бор бо овози хубу баланд бар Мавлоно мехонд.
Мавлоно, нақши Ҳусомиддинро дар эҷоди ин асар нек дарёфта буд ва медонист, ки талаб ва хоҳиши ӯст. Аз ин рӯ, дар порае аз ашъори худ номи ин асари бузургро «Ҳусоминома» ниҳодааст:
Гашт аз ҷазби чу ту алломае,
Дар ҷаҳон, гардон Ҳусоминомае.
Забони Мавлоно дар Маснавӣ аз равшании xocе бархурдор аст. Дарвоқеъ бо забони мардум сухан гуфтааст. Вале бо ҳамаи ин осонӣ аксари абёти он душворфаҳм аст, то ҷойе, ки дар замони ӯ низ ёрон ва муридон, маънои порае аз абёти Маснавиро аз ӯ суол мекарданд ва ӯ барои онҳо бозгӯ менамуд.
Маснавӣ аз ашъоре иборат аст, ки дар як вазн суруда шуда ва дар ҳар байт ду мисраъ бо як қофия меояд.
Шоирон, одатан матлабу афкори доманадору васеъ ва ҳикоёту афсонаҳо ва ё ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ ва масъалаҳои ирфониро дар ин қолаб баён мекунанд. «Маснавӣ аз қадимтарин рӯзгорон дар шеъри форсӣ вуҷуд дошта ва дар нахустин намунаҳои шеъри форсӣ, ки яке аз онҳо шеърҳои «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазист, ин қолабро мушоҳида мекунем. Муаллифи тазкираи «Ҳафт осмон» гӯяд: ва Маснавӣ ҳамчун рубоӣ ва ғазал аз офаридаҳои Аҷам аст ва пешиниёни араб аз эшон фаро гирифтанд. Ва муздаваҷ ном карда…».[6]
Маснавӣ аз оғоз ва овони таълифаш, дар маҷолиси рақс ва самоъ хонда мешуд ва ҳатто дар даврони зиндагии Мавлоно ва пас аз он, табақае бо номи Маснавихонон падид омаданд, ки Маснавиро бо савту овози дилкаш мехонданд. Аз ин рӯ, рафта- рафта Маснавӣ дар радифи мусиқии халқӣ ва суннатии эронӣ ҷойгоҳи вежа пайдо кард ва бад ин тартиб Маснавӣ дар тамоми овозҳо ва дастгоҳҳои мусиқии эронӣ ва махсусан маҳаллӣ интишор ёфт.
Маснавӣ китобест таълимӣ ва дарсӣ дар заминаи ирфон ва усули тасаввуф ва ахлоқу маориф. Маснавӣ дарёи жарфест, ки дар он метавон ғаввосӣ кард ва ба намунаҳои гуногуни гавҳарҳои маънавӣ даст ёфт. Бо ин ки то он замон китобҳои арзишманд ва гаронқадре назири «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттори Нишопурӣ ва «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ва «Гулшани роз»-и Шабистарӣ аз муҳимтарин китобҳои ирфонӣ ва сӯфиёна ба шумор мерафтаанд, вале бо зуҳури Маснавии Мавлоно ҳамаи онҳо дарвоқеъ таҳти таъсири он қарор гирифтанд.
Маснавӣ китобе нест, ки тобеи фаслбандиҳои суннатӣ ва қолабию анъанавӣ ва расмӣ бошад. Балки бештар тобеи услуби Қуръонист. Мавлоно зимни баҳс дар нуқтае ба ёди воқеаи машҳуре меафтад ва дар он бора баҳс мекунад. Ӯ ҳикоятеро барои худ бозмегӯяд. Он ҳикоят поёни як асли суфиёнаро талаб мекунад. Ҳангоми нақли он як масал, ӯро ба гуфтани ҳикояти дигар мекашонад. Ин ҳикоят ҳам воқеаи муосирро дар зеҳни ӯ ҷон мебахшад. Ногаҳон ҳикояти дигари фалсафии нуҳуфтаи худро ба ёди ӯ меорад. Дафъатан ба ҳикояти нахустин бозмегардад, вале қабл аз поён додан ба он ҳикоят баҳси дигар ва аз он баҳс ба ҳикояти дигар мепардозад муддатҳо баъд, барои чанд минвол боз ба ҳикояти дигар бармегардад ва онро ба поён намерасонад.
Яке аз хусусиятҳои дигари услубӣ ва забонии Маснавӣ такрори матлабҳо мебошад, вале ин такрорҳо дар сурат аст ва дар маъно такрор нест. Ҳар кадом аз масъалаҳои такроршуда дар Маснавӣ нуктае тоза ва хуб аст ва дар ин замина низ тобеи услуби Қуръонист. Ҳарчанд мумкин аст, ба диди зоҳирбинон такрор ояд, вале зиракони нуктасанҷ дар он тозагӣ мебинанд.
Дигар он ки достонҳо ва ҳикоятҳои пешин ба сурати хушк дар Маснавӣ наомадаанд. Балки маводи ташкилдиҳандаи онҳо монанди мум дар дасти ҳунарманди Мавлоно нарм аст ва ӯ бар асоси мақсади худ бар онҳо шакл медиҳад.
Хусусияти хоси Маснавӣ се навъ мухотаб доштани он аст: ом, хос ва баргузида. Порае аз абёти Маснавӣ мутаваҷҷеҳи оммаи мардум аст. Гуё, ки Мавлоно дар маҷлиси вазъ ва хитоба ҳозир шуда ва суханоне дар сатҳи фаҳми умум ва зеҳнҳои мардум эрод мекунад. Аз қабили панду насиҳатҳое, ки ҳамагон ба қадри тавони худ аз он суханон баҳраманд мешаванд.
Ба таври куллӣ қиссаҳо ва тамсилу ҳикояҳое, ки хеле сода ва фаҳмо буда, саршор аз вожаву таъбирҳои омиёнаанд, ба онҳо равона шудааст.
Қисми дувуми мухатибон, шахсони хос ва дӯстони Мавлавианд. Мавлоно ба ёрони дамсоз ва ҳамдамон роҳ меёбад ва касоне, ки дар берун нишастаанд, он калимотро нопурра ва қисм-қисму пора-пора мешунаванд, онҳоро пеши худ калиди ношунидаҳо мекунанд. Ва ин гурӯҳ ба ду даста тақсим мешаванд: яке соҳибдилону покдилон, ки ба ҳақиқати ростгӯиҳои Мавлоно бо ҳамдамонаш пай мебаранд. Ва дигар он гурӯҳе, ки ботини пок ва вораста надоранд, балки аз рӯи шубҳаву гумон мешунаванд, аммо ба асрори он роҳ намеёбанд. Балки ба қавли Мавлоно, инон ҳарфи орифони ворастаро медузданд, то содалавҳонро ба доми худ афкананд.
Ва бахши савум мухотибони олӣ ё интихобшудаву баргузида мебошанд. Мавлоно дар ҳолати ҷазба ва шӯри ишқ ва ё муроқибат бо онҳо гуфтугӯ мекардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба иштиёқи муридон дар пай бурдан ба маъно ва мақсуди Мавлоно дар Маснавӣ гоҳ байте аз абётро мавриди суол қарор медоданд ва ӯ ба шарҳ ва тафсири он мепардохт. Ба ҳамин лиҳоз метавон гуфт, ки нахустин шореҳи Маснавӣ худи Мавлоно будааст. Ва илова бар он ки абёти Маснавӣ, муфассири худ аст, дигар осори ӯ ба хусус «Фиҳӣ мо фиҳӣ» наздикӣ ва шабоҳати бисёре ба маонии Маснавӣ дорад.
Метавон гуфт, ки дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аксари фикрҳо ва ақидаҳои дар Маснавӣ ба шакли шеърӣ баён ёфта, тариқи наср содатар ва фаҳмотар тафсир шудаанд.
Сарвату ғаномандии забони Маснавӣ бесобиқа ва рангин аст. Дар баробари корбурди захираи пурсарвати вожагон ва калимаҳои ноби тоҷикӣ-форсӣ ӯ аз таъбироти арабӣ, туркиву юнонӣ ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҷаҳони сухан ва каломи Маснавӣ ба он ки то имрӯз мавриди таҳқиқ ва пажуҳишҳои доманадоре қарор гирифта, дар ин мавзуъ асарҳои зиёде таълиф ва чоп шудаанд, омӯзиш ва таҳқиқи алоҳидаи доманадореро интизор аст. Забони «Маснавӣ» саршор аз қолабу таркибҳои знндаи забони халқӣ буда, имрӯз ҳам барои аксарият қобили фаҳму дарк аст. Танҳо низоми феълӣ ва истифодаи таркибҳои феълӣ дар Маснавӣ ва таҳқиқу пажуҳиши он барои аз нав барқарор кардани низоми феълии забони тоҷикӣ ва муайян кардани хусусияҳои хоси феъли забони тоҷикӣ аҳаммияти бесобиқа дорад.
Он нукта, ки Мавлавӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру ибора ва вожаҳои хоси ин диёр ва забони тоҷикист, ба касе пушида нест ва онро аксари муҳаққиқон ва пажуҳишгарон тасдиқ кардаанд.
Инак барои исботи ин фикр аз ибораву таъбирҳои хоси забони тоҷикӣ дар Маснавӣ чанд намуна меорем:
БУРУТ: мӯйҳои пушти лаби мардон. «Боди бурут» киноя аз худбинӣ ва саркашӣ аст:
Оташе к-ӯ бод дорад дар бурут,
Ҳам яке боде, бар ӯ хонад ямут.
БЕРӮЗӢ: маҳрум, бенасиб, бадбахт, нолон; маҷозан муфлис:
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Берӯзӣ аз вожаҳои асилу маъруфи тоҷикон аст ва имрӯз ҳам дар байни мардум ба ҳамин маънӣ дар истеъмол аст.
БЕСТ: мухаффафи биист, сабр дошта бош, феъли амр аз масдари истодан, ки имрӯз дар забони мардуми мо ба таври фаровон истифода мешавад:
Ту магӯ, ки ман гурезонам зи нест,
Балки ӯ аз ту гурезон аст, бест.
Ё:
Гуфт: «Аз дарди фироқат нестам,
Кай дар ин фикру тафаккур бестам».
Феъли «бест» низ имрӯз тақрибан бо айни шакли талаффуз дар байни сокинони Тоҷикистони ҷанубӣ ривоҷ дорад ва бад-ин шаклу талаффуз дар забони адабӣ ба ҳайси унсури лаҳҷавӣ шинохта шудааст. Намунае, ки дар «Маснавии маънавӣ» дида мешавад, ин назарро пурра ботил месозад. Илова бар ин, шаклҳои дигари феълии он ба монанди бестам, бестанд низ дар «Маснавии маънавӣ» дида мешавад, ки андешаи моро тақвият медиҳад.
ДАҲДИЛА: маҷ. ҳавасбоз, касе, ки дилаш ҳар дам ҳавои касе кунад, дурӯя, мунофиқ, чандчеҳра. Дар «Маснавии маънавӣ» бо истифодаи шумораи даҳ калимаҳое чун даҳдила, даҳдаҳӣ ва даҳкаса сохта шудааст.
ДАҲКАСА: даҳнафара. Дар ин ҷо даҳ бародар:
Мешавад з-илҳомҳову васваса
Ихтиёри хайру шарри даҳкаса.
ДОВ: ба маънои навбати бозӣ дар қимор. Дар ин ҷо ба маънои ҳила ва зиракӣ:
Пойи гов андар миён орӣ зи дов,
Рав, надӯзад Ҳақ бар аспе шохи гов.
ДОДАР: бародар, дӯст.
Он Зиёулҳаққ хушилҳом буд,
Додари он тоҷи Шайхислом буд.
Додар аз калимаҳои хоси забони тоҷикист, ки дар «Маснавии маънавӣ» дар қатори як силсила вожаҳои дигар истифода шудааст. Додар ба маънии бародари хурдӣ ва ҳангоми муроҷиати калонсолон ба мардони ҷавонтар низ истифода мешавад. Решаи ин вожа шояд «додор» ба маънои Худованд ба забони портӣ бошад. Шояд асоси ин калима «до» бошад ва «до» маънии хурдӣ дошта бошад, зеро дар калимаи бародар қисми бар бузургӣ ва калонро ифода мекунад.
ЗАП: осон, ройгон. «Заб» низ саҳеҳ аст:
Чашм гардон сӯйи росту гӯй чап,
З-он ки набвад бахтномай рост зап.
Зап калимаи хоси забони тоҷикӣ буда, имрӯз ҳам дар шакли зап ва заб ба маънии аҷаб, басо, осон истифода мешавад. Корро заб осон мекардаст ва ғ.
ИСТОНИД: мутаваққиф кард, боздошт, таваққуф кард:
Маркаб истонид, пас овоз дод,
Он салому он амонат боз дод.
Шакли бавоситаи феъли истодан, ки истонидан аст, дар забони адабии имрӯз камтар истифода мешавад, вале дар баъзе лаҳҷаҳои Тоҷикистон то ҳанӯз ҳам ривоҷ дорад: Мошинро ҳамин ҷо истонед (истоёнед) – (лаҳҷаи Хуҷанд).
КОҲДУД: исми мураккаб аст ва ба маънои дудест, ки аз сӯхтани коҳ бархезад. Аллома Деҳхудо дар ёддошти худ менависад: дар қадим расм буд, ки қарздоре агар қарзи худро намепардохт, талабкор миқдори коҳ бар дари хонаи ӯ меовард ва дуд мекард. Бад-ин муносибат коҳдуд гузоштан ва коҳ дуд кардан киноя аз талаби ҷиддӣ ва сахт гирифтан бар қарздор аст:
Боз нақши ҳамла меовард зуд
З-ин таарруф дар дилаш чун коҳдуд.
Коҳдуд имрӯз дар забони тоҷикӣ ба шакли каҳдуд андохтан барои дур сохтани кӯрпашша ва дигар ҳайвонот (махсусан хазандаҳо) аз хонаву дар истифода мешавад.
КУРТА: пироҳан:
Чоруқат рабъи кадомин Осаф аст,
Пӯстин гӯйӣ, ки куртай Юсуф аст.
Ҳам курта ва ҳам вожаи чоруқ ба маънои пойафзол, ки аз пӯсти хоми ҳайвонот медӯхтанд, калимаҳои хоси тоҷикӣ буда, имрӯз ҳам дар истифодаанд.
МОШБО: оши мош. Ин шакли калимаи мураккаб сохтан (шӯрбо, мошбо) дар номгузории хӯрокҳои тоҷикӣ зиёд вомехӯрад:
Ман бигӯям: «Шукр,чӣ хӯрдӣ або?»
Ӯ бигӯяд: «Шарбате ё мошбо».
НАҒЗ: хуб, неку, латиф, бадеъ.
З-он ки ӯ пок асту Субҳон васфи ӯст,
Бениёз аст ӯ зи нағзу мағзу пӯст.
ПАРЕР: пареррӯз, ду рӯз пеш:
Ҷанг мекарданд ҳаммолон парер,
Ту макаш, то ман кашам ҳамлаш чу шер.
Ин калима имрӯз ҳам ба ҳамин шакл: парер, парерӯз, парерсол (ду сол пеш) вуҷуд дорад. Порсол як сол пеш, соли гузашта.
ПОЛЕЗ//ПОЛИЗ: боғ, бӯстон, гулистон, киштзор, замине, ки дар он харбуза ва тарбуз кошта шавад:
Мурда пеши ӯ кашӣ, зинда шавад,
Чирк дар полез рӯянда шавад.
Дар ин байт ду вожаи тоҷикиасл «полез» ва «чирк» истифода шудааст. Ин калимаҳо хоси забони Хуросону Мовароуннаҳр буда, полез имрӯз низ дар забони тоҷикӣ васеъ, бештар ба маънии ҷойи коридани харбузаву тарбузи лалмӣ истифода мешавад. Маънои васеи он боғ, бӯстон, гулистон, киштзор буда, полезбон, полезбонӣ, полезгоҳ аз ҳамин калима сохта шуданд. Калимаи «чирк» дар «Маснавии маънавӣ» ба маънии пору омадааст, вале маънии аслии он ғаждӣ, чиркинӣ, ифлосӣ мебошад.
ҶУВОЛ: – халтаи бузург. Халтаи бузурге, ки аз нах ва порчаи ғафс дӯзанд ва бо он бор мебаранд.
Рост н-ояд бар шутур ҷуфти ҷувол,
Он яке кӯчак ва он дигар камол.
Ҷувол дар забони тоҷикӣ имрӯз ҳам истифода мешавад ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (с.791-792) дар ин бора чунин омадааст: ҷувол 1. халта ва ё тӯрбаи калон, ки аз қанор хурдтар буда, дар он ғалла ва чизҳои дигар меандозанд. 2. киноя аз бадан. Шакли хурдию навозишаш ҷуволак – ҷуволча ва шакли арабишудааш ҷуволақ буда, бо он калимаи мураккаби ҷуволгӯша сохта шудааст.
ШАРФА: садои по, ҳар садоро низ «шарфа» гӯянд. Ин вожа ҳам дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ хеле ривоҷ дорад.
Шарфае бишнид дар шаб муътамад,
Баргирифт оташзана, к-оташ занад.
ШИРГАРМ: мулоим, гарм ба андозаи гармии шири тоза дӯшида:
Гуфт: «Обаш деҳ, валекин ширгарм».
Гуфт: «Лоҳавл, аз туам бигрифт шарм».
Дар маҷмуъ, забони ифодаву баёни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» беҳтарин намунаи забони тоҷикӣ дар ҳамаи давру замонҳост, ки ба шукӯҳи пойдору шуҳрати деринаи ин забон азамати тоза ва эътибори мондагор зам кардааст.
Аҳамияти пажуҳишҳои илмӣ дар робита бо осори ин донишмандро ба назар гирифта, Президенти кишвар мефармояд: «Пажуҳиши ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёти Мавлавӣ ва дарки осори ӯ дар Тоҷикистон акнун вусъати тоза пайдо мекунад ва ин таҳқиқот бояд бар появу бунёди илмӣ устувор бошад. Таҳқиқи забони асарҳои Мавлавӣ барои аз нав зинда кардани унсурҳо ва таркибҳои гуногуни калимасозӣ ва мавриди истифодаи умум қарор додани истилоҳот ва таъбирҳои ноби тоҷикӣ аҳаммияти вижа дорад».[7]
Назарзода Сайфиддин, доктори илми филология, узвм вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳапнгнигорӣ ва истилоҳоти
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Адабиёт
1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Сирри най (иборат аз 2 ҷилд), ҷилди 1. – Теҳрон, 1373//1959.
2. Бадеуззамон Фурӯзонфар. Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно. – Душанбе: Довар Ибтиҳоҷ, 2007.
3. Карими Замонӣ. Шарҳи ҷомеи «Маснавии Маънавӣ». Дар 7 ҷилд, ҷ.1. Теҳрон, 1387.
4. Карим Замонӣ. Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ. –Теҳрон, 1383//2005.
5. Мирсаидов Б. Ҳусомиддин дар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва мавлавиён. –Хуҷанд; 2014.
6. Назарзода С., Мискинов И. Вожаномаи Маснавии Маънавӣ. –Душанбе, 2007.
7. Одилов Н. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе, 1964.
8. Сабзаев С. Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. – Душанбе, 2014.
9. Саидзода Ҷ. Ҷалолиддини Балхии Румӣ. – Душанбе, 2008.
10. Саломов М. Вижагиҳои савтӣ, маъноӣ ва маҷозию фразеологии забони шеъри тоҷикӣ (дар асоси ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV). –Душанбе, 2017.
11. Султон, Мирзо Ҳасан. Ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ дар ашъори Мавлоно. // Дин ва ҷомеа. №11, ноябри 2018.
12. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. ҷ.2, 2020.
13. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.-Душанбе, «Эр-граф», 2016.