Skip to main content
2123Дар саҳифаҳоидурахшони таърихи кишвар санаҳои тақдирсоз ва муҳиме ҳастанд, ки мояи ифтихору сарфарозии ҳаряки мо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумлаи чунин санаҳои барчаста9 сентябри соли 1991- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар интиҳои асри 20 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки имрӯз мо дар арафаи 33-солагии ин дастоварди бузурги таърихӣ қарор дорем.

Чи гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад”.

Дар ҳақиқат истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳуввияти мо будааст. Абармардони миллати куҳанбунёди мо тавонистанд, ки ҳанӯз дар асри 10-ум соҳиби давлати миллӣ буданд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳони бо номи давлати Сомониён шӯҳрат ёфтааст. Маҳз ҳамин андешаи истиқлол буд, ки баъди сукути давлати Сомониён низ, миллати тоҷик аз озмоишҳои сахту сангин бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ, худогоҳи ва худшиносии миллиро то ба замони мо оварда расониданд.

Бояд қайд намуд, ки раванди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии мо дар охири асри ХХ назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар ин вазъ кишвар ба буҳрони шадиди ақидативу идеологӣ ва иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Чуноне, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».

Хушбахтона, фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлати мо дар тӯли зиёда аз 30 соли давраи истиқлолият хело вусъат ёфт. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврузи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфтанд.Инчунин соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣва узви комилҳуқуқи СММ, Созмони амният ва ҳамкори дар аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва аъзои даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ молиявӣ гардидани Тоҷикистон аз дастовардҳо ва арзишҳои мукаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантани давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи мо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҳаллу фасли проблемаҳои экологии арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Дар давоми ду даҳсолаи охир сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба обу иклим, ки аҳаммияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд нигаронида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки маҳз самараи истиқлол ва кӯшишҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллати тоҷикон буд, ки имрӯз Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Иқдомхои бузурги масъалаҳои обу иқлим: «Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»(2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018-2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки ташаббускори онҳо Пешвои миллати тоҷикон мебошанд, дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонии марбут ба об муҳим ба шумор мераванд.

Пазируфта шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фаслу проблемаҳои марбут ба об нуфузи эътибори байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин масоили ҳаётан муҳим боло бурд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони салоҳиятдор, марказҳои илмии бонуфуз ва созмонҳои ғайридавлатиро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об муттаҳид намуд.

Имрӯз мо ахли маориф ва илм низ бояд барои таҳкими рушду нумӯъ ва ифтихори миллӣ эҳтиёҷмандии хеш ва ҷомеаро ба идеяҳои нав ба нави миллӣ таъмин намоем. Барои ба ҷо овардани ҳамаи ин корҳо дониши ва сатҳи ҷаҳонбинии хуб доштан лозим аст, ки роҳбари давлатамон нисбати ин масъала сол то сол чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатофар нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни Истиклолияти давлати ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекӯшад. Дар ин масир ин масъулият ба души кормандони соҳаи илму маориф зиёдтар аст ва ин масъулияти баландро чунон, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, ҳар шаҳрванди кишвар бояд амиқ дарк намояд. Бигузор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда ва абадӣ бошад.

Мирзоев Нуриддин Маҳмадович - мудири шуъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зооология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ