Skip to main content

02 октябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Тартиби санҷиши асолати матни диссертатсия, автореферати диссертатсия ва мақолаҳои тақризшаванда дар барномаи компютерии Антиплагият” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 майи соли 2024 дар вохурияшон бо аҳли илму маориф дастур дода буданд, баргузор гардид.

Дар баргузории семинар сармутахассиси Раёсати аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD- и АМИТ Аҳмадов Ф. ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров М., Ҳайдаров Ш. ва масъули шуроҳои диссертатсионии ниҳодҳои дар тобеи академия қарор дошта, иштирок намуданд.

Нахуст ба кори конференсия сармутахассиси Раёсати аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD АМИТ Аҳмадов Ф. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуда, моҳияти баҳамомаданро ба иштирокдорон фаҳмонида, зикр намуд, ки айни ҳол дар ниҳодҳои дар зертобеи академия 10 шуроҳои диссертатсионӣ фаъолият доранд ва барои таъсиси 3 шурои дигар ба Комиссияи олиии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шудааст, умед дорем, ки дар рӯзҳои наздик иҷозатномаҳо барои таъсиси шуроҳои навро мегирем ва дар самти ба ҳимоя баромадани ҷавонон боз ҳам кор осонтар мешавад, гуфта суханро ба масъули КОА вогузор намуд.

Дар идома намояндаи КОА Ёров М. оид ба дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ маълумоти муфассал дода, тарзи дуруст ба роҳ мондани кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро ба ҳозирин фаҳмонд ва дар қисми хотимавии семинар аз ҷониби масъулини шуроҳо савлҳо ба намояндагони КОА дода шуд, ба саволҳо масъулин ҷавобҳо қонеъкунанда дода шуд.

Мақсад аз баргузории чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳу сифати кор дар самти шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он мебошад.