Баррасии вазъи бехатарии радиатсионӣ ва радиологии маконҳои таърихию сайёҳӣ дар семинари навбатӣ
Дирӯз дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Вазъи бехатарии радиатсионӣ ва радиологии маконҳои таърихию сайёҳӣ”, семинари илмӣ-амалӣ доир гардид.
Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он ходимони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур вазъи бехатарии радиатсионии маконҳои таърихию сайёҳӣ, аз ҷумла “Бешаи Палангон”, “Тахти Сангин”, “Ҳафткул” ва дигар маконҳои таърихию сайёҳии шаҳри Панҷакент мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, дар ҷараёни семинар Ҳамидов Фарҳод - мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқоти, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникӣ, Қурбонов Амиршо - директори Филилали Агентӣ дар вилояти Хатлон ва ходими калони илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ - Муродов Шоҳин оид ба натиҷаҳои экспедитсионӣ ва ҳолати имрӯзаи вазъи радиатсионии маконҳои номбурда ва атрофи он дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Дар идомаи Тағоев Муродбек - ходими пешбари илмии озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ дар мавзӯи “Коркарди маъдан ва партовҳои истеҳсолӣ барои ба даст овардани маҳсулотҳои пурарзиш ба монанди каогулянтҳо ва масолеҳи чинӣ (фарфор) аз ашёи хоми маҳаллӣ” муфассал суханронӣ намуд.
Дар интиҳо муҳокимаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.