13 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло – муовини аввали вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» шинос намуд.
Сипас, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Амонзода Илҳом Темур доир ба баргузории даври якум ва дуюми озмуни мазкур ҳисоботи муфассал дода, ироа дошт, ки ин ду даври озмун бо сарбаландӣ ҷамбаст гардид. Ва барои дар сатҳи мавҷуда баргузори намудани даври сеюми озумни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» масъулин талоши худро намуда истодаанд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани озмун ин пеш аз ҳама дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад.
Дар рафти ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ таъкид дошт, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шуда тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар инъикос карда шавад.