Skip to main content
7 октябри соли равон сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия шурӯъ шуд. Зимни ин сафари корӣ Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд. Ҳамзамон дидору гуфтушунид бо Роҳбарияти Олии Федератсияи Русия дар назар аст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели 1992 барқарор шудааст ва Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. То имрӯз муносибатҳои ду кишварро бештар аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳоро ба танзим медароранд. Созишномаҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (25-05-1993) ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия (16-04-1999) ташкил медиҳад. Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, нақши Роҳбари ду давлат беандоза буда, ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб кардаанд.

Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳо заминаи мустаҳками тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мебошанд. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар ҳалли хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ, таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, афзоиши табодули мол, суръат бахшидан ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарду истихроҷи газу нафт ва канданиҳои фоиданок, инчунин рушди ҳамкории ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ, ки асоси муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ташкил медиҳад, зимни ҳар як мулоқоту вохурии президентҳо ва дигар аъзои ҳукуматҳои ҳарду ҷониб, мавриди таваҷҷӯҳ ва баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд. Дар самти иқтисод, саноат ва савдо низ ду давлат ҳамкориҳои мустаҳками иқтисодиро ба вуҷуд овардаанд, ки тибқи маълумотҳо ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2023 1,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 2,4% афзоиш ёфтааст. Аммо дар ҳашт моҳи соли 2024 гардиши мол ба беш аз 1,2 миллиард доллар расида, 14% афзоиш зиёд гаштааст. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 70 минтақаи (субъекти) Русия ҳамкориҳои тиҷоратиро дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Россия паҳлуҳои мухталифро дар бар гирифта, дар умум сатҳи муносибатҳо ҷавобгӯи ҳамшарикии стратегист, ки он пеш аз ҳама марбут ба соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣва гуманитарӣ мебошад.

Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай идома доранд. Пеш аз ҳама, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзоёни асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, ки шумораи умумии он то имрӯз қариб 3 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо фаъолияти воқеии худ мубрамият, арзишмандӣ ва устувориашро собит менамояд. Ба тариқи хулоса метавон гуфт, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун як ниҳоди ҳамгироӣ ва мутаҳидкунандаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамзамон иштироки Русия дар ин созмон нуфузу эътибори онро дар ҷаҳон нигоҳ медорад. Авлавият бахшидан ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар доираи созмони мазкур имкониятҳои навро барои давлатҳои узв фароҳам меорад.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ