Skip to main content
Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти давлату ҷомеа арзёбӣ мешавад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанавӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ хизмат карда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои марҳилаи минбаъда барои рушди мамлакат муайян менамояд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як суханронӣ набуда, балки барномаи мукаммали амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар он вазъи кунунии давлат бо таҳлили илмӣ баррасӣ гардида, мушкилоту дастовардҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо нишон дода шудааст. Дар Паёми худ Президенти кишвар нишон ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, ҳамзамон равона намудани ҷавонон ба ҳувияти худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ намуданд, ки ин масъалаҳои калидии замони муосирро дар бар мегирад. Қайд кардан ба маврид, аст, ки масъалаҳои марбут ба занон дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра барои рушди ҷомеа тадбирҳои судманд андешиданд. Хотирнишон намуданд, ки нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватан дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар Паём ба рушди иқтисодӣ миллӣ, ки ҳамчун омили асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Самтҳои муҳимми саноаткунонии босуръат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди энергетика, кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна ҳамчун заминаи таъмини суботи иқтисодӣ таъкид карда шуд. Ин равиш аз нигоҳи илмӣ ба назарияи рушди устувор мувофиқат намуда, ҳадаф аз он аст, ки иқтисодиётро аз вобастагии яксамта раҳо созад ва имкониятҳои нави истеҳсолотро фароҳам оварад.

Яке аз меҳварҳои муҳими Паём ин масъалаи илм ва маориф буда, диққати ҳамагонро ҷалб намуд, ки Президенти кишвар таъкид намуданд, дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо ҷомеае метавонад рақобатпазир бошад, ки ба рушди зеҳнӣ ва касбии шаҳрвандон такя намояд. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳамчун асоси пешрафти дарозмуддат арзёби гарданд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои болоӣ, рушди устувори иқтисоди кишвар ва барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлили ҳаматарафаи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Таҷрибаи давлатдории роҳбари давлат нишон медиҳад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи ӯ рушди давлату миллат ба таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, пойдории истиқлолият ва рушди устувори иқтисодӣ ба ин поя асос ёфта, дар оянда кишвари мо зимни рушди босубот дар арсаи байналмилалии ҷаҳон шинохта мешавад.

Дар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи самаранок ва идоракунии устувори захираҳои об ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста таъкид мегардад. Дар ин замина, идоракунӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои об ҳамчун равиши муосир ва илмӣ дар сиёсати оби кишвар мавқеи муҳимро касб мекунад.

Захираҳои об яке аз сарватҳои стратегӣ ва омили калидии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, на танҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, балки таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ аҳамияти хоса дорад. Идоракунӣ ва самаранок истифодабарии ҳамгироии захираҳои об равандест, ки истифода, ҳифз ва тақсимоти захираҳои обро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи бахшҳо – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи ҳавзаҳои дарёӣ таъмин менамояд. Ин равиш бар ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва истифодаи механизмҳои идоракунии илмӣ асос меёбад.

Таҳлили Паёмҳои Президент нишон медиҳад, ки роҳбари давлат доир ба масъалаҳои об, бо мақсади баланд бардоштани нукӯаҳволии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бидуни расонидани зарар ба муҳити зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Масалан, нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои захираҳои об ва рушди устувор, зарурати истифодаи самараноки захираҳои об дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат ҳамчун унсури муҳимми амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар, ҳамзамон ҳифзи муҳити зист мавқеи хоса дошта, муаррифӣ мегардад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ин равиш метавонад на танҳо рушди дохилии кишвар, балки суботу ҳамкории минтақавиро низ таъмин намояд. Аз ин рӯ, масъалаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “... соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8% ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағийрёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обӣ дар минтақа мебошад, истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҳаётан муҳимро бояд иҷро намояд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ, ҳамчун санади муҳим ва раҳнамои стратегӣ дар марҳилаи нави рушди иқтисодии кишвар нақши калидӣ мебозад. Он бо такя ба таҳлили илмӣ, таҷрибаи таърихӣ ва талаботи замони муосир таҳия шуда, барои пешрафти устувори давлат, миллат ва ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Давлатова С.Ҷ. - сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ.

Салимов Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ.

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз таърихи 16 декабри соли 2025)

234Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёмҳое ироа мегардад, ки ҳамаи ҷанбаҳои рушди давлатиро дар бар мегиранд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави иҷтимоӣ ба сарнавишти давлатҳо таъсири амиқ мерасонанд, масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии аксари кшварҳо табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи аҳамияти стратегӣ доштани насли ҷавон сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии худ муайян намуда, онро дар меҳвари барномаҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қарор додааст. Ин мавқеъгирии сиёсӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври равшан ифода гардида, бар нақши ҷавонон, ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, ба таври мунтазам таъкид мешавад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии кор бо ҷавонон на танҳо ҳамчун як самти иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар паёми имсолаи Президенти кишвар таъкид гардид, ки ҷавонон бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии худ заминаи воқеии пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро фароҳам меоранд. Аз ин ҷост, ки давлат барои самаранок амалӣ гардидани сиёсати ҷавонон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, муҳити мусоиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо фароҳам месозад.

Ҷавонон дар Паёми Президент ҳамчун қувваи созанда ва фаъоли ҷомеа муаррифӣ мешаванд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмӣ-маърифатии кишвар саҳми назаррас доранд.

Дар ҳақиқатан, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳае нест, ки ҷавонон дар он бо ташаббус, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамар иштирок надошта бошанд. Дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз идоракунии давлатӣ то соҳибкорӣ, аз илм ва маориф то фарҳанг ва варзиш, ҷавонон ҳамчун неруи эҷодкор ва пешбаранда ҳузури фаъол доранд.

Муҳтавои Паёми Президент бозгӯйи он аст, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон танҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷорӣ маҳдуд гардида, балки ба оянда нигаронида шудааст. Давлат ҷавононро ҳамчун наслҳои ояндасози миллат ва Ватан мешиносад ва маҳз бо ҳамин дидгоҳ масъалаҳои таълим, тарбия, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии онҳоро дар авлавият қарор медиҳад. Ин сиёсати дурандешона ба он равона шудааст, ки ҷавонон на танҳо истеъмолкунанда балки инчунин ҳамчун офарандаи неъматҳои иҷтимоӣ, амал намуда иштирокчии фаъоли раванди рушди миллӣ бошанд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат роҷеъ ба ҷавонон, ки дар Паёми Президент инъикос ёфтааст, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Дар шароити таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг ва забони давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба ҳисси баланди миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон ин нуктаро таъкид менамоянд, ки маҳз ҳамин сифатҳо метавонанд ҷавононро аз таъсири андешаҳои бегона эмин нигоҳ доранд ва онҳоро ба нерӯи устувори ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил диҳанд. Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ мебошад. Қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҷавонон, таъсиси ниҳодҳои махсуси кор бо ҷавонон ва ҷалби васеи онҳо ба идоракунии давлатӣ далели он аст, ки давлат ин қишри ҷомеаро ҳамчун шарики воқеии худ мешиносад. Паёми Президент ин равандро тақвият бахшида, самтҳои афзалиятноки рушди сиёсати ҷавононро барои солҳои минбаъда муайян месозад.

Аз дидгоҳи илмӣ, сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон намунаи сиёсати иҷтимоии фаъоле маҳсуб меёбад, ки ба рушди сармояи инсонӣ нигаронида шудааст. Ҷавонон ҳамчун сармояи стратегӣ баррасӣ гардида, сармоягузорӣ ба таҳсил, малака, саломатӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоии онҳо ҳамчун омили асосии рушди устувори давлат арзёбӣ мешавад. Ин равиш бо назарияҳои муосири рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мутобиқ буда, нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҷавонон дорои асоси илмӣ ва амалӣ мебошад.

Дар Паёми Президент ҳамчунин ба масъалаи фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин масъалаҳо на танҳо аҳаммияти иҷтимоӣ доранд, балки мустақиман ба рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сатҳи рушди кишвар таъсир мерасонанд. Ҷавонони соҳибмаърифат, касбомӯз ва дорои тафаккури навоварона метавонанд иқтисоди миллиро ба сатҳи нав бароранд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣба таври сазовор муаррифӣ намоянд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар Паёми Президенти кишвар инъикос ёфтааст, як сиёсати фарогир, илман асоснок ва ояндабин мебошад. Ин сиёсати давлатӣ ҷавононро ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Боварии Президент ба ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол нишонаи он аст, ки давлат ояндаи худро бо ин насл мепайвандад.

Дар натиҷа, сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари Паёми Президент на танҳо як бахши сиёсати иҷтимоӣ, балки стратегияи муҳими рушди миллӣ ба шумор меравад. Татбиқи самараноки ин сиёсат метавонад заминаи устувори пешрафти иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани соҳибистиқлоламонро таъмин намояд. Ҷавонони имрӯза, ки бо дастгирии давлат дорои имкониятҳои васе барои рушд мебошанд, метавонанд дар оянда масъулияти таърихии худро дар назди миллат ва давлат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади барномавӣ самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2026 ва давраи минбаъда муайян мекунад, ки барои ташаккул ва такомули баъдии равандҳои демократии мамлакат низ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин Паём дастовардҳои назарраси соли 2025, аз ҷумла интихоботи озод ва шаффоф ба Маҷлиси Олӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро таҳлил намуда, заминаи ҳуқуқии барномаи миёнамуҳлаттари рушдро то соли 2030 таҳким мебахшад.

Паёми навбатии Пешвои миллат чораҳои мушаххасро барои тақвияти низоми мардумсолорӣ пешниҳод кардааст, ки асосан ба беҳбуди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳсилот ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Ин пешниҳодҳо ҳамчун самтҳои асосии сиёсати дохилӣ барои соли 2026 ва давраи минбаъда муайян гардида, аз ҷумла, Парлумонро водор месозанд, ки қонунҳои мувофиқро қабул намояд ва фазои мусоиди ҳуқуқиро барои бозсозиҳои бештар такмил бахшад. Чунин ҳолат имкониятҳои бештару беҳтарро муҳайё месозад, то ниҳодҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва институтҳои анъанавии миллӣ фаъолиятҳои тарбиявиро барои баланд бардоштани худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, эҳсоси волои ванадӯстиву ватанпарастӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷавонон тақвият диҳанд.

Таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар, ки мағзи Паёмро ташкил медиҳад, наметавонад бидуни сиёсати муваффақонаи дохилии кишвар татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Пешвои миллат бо такя ба дастовардҳои бузургу назаррас таи солҳои Истиқлоли давлатӣ ин самти ҳаётан муҳимро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, аз ҷумла, Ҳукумат ва мақомоти марбутаро вазифадор месозад, ки дар муддати кутоҳтарин афзоиши бомароми иқтисодӣ (аз 6 ҳазор то 16,4 ҳазор сомонӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ) ва коҳиши камбизоатиро (то 19 фоиз) таъмин намоянд. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд, ки равияи омода кардани барномасозон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва таъсиси марказҳои замонавии инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар бар мегирад. Дар ҳамин қарина, инкишофи шабакаҳои 5G, марказҳои коркарди маълумот ва махзани миллии маълумот барои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудаанд. Дар соҳаи саноат таъсиси корхонаҳои нав, эҷоди ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рақобатпулии маҳсулоти дохилӣ барои таҳкимбахшидани содироти кишвар таъкид шудааст. Илова бар ин, чораҳои мушаххас барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва васеъкунонии пардохтҳои бепулӣ муайян гардидаанд. Ин ҳама мақомоти марбутаро водор месозанд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2026-2030 то охири соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. Дар Паём ҳамчунон супоришҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд кардани маошҳо аз 1 сентябри 2026 дода шудаанд, ки дар ниҳояти кор иштироки мардумро дар идоракунии давлат таҳким мебахшанд. Ин чораҳо ҳадафи олии давлат – беҳбуди ҳаёти шаҳрвандонро таъмин намуда, демократия ва низоми пурсамари мардумсолориро амалӣ месозанд.

Паём шаҳрвандонро низ даъват мекунад, ки дар равандҳои бозсозии кишвар фаъол бошанд, дар идоракунии пурсамари давлатӣ иштирок намоянд, аз тариқи фаъолиятҳо ва мавқеъгириҳои огоҳона волоияти қонунро дар кишвар таҳким бахшанд ва бузургтарин дастоварди конститутсионии кишвар – низоми ҳуқуқбунёди дунявии Тоҷикистони азизро ҳифз намоянд.

Каримов Шамсиддин, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе ироа карда шуд. Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди 34 соли рушду инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тўли 34 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлоли сиёсӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббускоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст.

Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 34 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро кард. Дар ин замина таъкид гардид, ки: “Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз намуданд, ки “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд”.

Воқеан, баргузории конференсияи мазкур тавонист барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.

Лозим ба ёддоварист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ аз 21-уми декабри соли 2021 таъкид доштанд, ки “тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи курраи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.

Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузургест барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст. Тавре дар Паём зикр карда шуд, ки “Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид”.

Таҳлилҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём гувоҳи онанд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ба миён овардаанд: “Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид”.

Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон намунаи равшанест, ки нишон медиҳад маърифати ҳуқуқӣ на танҳо як арзиши назариявӣ, балки як амали воқеӣ ва зарурист, ки метавонад ҳамчун заминаи устувори сулҳу субот ва ҳамкории байналмилалӣ хизмат кунад.

Пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ барои эълони соли махсуси маърифати ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳро ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аҳамияти онҳо барои амният ва рушди устувор бештар равона кунад. Ин иқдом метавонад омили муҳимми таҳкими низоми ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардад ва ба рушди ҳамкории созанда байни давлатҳо мусоидат намояд.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо нақши муҳимму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро, дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Ҳамин тариқ, ташаббуҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маврди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Раҳмонзода Азимҷон - ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва масъулиятшиноси Сарвари давлат, нақш ва саҳми ҳалкунандаи ӯро дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, низоми молиявию бонкӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисод инъикос намуда, самтҳои асосии пешрафти мамлакатро дар марҳалаи нави рушд муайян менамояд. Дар ин Паём дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва бахши бонкӣ бо далелу рақамҳои мушаххас таҳлил гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа барои таъмини пешрафти минбаъдаи мамлакат баён шудаанд.

— Иқтибосҳои пешниҳодшуда аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ равшан нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва молияи давлатӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромадии буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имконияти сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошанд. Ҳамзамон рушди устувори бахши хусусӣ, афзоиши ҳиссаи он дар истеҳсол ва шуғли аҳолӣ, инчунин густариши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок нақши низоми бонкӣ ва молиявиро дар пешбурди иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият бахшидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Ин равандҳо барои коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Ҳамчунин, рушди иқтисоди «сабз», бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз», такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегарданд.

Мазмуни иқтибосҳо ҳамчунин нишон медиҳад, ки сиёсати молиявию бонкӣ бо ҳадафҳои иҷтимоӣ пайванди устувор дорад. Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо, афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ гувоҳи он аст, ки рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.

Ин маҷмуаи иқтибосҳо ҳамчун манбаи муҳими таҳлилӣ барои омӯзиши сиёсати иқтисодӣ, бонкӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, таҷассумгари нақш ва саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, таҳким ва рушди ҳамаи ин соҳаҳо буда, барои таҳияи барномаҳо, стратегияҳо ва тадқиқоти илмии минбаъда дар соҳаи иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад:

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба соҳаҳои иқтисодӣ воқеӣ ва молияи давлатӣ:

-Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.

-Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.

-Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

-Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.

-Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

-Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

-Дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

-Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.

-Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.

-Ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

-Ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

-Ҳамчунин ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.

-Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

-Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

-Дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад.

-Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд.

-Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт – соат кам шудааст.

-Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

-Талафот дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз ва дар моҳи октябр то 5 фоиз кам шудааст.

— Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.

— Вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.

— Дар соли 2025 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

— Ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» ва ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошад ва бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул карда шавад.

— Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест.

— Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

— Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

Инчунин барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Рушди саноат

Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.

Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.

Ба идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.

Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Энергетика

Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.

Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.

Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.

Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.

Илова бар ин, тавре, ки дар боло гуфта шуд, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад.

Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад.

Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.

Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадоранд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.

Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.

Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем.

Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.

Ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд.

Кишоварзӣ

Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.

Ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.

Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт.

Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030-ро таҳия ва амалӣ созад.

Нақлиёт

Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.

Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла:

Ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.

Илм

Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.

Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки барои дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Фарҳанг

Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру навсозӣ кардем.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Тандурустӣ

Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд.

Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Шуғли аҳолӣ

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Бо назардошти имконияти имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1 сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

Ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

То рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст.

Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Таҳияи Аъламхон НАИМӢ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Дар соҳаи идоракунии давлатӣ, паёми Президенти кишвар, яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо фаъолияти давлатро дар тӯли сол ҷамъбаст мекунад, балки дурнамои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар солҳои оянда низ муайян мекунад. Паём ҳамчун воситаи муоширати расмӣ байни сарвари давлат, муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеа хизмат мекунад ва дар ташаккули стратегияи миллӣ нақши калидӣ мебозад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо ноустувории сиёсӣ, рақобати геополитикӣ ва тағйироти босуръати иқтисодӣ тавсиф мешавад, аҳамияти паёми Президенти кишвар боз ҳам бештар аст.

Паёми Президенти кишвар яке аз муҳимтарин воситаҳои сиёсати дохилӣ ҳисобида мешавад, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Паём инчунин ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии сиёсати дохилӣ хизмат мекунад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва барномавӣ хизмат мекунад, ки мақсадҳо, афзалиятҳо ва ҳадафҳои стратегии мақомоти давлатӣ, ҳокимияти иҷроия ва ҷомеаро муқаррар мекунад. Тавассути паём, Президенти кишвар вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро таҳлил мекунад ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян менамояд.

Яке аз нақшҳои калидии паём дар сиёсати дохилӣ танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Паём дастурҳо ва супоришҳои мушаххасеро пешниҳод мекунад, ки асоси онро таҳияи барномаҳо, қонунҳо ва ислоҳот ташкил медиҳанд. Парлумон, ҳукумат ва дигар мақомоти давлатӣ, паёмро ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд ва фаъолияти худро мувофиқи он барои соли оянда анҷом медиҳанд.

Дар айни замон, паёми Президенти кишвар воситаи муоширати мустақим бо мардум аст. Он ба шаҳрвандон самти сиёсати дохилии давлат, мушкилоти асосӣ ва чораҳоеро, ки барои ҳалли онҳо андешида мешаванд, мефаҳмонад. Ин раванд ба баланд бардоштани огоҳии сиёсӣ ва тақвияти эътимоди мардум ба ҳукумат мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, ин паём дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ нақши муҳим мебозад. Бо таъкид ба арзишҳои миллӣ, манфиатҳои муштарак ва ҳадафҳои муштарак, роҳбари давлат ҷомеаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими дохилӣ муттаҳид мекунад. Умуман, паёми роҳбари давлат дар сиёсати дохилӣ ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо, воситаи ҳамоҳангсозӣ ва омили рушди устувори кишвар аҳамияти хеле калон дорад.

Паёми Президенти кишвар дар сиёсати хориҷӣ низ нақши муҳим ва калидӣ дошта, он ҳамчун санади барномавии сиёсӣ самтҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи давлатро муайян мекунад. Тавассути паём роҳбари давлат мавқеи расмии кишварро нисбат ба равандҳои ҷаҳонӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ иброз намуда, афзалиятҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷиро равшан месозад ва аз бурду бохти сиёсати хориҷӣ дар соли равон гузориш медиҳад.

Яке аз вазифаҳои асосии паём дар сиёсати хориҷӣ муайян намудани стратегия ва авлавиятҳо мебошад. Дар паём равобит бо кишварҳои алоҳида, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин самтҳои муҳими ҳамкорӣ - амният, иқтисод, энергетика, экология ва дипломатияи фарҳангӣ таъкид мегарданд. Ин дастурҳо барои фаъолияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ниҳодҳои марбут роҳнамо мешаванд.

Ҳамзамон, паёми Президенти кишвар ҳамчун василаи иртибот бо ҷомеаи байналмилалӣ хизмат мекунад. Он паёми сиёсӣ ба дигар давлатҳо буда, ниятҳо, мавқеъ ва омодагии кишварро ба ҳамкорӣ ё ҳимояи манфиатҳои миллӣ нишон медиҳад. Аз ин нуқтаи назар дар паёмҳои роҳбари давлат намояндагиҳои дипломатии муқимӣ кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Илова бар ин, паёми Президенти кишвар дар сиёсати хориҷӣ нақши таҳкими имиҷи байналмилалии кишварро иҷро мекунад. Бо таъкид ба сиёсати сулҳҷӯёна, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва иштирок дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, давлат метавонад эътимод ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад. Дар маҷмӯъ, паёми роҳбари давлат воситаи муҳими ташаккул, ҳамоҳангсозӣ ва муаррифии сиёсати хориҷӣ буда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Ироаи паёмҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 шурӯъ шудаанд ва инак 25 сол мешавад, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ “чун фишанги баррасии масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳадафҳои дурнамо эътироф гардидааст” ироа мегардад. Соли равон 16 - уми декабр паёми навбатии Президенти кишвар ироа гардид, ки бо тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтанаш, сиёсати долихӣ ва хориҷӣ ҳамчун меҳвари матни онро ташкил медод. Паёми Президенти кишвар самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷиро инъикос намуда, аз фарҷоми як сол натиҷагирӣ мекунад ва барои соли оянда ҳадаф ва вазифаҳои мушаххасро барои тамоми идораву сохторҳои давлатӣ пешниҳод мекунад.

Паёми Президенти кишвар, ҳамчун ифодаи дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва амалӣ дорад. Он на танҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегиро муайян мекунад, балки фаъолияти тамоми низоми давлатӣ ва мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад. Дар ҷаҳони имрӯзаи босуръат тағйирёбанда ва рақобатпазир, Паёми Президенти кишвар нақши калидӣ ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва воситаи муоширати сиёсиро мебозад.

Паём дар баробари сиёсати давлатиро инъикос намудан барои муайян кардани дурнамои рушди дохилӣ, самти сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар ҷаҳони муосир кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирии Паёми Президенти кишвар барои дарки равандҳои сиёсӣ ва рушди давлат дар шароити ҳозираи рушди мамлакат хеле муҳим аст.

Шарифов Искандар, ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони имрӯза дар марҳилаи мураккабшавии равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодию геофарҳангӣ қарор дорад. Низоъҳои шадид дар Аврупои Шарқӣ ва Ховари Наздик ва Миёна далолат бар он мекунанд, ки низоми кӯҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳолати барканоршавӣ аст ва эъмори пойдевори низоми нав бар пояи принсипҳои баробарӣ, эътирофи амалияи сиёсии давлатҳои мухталиф ва гуногунрангии фарҳангӣ мебошад. Рақобати давлатҳо дар фазои геоиқтисодии дунё сол то сол меафзояду муборизаҳои шадид байни абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои ба даст овардани манбаъҳои ашёи хом, нафту газ дар манотиқи гуногуни сайёра торафт пурзӯртар мешаванд.

— Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 иброз гардид, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».

Дар ҳақиқат ин равандҳо ба давлатҳои дунё дар сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ-фарҳангӣ таъсири гуногун доранд. Дар ин ҳолат ҳар давлати соҳибистиқлол кӯшиш мекунад, ки оид ба зарфияти сиёсӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба фишору таҳдидҳои берунӣ вокуниш намуда, посухи асоснок диҳад.

Тоҷикистон давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ тавонист иқтисоди миллии рақобатпазир бунёд кунад. Имрӯз иқтисоди миллӣ бо суръати баланд рушд карда, некуаҳволии аҳолии мамлакат боз ҳам беҳтар мегардад. Дар ин қарина Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барҳақ таъкид намуданд, ки «даромади аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир 6 баробар афзуд. Дар соли 2015 даромади аҳолӣ 26 миллиард сомонӣ буд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 165 миллиард сомонӣ расид».

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшиш менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар ҷомеаи тоҷик шароити мусоид фароҳам оварад. Маҳз ин тадбирҳо боиси баланд шудани нишондоди дарозумрии мардуми ҷумҳурӣ мегарданд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки «шумораи аҳолӣ аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардида, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».

Тоҷикистон имрӯз дар масири фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ тадбирҳои муассирро амалӣ дорад. Дар пасманзари буҳронҳои ҷаҳонӣ, таҳдидҳои иқлимӣ ва чолишҳо ба суботи иҷтимоӣ рушди устувор ба самти стратегии банақшагирии миллии давлатамон табдил меёбад. Тоҷикистон ҳамчунин дар татбиқи якчанд ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид пешрафти мусбат нишон медиҳад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо барои такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат зарур мебошад.

Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад».

Падидаи «рушди устувор» консепсияест, ки бар таъсири мутақобили муассири ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ асос ёфтааст. Барномаи рушди устувори Тоҷикистон имрӯз аз се самти мукаммал иборат аст:

Рушди иқтисодӣ. Ин самти барнома татбиқи инноватсия, рушди инфрасохтор ва пешбурди саноатикунониро дар бар мегирад. Инчунин рушди иқтисодӣ ва таъмини музди меҳнати муносиб, истеҳсоли масъулиятнок дар қаринаи иқтисоди «сабз» ба доираи ҳадафҳои ин самт ворид мешаванд.

Некӯаҳволии иҷтимоӣ. Ин самт таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ ба ҳама сокинони ҷумҳурӣ, ғамхорӣ ба саломатии онҳо ва таъмини баробарии гендериро дар бар мегирад. Ин самт инчунин ба ҳифзи сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Мувозинати экологӣ. Мувозинати экологӣ ҳифзи манбаъҳои оби тоза ва ҳифзи экосистемаҳоро таъмин хоҳад намуд. Дар қаринаи ин самт татбиқи барномаи иқтисоди «сабз» пешбинӣ мешавад, ки ба воситаи он дастрасӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза барои аҳолӣ таъмин хоҳад гардид.

Рушди иқтисоди «сабз» ба падидаи рақамикунонӣ ва ташаккул додани пойдевори иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон марбут аст. Оид ба раванди босуръати рақамикунонӣ ва аҳамияти он барои ҷаҳони муосир Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба шаҳрвандони мамлакат чунин иброз намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти мамлакатро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд».

Роҳбари давлат бо назардошти аҳамияти стратегӣ доштани раванди рақамикунонӣ ба ин падида диққати махсус медиҳанд, барои он ки рақамикунонӣ метавонад ба тағйироти назаррас дар ҷомеа ва кулли соҳаҳои хоҷагидории халқ, хусусан иқтисодиёт оварда расонад.

Баъзе ҷанбаҳои калидии марбут ба рақамикунонӣ инҳоянд:

Афзоиши шуғл: Рақамикунонӣ метавонад ҷойи нави кор эҷод кунад, махсусан дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф.

Тағйироти сифатии тарзи зиндагӣ: Рақамикунонӣ метавонад набз ва тарзи зиндагии одамонро сифатан беҳтар намояд ва боиси истифодаи фаъолтар ва муассиртари технологияҳои рақамӣ гардад.

Тағйирот дар моделҳои тиҷорат: Рақамикунонӣ метавонад моделҳои тиҷоратро тағйир диҳад ва ба равандҳои тиҷоратии самараноктар ва босуръат оварда расонад.

Доир ба аҳамияти падидаи рақамикунонӣ барои Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намудаанд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади истифодаи имконоти зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд».

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масири рушди ҷумҳуриро барои соли 2026 муайян намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба истиқболи сарбаландонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳнамоӣ менамояд.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳамчун як санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар марҳалаи анҷомёбии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 баромад менамояд. Ин Паём на танҳо натиҷаҳои рушди даҳсолаи кишварро ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои марҳалаи минбаъдаи рушди устувор муайян месозад.

Хусусияти асосии Паём дар он ифода меёбад, ки он дар шароити мураккаби геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, рақобати иқтисодии ҷаҳонӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ироа гардида, ба масъалаҳои амнияти миллӣ, рушди иқтисоди воқеӣ, сармояи инсонӣ ва нақши Тоҷикистон дар рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.»

Яке аз нуқтаҳои калидии Паём таъкид ба суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин замина, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар фазои шаффоф ва қонунӣ ҳамчун нишондиҳандаи камолоти низоми сиёсии кишвар арзёбӣ мегардад.

Ин мавқеъ бо таҷрибаи таърихии кишвар пайванди мустақим дорад, зеро, ба таъкиди Сарвари давлат: «Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.»

Бо ин таъкид, Паём на танҳо ба вазъи имрӯза, балки ба сабақи таърихӣ такя намуда, сулҳ ва суботро ҳамчун арзиши стратегӣ муаррифӣ мекунад.

Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба имзо расидани шартномаҳои сеҷониба бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон дорои аҳаммияти стратегии минтақавӣ мебошад. Ин рӯйдод Тоҷикистонро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ҳамкории созанда ва суботи минтақавӣ муаррифӣ намуда, заминаи устувори рушди иқтисодӣ ва амнияти фарогирро фароҳам месозад.

Пешвои миллат бо таъкиди хос масъалаи амният, сулҳу субот ва волоияти қонунро ҳамчун шарти калидии рушди устувори давлат баррасӣ менамоянд.

Дар Паём масъалаи амният дар шароити таҳдидҳои фаромиллӣ бо ҷиддият баррасӣ мегардад. Пешвои миллат бо равшанӣ таъкид мекунанд:

«Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.»

Ин таъкид нишон медиҳад, ки амнияти миллӣ ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро бо назари воқеъбинона таҳлил мекунад. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави “ҷанги сард, яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.»

Дар чунин шароит, Тоҷикистон роҳи ҳамкории байналмилалиро интихоб мекунад. Чунонки зикр мешавад: «Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.»

Рушди иқтисодии кишварро ҳамчун натиҷаи сиёсати пайгирона ва барномарезишудаи давлат нишон медиҳад. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 173 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии 8,4 фоиз далели устувории макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паём равшан таъкид мегардад, ки модели рушди ояндаи кишвар бояд ба саноатикунонии босуръат, иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди «сабз» асос ёбад. Ин равиш Тоҷикистонро аз иқтисоди истеъмолӣ ба иқтисоди тавлидкунанда ва ба дониш асосёфта равона менамояд.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 аҳаммияти хос дорад. Дар ин барнома ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз ва афзоиши ҳиссаи табақаи миёна то 50 фоиз муайян гардидаанд.

Паёми ироагардида рушди иқтисодиро бо корҳои бузурги созандагӣ мепайвандад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки соли 2026 барои Тоҷикистон соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ба хотири истиқболи ин ҷашн, корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми имсола таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Дар Паём на танҳо зарурати ҳуқуқӣ ва техникӣ, балки манфиати иҷтимоиву иқтисодии ин раванд асоснок карда мешавад.

Таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллинг дар соҳаи энергетика ҳамчун мисоли равшани коҳиши омили инсонӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ оварда мешавад. Кам гардидани талафоти неруи барқ ва афзоиши воридоти молиявӣ нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад омили муҳими мубориза бо фасод ва беҳбуди идоракунӣ бошад.

Дар Паёми соли 2025 масъалаи энергетика ҳамчун пояи рушди иқтисодӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ мегардад. Таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистонро ба марҳалаи нави истиқлоли энергетикӣ мерасонад.

Таваҷҷуҳ ба энергияи «сабз» ва имкони истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ барои марказҳои коркарди маълумотҳо ва зеҳни сунъӣ кишварро ба бозингари муҳим дар иқтисоди рақамии минтақавӣ табдил медиҳад.

Пешвои миллат бо ифтихор аз неруи созандагии мардум таъкид намуда қайд карданд, ки :«Роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд.»

Ин андеша бо даъвати умумимиллӣ ҷамъбаст меёбад. «Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ… барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон кӯшишу талош намоем.»

Ҳамчунин таъкид мегардад:, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.»

Пайём рушди сармояи инсониро ҳамчун омили асосии пешрафти дарозмуддат муайян менамояд. Афзоиши маблағгузории соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ далели он аст, ки сиёсати иҷтимоии давлат хусусияти стратегӣ дорад.

Таъкид ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва ислоҳоти низоми таҳсилот Тоҷикистонро ба фазои рақобатпазири байналмилалии илм ва маориф ворид месозад. Ҳамзамон, пешниҳод оид ба тақвияти таҳқиқоти криосфера ва табдили Маркази омӯзиши пиряхҳо ба институти илмӣ аҳаммияти байналмилалии илмии кишварро тақвият мебахшад.

Паём фарҳангро пояи ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунад. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд мекунанд: «Воқеан, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.»

Дар ин радиф, дастовардҳои байналмилалӣ зикр мегарданд, аз ҷумла:

Ø эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ»;

Ø бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027;

Ø ворид гардидани 11 ёдгории Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО;

Ø танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният).

Дар Паёми соли 2025 сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати «дарҳои кушод», мутавозин ва сулҳҷӯёна муаррифӣ мегардад. Иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро ба кишвари ташаббускор дар рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил додаанд.

Қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон далели эътирофи байналмилалии сиёсати созандаи кишвар мебошад.

Хулоса. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳамчун санади ҷамъбастӣ ва ҳамзамон роҳнамо барои оянда баромад менамояд. Он нишон медиҳад, ки рушди устувор танҳо дар шароити суботи сиёсӣ, иқтисоди рақамӣ, энергетикаи «сабз» ва сармояи инсонӣ имконпазир аст.

Ин Паём Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дорои дурнамои равшан ва сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ муаррифӣ намуда, заминаи устувори рушди минбаъдаро барои даҳсолаи оянда фароҳам месозад.

Сафарзода Сангин Ниёз ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Соли 2025 ҳамчун соли муҳим дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо чорабинӣ ва рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву таърихӣ сабт гардид. Ин чорабинӣ ва рӯйдодҳо, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилу арзёбӣ шуданд, ҳам дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва ҳам самараи сиёсати хориҷии мутавозин, дурандешона ва сулҳҷӯёнаи кишварро инъикос менамоянд.

Яке аз чорабинии калидии сиёсӣ ин баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2025 мебошад. Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар Паёми Пешвои миллат чунин инъикос ёфт - «Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд».

Интихобот на танҳо василаи ташаккули ҳокимияти давлатӣ, балки мактаби муҳимми ташаккули шуур ва маданияти сиёсӣ ва кафолати таъмини суботи иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии соли 2025 дар мамлакат баргузоргардида нишон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳалаи нави камолоти сиёсӣ ворид гардидааст.

Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ бори дигар пояҳои устувори низоми демократӣ ва ташаккули шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсии ҷомеаро собит намуд. Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот нишонаи болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва эътимоди ҷомеа ба давлат ва ниҳодҳои он мебошад. Дар баробари ин, бояд ба инобат гирифт, ки ҳар як интихобот худ ифодаи оѓози марҳилаи нав дар рушди бемайлони демократия мебошад, ки ба он дар кишвари мо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Рӯйдоди дигари воқеан таърихӣ ва дорои аҳаммияти фаромиллӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфт ин «… ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад». Ба назари мо ин дастоварди бузург натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда миёни роҳбарони ду давлати ҳамсоя мебошад. Майли ҷонибҳо ба ҳалли мусолиҳатомези мушкилиҳои мавҷуда имкон дод, ки масъалаи мазкур бо роҳи музокироту гуфтушунид ва гузашту созиш ҳал карда шавад.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ на танҳо омили таҳкими амният ва эътимоди мутақобил аст, балки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои наздисарҳадӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Бе муҳобот ин дастовардро намунаи равшани дипломатияи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон метавон арзёбӣ намуд.

Руйдоди сеюми воқеан таърихӣ ва дорои аҳаммияти фаромиллӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат чунин инъикос ёфт, ин «шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд». Ин санадҳо иродаи қавии сарони давлатҳоро ҷиҳати таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ таҷассум менамоянд.

Эъломияи Хуҷанд ҳамчун ҳуҷҷати рамзӣ ва ҳамзамон амалӣ саҳифаи нави муносибатҳои минтақавиро боз намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва амният заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ин иқдомҳо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори сулҳ, субот ва ҳамгироии минтақавӣ боз ҳам таҳким мебахшанд. Дар баробари ин Эъломияи Хуҷанд санади муҳиммест, ки аз диди геосиёсӣ низ аҳаммияти хос дошта, баҳри таҳкими минбаъдаи суботу амният дар Осиёи Марказӣ нақши хос дорад.

Ҳамин тавр, чорабинӣ ва рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву таърихии соли 2025, ки дар Паёми соли ҷории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфтаанд, гувоҳи равшани онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, рушди демократия ва таъмини сулҳу суботи минтақавӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ин ҳама самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мебошад. Инъикоси масъалаҳои зикргардида дар паём худ нишонаи аҳаммияти муҳимми сиёсию давлатии онҳо мебошад, ки ба рушди муносибатҳо чи дар дохил ва чи бо ҳамсояҳо – кишварҳои дӯсту ҳамҷавор, такони ҷиддӣ ва созанда бахшид.

Муродов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.

Дирӯз (санаи 16.12.2025) кулли мардум ва миллати сарбаланд ва шарафманди тоҷик шоҳиди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шуруъ аз оғози соли 2000-ум ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон) сурат мегирад, ки дар доираи он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълум мегарданд.

123Сароғоз Пешвои миллат соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ номиданд. Дар баробари ин, Президенти кишвар вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваррро вобаста аз намудҳои фаъолияти иқтисодӣ мавриди таҳлил, омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд. Аз нуқтаҳои асосии Паём бар меояд, ки рушди бемайлони вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар соли сипаригардида пурра таъмин гардидааст ва ин баҳри расидан ба ҳадафи ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани сатҳ ва сифати некуаҳволии аҳолӣ оварда расонид.

Хуб дар хотир дорем, ки дар Паёмҳои қаблӣ Президенти маҳбуби кишварамон таъкид намуда буданд, ки “Дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Дар мақола диққати асосӣ ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, ки аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, равона карда мешавад. Ба андешаи Президенти мамлакат рӯ овардан ба модели болозикр имкон медиҳад, ки ҳангоми ба инобат гирифтани он Ҳукумати мамлакат самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Аз инҷо бар меояд, ки маҳаки асосии рушди иқтисодиёт дар асоси дониш, маърифат, маориф ва дар ниҳоят илм баромад менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки бештари давлатҳои тараққикардаи дунё дар низоми иқтисодии худ ба соҳаҳои илм ва маориф афзалият ва авлавият медиҳанд. Дар инҷо нуқтаи муҳим он аст, ки муваффақияти ҳамаи давлатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон ва дигарон ба бартариятҳо, имтиёзҳо ва афзалиятҳои соҳаҳои болоӣ дар сохтори иқтисоди миллӣ мушоҳида мегардад. Дар ин росто, хурсандиовар он аст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки “модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфтаи Президенти мамлакат 33 сола дониста мешавад ва паҳлӯҳои бештари он дар амалияи иқтисоди миллии ҷумҳурӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, он бо ҳадафҳои гузошташудаи барномаҳои стартегии мамлакат, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра мутобиқат менамоянд. Бо ибораи дигар, дар оянда, давра ба давра ва марҳила ба марҳила мо бояд ҳиссаи соҳаҳои илм ва маорифро дар афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат афзоиш диҳем.

Асосҳои назариявии модели иқтисоди дониш, ё бо истилоҳи қабулгардидаи ҷаҳонӣ - (Knowledge-Based Economy, KBE), ки аз ҷониби олими австриягӣ-амрикоӣ Фритс Махлуп дар китоби худ бо номи “истеҳсолот ва тақсимоти дониш дар ИМА” ((The Production and Distribution of Knowledge in the United States) соли 1962 пешниҳод гардида аст, фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиётро аз соҳаҳои илмғунҷоишашон баланд вобаста медонист. Ба андешаи мо, мантиқан дуруст аст, ки рушди соҳаи илм, бевосита аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад ва дар инҷо занҷираи мантиқии “маориф-илм-истеҳсолот” ба вуҷуд меояд. Таҳқиқи ҷанбаҳои назариявии истифодаи модели иқтисодии дониш маълум менамояд, ки хароҷотҳо ба ин соҳаҳои калидӣ бояд дар сохтори умумии хароҷотҳо сол аз сол бештар карда шаванд. Як нуқтаи муҳим ин аст, ки дар фарқият аз моделҳои ҷойдошта дар модели пешниҳоднамудаи Сарвари давлат калимаи “навоварӣ” мушоҳида мегардад, ки ин ҳам бошад дарбаргирандаи инноватсияҳо ва донишҳои нави илмиро дар назар дорад. Бо ибораи дигар ҳамгироии дониш ва навоварӣ имконияти беҳтар намудани вазъи иқтисодиро танҳо аз ҳисоби коркардҳои нав, донишҳои нав ва ғояҳои илмие, ки бори аввал барои баҳрабардорӣ тавлид карда мешаванд.

Боиси хушнудӣ ва қаноатмандист, ки дар Паёми Президенти мамлакат дастур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21% хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Илова бар ин, таъкид гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки барои гузариш ба модели иқтисоди дониш, зарур аст, ки мавқеи ниҳодҳои соҳавӣ пурзӯр карда шаванд. Дар ин росто, мавқеи асосӣ ва калидӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бояд дода шавад. Маълум аст, ки аз ҳисоби ниҳодҳои соҳавӣ мавқеи АМИТ ҳамчун пурзӯртарин ва волотарин ниҳоди соҳавӣ дониста мешавад. АМИТ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои соҳаҳои калидӣ (илм ва маориф) дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд мавқеи устувор дошта бошад. Устувории мавқеи АМИТ ҳангоми амалӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои илмӣ намуддор мешавад.

Тӯли солҳои охир, барои пурзур намудани кор ва фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пешвои миллат мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони моҳир, бомаърифат ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳии фаъолияти илмии муассисаҳои илмии зертобеи он тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар худи Паёми имсола пешниҳоди Пешвои миллат бобати табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» мо кормандони илмҳоро хушнӯд намуда, баҳри иҷрои он тамоми кӯшиши худро харҷ хоҳем намуд.

Мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ М.И. Садриддинзода

Таассуроти ман аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз санаи 16 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, бисёр амиқ, фарогир ва саршор аз андешаҳои бузурги давлатдорӣ буда, ҳамчун як рӯйдоди муҳимми сиёсиву маънавӣ дар зеҳну шуури ман таъсири ҷиддӣ ва пойдор гузошт, зеро дар он тамоми самтҳои ҳаётан муҳими рушди ҷомеа бо диди стратегӣ, таҳлили илмӣ ва эҳсоси баланди масъулият нисбат ба тақдири имрӯзу фардои давлату миллатамон матраҳ гардиданд.

Ин Паём бори дигар собит намуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат бар пояи таҷрибаи ғании роҳбарӣ, иродаи қавии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ ва ғамхории падарона нисбат ба мардум асос ёфта, ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста, суботи пойдор, амнияти устувор ва пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Ҳар як нуктаи ироашуда бо мантиқи равшан ва далелҳои муътамад собит месохт, ки роҳбари давлат вазъи кунунии кишвар ва равандҳои минтақавию ҷаҳониро амиқ дарк намуда, барои ҳар мушкил роҳи ҳал ва барои ҳар ҳадаф барномаи мушаххас доранд.

Дар ҷараёни Паём Пешвои муаззами миллат бо таҳлили муфассали дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои охир, аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкорӣ, нишон доданд, ки натиҷаҳои бадастомада маҳсули заҳмати содиқонаи мардум, сиёсати оқилона ва идоракунии самараноки давлатӣ буда, ин дастовардҳо заминаи боэътимод барои расидан ба ҳадафҳои бузурги минбаъда ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, дар Паём масъалаҳои ҳалталаб низ бо ҷасорат ва воқеъбинӣ баён гардиданд, ки ин худ нишонаи шаффофият ва масъулияти баланди роҳбарияти давлат дар назди ҷомеа мебошад.

Ба андешаи ман, яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳим ва таъсиргузори Паём дар он зоҳир гардид, ки Пешвои миллат ба рушди сармояи инсонӣ, яъне илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва махсусан тарбияи ҷавонон ҳамчун неруи асосии созанда ва омили калидии пешрафти устувори давлат диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки бе ҷавонони донишманд, худшинос, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир наметавон ба рушди воқеӣ ва рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ноил шуд, аз ин рӯ сармоягузорӣ ба дониш ва маърифат бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Ҳамчунин, дар Паём масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ҳамчун пояи асосии давлатдории тоҷикон мавқеи хоса касб намуд, зеро маҳз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ метавонанд ҷомеаро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта, роҳи пешрафти устуворро таъмин созанд. Ин нуктаҳо дар қалби ман эҳсоси ифтихор аз таърихи пурғановат ва фарҳанги волои миллати тоҷикро боз ҳам қавитар гардонданд.

Барои ман, ҳамчун як ҷавони хушбахту хушиқболи ин Ватани биҳишосо, ин Паём на танҳо як санади расмии сиёсӣ, балки як мактаби бузурги ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад, ки инсонро ба андеша водор месозад, то дар баробари ҳуқуқҳои худ вазифа ва рисолати шаҳрвандии худро низ амиқ дарк намуда, бо меҳнати софдилона ва саҳми созандаи хеш дар рушди Ватан иштирок намояд. Ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат аз боварӣ ба неруи мардум, эътимод ба ояндаи кишвар ва орзуи дидани Тоҷикистони ободу пешрафта маншаъ мегирифт.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро метавон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, роҳнамои стратегии рушди кишвар ва такягоҳи устувори маънавию сиёсӣ арзёбӣ намуд, ки он ҷомеаи моро ба ҳамбастагӣ, заҳмати созанда, худшиносии миллӣ ва боварӣ ба фардои дурахшон ҳидоят намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва зиндагии шоистаи мардум заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич- магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Паёми Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бозгӯи натиҷаҳо ва муваффақиятҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дурахшони ояндаи мамлакат аст. Имсол низ ин Паёми пурмӯҳтаво ба мардуми Тоҷикистон ироа гардид ва дарки он масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чуноне дар Паём ироа гардид: "Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид".
Воқеан соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ нек пазируфта шуд.

Инҷо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба яке аз рӯйдодҳои тақдирсози соли 2025, ки Пешвои муаззами миллат ироа намуданд ҷалб менамоем. Дар ин масалаи бисёр ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ҷиҳати оммафаҳм гардидани матлаб бе ҷумлабандиҳои мураккаб месазад ибрози андеша намуд. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд, ки: "Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд".
Воқеан, дар соли 2025 ин руйдоде буд, ки орзуву ормони ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ гардид. Солҳои тӯлонӣ ин масъалае буд, ки ҳалли он барои ҳарду мамлакат муҳим ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, эҳтироми ҳамсоядории ду кишвари соҳибтамаддун боис гардид ин руйдоди таърихӣ ба амал ояд. Сулҳу дӯстӣ, ба роҳ мондани муносибати сулҳпарварона боиси пешрафти ҳар мамлакат аст. Чуноне, ки аз иттилои расонаҳо ба мо маълум аст нофаҳмиҳои муваққатие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омаданд метавонистанд оқибатҳои нохуш дошта бошанд. Вақте оромӣ ва осоиш набошад сухан аз пешрафтҳои минбаъда гуфтан ғайриимкон мегардад. Чуноне шоир мефармояд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.
Оиди нофаҳмиҳое ки дар сарҳад ба амал омаданд истода намегузарем, танҳо мехоҳем ба он таваҷҷӯҳ намоем, ки сулҳу Ваҳдат ва дӯстиву ягонагӣ чиқадар гавҳари ноёб барои рушду пешрафт ва осоиши мардум аст. Зеро агар Ваҳдат, сулҳ ва осоиш набошад амалинамоии ҳадафҳои стратегии мамлакат ғайриимкон мегардад. Хушбахтона хиради азалӣ, таҷрибаи ду кишвари ба ҳам дӯст боис гардид, ки масъалаи сарҳад ҳаллу фасл гардида муносибатҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар робитаҳо бозам густариш ёбанд.

Ёдоварӣ аз ин дастоварди таърихӣ ба он роҳнамоӣ менамояд, ки пеш аз ҳама сокинони мамлакат ба қадри тинҷиву оромии мамлакат бирасанд ва Ваҳдату истиқлоли давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Барои онки наслҳои мо худогоҳу ватандӯст бошанд Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбати як қатор таъкидҳо намуданд.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки: "Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд".
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад".

Месазад, ки ин таъкидҳоро дарк намуда баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо пайваста талош намеом. Зеро дур аз таасубу хурофот будан кафолати ояндаи дурахшон аст.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати рушди худшиносии мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат як қатор иқдомҳоро ба монанди тақдими китоби "Шоҳнома" - и Абулқосими Фирдавсӣ ва "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров ва садҳо иқдомҳои ояндасозро амалӣ намуданд. Танҳо аз мо шаҳрвандон масъулияти баланди ҷонибдорӣ, дарки ин иқдомҳо ва амали намудани онҳо тақозо мегардад, ки қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Чуноне, ки дар рафти ироаи Паём Пешвои муаззами миллат иброз намуданд ин иқдомҳоро на танҳо бо кафкӯбӣ истиқбол кунем балки барои иҷроиши онҳо содиқона меҳнат намоем. Таъкиди Пешвои муаззами миллат, ки "Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад" масъулияти пеш аз ҳама Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, волидайн ва дигар ниҳодҳои марбута мебошад.

Паёми Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама роҳнамоест, ки масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро тақозо менамояд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.