Имрӯз (27.09.2024) дар доираи баргузории як конфронси сатҳи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аз мавзеҳои таърихии минтақаи Кӯлоб Қалъаи Ҳулбук, оромгоҳи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ боздид намуданд.