Skip to main content

Тавре иттилоъ дорем рӯзҳои 02-03 октябр бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати АМИТ конференсияи байналхалқӣ илмӣ-амалӣ - и «Археология ва палеогеографияи Осиёи Марказӣ бахшида ба 100-солагии муҳақиқи машҳури ҷаҳонии қадимтарин саҳифаҳои Тоҷикистон ва Авруосиё, яке аз коршиносони варзидаи ҷаҳонии асри санг Вадим Александрович Ранов баргузор гардид.

Дар конфронс як қатор олимону таҳқиқотчиёни Тоҷикистону Озарбойҷон, Олмон, Исроил, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Чин, Русия, ИМА, Ӯзбекистон ва Фаронса иштирок доштанд.

Дар заминаи баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ як қатор олимону таҳқиқотчиён аз кишварҳои Озарбойҷон, Олмон, Исроил, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Чин, Русия, ИМА, Ӯзбекистон ва Фаронса аз мавзеъҳои таърихие, ки муҳақиқи сатҳи ҷаҳонии асри санг Вадим Александрович Ранов таҳқиқот бурдааст боздид намуданд. Ҳамчунин дар ин сафар ба олимону муҳақиқон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кулдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.