21 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар китобхонаи марказии шаҳр бо рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шинос гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар назди китобхона, бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни он суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳогузорӣ кардан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.
Таъкид дошт, ки Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бисёр имтиёзҳоро фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии кишвар ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.