Skip to main content

Боиси фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз қудуми созанда ва мубораки хешро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоданд. Албатта мо шоҳид аз онем, ҳар куҷое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам мегузоранд онҷо ободу зебо мегарданд. Ин аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди миллат гувоҳӣ медиҳад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмии кишвар дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад. Аз моҳи январ инҷониб маҳз роҳбарии ин ниҳодро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ӯҳда доранд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ин муассисаи илмии кишвар ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардидааст.

Ҳамзамон дар се моҳи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар се муассисаи илмию таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои нав харидорӣ ва ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар доираи ин ҳидоятҳо дар заминаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ ва ошхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда ба истифода дода шуданд. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифттитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни ифттитоҳ таъкид гардид, ки Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Инчунин, озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Ҳамзамон пас аз ифттитоҳи Маркази мазкур ба Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.

5- ЛОИҲАИ НАВИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МАРКАЗҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

-Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.

- Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад. Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.

-Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.

-Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.

-Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст. Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.

Воқеан иқдому ташаббусҳое, ки ҷиҳати пешрафти илми ватанӣ роҳандозӣ мегарданд, маҳз аз сиёсати илмпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Дар заминаи ин тибқи дастур ва ҳидоятҳои ин абармарди миллат талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои пешрафти илми ватанӣ, таъмини шароити мусоиди корӣ барои олимону кормандон боиси таҳсин аст.

Дар оянда маҳз бо дастгриҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт соҳаи илми кишвар ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Ҳамзамон амалӣ намудани лоиҳаи 5 сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ дар оянда барои олимону кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад ва дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотияшон мусоидат менамояд.

Таҳияи МУҲАММАД Аминзод