Skip to main content

Дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалии «Шарикии бузурги Авруосиё» бо иштироки олимону кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) идома ёфт.

Дар мизи мудаввар чун анъана директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳамкории Бахши таҳқиқоти Русияи Институти мазкурро бо донишгоҳҳову институтҳои илмии таҳқиқотии Федератсияи Русия ба маврид арзёбӣ намуда ва ҳамзамон меҳмонон ва коршиносони мизи мудаввари байналмиллаиро, аз ҷумла Курилев Константин Петрович, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи муносибатхои байналхалкии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ва Семибратов Евгений Викторович, номзади илмҳои таърих, муовини директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва пешгӯии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русияро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Дар раванди баргузории мизи мудаввари байналмилалии «Шарикии бузурги Авруосиё» Курилев Константин Петрович, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи муносибатхои байналхалқии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) дар мавзуи “Тағйироти тартиботи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба зерсистемаҳои минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ (дар мисоли Осиёи Марказӣ); Мансурова Шаҳноза, докторанти (PhD) Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Асосҳои ҳамгироии авруосиёӣ ва манфиатҳои Русия дар Шарикии бузурги Авруосиё”; Семибратов Евгений Викторович, номзади илмҳои таърих, муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва пешгӯии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) дар мавзуи “Ҷанбаҳои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Ҳабибов Абдурахмон, номзади илмҳои иқтисодӣ, котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Шарикии бузурги Авруосиё дар системаи равандҳои интегратсионии иқтисодӣ” маърӯза ва суханронӣ намуданд.

Чуноне, ки маълум аст мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин пеш аз ҳама дар шакли баҳси коршиносӣ, баррасӣ намудани татбиқи консепсияи “Шарикии бузурги Авруосиё”, вазъи кунунӣ ва дурнамои он, ҳамчун контури ҳамгироӣ дар қитъаи Авруосиё ба ҳисоб меравад. Баҳодиҳии ба татбиқи ташаббуси “Шарикии бузурги Авруосиё” ҳамчун воситаи сиёсати Русия оид ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қитъаи Авруосиё арзёбӣ гардидааст.

Дар интиҳои мизи мудаввари байналмилалӣ байни ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Курилев Константин Петрович, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи муносибатхои байналхалқии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ва Семибратов Евгений Викторович, номзади илмҳои таърих, муовини директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва пешгӯии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия вобаста ба мавзуи мизи мудаввари байналмилалӣ - «Шарикии бузурги Авруосиё» ва муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ музокира сурат гирифт.