Skip to main content

17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ бо сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки муносибатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Олмон аз барқарор гардидани равобити дипломатӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз ёфтаанд. Яке аз марҳалаҳои муҳими ҳамкориҳо имзои як ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 1992 мебошад, ки он заминаи устуворро дар рушди муносибатҳои минбаъда гузошт. Ин меморандум доираи васеи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тиҷоратро инъикос менамояд.

Дар замони муосир таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон яке аз масъалахои мубрам мебошад. Дар чунин нишастҳо пеш аз ҳама барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо нақши муҳим дорад. Зимни мулоқот ва суханронӣ дар Форуми иктисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми сарони давлатҳои ОсиёиМарказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат хоҳад намуд. Махсусан кайд гардид, ки истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон самтҳои ояндадор мебошад. Дар навбати худ Канслери Олмон Олаф Шолтс зикр намуд, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор мебошад. Дар ин раванд саҳми Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи ҳадафҳои стратеги миллии кишвари мо таъкид гардида, ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст бо намояндагони доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Олмон дурнамои густариши равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рақамикунонӣ ва рушди инноватсионӣ афзалият дода, барои сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо имтиёзҳо ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, инчунин маорифу тандурустӣ аз самтҳои дигари афзалиятнок барои кишвари мо арзёбӣгардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор намуда, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои имконпазири тиҷоратии муштаракро мавриди муҳокима карор доданд. Ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ карданд, ки робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ таҳким меёбанд. Дар фарҷоми ин нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.

Боиси қайд аст, ки ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон бо ба эътибор гирифтани чанд омили асосӣ барои рушди минбаъда низ саҳми назаррас дорад. Яъне, Олмон аз ҷиҳати иқтисодӣ шарики муҳими иқтисодӣ барои бисёре аз кишварҳост ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест. Олмон метавонад сармоягузорӣ, навовариҳои технологӣ ва кӯмак дар рушди инфрасохторро пешниҳод кунад. Аллакай мисолҳое оварда метавонем, ки ширкатҳои олмонӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳое чун сохтмон ва энергетика фаъолият мекунанд. Имкониятҳои вусъат додани ин хамкорӣ хеле васеъ мебошад. Дар соҳаи рушди тиҷорат ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар солҳои охир афзоиш ёфта истодааст. Олмон ба манобеъи Тоҷикистон, аз қабили маъдан ва сангҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ дорад ва Тоҷикистон метавонад аз фановариҳо ва таҷҳизоти олмонӣ баҳра барад. Вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонад ба афзоиши савдои тарафайн мусоидат намояд.

Олмон ба унвони як бозингари муҳим дар Иттиҳоди Аврупо метавонад дар густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо кӯмак намояд. Омилҳои асосии рушди бомуваффақият нигоҳ доштани муносибатҳои устувори сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои башардӯстона хоҳанд буд. Албатта, бояд манфиатҳои геополитикӣ ва минтақавиро қайд кард, зеро дар шароити чолишҳои муосир, аз қабили тағйири иқлим, амният ва мубориза бо терроризм, ҳамкории ду кишвар метавонад як ҷузъи муҳими суботи минтақа гардад.

Ба андешаи мо баргузории форуми мазкур ва иштироки хайати Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бешубҳа метавонад дар густариши муносибатҳои гунугунҷабҳаи кишвари мо бо Олмон нақши калидӣ дошта бошад:

1. Муносибатҳои дипломатӣ: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки равобити дипломатии байни кишварҳоро таҳким бахшанд ва масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ кунанд.

2. Имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ: Ҳамоиш метавонад як минбари баррасӣ ва бастани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, инчунин ҷалби сармоя ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бошад.

3. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният: Саммит метавонад барои баррасии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ бошад.

Мубодилаи таҷриба дар самти маориф ва илм: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки дар бораи ҷанбаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии ҳукумат, рушди иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо табодули таҷриба ва интиқоли донишро фароҳам оваранд.

Ҳамин тариқ, ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо ва баррасии масъалаҳои муҳим боз як қадами муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, дар ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай, афзоиши офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва озуқа, инчунин, таъмини беҳдошт ва сиҳатии омма саҳми худро гузорад ва баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи аҳли башар талош варзида, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ташаббускор бошад.

Юсуфӣ Фарзона - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сомонаҳои интернетии истифодашуда:

1. https://president.tj/event/news/47600 санаи муроҷиат 17.09.2024

2. https://khovar.tj/.../prezidenti-um-urii-to-ikiston.../санаи муроҷиат 17.09.2024