Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Абуалӣ ибни Сино (980-1037) табиб, риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиядон, шоир ва яке аз машҳуртарин файласуфону донишмандони тоҷик мебошад.
Ибни Сино 450 китоб дар мавзуъҳои гуногун навиштааст, ки бештари онҳо дар соҳаи илми тиб ва фалсафа аст. Аз ҷумла, китобҳои «Шифо» – донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва «Ал-қонун фӣ тиб»-и ӯ аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшанаи наздики Бухоро ба дунё омад ва падараш яке аз соҳибмансабони дарбори Сомониён буд. Абдуллоҳ падари ибни Сино аз мардуми Балх буд ва дар рӯзгори Нӯҳ писари Мансури Сомонӣ ба Бухоро омад.
Ибни Сино осори худро ба ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Аз муҳимтарин асарҳои Сино ба забони тоҷикӣ «Донишнома» ва рисолаи «Рагшиносӣ» мебошанд, ки ҳаким барои баёни мафҳумҳои нав, даст ба вожасозӣ зада, захираи луғавии забони тоҷикиро ғанӣ намудааст. Аз ҷумла, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, Сино танҳо дар ин ду китоби хеш 1039 истилоҳи тоза сохтааст.
Ин рубоӣ тавоноии Абуалӣ ибни Синоро дар илм ва аз ҷониби ӯ фаро гирифта шудани тамоми донишҳои роиҷи замонашро инъикос мекунад:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд гушуда шуд, магар банди аҷал.
Ибни Сино ба хотири баён кардани афкори пешқадамонаи хеш аз тарафи фақеҳон ё донандагони қонунҳои шариат ба куфргӯйӣ муттаҳам гардид ва таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишору таъқиби руҳониёни иртиҷоъгаро сабаб шуд, ки ин донишманди маъруф сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба тарафи Эрони имрӯза муҳоҷират намояд. Абуалӣ ибни Сино рубоии маъруфи худ «Куфри чу мане газофу осон набувад»-ро, ки дар аввали матлаб оварда шуд, дар посух ба арбобони мутаассиби динӣ ва барои дифоъ аз хеш сурудааст
Ибни Сино намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ буд. Дар осори фалсафии ӯ масъалаҳои табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабаб ва дарки олами моддӣ ҳамаҷониба таҳқиқ шудааст.
Дар фалсафаи Ибни Сино ба таҳлили масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари ӯ ҷой иваз кардани ҷисм, тағйироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Ибни Сино ҳаракатро аз рӯи манбаи пайдоишаш ба табиӣ, қасрӣ ва аразӣ тақсим кардааст. Манбаи ҳаракати табиӣ дар дохили худи ҷисм ва манбаи ҳаракати қасрию аразӣ дар берун аз ҷисм пайдо мешавад. Ибни Сино дар заминаи ҳаракат ду фикри аз ҷиҳати илмӣ муҳимро баён кардааст. Яке аз онҳо тасаввуроти ӯ дар бораи «майл» аст. «Майл қувваест, ки аз ҷисми мутаҳаррик ба муҳаррик мегузарад ва ҷисм то тамом шудани он ҳаракат мекунад», – навишта буд ӯ. Дар ин ақида ғояи инерсия ифода ёфтааст, ки онро Галилей дар асри ХVII кашф намуд. Дувум, ӯ назарияи баъзе мутафаккирони қадимро, ки мегуфтанд: «ҳар чи хурдтар будӣ, тезтар ҷунбидӣ ва ҳар чи калонтар будӣ, дертар ҷунбидӣ» рад карда, хилофи онро исбот кардааст. Ин гумони ӯ бо хулосаҳои илми ҳозира комилан мутобиқ аст.
Ибни Сино замонро шумораи ҳаракат дониста, алоқаи онро бо ҳаракат ва модда эътироф мекард. Ӯ ақидаи касонеро, ки замонро хаёлӣ медонистанд, рад кардааст.
Ибни Сино бар ягонагии моддаву сурат таъкид карда, муътақид буд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт монанди зоиш, ҳаракати ихтиёрӣ, дарёфтҳои ҳиссӣ ва ақлӣ на якбора, балки ба таври тадриҷӣ сурат гирифтаанд. Ӯ нафси наботию ҳайвониро ба тан зич алоқаманд дониста, ақли нотиқаро гавҳари мустақилу абадии ба тан берабт медонист.
Ибни Сино назарияи динии растохез ё рӯзи қиёматро рад карда, назарияи таносухро ботил шуморидааст. Ӯ дар китоби «Шифо» ва дар баҳси маод навиштааст, ки наметавонад маоди ҷисмониро аз назари ақлонӣ собит кунад. Ӯ дар рисолаи «Азҳавия» маоди ҳақиқиро маоди руҳонӣ дониста, масъалаи мазкурро чунин шарҳ додааст: «... Маоди руҳониро ба ваҷҳе баён кардӣ, ки авом фаҳм кунанду бидонанд ва рағбат намоянду битарсанд... аз барои он ки саодати ҳақиқӣ ва лаззоти руҳонӣ эшонро мафҳум нест ва дар ваҳми эшон наояд...».
Лозим ба зикр аст, ки баъзе аз назарияҳои Ибни Сино дар хусуси пайдоиши олам, табиат ва масъалаи маод бо аҳкоми динӣ зид буд, бинобар ин баъдтар Муҳаммад Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ ба муқобили ӯ баромада, Сино ва пайравонашро ба куфру илҳод (сарпечӣ аз қонуни дин) муттаҳам намудаанд.
Масъалаи ихтилофи Ибни Сино бо руҳониён ва дигар арбобони дин перомуни ақлу хираду имон, на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ашъори ӯ низ ба равшанӣ инъикос ёфтааст. Сино фаҳми зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми таваккал ва ба умеди тақдир хомӯшу бекор нишастани инсонро сарзаниш карда, мардумро ба амалгароӣ ва кӯшишу талош ташвиқ мекард:
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.
Ба назари Ибни Сино, маърифати нодуруст аз тақдир, таваккал ва сабру қаноат дар тинати инсон хислатҳои коҳилиро парвариш хоҳад дод. Ин бардоштҳои ғалат дар адабиёти классикӣ таърифу тавсифи меҳнат ва мазаммати бекорию беҳунариро ба вуҷуд овардааст:
Ҳар он кас, ки бигрезад аз коргард,
Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.
Ҳамон коҳилии мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.
Таносоию коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Маълум мешавад, ки шоирони классик ба муқобили фаҳми нодурусти таваккал ва фарқи он аз танбалӣ, коҳилӣ ва муфтхӯрӣ кӯшиш намуда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ даъват кардаанд.
Ибни Сино илмро аз ҷон беҳтар ва сабаби пешрафти ҳаёт дониста, онро ба чароғ ва ҳикматашро ба равғани он ташбеҳ кардааст:
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик он лаҳза, ҳаёташ дар фаност.
Дар адабиёти классикӣ дар аксар маврид май мавзуи мунозираи шоирону руҳониён қарор гирифта, дар бораи ҳарому ҳалол будани он баҳс рафтааст. Шоирон бо такя ба зарбулмасали «Сухани ҳақ талх аст» аз санъати суханбозӣ ва мантиқи калом (ҳақ талх, май талх, – пас май ҳақ аст) истифода карда, дар муқобили мардумозорию риё майро ҳалол донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Сино, май барои ҷоҳилон (афроде, ки аз ҳад берун менӯшанд ва даст ба авбошию бадкирдорӣ мезананд) ҳаром аст, вале бо иҷозати ақл барои одамони доно ҳалол мебошад:
Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,
Ба назди мубтил[1]ботил, ба назди доно ҳақ.
Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,
Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.
Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,
Ки май маҳак бувад, хайру шарр аз ӯ муштақ.
Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,
Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.
Май нӯшидану ишқи некувон варзидан ба фиребгарӣ ва дурӯягии руҳониён зид гузошта шудааст. Шоирони озодихоҳ бо ин восита фиребу найрангбозии руҳониёнро фош мекарданд. Май дар адабиёти риндӣ дар баробари мардумозорӣ, ришвахорӣ ва зулми ҳокимону арбобони дин муқобил гузошта шудааст.
Дар адабиёти классикӣ ба ғайр аз май, ки моҳият ва маънии хосе дорад, «ишқ» ҳам мақоми муҳимме ишғол кардааст. Ин категория низ бар зидди бардоштҳои нодуруст аз маъно ва мафҳуми ишқи ҳақиқӣ ба кор бурда шудааст. Ин даста аз шоирон воизони даврро ба хотири шарҳу тафсири нодурусти мафҳуми ишқ ва ё ишқи илоҳӣ, ки мардумро ба дунёбезорӣ ва тарки неъматҳои дунявӣ даъват менамуданд, мавриди танқиду мазаммат қарор медоданд.
Мавзуи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархурди ношоистаи руҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд. Онҳо дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста, ба фоидаи идораҳои динӣ ҷосусӣ мекарданд ва беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд. Ибни Сино дар яке аз қитъаҳои арабиаш аз ҳасадхӯрӣ, таҳқир, сарзанишҳои ноҳақ, айби худро ба каси дигар ҳавола кардан ва дигар хулқу атвори нопоки баъзе арбобони дин шикоят карда, дар айни ҳол мегӯяд, ки агар роҳи кас дуруст бошад, ӯ бояд аз ин туҳматҳо натарсад:
Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш,
Намоянд аз нақси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд
Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.
Дар шеъри дигараш Ибни Сино руҳониёни туҳматбофро ба саг ва худро ба шери нотарс монанд кардааст:
Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд
Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.
Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд ав-ав,
Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.
Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯйи ман,
Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.
Агар чашми адолат будӣ дар ҷойи адоват, пас,
Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.
Масъалаи инкори ақлу дониш аз сӯйи намояндагони динӣ дар асрҳои миёна дар меҳвари эҷодиёти шоирону донишмандони озодипарасти давр қарор дошт. Руҳониёни манфиатҷӯ ба баҳонаи ҷудо кардани дин аз илм ба донишмандон ҳамла мекарданд. Муборизаи шоирони озодихоҳу донишманд алайҳи намояндагони табақаи ҳоким ва арбобони диние буд, ки бо зулму заҷр ҳамаи неъматҳои моддии ҷамъиятро барои худ ҷамъ намуда, аксарияти халқро аз он маҳрум мекарданд.
Донишмандону озодихоҳон аз чунин вазъият ба сутуҳ омада, ҳақиқатро ошкор мекарданд, то мардуми омиро аз вартаи ғуломӣ наҷот диҳанд. Табиатан, ин ҳаракати мардуми оқил хашми арбобони диниро бармеангехт ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои хеш онҳоро бо туҳматҳои нораво, бахусус ба баддинӣ туҳмат зада, аз майдон берун мекарданд.
Ибни Сино натанҳо шоир, балки донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво ва дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буд. Сино тавоноии ақлонии худро дар як рубоӣ чунин тавсиф кардааст:
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
«Андар дили ман ҳазор хуршед битофт», – ишораи Сино ба доноию тавоноии хеш дар улуми гуногун аст. Бинобар ин, Ҷорҷ Сартр дар китоби «Таърихи илм»-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ ҳамчунин Синоро машҳуртарин донишманди ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳоменомад.
Аз Ибни Сино ҳамчун бузургтарин мантиқдони асрҳои миёна ва яке аз чеҳраҳои давронсози таърихи илми мантиқ ном мебаранд. Ӯ дар бораи илми мантиқ беш аз 20 китобу рисолаи мустақил эҷод кардааст. Аз ҷумла, панҷ ҷилд аз даҳ ҷилди донишномаи «Шифо»-и ӯ ба мантиқ ихтисос ёфтааст. Мантиқдонони маъруфи ҷаҳонӣ сабаби ҳассосияти Синоро ба мантиқ бархоста аз алоқаи шадиди ӯ ба забон дарёфтаанд. Ишқи ӯ ба забон ва кӯшишҳояш барои равнақ бахшидани он дар байни мардум афсонаҳое паҳн кардааст.
Унсури дигари фалсафаи табиии Ибни Сино хидмати ӯ ба мантиқ ва истифодаи мантиқ дар илми риёзӣ будааст. Сино пас аз таҳлили равиши қиёсии Арасту бори нахуст имконпазир донист, ки сабабҳои табиӣ ҳам дар қиёс мавриди истифода қарор гиранд. Яке аз бузургтарин хидматҳои Ибни Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки аз равишҳои гуногун, монанди озмоишҳо, қиёсу далел ва шаҳодати айнӣ барои дарёфти дониш бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, ки аз методҳои гуногун барои исботи назарияҳои илмӣ истифода мекунад, ин идеяи Сино аз аҳамияти калоне бархурдор аст. Аз тарафи дигар, фалсафаи Ибни Сино бар асоси ҷаҳонбинии табиӣ шакл гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Сино мисли Насириддини Тусӣ як риёзидони ҳирфаӣ набуд, вале ба фалсафаи риёзиёт хидмати калоне кардааст. Ӯ бо таҳқиқи робитаи байни мантиқи сурӣ[2] ва мантиқи риёзӣ дар заминаи пайдоиши фалсафаи риёзиёт ҳамчун шохае аз фалсафаи илм нақши муҳим бозид. Ҷанбаҳои гуногуни фалсафаи табиӣ ва риёзии Ибни Сино дар китоби машҳури ӯ «Шифо» ба чашм мехӯрад.
Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеч равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.
Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобаста медонист. Алоқаи ӯ ба илми тиб ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ибни Сино фармудааст, ки «ҳеч чиз бар саломатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки хӯрок бар рӯи хӯрок тановул намояд». Бинобар ин, ӯ мардумро ба варзиш ва анҷоми ҳаракатҳои ҷисмонӣ ташвиқ мекард. Ибни Сино ҳаракатро беҳтарин равиши дармон медонист. Ба ин гуфтаҳои ҳакимонаи ӯ диққат кунед, ки фармуда: «Касе ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст». Тибби муосир ҳам имрӯз ба ҳамин натиҷа расида ва ташвиқи варзиш ба яке аз усулҳои табобатӣ табдил шудааст. Мисолҳои боло возеҳу равшан менамоянд, ки Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекардааст. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти хеш асрҳо пеш мерафт. Мутаассифона, таассуб, ифрот ва хурофоти ҳоким дар он давра иҷозат намедод, ки андешаҳои пешқадами фарзандони фарзонаи миллат ба гӯши ҳамагон бирасад ва дар ҷомеа татбиқ гардад.
Ба иловаи илмҳои номбурда, хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас мебошад. Ибни Сино якравиро нишонаи таассуб ва хомии одам медонист. Аз ин рӯ, фармудааст: «Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад».
Ин донишманди тавоно бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ[3] ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Имрӯза кишварҳои шарқӣ башиддат ниёзманди рушди фалсафаи табиии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино такя намоянд.
Аз назари Ибни Сино, арбобони дин дар он замон на барои омӯзиши илму дониш талош мекарданд ва на ба он чи мегуфтанд, амал менамуданд. Дурӯғу беамалии руҳониёни иртиҷоӣ дар ҳар давру замон монеи пешрафту тараққии ҷомеа ва ҳатто хиёнат ба давлату миллат шудааст.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.