Skip to main content

Санаи 3-юми сентябри соли равон дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ вохӯрӣ бо намояндагони ширкати “Радметрон” - и Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид.

Дар вохурӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти АМИТ- раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ - Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Илҳом Мирсаидзода, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров АМИТ - Зарифзода Авзалшо ва ҷониби Ҷумҳурии Белорус, муовини директор оид ба фурӯши ширкати “Радметрон” - Белорус Владимир Коржовник ва котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Базюк Олег Иосифович иштирок намуданд. Инчунин, дар вохурии мазкур, муовини аввали директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Ахмедов Матин ва муовини директори Агентии номбурда - Баротов Бахтиёр иштирок варзиданд.

Дар раванди вохӯрӣ масалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Тоҷикистон ва ширкати “Радметрон” - и Ҷумҳурии Белорус муҳокима гардид.

Бояд тазуккур дод, ки ширкати “Радметрон” ба истеҳсол ва фуруши таҷҳизотҳои муайянкунанда ва кашфи маводҳои радиатсионӣ ва инчунин химияавӣ машғул аст. Қайд гардид, ки истифодабарии таҷҳизотҳои пешкашгардида дар Агентии амнияти ХБРЯ-АМИТ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдан имконпазир аст.

Зимни вохурӣ, меҳмонон таҷҳизотҳои худро дар шакли электронӣ ба намоиш гузошта, оид ба ҳамкорӣ омодагии худро изҳор доштанд. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводҳои радиатсионӣ мавҷуд аст, мувофиқа намуданд.