Skip to main content

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣпайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар ҳар якмиллат санаҳои бузурги таърихиро дорад. Барои миллати тоҷик, чунин санаи бузург– 9 сентябри соли 1991 мебошад, яъне рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатӣ. Ҷашни Истиқлол пеш аз ҳама, бо шодию сурур ва бо шукӯҳу тантана қайд карда мешавад. Ин ид, барои мо, тоҷикон рӯзест, ки ормони ҳазорсоларо фаро гирифта, бозгӯи таърихи пурғановат ва ниёгони бузургамон аст.

Чун, дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардонд. Чунин ҳолатҳои вазнин аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик саҳмгузор бошад. Дар ин замина, маҳз хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат буд, ки Истиқлол дар давлат ба вуҷуд омад.

Боиси қайд аст, ки яке аз бузургтарин сармояи давлат ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо шарофати Истиқлол, як қатор иқдоми созанда рӯи кор омаданд, ки яке аз ин падидаҳо қабули Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҳз бо дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро айни замон 192 давлати ҷаҳон эътироф менамояд. Бояд тазаккур дод, ки бо қабул намудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчну давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шудаст. Бахусус, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ин аст, ки имрӯзҳо моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф менамоянд.

Ба таври хулоса, метавон зикр намуд, ки саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идоракунии давлат нақши марказӣ дорад ва пас аз ба даст овардани истиқлолият ба рушди кишвар таъсири назаррас гузоштааст. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони муосир буда дар таърихи тоҷикон абадӣ хоҳад монд.

Дар робита ба ин, маҳз бо роҳбарии ӯ, вазъи кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ муътадил шуда ба рушди иқтисодӣ ва нигоҳ доштани ҳувияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуд. Ногуфта намонад, ки саҳми Пешвои миллат аст, ки мо имрӯзҳо дар давлати орому осуда кору фаъолият намуда, ҳаёти бо сулҳу субботро ба сар мебарем, чун Истиқлол ин худ як неъмати бебаҳост.

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Юсуфӣ Ф.- ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон