Имрӯз (03.09.2024) бо ташаббуси Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори маҷлисии академия Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ – заминаи таҳкими давлатҳои ҳуқуқбунёд” бахшида ба ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба кори конференсия директори институт доктори илмҳои фалсафа -Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҷашни пуршукуҳи дар пешистода “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуда, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба даст овардани Истиқлолият бузург арзёбӣ намуд ва ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҳамаи мо насли калонро мебояд ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, дар замири наслҳои оянда бузургиву муқаддасии Истиқлолияти давлатиро ҷо намуда тавонем ва ба ин васила аз худ ба ояндагон як давлати воҳид ба мерос гузорем.
Дар идома як қатор олимону донишмандони институт бо маърузаҳои пурмуҳтавову ҷолиб ва саривақтӣ баромад намуда, мазмуну муҳтавои Истиқлолияти давлатиро шарҳ дода, ба иштирокдорон маълумотҳои муфассал ва ҷолиби диққатро оид ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таъмин намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуданд.