Skip to main content

123Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар шаҳри Балх ё Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст, ки ин барои ворисони ин шахсияти оламшумул ифтихори бузург аст ва дар шароити шиддатёбии ҷангҳои иттилоотӣ, ки меҳвари онҳоро ситезаҳои фарҳангии дорои ҷараёнҳои иртиҷоӣ ташкил медиҳад, масъулият ва ифтихорро тақозо мекунад, то ин ки тоҷикият ва мансубияти ин орифи шӯрида ба миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад.

Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст.

Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд.

Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад:

Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту,

Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор.

Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарин осори ҳама давру замонҳост. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз “Маснавӣ” ва “Девони кабир” дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд, ки ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро дар ИМА ба пурхонандатарин китоб, ҳатто бештар аз асарҳои Шекспир, табдил доданд.

Ҳамасола дар арафи таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфил ва озмуни “Маснавихонӣ” дар Раёсати АМИТ ва ҳамаи зерсохторҳои он, дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои дуру наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, барои тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгони худ аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд ва ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашуним ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад. Дар ин масир шинохти шахсият ва осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили зикри хос аст.

Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад.

Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи:

Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,

Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун.

***

Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад,

Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад.

Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад,

Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад.

Хулоса, дар осори Мавлоно, нисбат ба дигар адибони пешин, андешаҳои миллӣ, инсонӣ, озодандешӣ, худшиносӣ, зидди таассубу хурофот, ҷаҳлу нодонӣ бехабарӣ, ғафлат, зулму золимӣ ба чашм мерасанд, ки мо ин гуна афкори ифшокунандаро ҳатто дар осори адибони муосир наметавонем пайдо намоем. Аз ин лиҳоз, Мавлоно як чеҳраи мубориз, адолатҷӯ, истисноӣ, нодир, қаҳрамон ва дорои неруи бузурги инсонӣ аст. Ӯ ягона роҳи наҷоти башарро дар талқини ишқу муҳаббати бепоёни одамон мебинад. Ба қавли ӯ:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Ҳамин гуна ишқу муҳаббати Мавлоно ба инсонҳо буд, ки ҳангоми марги Мавлоно, дар баробари мусулмонон, яҳудиҳову насоро низ дар ҷанозаи ӯ иштирок карда, дар сӯги ӯ ашк аз дидаҳо мерехтанд ва аз марги чунин шахсияти инсонпарвар, сулҳдӯст ва некхоҳ дареғу афсӯс мехӯранд, ҳамдардии худро баён мекарданд ва нолаву фиғон аз дил сар медоданд. Ин манзараро писари ӯ Султон Валад дар «Валаднома» чунин тасвир кардааст:

Мардуми шаҳр аз сағиру кабир,

Ҳама андар фиғону оҳу нафир.

Деҳиён ҳам зи румию атрок.

Карда аз дарди ӯ гиребон чок.

Ба ҷаноза-ш шуда ҳама ҳозир,

Аз сари меҳру ишқ, н-аз паи бир.

Аҳли ҳар мазҳабе бар ӯ содиқ,

Қавми ҳар миллате бар ӯ ошиқ.

Карда ӯро масеҳиён маъбуд,

Дида ӯро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд.

Исавӣ гуфта, ӯст Исии мо,

Мусийӣ гуфта, ӯст Мусии мо.

Муъминаш хонда сирру нури расул,

Гуфта ӯ ҳаст азим баҳри нуғул.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Мавлоноро бузургтарин адиби инсонпараст хондаанд, зеро ҳадафи аслии Мавлоно хидмат ба инсон буда, ӯро аз хорию зорию залолат раҳонидан аст, то дар камоли одамият, шукӯҳу ҷалолу шавкат бизияд, дари озодагию хушҳолӣ, бародарию баробариро ба рӯи худ бикушояд ва аз нозу неъмати дунё баробар баҳраманд гардад, якдилу якҷону меҳрубони ҳам бошад.

Зиҳи ай абармарде, ки мояи ифтихори тоҷикону Тоҷикистониён ҳасти!

Раҳмонов Р.О. – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ